Фаъолитяи омӯзгорӣ
Фаъолияти омӯзгории С. Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст. 1. Таълим дар мактабҳои усули нав. 2. Таълифи китобҳои дарсӣ.
Соли 1906 дар Бухоро Абдурраҳмон Саъидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саъидиро барои талабагони тоҷикзабон тарҷума менамуд. Вақте ки 8 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Абдулвоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ таъсис ёфт, фаъолияти омӯзгории С.Айнӣ боз ҳам васеътар гардид.
С.Айнӣ аз таҷрибаи дар мактабҳои Абдурраҳмон Саъидӣ, Абдулвоҳиди Мунзим ва Абдулқодир Шакурӣ андӯхтааш истифода карда, барои толибилмони мактаби нав се китоби дарсӣ навишт: «Тартил-ул-қуръон» (1909), «Зарурийёти динийя» (1914) ва «Таҳзиб-ус-сибён» (1910; 1917). Ҳар кадом аз нигоҳи илмиву усулӣ, забону тарзи нигориш ва фарогирии маводди таълимиву тарбиявӣ ҷолибанд. Аксари ҳикояҳои «Таҳзиб-ус-сибён», аз ҷумла «Одами боақл ва соҳиби бахти баланд», «Одами бадбахт», «Бачаи боақл», «Ҳикоят», бо порчаҳои шеърӣ тақвият ёфтаанд.
Аз ин ҷиҳат, ҳикояте, ки дар он исрофкорӣ ва харҷи беҳуда мазаммат гардида, натиҷаи неки сарфакорӣ таъкид меёбад, ҷолиби диққат аст. Дар мамлакатҳои Ғарб шаҳре месӯзад. Иморатҳо ҳама корношоям гардида ва аҳолии шаҳр бехонаву ҷой мемонад. Одамони хайрхоҳ ба касони ба бадбахтӣ дучоромада ёрӣ расондан хоста, сандуқи хайрия мекушоянд. Ҳангоми ҷамъ кардани хайрия ба назди тоҷире мераванд, ки барои сарфи беҳудаи як дона гӯгирд хидматгори худро коҳиш карда истодааст. Тоҷири номбурда ба мутасаддиёни хайрия даҳ ҳазор тилло ионатона дода, онҳоро дар тааҷҷуб мегузорад: «Гуфтанд: «Дар як дона гӯгирд он қадар коҳиш карда, дар иона[53] ин қадар маблағ додан барои чист?»
Тоҷир гуфт: «Агар ба як дона гӯгирд саҳл мегирифтам ва ба муфт сӯхтани он розӣ мешудам, дар ин маврид аз куҷо пул ёфта иона мекардам?»
Байт:
Ба ҷойи зарурат бидеҳ, то тавонӣ,
Ки дасти ту гирад гаҳи нотавонӣ.
Ва лекин ба ҷое, ки нафъаш набошад,
Хирадманд як дона арзан напошад.
Фаъолияти рӯзноманигорӣ ва пуб литсистии устод Айнӣ ҳангоми дар Самарқанд зиндагӣ ихтиёр кардани ӯ оғоз ёфта, то охири умраш давом мекунад. Ай нӣ дар рӯзномаҳои «Шуълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» ба сифати муҳаррири адабӣ ва мушовир фаъолият доштааст.
Устод ҳанӯз аз солҳои 1919 – 1920 дар рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» бо имзоҳои мустаорӣ[54] «С.М.», «С.Х.», «Қ.А.», «С.Қ.», «С.А.», «М.» ва дар маҷаллаҳои ҳаҷвии ӯзбекии «Таёқ», «Машраб» бо имзоҳои «Бир кечалик футурист», «Сарсон», «Баттол» мақола, фелетон ва шеърҳои ҳаҷвӣ менавишт. Баъдтар дар рӯзномаи ӯзбекии «Меҳнаткашлар товушӣ» ва «Овози тоҷик» фаъ олияти публитсистии С.Айнӣ инкишоф ёфт.
Мақолаҳои публитсистии С.Айнӣ, чун жанри фаврӣ ва рӯзмарра, муносибати нависандаро ба муҳимтарин воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давр ба таври возеҳ ифода менамоянд.
