Маснавии «Ҷӯйи Бекобод» ё «Тимсол» (1914) калонтарин асари Асирӣ ба ҳисоб меравад ва аз он 416 байт боқӣ мондааст. «Ҷӯйи Бекобод» чун «Миръоти ибрат» дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (ё мақсур) эҷод гардида, аз ҷиҳати мазмун низ ба достони Аҷзӣ мувофиқати комил дорад. Достон бо байти зерин оғоз меёбад:
Замоне будам андар хонаи хеш,
Чу ганҷам сокини вайронаи хеш.
Мафоӣлун, мафоӣлун, мафоил.
V – – – / V – – – / V– ~
«Ҷӯйи Бекобод» масъалаҳои зиёди иҷтимоиро дар бар кардааст. Шоир дар ин асар ақидаҳои инсонпарваронаи Аҳмади Дониш ва Аҷзии Самарқандиро давом дода, бо техникаи пуриқтидори рус канда шудани ҷӯйи Бекободро самимона васф мекунад ва масъалаи минбаъд аз дарёҳои Сайҳун (Сир) ва Ҷайҳун (Аму) обёрӣ кардани заминҳои ташналабро ба миён мегузорад. Ба қавли Асирӣ, кӯшишу ғайрат, бунёдкорӣ ва дӯстиву рафоқати халқҳо сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ва асоси тараққиёти ҷомеаи инсонӣ мебошад:
Арозӣ[32] қобили заръ[33] асту беоб,
Аҳолӣ ҷоҳилу дар бистари хоб.
Гар аз Ҷайҳун ду-се ҷӯ ҳафр[34] оранд,
Бухору Хеваро Фирдавс созанд.
Дар ҳақиқат, обу обёрӣ аз муҳимтарин масъалаҳои Осиёи Миёна ба шумор мерафт ва ба ин мавзуъ сарвари маорифпарварони тоҷик Аҳмади Дониш ҳам таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд. Дар «Ҷӯйи Бекобод» ин масъала боз ҳам тақвият ёфтааст. Шоир такроран ба ин мавзуъ муроҷиат карда, баҳри тақвияти фикр аз услубҳои гуногуни ифодаи бадеӣ истифода менамояд. Дар боби «Ҳикоят бар сабили тамсил ва воқеаи хоб ва таърихи эҷоди ҳадиқа» шоир бо истифода аз услуби тасвири хоббинӣ боз масъалаи обёрӣ ва ободониро ба миён мегузорад. Дар хоб ниёгон шоирро ба зиндагии огоҳона ва обёрӣ кардану боғ парваридан водор мекунанд:
«Махусб андар фарози даҳр бекор,
Кунун бархезу коре кун дар ин дор[35].
Ба ҳафри чашмаи он ҷаҳд бигмор
В-аз он ҷо ҷадвали обе бурун ор.
Аз он ҷадвал шавад он дашт обод
В-аз он об ояд он ҷо равза бунёд».
Шоир бо маслиҳати ниёгон амал карда, ҷойи ноободеро обёрӣ мекунад ва дар замини обёришуда навъҳои гуногуни зироату мевагӣ ва сабзавот парвариш менамояд. Замине, ки асрҳо боз «номи обе ношунида, ба туфон ҳам рухи обе надида» буд, дар андак муддат ба макони ободу зебое мубаддал мешавад. Мисраъҳои ба васфи макони обёришуда бахшида басо образнок ва дилнишин садо медиҳанд:
Дар он водӣ чу шуд ин об ҷорӣ,
Даромад мурдаро ҷони баҳорӣ.
Замин шуд қобили кишту зироат,
Гирифт аз сабза ранги иститоат[36] .
Дар он ҷо тухми гандумдона киштам,
Ман акнун Одамам, он ҷо биҳиштам...
Санъатҳои бадеӣ, мисли таносуби калом, ташбеҳ, талмеҳ ва таҷнис дар ифодаи мазмун саҳми муносиб гузоштаанд. Замини беобро ба мурда ва оби ҷориро ба ҷон монанд кардани шоир зарурату моҳияти обу обёриро нишон медиҳад. Махсусан, дар байти охир ишора ба қиссаи асотирии ҳазрати Одам ҷолиб аст. Қаҳрамони лирикӣ замини ободкардаашро ба биҳишт ва худро ба ҳазрати Одам нисбат дода, бо ҳамин қадру манзалати инсони меҳнатӣ ва файзу баракати замини обёришударо манзури хонанда менамояд.
