Хонандаи азиз, инак дар дасти шумо китоби дарсии «Ҳуқуқи инсон» барои синфи 11-ум қарор дорад. Китоби дарсии мазкур мазмунан идомаи китоби дарсии «Ҳуқуқи инсон» барои синфи 10-ум мебошад, ки дар он баъзе аз қисматҳои ҳукуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ниҳодҳои миллию созмонҳои байналмилалие, ки бевосита ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон сару кор доранд, шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон намудааст. Қадами асосӣ ва устувори бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд танҳо дар заминаи донишҳои дурусти ҳуқуқӣ нисбат ба низоми ҳуқуқии давлат имконпазир мегардад. Ҳуқуқи инсон дар маркази низоми ҳукуқӣ қарор дорад. Аз ин хотир, дар барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нисбатан васеътар омӯхтани ҳуқуқи инсон муҳим арзёбӣ мегардад.
Хонандагони азиз! Дар раванди омӯзиш шумо бо ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки давлат кафолат додааст, шинос мешавед. Дарк мекунед, ки дар ҷомеаи адолатпарвар эҳтиром ва риояи ин ҳуқуқу озодиҳо ҳамчун арзиши олӣ ногузир ва муҳим аст. Зеро ҳар шаҳрванд ва ҳар нафаре, ки дар ҷомеаи озод зиндагӣ мекунад, дар баробари доштани ҳуқуқу озодӣ вазифа низ дорад. Бидуни ин вазифа ва масъулиятҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа дуруст зуҳур карда наметавонанд.
Ҳамин тавр, хонандаи азиз дар баробари ҳуқуқу озодиҳо шумо бо вазифаҳо ҳамчун ҷузъи ногузиру пурракунандаи ҳаёти ҳуқуқии шахс ва ҷомеа шинос мешавед. Эҳсос мекунед, ки ҳар шаҳрванд дар баробари доштани ҳуқуқ ба ҳаёт масъул аст, ки хуқуқ ба ҳаёти дигаронро эҳтиром кунад, дар баробари доштани озодии эътиқод, озодии виҷдони дигаронро арҷ гузорад, баробари доштани озодии сухан, озодии сухани рафиқону дигаронро эътироф намояд.
Ҳуқуқи инсон шуморо бо фаҳми таъиноти донишҳои ҳуқуқӣ вориди ҷомеаи озоде менамояд, ки дар он зери
алоқаи дуҷонибаи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳо байни аъзои ҷомеа робитаи устувор вуҷуд дорад. Ин иртиботи устувор тавассути ҳуқуқу озодӣ ва масъулиятҳо низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи ҷамъиятиро таҳия менамояд. Назму тартиб адлу инсоф ва баробарию бародариро зиёда мегардонад.
Шумо баробари донистани ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ тадриҷан худро барои ворид шудан ба ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳамчун ҷузъи фаъоли ҷомеаи адолатпарвар омода менамоед.
Дар ин қисмати китоби дарсӣ, шумо бо бархе аз ҳуқуқи муҳимми замони муосир, бо ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ шиносоӣ пайдо мекунед. Муҳоҷирати меҳнатӣ аз зумраи ҳуқуқи шахсӣ аст, ки дар алоқамандӣ бо ҳуқуқи меҳнатӣ ва ҳуқуқ бо озодии ҳаракат ва мусофират зуҳур менамояд.
Дар замони муосир, ҷаҳонишавии манфиатҳо ва рушди бозори меҳнат муҳоҷирати меҳнатиро ба гурӯҳи ҳуқуқи тав- сеаёфта шомил кардааст. Имрӯз дар пасманзари риоя ва амалишавии худ ҳуқуқи муҳоҷират садҳо миллион нафарро фарогир аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва Тоҷикистон низ дар навбати худ муҳоҷирони меҳнатиро қабул мекунад. Бинобар ин шиносоӣ бо ин қисмати ҳуқуқу озодӣ ин шиносоӣ бо воқеияти ҳуқуқии фарогир аст, ки фардо ҷавонони мо аз ҷанбаҳои мухталиф бо он сару кор мегиранд.
Ҳамзамон дар китоби дарсӣ қисмате аз ҳуқуқи насли сеюм – ҳуқуқу озодиҳои дастаҷамъона низ омӯхта мешаванд. Махсусан, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба худмуайянкунии миллӣ ва сиёсӣ аз зумраи ҳуқуқи марказии даврони истиқлол маҳсуб мегардад. Омӯзиши ин навъ хуқуқу озодӣ шуморо ҳамчун ҷузъи комилҳуқуқи ҷомеа барои эҳтироми намояндагони халқу миллатҳои мухталиф, тарбияи таҳаммулгароӣ, шинохти манзалати шаҳрвандӣ ва аз ҳама асосӣ барои дарк кардани ҳуқуқи худмуайянкунии миллат ба дош- тани давлати мустақил омода менамояд.
Дар китоби мазкур, шумо бо ниҳодҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимоя ва назорати риояи ҳуқуқи инсон шиносоӣ пайдо мекунед. Маълум аст, ки кафолати иҷрои ҳар ҳуқуқ бо низому воситаҳои риоя, ҳимоя ва назорати он тавъам аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам воситаҳои миллӣ ва ҳам байналмилалии эълон ва кафолати иҷрои ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин аст.
Ҳамин тавр, китоби дарсие, ки шумо дар даст доред, аз роҳи ҳукуқ барои тарбияи шумо ҳамчун ҳодисаи ҳуқуқӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ нақши ҳалкунанда дорад. Чунки китоби мазкур зина ба зина шуморо ҳамчун арзиши олии ҳуқуқӣ ба худ шинос менамояд. Ҳуқуқу озодиҳоятонро ба шумо мефаҳмонад, мақоматонро дар ҷомеа ҳамчун инсон муқаррар мекунад. Дар баробари ин роҳҳои васлшавии шуморо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ тавассути ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои конститутсиониатон муайян менамояд. Назму тартибро дар асоси ҳуқуқу озодиҳои ҳар яки шумо ҳамчун зинаи олии муносибати хирадмандона таҳия месозад. Ҳукуқи инсон шуморо ба худшиносии ҳуқуқӣ ва дарки ҳуқуқии ҷомеа ҳамчун натиҷаи амалкарди ҳодисаҳои ҳуқукӣ бо эҳтироми фаъолнокии талаботи шахсӣ ва муқаррароти давлатӣ омода менамояд.
Умед дорем, заҳмати муаллифон дар самти таҳияи китоби дарсӣ ҷиҳати омода намудани ҳар яки шумо ҳамчун неруи азими давлатдор, созанда ва ватандӯсту ҳуқуқдон ба манфиати имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз хохад буд. академик М. А. Маҳмудзода профессор А. Ғ. Холиқзода
Реклама