1. МАФҲУМИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИ ИНСОН.
Фарҳанг дар сиёсат, иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи мо, ки аз соҳаҳои муҳимми муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошанд, вуҷуд дорад. Дар ин муносибатҳо дар сатҳи оилавӣ – хешу таборӣ, дастаҷамъӣ ва давлатӣ арзишҳои умумиинсонӣ ва ғояҳои олӣ, ҳамдигарфаҳмии одамон, ифодаи эҷодиёт ва санъати онҳо, ниҳоят, инсонгароӣ ифодаи худро меёбад. Мафҳуми фарҳанг дар ҳаёти иҷтимоӣ аз чунин таркибҳо иборат аст: 1. Фарҳанги ғайримоддӣ, ки ба паҳлуҳои ғайримоддии ҳаёти инсонӣ мансуб аст (илм, санъат, дин, ақли солим); 2. Фарҳанги моддӣ, ки ҷанбаи моддии ҳаёти инсониро дар бар гирифта, аз ашё, аз ҷумла китоб, сурат ва ҳар гуна натиҷаҳои эҷодиёт ва санъат, мизу курсиҳо, пиёлаю чойникҳо иборат мебошад; 3. Тарзҳои муносибати байниҳамдигарӣ ва ҳамзистӣ, яъне фарҳанги иҷтимоӣ чун механизмҳои рафтори инсон (урфу одат, маросим, таҷрибаи касбӣ). Баъзе олимон унсури охиринро чун як қисми фарҳанги маънавӣ ё худ фарҳанг мешуморанд.
Фарҳанг вожаи тоҷикӣ аст, ки аз ду реша – фар, яъне нуру зиё, дониш ва ҳанг, яъне тавоноӣ, қувват ва қудрат таркиб ёфтааст. Фарҳанг (дар забони русӣ «культура» аз калимаи лот. cultura – парваридан, тарбия, таҳсилот, инкишоф, эҳтиром гирифта шудааст) – сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа, қувваҳои эҷодӣ ва лаёқатҳои инсон аст, ки навъҳо ва шаклҳои ташкили ҳаёт ва фаъолияти одамон, муносибати байниҳамдигарии онҳо, инчунин арзишҳои моддӣ ва маънавии аз тарафи онҳо эҷодшударо ифода мекунад. Фарҳанг ба маъниҳои дигар низ баён мегардад. Масалан, мафҳуми фарҳанг барои баҳодиҳии давраҳои муайяни таърихӣ (фарҳанги бостон), ҷомеаҳои мушаххас, халқҳо ва миллатҳо (масалан, фарҳанг ё маданияти Бобул) ва соҳаҳои махсуси фаъолият ё ин ки ҳаёт (фарҳанги корӣ, коргузорӣ, бадеӣ) низ истифода мегардад. Ҳамзамон дар маънои маҳдуд – соҳаи ҳаёти маънавӣ ё руҳии одамон низ кор бурда мешавад. Инчунин фарҳанг ё маданият натиҷаҳои моддии фаъолияти одамонро дар бар мегирад (мошинҳо, иншоот, натиҷаҳои дониш, асарҳои санъат, меъёрҳои ахлоқ), ё ба сифати қувваҳои инсонӣ ва истеъдоди онҳо, ки дар фаъолияти онҳо амалӣ мешаванд (дониш, маҳорат, одатҳо, сатҳи ақлӣ, инкишофи маънавӣ ва эстетикӣ, ҷаҳонбинӣ, равишҳо ва шаклҳои муносибати одамон) шинохта мешавад. Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ (сотсиологӣ) ин мафҳум тамоми тарзи зиндагии тамаддунии ҷомеаро дар бар мегирад ва дар ин маъно ҳар кас, ки дар ҳаёти ҷомеа бо ақлу идрок ва ҳуш ширкат меварзад, «одами бо фарҳанг» ба ҳисоб равад. Фарҳанг аз таркибҳое иборат аст, ки тамоми инсоният истифода мебарад. Ин дастовардҳо ба ду навъи асосӣ тақсим мешаванд: моддӣ ва маънавӣ, ё худ ғайримоддӣ. Фарҳанги моддӣ аз предмет ва объектҳои физикӣ иборат мебошад, ки одамон офаридаанд: либос, мактаб, фабрика, шаҳр, китоб, киштиҳои кайҳонӣ, аломатҳои маросимӣ. Фарҳанги ғайримоддӣ аз мафҳумҳои абстрактӣ, ба монанди забон, ақида, андешаҳои динӣ, қоидаҳо, одатҳо, афсонаҳо, қолабҳои ҳаёти оилавӣ, низомҳои сиёсӣ ва ғайраҳо иборат аст.
2. ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Фарҳанги ҳуқуқи инсон қисми таркибии фарҳанги маънавӣ мебошад, ки аз низоми донишҳо, арзишҳо ва нигоҳҳо, ҳиссиёти равонӣ нисбат ба вазъ ва сатҳи амалишавии ҳуқуқи инсон дар ҷомеа иборат аст. Умуман, фарҳанги ҳуқуқи инсон дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи ҳуқуқии инсон зоҳир меёбад.
Фарҳанги ҳуқуқӣ мафҳуми васеъ мебошад, ки маҷмуи мураккаби ҳодисаҳои ҳаёти ҳуқуқиро дар бар мегирад (муносибатҳои ҳуқуқӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, рафтори ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо). Дар сохтори фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷабҳаи мушаххаси иҷтимоӣ, унсурҳои зерини муҳимро, ки мазмуни муайяни худ ва сатҳи сифатӣ доранд, ҷудо мекунанд: муносибатҳои ҳуқуқӣ чун низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки иштирокчиёни онҳо дорои ҳуқуқу вазифаҳо мебошанд; шуури ҳуқуқӣ чун акси ҳақиқати ҳуқуқӣ дар тафаккури инсон; муассисаҳои ҳуқуқӣ чун низоми мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ, ки назорати ҳуқуқӣ ва амалисозии ҳуқуқро таъмин мекунанд; рафтори ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳуқуқӣ.
Сохтори фарҳанги ҳуқуқи инсон аз унсурҳои зерин иборат аст:
3. ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ ШАХСИЯТ. Фарҳанги ҳуқуқии шахсият маълумотнокии ҳуқуқии шахсро дар бар мегирад.
Барои ташаккулёбии сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷомеа зарур аст, ки шаҳрвандон худашон ҳуқуқу озодиҳои хешро дарк кунанд, дар ин соҳа аз донишҳои муайян бархӯрдор бошанд, ҳуқуқ ва шаъну шарафи дигар одамонро эҳтиром намоянд. Ин унсурҳоро муфассалтар дида мебароем.
Дониш доштан дар бораи ҳуқуқи худ аз ҷониби аъзои ҷомеа фаъолнокии ӯро зиёд менамояд. Бохабар будани инсон дар бораи ҳуқуқ ва вазифаҳои хеш, бегуфтугӯ, унсури муҳимтарини фарҳанги ҳуқуқи инсон мебошад. Дониш натиҷаи омӯзиши ҳақиқат ва дар амалия санҷишшуда, акси дурусти хақиқати объективӣ дар шуури инсон мебошад. Дониш дар асоси муқоисаи маълумоти гирифташуда ба даст меояд. Барои ҳамин, танҳо маълумот гирифтан ва имконияти дархост кардани ин ё он иттилоъ дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон кофӣ нест. Зарур аст, ки таҷрибаи маълумотгирӣ дар давраи тулонӣ ҷамъ шуда бошад ва бо воқеият дар муқоиса ва мувофиқат қарор бигирад. Мақсади асосии таълими донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккулёбии фарҳанги умумии инсон мебошад, ки дар асоси он шиносоӣ бо мазмуни стандартҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон сурат мегирад. Лекин ғайр аз донистани стандартҳо оид ба ҳуқуқи инсон бояд тасаввурот дар бораи мафҳум ва категорияи «ҳуқуқи инсон», инкишофи назари таърихӣ-фалсафӣ ва сохтору таснифи он, дар бораи механизмҳои универсалӣ ва миллии амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо вуҷуд дошта бошад.
Тавре профессор Е. Лукашева менависад, донишҳо на фақат мақсади тарбияи одамон, ташаккулёбии тасаввуроти дуруст дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон чун шарти зарурии озодии ӯ ва баробариро дунбол мекунанд, балки ташкили ҷомеаи ҳуқуқбунёд, ки дар он ҳуқуқи инсон муқаддас ва дахлнопазиранд, эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқи инсонро ҳадаф қарор медиҳанд.
Нишондоди ҷаҳонбинӣ. Нақши калонро дар тараққиёти фарҳанги ҳуқуқии шахсият дар ҷомеа инкишоф додани арзишҳои ахлоқӣ, ғояҳое, ки ҳуқуқу озодиҳоро пуштибонӣ мекунанд, инчунин ташаккулёбии нишондодҳои ҷаҳонбинии инсон ва муносибати ӯ нисбат ба равандҳои инкишофи ҷамъиятӣ нақш мебозад. Дар ҳазорсолаи сеюм аз одамон тасдиқи шакли нави фикрҳо, сохтори нави арзишҳо, тағйири шуур талаб карда мешавад. Ҳамкории натиҷабахш ва гуфтугӯйи тамаддунии миллатҳо, наздикшавии онҳо, муттаҳидшавии халқҳо дар рӯ ба рӯйи масъалаҳои таҳдидкунандаи глобалӣ танҳо дар асоси арзишҳои бунёдӣ, ки ба ҳама гуна маданият мансуб аст: меъёрҳои ахлоқ, арзишҳои ҳаёти инсон ва шарафи он, баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ, эътирофи бисёррангӣ ва бисёрҷабҳагии олам, рад кардани зӯр ва амсоли инҳоро ба даст овардан мумкин аст. Барои ҳамин эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон чун арзиши олӣ дастоварди бузурги тамаддун аст.
