1. МАСЪАЛАИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ОИЛА ВА ҶОМЕА. Шахсияти алоҳида дар ҷомеаи демократӣ метавонад ҳамчун воҳиди асосии сиёсӣ ба камол расад, вале дар ин сурат ҳам воҳиди асосии иҷтимоӣ оила ба ҳисоб меравад.
Дар баробари пешрафти инсоният ва барпо гардидани форматсияи аввалини иҷтимоию иқтисодӣ мақоми роҳбарӣ дар оила ҳамчун ҷузъи ҷомеа ба зан тааллуқ дошт, ки он марҳалаи модаршоҳӣ буд. Коҳиш ёфтани вазъи зан то миёнаҳои асри XIX идома ёфт, лекин дар давраи инқилобҳои илмию техникӣ дар соҳаи ҳуқуқи занон низ инқилоб ба амал омад. Дар натиҷаи ин занон озодии пурра ба даст оварданд, ки ин дар навбати худ мақоми нави занро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа муайян намуд.
Дар асрҳои миёна дар минтақаҳои муайяни Осиёи Марказӣ дар натиҷаи омезиши одатҳои халқиятҳои кӯчӣ бо мардуми маҳаллӣ қолабҳои куҳнашудаи падаршоҳии хариду фурӯши занон тавассути одати қадимаи «қалинг» ва таҳмили меъёрҳои динии «маҳр» ба мақому худбаҳодиҳии занон таъсири манфӣ расонд ва ба пайдо шудани ақидаҳои ғаразнок дар бораи амалу кор ва қобилияти онҳо мусоидат намуд. Ин падида татбиқи неруи занонро таърихан дар даврони муайяни тоинқилобӣ маҳдуд сохт.
Замони шуравӣ қисман ҷиҳати решакан кардани ин навъ урфу одатҳои куҳнашуда хидмати арзанда кард ва то ҷое зан модарро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ фаъол намуд. Инқилоби назарраси гендерӣ ва феминистиро дар ҳаёти занон Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъмин карда, нақши зан модарро ҳамчун субъекти мустақили фазои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ аз назари ҳуқуқӣ таъмин кард. Зани муосир дар Тоҷикистон субъекти озоди муносибатҳои ҳуқуқӣ аст.
2. ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОИЛА ВА ЗАН.

Дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст».
Яке аз ҷузъҳои муҳимми ҷамъият оила аст, яъне оила ячейкаи асосии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Инсон ба воситаи оиладорӣ хушбахтиро ба даст меорад. Тарбия кардан ва ба воя расонидани фарзандон вазифаи падару модар дар назди ҷомеа мебошад ва бахту саодати шахс ба ин вобаста аст, ки албатта, ҳар як ҷавон барои он кӯшиш мекунад.
Пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил медиҳад, зеро танҳо муҳаббати самимӣ метавонад оиларо мустаҳкам ва ҳама мушкилоти басаромадаро рафъ созад. Муҳаббат маҷбур мекунад, ки одамон якдигарро авлотар донанд. Агар дар оила муҳаббат бошад, зану шавҳар ба хотири он аз баъзе талаботи худ гузашт карда, ҳамдигарро ба хубӣ дарк мекунанд ва мушкилоти дар оила ба вуҷуд омадаро ба осонӣ ҳал менамоянд. Фарзандоне, ки дар чунин оила тарбия меёбанд, метавонанд дар оянда соҳиби обрӯ ва зиндагии шоиста гарданд.
Усулҳои конститутсионии ҳимояи ҳуқуқи оилавии шаҳрвандон дар меъёрҳои оилавӣ ва соҳаҳои дигари ҳуқуқи Тоҷикистон муайян шудаанд. Масалан, усулҳои ҳимояи ҳуқуқи мадание, ки дар Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, дар соҳаи муносибатҳои оилавӣ низ мавриди истифода қарор мегиранд.
Бисёрникоҳиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амали поймолкунандаи ҳуқуқи зан манъ карда шуда, барои он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
3. ИМТИЁЗҲО ВА МУШКИЛОТИ ИҶТИМОИИ ЗАНОН. Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону модарон аҳаммияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст. Бо ин мақсад дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд, ки ҳуқуқу манфиатҳои занони кишварро ҳифз менамоянд.
Мутобиқи моддаи 34-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд». Ҳамин тавр, мақоми занон ҳамчун модарони танҳо ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Дар ин маврид модарӣ танҳо ба фарди заиф ва ба ёрӣ эҳтиёҷманд мубаддал мегардад. Яке аз мушкилоти асосии занон ҳамоҳангии иҷрои кори қарордодӣ ва вазифаҳои оилавӣ мебошад. Дар ин маврид санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт ва имтиёзҳои гуногунро дар назар доранд, ки бори гарони иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва оилавиро сабук мегардонанд.
Қонунгузории ҷории кишвар ба модарон кафолатҳои иловаи меҳнатӣ муқаррар намудааст, вале мутаассифона, на ҳамаи онҳо ҳуқуқи қонунии худро медонанд. Ба модароне, ки ба фаъолияти корӣ машғуланд, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Кодекси меҳнат хеле муҳим аст. Зеро танҳо дар сурати огаҳӣ метавонанд, ки аз кафолатҳои иловаи меҳнатӣ истифода баранд ва ба поймол гаштани ҳуқуқи худ роҳ надиҳанд.
Аз ҷумла мувофиқи талаботи Кодекси меҳнат, корфармо ҳуқуқ надорад, ки занонро ба сабаби ҳомила будан ё фарзанддорӣ ба кор қабул накунад ва ё музди меҳнаташонро кам намояд. Инчунин занони ҳомила ё модарони кӯдаки то сесоладоштаро ба сафарҳои хидматӣ фиристонад. Ба ғайр аз ин қонунгузории соҳаи меҳнат истифодаи меҳнати занонро дар иҷрои корҳои муайян, аз ҷумла корҳои шабона, зеризаминӣ, вазнин, зарарнок ва борбардорию боркашии дастӣ, изофакорӣ манъ намудааст.
Қонунгузории соҳа муҳлати рухсатиеро, ки ба занони ҳомила то таваллуд ва баъди он дода мешаванд, бе ягон шарт ба ҳамаи онҳо як хел муқаррар кардааст. Варақаҳои корношоямӣ, ки аз ҷониби муассисаи тиббӣ дода мешаванд, асоси пешниҳоди ин рухсатӣ мегарданд.
Дар ҳамаи ҳолатҳои ҳомиладорӣ рухсатии ҳомиладорӣ пеш аз таваллуд 70 рӯз, баъди таваллуди муътадил 70 рӯз, дар ҳолати таваллуди мушкил 86, барои таваллуди ду ва зиёда тифл 110 рӯзи тақвимӣ муқаррар шудааст. Дар давраи рухсатии зикргардида ба занҳо ба андозаи пурраи музди меҳнат кумакпулӣ тибқи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ пардохта мешавад.
Бо хоҳиши модар барои нигоҳубини кӯдак то ба якунимсолагии он рухсатӣ дода, барои тамоми ин давра дар ҳаҷми 100% нишондиҳанда барои ҳисобҳо кумакпулӣ медиҳанд. Ҳамзамон модар барои нигоҳубини тифл то сесолагӣ ҳуқуқи истифодаи рухсатии бепули илова дорад.
Савол ва супориш:
|
Реклама