Назарияи адабиёт
Драма калимаи юнонӣ буда, маънои луғавии он ҳаракат, амалиёт мебошад. Дар адабиётшиносӣ драма (намоишнома) дар қатори ҷинсҳои эпикӣ (ҳамосӣ) ва лирикӣ (ғиноӣ) яке аз се ҷинси адабӣ ба шумор меравад. Асарҳои драмавӣ, одатан, барои саҳнаи театрҳо офарида мешаванд ва онҳоро пиеса ва баъди ба намоиш гузоштанашон спектакл меноманд. Нависандаи асарҳои драмавиро драматург ва ҷамъи асарҳои саҳнавиро драматургия низ меноманд.
Муҳтавои асосии драмаро ягонагии амалиёту ҳаракати персонажҳо муайян менамояд, ки он ба воситаи гуфтугӯйи персонажҳо (диалог), сухани як персонаж (монолог), имову ишора (мимика), ҳаракати дасту бадан (пантомимика), луқма (реплика), фосила, ист (пауза) ифода мегардад. Дар асарҳои драмавӣ, инчунин, фикру мулоҳиза ва қайду эзоҳи худи драматург дар бораи рафти воқеа ва персонажҳои асар мавқеъ дорад, ки онро ремарка[210] меноманд. Ба воситаи ремарка макону замон, муҳит, синну сол ва сару либоси иштироккунандагон муайян мешавад.
Драма дар адабиёти ҷаҳон таърихи қадим ва бой дорад ва аввалҳо дар мамлакатҳои Мисри қадим, Чин, Ҳиндустон, Япония дар шакли бозиҳои маросимӣ ва намоишномаҳои халқӣ ба вуҷуд омадааст. Дар Юнони Қадим, дар асрҳои V ва IV то мелод, драма дар эҷодиёти Эсхил («Прометеи занҷирбандшуда», «Агамемнон»), Софокл («Шоҳ Эдип», «Антигона»), Еврипид («Медея»), Аристофан («Сулҳ», «Плутос») нашъунамо меёбад. Дар Ғарб дар давраҳои Эҳё (асрҳои ХУ – ХУ1), Маорифпарварӣ (асрҳои ХУП – ХУШ) ва минбаъда навиштани асарҳои драмавӣ авҷ мегирад. В. Шекспир, К. Марло, Ҷонсон (Англия), П. Корнел, Ж. Расин, Ж. Молер, В. Гюго (Фаронса), Лопе де Вега, Калдерон (Испания), И. Гёте, Ф. Шиллер (Олмон), А.С. Грибоедов, А.Н. Островский, А. П. Чехов, А. М. Горкий, Н. Погодин (Русия) дар инкишофи драматургияи ҷаҳонӣ саҳми муносиб гузоштаанд.
Драматургияи тоҷик низ дар асоси эҷодиёти шифоҳии халқ ба вуҷуд омадааст ва баъди инқилоби Октябр аз солҳои 1917 – 1918 сар карда, дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Душанбе пиесаҳои «Кӯри Шермат», «Холбӯта қӯрбошӣ», «Эшони фиребгар», «Бой ва хидматгор» (Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ), «Аршин–мол-олон» (Узеир Ҳоҷибеков), «Амир Олимхон» (А. Фитрат) дар саҳнаҳои театрҳои худфаъолиятӣ намоиш дода шуданд. Баъди соли 1929 аввал дар шаҳри Душанбе ва баъд дар шаҳрҳои дигари Тоҷикистон театрҳои касбӣ арзи вуҷуд карданд, ки ин ҳолат боиси ташаккули драматургияи тоҷик гардид. Адибон А. Усмонов («Мубориза»), М. Турсунзода («Ҳукм»), Ҷ. Икромӣ («Душман»), Ғ. Абдулло («Вахш»), Ҳ. Карим («Соли 1916»), С. Улуғзода («Шодмон», «Калтакдорони сурх») дар саргаҳи драматургияи касбии тоҷик қарор доштанд. Бо мурури замон дар адабиёти тоҷик навъҳои ҷинси драма мавқеъ пайдо намуданд.
Навъҳои драма
Драма аз се жанри анъанавӣ – фоҷиа (трагедия), мазҳака (комедия) ва драма иборат аст.
Фоҷиа қадимтарин жанри драмавӣ буда, қаҳрамони асосии он дар роҳи ниятҳои нек ва ғояҳои олӣ ба ҳалокат мерасад. Дар фоҷиа қувваи некӣ, бо вуҷуди заифӣ ва камшумории худ, ба муқобили қувваҳои пуриқтидори бадӣ бармехезад ва образи мусбат, ки қувваҳои некиро намояндагӣ мекунад, талаф меёбад. Ҳар қадар ки нобаробарии қувваҳои мусбату манфӣ чашмрасу намоён буда мубориза пуршиддат сурат гирад, ҳамон қадар моҳияти эстетикии фоҷиа меафзояд. Чунончи, дар «Отелло» ном фоҷиаи Шекспир макру ҳила ва хиёнату найрангҳои қувваҳои бадӣ ба дараҷаест, ки қаҳрамони асосӣ – генерал Отелло маҳбубаи покдомани ба ҷон баробараш Дездемонаро буғӣ мекунад ва баъди фаҳмидани ҳақиқати ҳол худашро низ ба ҳалокат мерасонад.
