АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ

(1887 – 1957)

Зиндагинома

Абулқосим Лоҳутӣ зодаи маҳаллаи Барзадимоғи шаҳри Кирмоншоҳи Эрон мебошад. Падараш Аҳмад марди бофарҳанге буда, ба касби гевакашӣ(чоруқдӯзӣ) машғул буд. Мавсуф бо тахаллуси «Илҳомӣ» шуҳрат дошта, шеърҳои тасаввуфӣ менавиштааст. Аҳмади шоирро бо номҳои «усто Аҳмад», «мирзо Илҳом», «Ҳакими Илҳомӣ» низ мешинохтаанд.

Абулқосим саводи ибтидоиро дар мактаби деҳаи Барзадимоғ ва дар назди падараш баровардааст. Тангии рӯзгор ва душвории маишати хонавода Абулқосимро маҷбур кард, ки бармаҳал таҳсилро қатъ намуда, чанде дар дуконҳои челонгарӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ чун шогирд фаъолият намояд ва ба ҳунари гевакашӣ низ машғул шавад.

Дар айни ҳол Абулқосим тавассути падараш ба омӯхтани осори суханшиносони ҷаҳонӣ, чун Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, машғул мешавад ва ба муҳити адабии Кирмоншоҳ ошноӣ пайдо мекунад. Абулқосим дар ин муҳит ҳунари шеъру шоириро омӯхта, худ низ ба шеъргӯйӣ оғоз менамояд.

Ҷараёнҳои гуногуни мазҳабии давр, чун «Баҳоия», «Неъ- матуллоиҳо», дар тарғиби ғояҳои худ аз истеъдоди фитрӣ ва маҳорати шоирии Абулқосим Лоҳутӣ истифода бурданӣ мешуданд. Ниҳоят, соли 1904 ташкилоти «Одамият»[88] Лоҳутиро барои таҳсил ба Теҳрон мефиристад.

Таҳсили Лоҳутӣ дер давом накард. Дар зери таъсири инқилоби солҳои 1905 – 1907-и рус Эронро низ муҳити инқилобӣ фаро гирифт ва Лоҳутӣ аз эҷоди шеърҳои тасаввуфӣ даст кашида, ба инқилобиёни Эрон ҳамроҳ шуд.

Лоҳутӣ дар ибтидои ҳаракати машрутахоҳии[89] мардуми Эрон бовар дошт, ки эълони машрута (соли 1907) ва интихобӣ шудани аъзои маҷлиси миллӣ вазъияти мамлакатро беҳтар мекунад. Дере нагузашта аз тарафи Муҳаммадалӣ (1907–1909), ки баъди фавти падараш – Музаффаруддиншоҳ (1886 – 1907) ба тахт нишаста буд, машрута (конститутсия)-и эълоншуда бекор карда шуд ва ин воқеа ҷаҳонбинии шоирро тағйир дод.

Вақте ки солҳои 1907–1911 дар Эрон инқилоб ва ҳаракати демократии халқ аз нав авҷ гирифт, Лоҳутӣ дар маркази ин ошӯбҳо буд. Аз ҷумла, дар шӯриши мусаллаҳонаи мардуми Гелони вилояти Рашт фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани ордени Сатторхон[90] мушарраф гардид. Ва дар ғазали сиёсии «Ё ҳар ду» (1909) амалиёти зиддихалқию ватанфурӯшии вакилони маҷлисро фош намуд:

Вакилону вазиронанд хоин, фош мегӯям,

Агар дар зери теғам ё ба рӯйи дор, ё ҳар ду.

Ин ғазал дар рӯзномаи «Чантаи[91] побараҳна», ки дар Теҳрон чоп мешуд, ба табъ расид ва муаллифи он барои ин шеър ҳабс шуд, вале дере нагузашта бо талаби халқи башӯромада озод гардид.

Охирҳои соли 1911 инқилоби Эрон шикаст хӯрд. Шеърҳои «Қурбони рӯшноию нуру сафои Шарқ», «Шамъу парвона» дар мусофират эҷод шудаанд.