Унсури миллӣ. Ҳиссиёти равонӣ чун унсури фарҳанги ҳуқуқи инсон аҳаммияти калон дорад. Таассурот, шуурнок кардан ва дарки ҳуқуқу озодиҳо ба коркарди тамоюли арзишӣ-ҷаҳонбинии инсон ва танзими рафтори одамон таъсири хеле калон дорад. Масалан, ҳиссиёт ва эҳсосот ҳамчун хислати манфӣ нисбат ба ҳуқуқу озодиҳо метавонанд сабаби ҳеҷангорӣ (нигилистӣ) ва муносибати содалавҳона нисбат ба ҳуқуқу озодиҳо, тоқатпазирӣ, имконнопазир будани зӯрӣ, фарҳанги сулҳ шавад. Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва дараҷаи фаъол будани шахсият дар ин раванд, пеш аз ҳама, аз он вобаста аст, ки онҳо аз тарафи инсон то кадом дараҷа азхуд карда шудаанд.
Малака ва маҳорати ҳуқуқдонӣ. Шахс дар муносибати ҳуқуқӣ ворид шуда, мефаҳмад, ки ба ҳуқуқу озодиҳояш баҳо медиҳад ва онҳоро дар ҳаёти амалӣ истифода мебарад Дар натиҷа, ӯ аз амалиёти худ қонеъ мешавад. Ба ин чиз, пеш аз ҳама, малака ва маҳорати ҳуқуқдонӣ кумак менамояд. Барои ҳамин, дар раванди ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии шахсият таҷриба ва малакаю маҳорат оид ба ҳимоя ва барқарор кардани ҳуқуқу озодиҳо нақши муҳимро мебозанд. Бешубҳа, фақат инсони бомаърифат метавонад ҳуқуқи худро амалӣ намояд.
4. УНСУРҲОИ ТАРКИБИИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚӢ.
Муносибати ҳуқуқи инсон он муносибати ҷамъиятие мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон (талаботу манфиатҳои инсон)-ро дар бар мегирад. Қонуният чунин ҳолати низоми ҳуқуқии давлат мебошад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар қонунҳо инъикос гардидаанд, дақиқ ва бечунучаро риоя мешаванд.
Тартиботи ҳуқуқӣ – натиҷаи қонуният, ҳолати муносибатҳои ҷамъиятии батартибдароваршуда мебошад, ки дар ҳуқуқ ва қонуният асос меёбад. |
Рафтори ҳуқуқӣ рафтори қонунӣ аст, конуне, ки ба талаботи ҳуқуқ ҷавоб медиҳад. |
Фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, пеш аз ҳама, аз сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқии аҳолӣ вобаста аст, яъне аз он, ки онҳо чӣ қадар чунин падидаҳои ҳуқуқиро дарк кардаанд.
Унсури дигари фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа сатҳи ташаккули тамоми низоми санадҳои ҳуқуқӣ, яъне матнҳои ҳуҷҷатҳо мебошад, ки дар онҳо ҳуқуқи ин ҷомеа ифода ва пешбинӣ мешавад.
Нуқтаи муҳим барои баҳодиҳии фарҳанги ҳуқуқӣ низоми қонунгузорӣ мебошад. Дар қисми 3-и моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Таҳлили фарҳанги ҳуқуқӣ барои он зарур аст, ки онҳоро қонунгузор, ҳуқуқтатбиқкунандагон, шаҳрвандон ва ҷомеа дар фаъолияти хеш истифода мебаранд. Фарҳанги ҳуқуқии шахсият бо шуури ҳуқуқӣ алоқаманд буда, ба он такя мекунад. Вай аз шуури ҳуқуқӣ васеътар аст ва дар дохилаш на фақат унсурҳои равонӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин рафтори аҳаммияти ҳуқуқидоштаи фардро низ дар бар мегирад.
Фарҳанги ҳуқуқи инсон, аз як тараф, ин қисми таркибии фарҳанги маънавии инсон аст, аз тарафи дигар, чун ҳодисаи дар категорияҳои фарҳанги маънавӣ, аз ҷумла фарҳанги ҳуқуқӣ ва дар алоқамандӣ бо категорияи ҳуқуқи инсон вуҷуддошта баромад мекунад.
Савол ва супориш:
|
Реклама