Муҳимтарин воқеаи сиёсие, ки соли 1924 дар ҳаёти сиёсии Иттиҳоди Шуравӣ рӯй дода буд, ин тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна буд. Ба ин муносибат пантуркистону миллатгароён, ки халқи тоҷикро аз мактабу маориф ва матбуот бебаҳра кардан мехостанд, муборизаро ба муқобили ин қавми куҳанбунёд аз нав авҷ доданд. Дар ҳамин давраи тақдирсоз дар матбуот «Қавми тоҷик ва рӯзнома» (1924), «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик» (1924), «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» (1924), «Тоҷикони кӯҳистон» (1924), «Қобилияти ташкилотчигӣ дар тоҷикон» (1924), «Матбуоти тоҷик» (1926) ном мақолаҳои пуб литсистии С.Айнӣ чоп шуданд. Устод дар ин мақолаҳо таъриху адабиёти бой ва фарҳанги куҳан доштани қавми тоҷикро батамом собит месозад. «Дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон, – ёдовар мешавад Айнӣ дар мақолаи «Матбуоти тоҷик», – ба будани як қавми бузурге бо номи «тоҷик» бояд касе инкор надошта бошад».
Мақолаҳои дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ навиштаи С.Айнӣ, аз ҷумла «Деви ҳафтсар», «Хари бедум», «Талвосаи ҷонкании даррандаи захмдор», «Ҳар зараррасонандаи ба одамро нест кардан даркор аст», хонандаро ба шуҷоат, мардонагӣ ва ҷоннисорӣ дар роҳи ҳимояи Ватан водор мекунанд.
Устод Айнӣ тамоми эҷодиёти давраиҷангии худро ба ҳимояи Ватани азиз аз фашистони истилогар равона намуд. Ин ҳолатро аз очеркҳои «Исёни Муқаннаъ» (1944) ва «Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик» (1944) бармало мушоҳида кардан мумкин аст. Агар дар «Исёни Муқаннаъ» муборизаи ниё гони мо ба муқобили арабҳои истилогар (асри VIII) нишон дода шавад, пас, дар «Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик» муқовимати халқи тоҷик бар алайҳи муғулони хунхор тасвир меёбад. Вале масъалаҳои асарҳои мазкур ба мавзуи асосии адабиёти давраиҷангӣ муносибати қавӣ доранд. Нависанда корномаҳои Муқаннаъ ва Темурмаликро ба муқобили аҷнабиёни истилогар ба тасвир гирифта, бо ҳамин ба ҳамватанони замони худ дарси мардонагию далерӣ ва душманбадбинӣ меомӯзад.
Фаъолияти публисистӣ
Мақолаҳои оид ба забон таълифнамудаи С.Айнӣ фарогири масъалаҳои назариявии забоншиносӣ нестанд. Онҳо ба вазифаҳои амалии забони тоҷикӣ, беҳтар шудани сифати
забони адабии тоҷикӣ, саҳеҳтар ва ғанитар шудани қоидаву меъёри забони адабӣ, хубтар гардидани забону услуби адабиёти садаи ХХ тоҷик бахшида шудаанд.
Дар солҳои 1928–1930 масъалаи забони тоҷикии муосир дар маркази таваҷҷуҳи аҳли зиёи тоҷик қарор гирифт. Дар ин давра мақолаҳои С. Айнӣ «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» (1928), «Масъалаи таърихӣ дар гирди алифбои нави тоҷикӣ» (1928), «Забони тоҷикӣ» (1928), «Ҷавоби ман» (1929) ва ғ. ба табъ мерасанд. Муаллиф дар онҳо асоси миллии забони тоҷикӣ ва инкишофи минбаъдаи забони адабии тоҷикиро ошкор менамояд.
Фаъолияти забоншиносии С. Айнӣ, инчунин, дар асарҳои таҳриркарда ва мактубҳояш низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин ҷиҳат, қайдҳои С.Айнӣ “Оид ба забон ва услуби асарҳои нависандагон” ва «Кори наку кардан аз пур кардан аст» (1934), «Мактуби кушода ба рафиқ Толис» (1948), «Баъзе қайдҳо оид ба аҳволи забоншиносӣ дар Тоҷикистон» барин мақолаву мактубҳои устод ҷолиби диққат аст.
Мулоҳизаҳои С.Айнӣ тамоми қисматҳои забоншиносӣ, чун овозҳои нутқ, имло, луғат, калимасозӣ, сарфу наҳб ва услуби баёнро фаро гирифтаанд ва бо руҳи пурқуввати амалӣ ва назарии худ ҳоло ҳам ба тозагӣ ва асолати забони тоҷикӣ саҳмгузор мебошанд.
С. Айнӣ фаъолияти илмии худро аз асарҳои таърихӣ оғоз менамояд. Дар «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (соли 1918) ва «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1923) ном асарҳои устод ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик дар асрҳои XVIII, XIX ва ибтидои асри ХХ мавриди таҳлили муфассал қарор гирифтааст.
Реклама