Абулқосим Лоҳутӣ охирҳои соли 1914 боз ба Эрон, ки дар ин ҷо ҳаракати инқилобӣ аз нав қувват мегирифт, баргашт ва нашри рӯзномаи «Бесутун»-ро оғоз карда, дар ҷунбишҳои озодихоҳӣ фаъ олона ширкат намуд. Ин ҳолат дар шеъри «Бозгашт ба Ватан» (1915) ифода ёфтааст:

Дар ғами ошёна пир шудаам,

Боқӣ аз ҳастиям ҳамин номест.

Лоҳутӣ дар солҳои 1914 – 1917 гоҳ дар Кирмоншоҳ, гоҳ дар Теҳрон, гоҳ дар Xонақайн, гоҳ дар Кохи Ширин ва гоҳ дар Бағдод гуреза буд ва солҳои 1918 – 1921 низ барои шоир солҳои вазнинтарин маҳсуб меёфтанд. Дар ҳамин солҳо ӯ ба Нусратбону ном духтар хонадор мешавад, маҷаллаи «Порс»-ро таъсис медиҳад ва шеърҳои бисёре эҷод мекунад, ки бо номи ашъори истамбулӣ машҳуранд.

Соли 1921 Лоҳутӣ Истамбулро тарк карда, ба душвориҳои зиёд саҳрои Арабистонро пиёда тай намуда, ба Ватан баргашт ва моҳи октябр ба Табрез омада, сарварии шӯришро ба уҳда гирифт, ки он дар таърих бо номи «Шӯриши Лоҳутихон» машҳур аст. Якуми феврали соли 1922 ҳукумати Табрез ба дасти инқилобиён гузашт, вале баъди ёздаҳ рӯз он аз дасти қувваҳои ҳукуматии аз Теҳрон фиристода ба шикаст дучор шуд. Ҳукумат барои сари Лоҳутӣ мукофоти калон ваъда кард ва шоири озодихоҳ ҳамроҳи чанде аз ҳаммаслаконаш ба Иттиҳоди Шуравӣ паноҳ бурд.

Тақдири минбаъдаи Абулқосим Лоҳутӣ ба Иттиҳоди Шуравӣ ва махсусан, Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст мебошад. Шоир дар солҳои 1922 – 1925 дар шаҳрҳои Нахҷувон, Тифлис, Боку, Маскав аввалҳо ба коргарӣ ва муаллимӣ шуғл варзида, баъд дар муассисаи Нашриёти марказии халқҳои Шарқ кор кардааст. Соли 1925, баъди он ки дар натиҷаи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна Ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон таъсис меёбад, Лоҳутӣ ба Тоҷикистон фиристода мешавад. «Чун шунидам, – қайд кардааст шоир, – кишваре ба номи Тоҷикистони советӣ ҳаст, ки дар он ҷо осори Фирдавсӣ ва Саъдиро халқ ҳамчун дар Эрони ман мехонад ва азиз медорад, аз партия хоҳиш намудам, маро ба он ҷо фиристад».

Устод Лоҳутӣ баъд аз устод Айнӣ дувумин пояи фарҳанги тоҷик дар садаи XX буд, ки дар рушду камоли адабиёти давраи нави он саҳми муносиб гузошт. Вай чандин сол намояндаи Тоҷикистон дар назди Иттифоқи нависандагони шуравӣ буда, ба сифати яке аз муовинҳои А. М. Горкий иҷрои вазифа намудааст. Дар ҳама анҷуманҳои нависандагони шуравӣ дар паҳлуи С. Айнӣ қарор дошт ва бахши шеъри тоҷикро аз минбарҳои расмӣ бештар ӯ муаррифӣ мекард. А. Лоҳутӣ ба адибоне чун М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Раҳимзода, А. Деҳотӣ, Ҳ. Юсуфӣ дарси маҳорат омӯхт. Маҳз бо кӯшиши ӯ осори адибони тоҷик дар нашриёти Маскав бо чандин забон рӯйи чопро медид. Лоҳутӣ намунаҳои осори адибони тоҷикро ба дунёи форсизабон паҳн менамуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Ҳукумати Шуравӣ ба устод Лоҳутӣ қадршиносиҳо намуда, мавсуфро ба нишонҳои давлатӣ мушарраф гардондаанд.