Фоҷиа аксаран дар мавзуъҳои ахлоқӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ навишта мешавад. Драматурги Юнони Қадим Эсхил падари фоҷиа ном гирифтааст. «Рӯдакӣ» ва «Темурмалик»-и С. Улуғзода, «Рустам ва Суҳроб» ва «Фарёди ишқ»-и F. Абдулло, «Робиаи Балхӣ»-и А. Атобоев намунаи фоҷиа дар адабиёти тоҷик ба шумор мераванд. Агар асоси фоҷиаро офаридани образҳои барҷастаи муқтадир ташкил намояд, пас, моҳияти мазҳака дар фош намудани нуқсонҳои ҷиддии ҷомеа зоҳир мешавад.
Мазҳака асари саҳнавиест, ки дар он нуқсон ва айбу иллатҳои одамон масхара мешавад ва ба ин восита таваҷҷуҳи ҷомеа ба камбудиву норасоиҳои иҷтимоӣ ҷалб мегардад. Бинобар ин, дар мазҳака воситаҳои тасвир чун муболиға, кинояву таъриз ва маҷоз фаровон истифода мешаванд.
Мазҳака низ аввал дар адабиёти Юнони Қадим мавқеъ пайдо кардааст ва Аристофан чун падари мазҳака шинохта шудааст. Дар адабиёти тоҷик мазҳака мавқеи сазовор дорад, ки «Таърифхӯҷаев»-и Б.Раҳимзода ва А.Деҳотӣ, «Гавҳари шабчароғ»-и С.Улуғзода, «Ситора»-и Ҷ.Икромӣ, «Мужда»-и А.Баҳорӣ, «Вопасин арӯси Амир-ал-муъминин»-и Ф.Муҳаммадиев намунаи онҳост.
Драма навъи сеюми ҷинси драма мебошад. Дар он ҳам талаботи жанри фоҷиа ва ҳам хусусияти жанри мазҳака мушоҳида мешавад. Драма ба муҳимтарин воқеаҳои зиндагии рӯзмарра бахшида мешавад, персонажҳои асосӣ баҳри ормонҳои наҷиби худ мубориза мебаранд ва, аксаран, ба мақсад мерасанд. Образҳои асосӣ баъзан ба орзу намерасанд, вале ҳаёти онҳо ба фоҷиа анҷом намеёбад.
Жанрҳои дигари драма
Ба ҷинси драма, инчунин, жанрҳои монодрама ё театри як актёр, мелодрама ё драмаи мусиқӣ, водевил, инсенировка, либретто, киносенария ва ғайра тааллуқ доранд, ки баъзеи онҳо таърихи қадима дошта бошанд, баъзеи дигарашон нисбатан нав мебошанд. Монодрама ё театри як актёр намоишномаест, ки онро як ҳунарпеша дар асоси асарҳои назмӣ ё насрии адибони барҷаста тайёр карда, ба самъи дӯстдорон ва алоқамандони адабиёт мерасонад. Ин жанр дар адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла дар адабиёти тоҷик, мақоми арзанда дорад. Абдулқодири Гӯянда, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Хонзодаи Булбул ва аз ҳунарпешагони садаи ХХ тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов, Шералӣ Абдулқайсов, Ибодулло Машрабов жанри монодрамаро ба дараҷаи камолот расондаанд.
Асари саҳнавие, ки бо ёрии сурудҳо ва мусиқӣ намоиш дода мешавад, мелодрама ё драмаи мусиқӣ мебошад ва ин жанр дар адабиёти тоҷик эътибори калон дорад. Водевил намоишномаи ҳаҷвӣ буда, гоҳе бо суруд ва гоҳе бо рақс иҷро мешавад.
Либретто матни адабии асарҳои саҳнавии мусиқӣ, махсусан опера мебошад, ки, одатан, чун «Коваи оҳангар»-и А. Лоҳутӣ, «Тоҳир ва Зуҳро»-и М. Турсунзода, «Комде ва Мадан»-и А. Деҳотӣ ба назм эҷод мегардад.
Ҳамин тариқ, агар инсенировка аз рӯйи асарҳои барҷастаи бадеӣ мувофиқи қонунияти саҳна офарида шавад, пас, сенария барои кино, намоишҳои телевизионӣ ва ғайра ба вуҷуд оварда мешавад. Жанрҳои драма ҳамеша дар инкишоф ва такомул мебошанд.
Реклама