АШЪОРИ ҲАБИБ ЮСУФӢ

Ҳабиб Юсуфӣ ҳам дар жанрҳои суннатӣ (чун ғазал, маснавӣ, рубоӣ) ва ҳам дар шаклҳои нави шеърӣ асар эҷод кардааст. Шеърҳои шоир ба мавзуъҳои Ватану ватандорӣ, зан ва мавқеи иҷтимоии он, ишқу муҳаббат, сулҳу дӯстӣ, кору фаъолият, накуҳиши ҷангу ҷангҷӯён ва васфи табиати зебои диёр бахшида шудаанд. Ватан барои Ҳабиб Юсуфӣ хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихор аст ва бо рангу бӯ ва таровати худ ба чаман шабоҳат дорад. Бинобар ин, тамоми ҳастии шоирро фаро гирифтааст:

Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,

Забони ман зи ҳама бештар Ватан гӯяд.

Яке аз аввалин шеърҳои суханвар «Ишқи Ватан» (1936) ном дошта, дар шакли маснавӣ (қофияи аа, бб, вв...) эҷод гардидааст:

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,

Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам…

Дар ин шеър, ки аз 12 байт иборат аст, эҳсоси меҳанпарастӣ ба воситаи такрори калимаи Ватан ва дигар воситаҳои тасвири бадеӣ таъмин гардидааст. Махсусан, ташбеҳкунандаҳои модар, боғ, бӯстон ва ҷон моҳияти аслии Ватанро ба хонанда аён месозад. Санъатҳои талмеҳ ва таҷнис дар байти поён боиси мушаххасӣ ва заминаи воқеии тасвир гардидаанд:

Ҷаҳон даври Ковуси Кай[120] дидааст,

Валекин чунин давра кай дидааст?

Калимаи кай агар дар мисраи аввал лақаби шоҳони Эрони қадим бошад, пас дар мисраи дуюм чун ҷонишини саволӣ истифода шудааст. Шоир ба замони тасвир эътибори ҷиддӣ медиҳад. Нимаи дувуми солҳои сӣ Ҳукумати Шуравиро хавфи ҳуҷуми душман таҳдид мекард. Бинобар ин, дар «Ишқи Ватан», «Ба Ватан», «Ватани дил», «Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд» ном шеърҳои ватанхоҳонаи шоир масъалаи ҳимояи Ватан аз аҷнабиён гузошта шудааст.

Ватан дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ маънои васеъ дорад. Дар оғӯши Ватан ҳазорон диёру шаҳр ғунҷидааст ва Тоҷикистон як ҷузъи он аст. Шоири тоҷик аз он ифтихор дорад, ки дар Ватани паҳновари ӯ дар як вақт табиати чор фасли сол мушоҳида мешавад:

Ман аҷаб, бас аҷаб Ватан дорам,

Як сӯяш офтобу як сӯ барф.

Офтобаш дур(р) асту барфаш сим,

Баҳри тавсифи ӯ надорам ҳарф.

Ин тасвир, махсусан ба санги қиматбаҳои дурр монанд кардани офтоби Ватан ва ба сим (нуқра) ташбеҳ додани барфи Ватан басо ҷолиб мебошад.

Дар шеърҳои «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» ва «Аз ҳавою обу замин» васфи Ватан боз ҳам муассиртар ба қалам омадааст. Зеро саршавии ҷанги мудҳиш Меҳанро дар хатар бигзошт ва барои рафъи ин хавф ишқи сӯзони ватандор ба ёру диёр зарур буд. Дар шеъри аввал Ватан чун паҳлавоне тасвир ёфтааст, ки ҳангоми муҳориба бо рақиб аз дӯстону мухлисон дастгирӣ ва дӯстдории бештареро интизор аст:

Як ҷаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим,

То Ватанро дӯст дорад,

Дӯст дорад то абад...

Чун Ватан мардона дар ҷанг омадаст, имрӯз ман

Ин Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар.

Дар ашъори дар замони ҷанг эҷодкардаи Ҳабиб Юсуфӣ услуби публитсистии тасвир мавқеъ пайдо мекунад. Шоир эҳсосот ва ҳаяҷони амиқи худро ба воситаи нидоҳои пай дар пай ва хитобаҳо баён намуда, бо ҳамин ба қалбу руҳи хонанда таъсир гузоштан мехоҳад. Муроҷиат ба офтоб, ҳаёт, насим ва заводу фабрика нишонаи устуворӣ ва пойдории халқ мебошад ва таъкид мекунад, ки тамоми табақоти ҷомеа бояд аз як гиребон сар бароранд.

Шоир дар шеъри «Таърих дидааст» мафҳуми халқро мав риди тасвири бадеӣ қарор дода, покию муқаддасӣ ва дар айни ҳол беамон будани интиқоми мардумро исбот менамояд. Матлаи шеъри мазкур иқтидори халқро ба таври возеҳ ифода намуда, дурдонаҳои ҳикматноки шеъри классикии тоҷикро ба хотир меорад:

Шамшери фатҳ ҷилва намуд аз наёми[121] халқ,

Афтод ҳар саре, ки накард эҳтироми халқ.

Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ мавзуи зан низ мавқеи муносиб дорад. Шоир мувофиқи талаботи давр ҳусну малоҳати бонувони тоҷикро вобаста ба фаъолияти иҷтимоии онҳо тасвир кардааст. Шеърҳои ошиқонаи Ҳабиб Юсуфӣ бо чунин тарзи тасвир аз лирикаи ошиқонаи адабиёти классикии тоҷик фарқ мекунад.

Зани тоҷик, дар тасвири Ҳабиб Юсуфӣ, хушбахтии худро дар кор мебинад, аз панҷ панҷааш ҳунар мерезад ва чун рафиқи баробарҳуқуқу ҳамрадифи мард дар ҷомеа мавқеи муносиб дорад.

Дар шеърҳои «Ба духтари меҳнат», «Ҳусни ту», «Такя бар корат кунӣ», «Духтари ҳавопаймо», «Ту духтари ватанӣ» ва як қатор рубоиёти шоир маҳсули дониш ва фаъолияти меҳнатӣ будани бақои ҳусни маҳбуба талқин мешавад:

Ту на он дилбар, ки фахр аз зеби рухсорат кунӣ,

Такя бар зебоии рӯйи чу гулзорат кунӣ.

Ту на аз он моҳрӯёнӣ, ки пеши ошиқон,

Ноз бар ширинии лаъли шакарборат кунӣ.

Аз тамоми дилбарон болотарӣ аз он, ки ту,

Нозу фахру такяро бар донишу корат кунӣ.

Дар шеъри «Духтари ҳавопаймо» шоир бо шавқу завқ духтари ҳавопаймои тоҷикро васф мекунад ва ин тасвир дар шакли ғазал басе рангину мафтункунанда ба назар мерасад. Хонанда тавассути ташбеҳ ва маҷозу таҷнис матонат ва зебоии духтари тоҷикро эҳсос карда, мафтуни ҷамолу камолоти ӯ мешавад:

Дар осмонию дилат осуда ончунон,

Гӯё ба пеши модари худ оромидааст.

Болу пари қавист туро, парзанон парӣ,

Ҷуз ту парӣ[122] ба ҳеҷ куҷо кас надидааст.

Чун киштие, ки синаи яхҳои пирро,

Мошинаи ту қалби ҳаворо даридааст.

Ашъори ба зан бахшидаи Ҳабиб Юсуфӣ асоси воқеӣ дошта, дар онҳо ҳуқуқ ва озодии бонувони тоҷик самимӣ ва табиӣ тараннум мегардад. Шоир меҳнатро сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ва асоси зиндагии инсонӣ медонад ва ба ишқу муҳаббати инсонӣ низ аз ҳамин нуқтаи назар баҳо медиҳад. Дар шеърҳои ошиқонаи шоир дилдодагон садоқати якдигарро дар меҳнат месанҷанд ва ошиқ зебоии ёрро ба меҳнат вобаста медонад:

Ишқи дили ман ишқи ҷаҳони меҳнат,

Онро ба дилам дода замони меҳнат.

Ширину Гуландому Зулайхои мананд

Хуршедвашони осмони меҳнат.

Умуман, шоири ҷанговар дар муддати кӯтоҳи умр ҳам аз қалам ва ҳам аз шамшер самаранок истифода карда, қарзи фарзандии худро назди халқу Ватан бо сарбаландӣ иҷро намудааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ кадом мавзуъҳоро дар бар мегиранд?
  2. Дар эҷодиёти шоир мавзуи Ватан ва ватандорӣ чӣ гуна мавқеъ дорад?
  3. Оё Ватан дар эҷодиёти шоир танҳо Тоҷикистон аст?
  4. Мавқеи муроҷиатро дар шеъри «Аз ҳавою обу замин» нишон диҳед.
  5. Ҳабиб Юсуфӣ бонувони тоҷикро чӣ гуна васф кардааст?

САВОЛИ ТЕСТӢ

1. Кадоме аз ин шоирон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар роҳи ҳимояи Ватан ҳалок гардидааст?

А) Пайрав Сулаймонӣ;

Б) Абулқосим Лоҳутӣ;

В) Абдусалом Деҳотӣ;

Г) Ҳабиб Юсуфӣ;

Ғ) Муҳаммадҷон Раҳимӣ.

2. Байти зерин ба қалами кадом шоир мансуб аст?

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,

Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.

А) Абулқосим Лоҳутӣ;

Б) Мирзо Турсунзода;

В) Мирсаид Миршакар;

Г) Ҳабиб Юсуфӣ;

Ғ) Суҳайлӣ Ҷавҳаризода.

Реклама