Охирҳои ҳаёти устод Лоҳутӣ дар Маскав гузаштааст. Оғози солҳои 50-уми садаи XX шоир дардманд мешавад ва саломатиаш торафт рӯ ба бадӣ меорад. 16 марти соли 1957 устод Лоҳутӣ вафот мекунад ва ҷасади шоирро мувофиқи васияти ӯ дар қабристони «Новодевиче»-и Маскав ба хок месупоранд. Номи шоир дар қалбу руҳи мардуми форсизабон зиндаю ҷовид аст. Дар Тоҷикистон чандин мактабу кӯча, китобхонаву театр ва қарияву ноҳия ба номи Лоҳутӣ гузошта шудаанд. Чунонки худ дар ғазали «Лавҳи мазор» гуфтааст:

Гардад куҳан замонаву хомӯш намешавад

Он шуълаҳо, ки ҷаста бурун аз даҳони ман.

Қабр аз барои ман чӣ зарур аст, чун бувад

Дилҳои поки фаълаву деҳқон макони ман.

Мероси адабӣ

Аз Абулқосим Лоҳутӣ мероси адабии зиёд боқӣ мондааст. Маҷмуаи шеърҳои шоир, аз ҷумла, ба номҳои «Девони Абулқосим

Лоҳутӣ» (1946), «Асарҳои мунтахаб» (1949), «Сурудҳои озодӣ ва сулҳ» (1954), «Нидоҳои зиндагӣ» (1956), «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1957) ва «Гавҳари ишқ» (1958) чоп шудаанд. Осори мукаммали А.Лоҳутӣ дар Куллиёти шашҷилда (1960 – 1963) дастраси хонанда гардиданд. Дар Куллиёт шеърҳо, достонҳо, тарҷумаҳо ва мақолаю суханрониҳои адиб гирд омадаанд. Соли 2004 китоби «Номаҳо»-и А. Лоҳутӣ (мураттиб ва муаллифи тавзеҳот X.Отахонова) чоп гардид, ки дар он 133 номаи шоир ба аҳли хонадон, ба адибони тоҷик, адибони мамлакатҳои дигар, ҳамдиёрон, дӯстон ва мухлисон фароҳам омадаанд.

А. Лоҳутӣ «Наврӯзнома» ва «Лаолӣ»[92] ном асарҳое дорад, ки онҳо алҳол ба хонандаи тоҷик ба таври мукаммал дастрас нес танд. Баъзе шеърҳои мазкур дар ҷилдҳои алоҳидаи Куллиёти ҳафтҷилдаи Лоҳутӣ (1987, 2010-2018) ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» дар Теҳрон бо кӯшиши Аҳмади Баширӣ соли 1358 ҳ. ш. (1980 м.) чоп гардидааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Зодгоҳи Абулқосим Лоҳутӣ куҷост?
  2. Дар бораи падари Лоҳутӣ маълумот диҳед.
  3. Лоҳутӣ чаро рӯ ба Теҳрон овард?
  4. Сабаби ба хориҷи кишвар фирор намудани шоир дар чист?
  5. Чаро Лоҳутӣ ба Иттиҳоди Шуравӣ паноҳ бурд?
  6. Оид ба фаъолияти шоир дар Тоҷикистон маълумот диҳед.
  7. Рӯзҳои охири ҳаёти Лоҳутӣ дар кадом шаҳр мегузарад?
  8. Дар Тоҷикистон кадом муассисаҳо ба номи Лоҳутӣ гузошта шудаанд?
  9. Дар бораи мероси адабии Лоҳутӣ маълумот диҳед.

Реклама