Назарияи адабиет
Романтизм ва реализм чун истилоҳҳои адабӣ нимаи аввали асри Х1Х дар Аврупо пайдо шудаанд. Вале тасвирҳои романтикӣ ва реалистӣ диққати мутафаккирони ҷаҳонро аз давраҳои қадим ба худ ҷалб намудаанд.
Романтизм (фаронсавӣ – роман) чунин методи эҷоди бадеист, ки мувофиқи он ҳаёти воқеӣ дар асар, ба таъбири файласуфи немис В. Шеллинг (1755–1854), «на чунонки ҳаст, балки чунонки мебояд» тасвир мешавад.
Тасвирҳои романтикӣ дар осори адибони классикии форсу тоҷик ба воситаи ифодаи ғояҳои халқпарварона, шоҳи одилу афсонавӣ, асотир, ҳаёти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва ғайра фароҳам омадаанд. Баёни рамзиву тамсилӣ ва муболиғаомез чун усули истифодаи асарҳои романтикӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик ҳам мавқеи муносиб дорад.
Дар достонҳои Низомӣ («Искандарнома»), Амир Хусрав («Ойинаи Искандарӣ»), Ҷомӣ («Хирадномаи Искандарӣ») образҳои подшоҳони одилу некукирдор ва халқпарвару хирадманд офарида шудаанд. Дар охири ин асарҳо мамлакати обод ва мардумони озод ба тасвир омадааст, ки дар ҷомеаи инсонӣ то ҳол чунин мамлакати идеалӣ вуҷуд надорад.
Дар образҳои Лайлӣ ва Маҷнун ахлоқи неку сидқу сафои қаҳрамонон ба таври романтикӣ тасвир ёфтааст. Дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ чунин лаҳзаҳои хаёлие, ки ба хонанда таъсири амиқ мерасонанд, бисёранд. Маҷнуни шӯридадил, баъди он ки ҳама кӯшишҳои ӯ дар роҳи васли ёр бенатиҷа анҷом меёбад, рӯ ба саҳро меорад. Ӯ дар роҳ бо парандаҳо сухан гуфта, гавазну оҳувонро ба ивази аспу дигар дороияш аз банд озод мекунад. Дар ин тасвирҳо симои Маҷнун чун ошиқи содиқу инсони комил бо тамоми барҷастагӣ намоён мешавад. Барои ӯ озодии тамоми мавҷудоти зинда муқаддас аст. Маҷнун ба сайёде, ки оҳувонро дар банд карда буд, мегӯяд:
...Беҷон чӣ кунӣ рамидаеро?
Ҷонест ҳар офаридаеро!..
Дил чун диҳадат, ки барситезӣ,
Хуни ду-се бегунаҳ бирезӣ?
Он кас, ки на одамист, гург аст,
Оҳукушӣ оҳуе[112] бузург аст...
Гардан назанаш, ки бевафо нест,
Дар гардани ӯ расан[113] раво нест...
Маҷнун дар симои оҳу Лайлиро пеши назар меорад ва ин офаридаи зебои табиатро чун маҳбубааш самимона васф менамояд. Ғайр аз ин, тамоми воситаҳои тасвир барои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва маҳкуми беадолативу беинсофӣ равона гар дидааст. Дар ҳар як байт зиндагӣ ба марг муқобил гузошта шудааст. Сайёҳи бераҳм ба гурги дарранда ташбеҳ шудааст. Саволҳои пай дар пай, ташбеҳу истиора, таҷнису тавсиф барин санъатҳои бадеӣ ба хонанда дар маърифати зиндагӣ таъсири амиқ мерасонад.
Ҷанбаи романтикии достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ дар боби «Унси Маҷнун бо вуҳуш ва сибоъ»[114] басо амиқ ба назар мерасад. Ҷавҳари баёнро дар ин боб тасвирҳои тамсилӣ ва ташхисӣ ташкил медиҳанд. Маҷнун баъди зиёрати гӯри падар боз рӯ ба саҳро мениҳад ва бо ваҳшиён ҳаёт ба сар мебарад. Ӯ бо ваҳшиён ошноӣ пайдо мекунад. Чун Сулаймон[115] ҳама фармонбардораш шуда, хислати дарандагиашонро фаромӯш мекунанд:
Шоҳиш ба ғояте расида,
К-аз хӯйи дадон дадӣ бурида.
Афтода зи меш[116] гургро зӯр,
Бардошта шер панҷа аз гӯр.
Саг бо харгӯш сулҳ карда,
Оҳубара шири шер хӯрда...
Аз хобгаҳаш гаҳе, ки хуфтӣ,
Рӯбоҳ ба дум замин бируфтӣ...
Мусофирон барои Маҷнун хӯрока меоварданд ва ӯ анвои хӯрокаро низ ба дӯстонаш қисмат мекард:
Як зарра аз он навола кардӣ,
Боқӣ ба дадон ҳавола кардӣ.
Маҷнун ба оҳуи майдаяке таваҷҷуҳи бештар дошт ва онро навозиш мекарду аз чашмонаш мебӯсид ва дар ин ҳолат аз чашми Лайлӣ ёд меовард. Низомӣ таъкид мекунад, ки хислатҳои неку амалҳои муносиби Маҷнун боиси ба вуҷуд омадани ҷомеаи намунавии ваҳшиён гардид. Аҳамияти маърифатии ин тасвири романтикӣ ҳам дар ҳамин аст.
Моҳияти тасвирҳои романтикӣ
Тасвирҳои романтикӣ хонандаро ба шавқу завқ оварда, диққати ӯро ба мундариҷаи асар бештар ҷалб мекунад. Бинобар ин, гоҳо адибон асарҳояшонро бо манзараҳои табиат ва дигар тасвирҳои ҷолиби романтикӣ ҳусни оғоз мебахшанд. Аз ин ҷиҳат, боби аввали романи «Дохунда»-и С. Айнӣ – «Дараи ниҳон» бисёр муассир аст. Дар ин боб манзараи табиии яке аз дараҳои кӯҳистони Ҳисори Шодмон, ки ишқи Ёдгору Гулнор аз он сарчашма мегирад, тасвир ёфтааст. Махсусан, тасвири чашмаҳои кӯҳии Дараи ниҳон дар фасли баҳор назаррабо ва мафтункунанда мебошад. Нависанда шаффофии ҷӯйчаҳоро ба ойина ва софии оби ҷӯйчаҳоро ба алмоспора монанд мекунад ва сабаби ин софкориро муболиғаомез «аз санг гузаронида» меномад: «Оби ин ҷӯйҳо чунон соф аст, ки гӯё аз санг гузаронида софкориаш карда бо шанд, монанди алмоспора беғубор менамояд... Канор ва замини ин ҷӯйча аз сангпораҳо бино ёфтааст, ки ба сабаби шустушӯйи ҳамешагии об монанди ойина шаффоф шудааст».
Тасвирҳои бадеӣ ба хонанда завқи бадеӣ ва лаззати эстетикӣ бахшида, ӯро ба дарки амиқи фалсафаи зиндагӣ раҳнамун месозад.
Реклама