Масъалаи дигаре, ки дар достон мавқеи босазо дорад, омӯхтани илму дониш мувофиқи талаби давру замон мебошад. Шоир, чунонки аз боби «Дар насиҳати фарзанд» бармеояд, тарафдори илмест, ки мардумро «аз банди фақр озод намояд» ва «ҳосили он ганҷ» бошад. Асирӣ бадбахтии инсонро дар фақирии ӯ мебинад ва таъкид мекунад, ки одами фақир дар ҷомеа қадру қимате надорад. Асирӣ ба одами фақир марди дороро муқобил гузошта, ба воситаи тасвирҳои тазодӣ боиси обрӯю эътибори шахс будани дороиро ҳунармандона ба қалам медиҳад:
Бале, онро, ки бошад камбизоат,
Гулашро нест ранги иститоат...
Агар анқо шавад, гумном гардад,
Фазои субҳи ӯ чун шом гардад.
Набудӣ меҳрро зар андар ҳамён,
Танӯри сард будӣ бе рухи нон.
Дар ҳақиқат, агар офтоб ҳамёни зар намедошт, чун танӯри сард холӣ аз гармию ҳарорат буд. Шоир ба тавсифи зар мепардозад ва дар ҳама ҷабҳа мушкилкушо будани онро таъкид мекунад. Асирӣ ба муқобили касоне ҳаст, ки таърифу тавсифи зару дороиро нораво хонда, аҳолиро ба фақирию бенавоӣ ҳидоят мекарданд. Ӯ ба фарзандаш насиҳат мекунад, ки:
Ба илме кӯш, то зар ҳосил ояд,
Ба касбе соз, то ҷоҳат физояд.
Дар маснавии «Ҷӯйи Бекобод» ба роҳҳои гуногуни таълим низ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Асирӣ таълим доданро ба касоне зарур мешуморад, ки онҳо соҳиби ақл ва истеъдоди фитрию фаҳми ҷибиллӣ[37] мебошанд. Дар акси ҳол таълим суд намебахшад. Ба шахси бефаҳму бефаросат ва ноқобил таълим додан мисли он аст, ки кас ба пеши аблаҳон мусҳаф кушояд. Дар ин ҳолат руҳи пандуахлоқии достон афзоиш ёфта, байтҳои алоҳида суханони ҳикматомези адабиёти классикии тоҷикро ба хотир меоранд:
Ҳар он, к-ӯ халқ шуд аспи ҷувозӣ,
Ба ислоҳат нашуд Шабдези тозӣ.
Мадеҳ бо аблаҳон дарси қавофӣ,
Нашояд уштуронро шоҳибофӣ.
Асирӣ роҳҳои аз вартаи қашшоқӣ ва ҳалокат баровардани мардумашро меҷӯяд. Ба қавли шоир, миллате, ки ҳам илми динӣ ва ҳам илми дунявиро аз худ накардааст, завол меёбад ва побанди миллатҳои ғайр мешавад. Шоир ба таърихи миллати худ назар карда, халқи фарҳангӣ ва дорои тамаддуни қадима будани онро таъкид менамояд. Дар ин ҳолат қувваи ифоданокии фикрро санъати такрор ва задаи мантиқӣ таъмин карда метавонад:
Шумо дар асл одамзодагонед,
Шумо устоди олимзодагонед.
Шумо оварда қонуни тамаддун,
Шумо парварда гулзори тафаннун[38].
Шумо бинҳода расми ихтироот,
Шумо бикшода боби ин синоот...[39]
Миллате, ки гузаштаи пурифтихор ва таҷрибаи зиёди зиндагӣ дорад, бояд дар байни миллатҳои дигар мавқеи сазовор дошта бошад ва ин мавқеъро ба воситаи илмомӯзӣ, забондонӣ, тарҷума ва таҷрибаивазнамоӣ ба даст даровардан мумкин аст. Хулоса, «Ҷӯйи Бекобод» ё «Тимсол»-и Асирӣ асарест, ки масъалаҳои муҳимми иҷтимоиро дар ибтидои асри ХХ фаро гирифтааст. Ақидаҳои шоир дар замони истиқлолияти Тоҷикистон ба аҳамияти бештаре ноил гардидаанд.
Реклама