1. МАФҲУМҲОИ «МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ВА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ». Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз шаклҳои асосии муҳоҷирати аҳолӣ ба ҳисоб меравад, ки таърихи тулонӣ дорад ва аз замонҳои қадим маълум мебошад.
Имрӯз дар сайёра аз ҳар 35 нафар як нафар муҳоҷири байналмилалӣ ҳисобида мешавад. Миқдори одамони берун аз ҳудуди мамлакати худ зиндагидошта ба 250 миллион нафар расидааст. Муҳоҷирати байналмилалӣ, амалан, тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро (он давлате бошад, ки аҳолиаш ба таври оммавӣ тарки он мекунанд, хоҳ давлати мобайнӣ (транзит), хоҳ давлати қабулкунандаи муҳоҷирон ё давлате бошад, ки ҳамаи он чизҳои дар боло зикршуда барояш хос аст) фаро мегирад. Муҳоҷирати байналмилалӣ қисми ҷудонопазири равандҳои ҷаҳонӣ шудан ва муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ мебошад.
Муҳоҷират бинобар далелҳои иқтисодӣ падидаи фавқулодаи қадимист. Агар ҳафт пушти ҳар кадоме аз моро амиқ омӯзем, маълум мегардад, ки кадоме аз гузаштагонамон аз кадом як ҷойи дур омадаанд. Аз замоне, ки барои кор музд (пардохт) муқаррар гардид, занон ва мардон пайи ҷустуҷӯйи кор дар кишварҳои дигар ҷойҳоии азалии зисти худро тарк мекарданд. Дар замони худ дар рушди ИМА муҳоҷирон аз Чин, Ирландия, Италия, мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ саҳми калон гузоштанд. Муҳоҷирон қариб 8 дарсади аҳолии Британияро ташкил медиҳанд ва 10 дарсади маҷмуи маҳсулоти миллии он кишварро истеҳсол менамоянд. Муҳоҷирати корӣ ҳамеша омили муҳимми пешрафт буд ва зоҳиран дар оянда низ чунин хоҳад монд.
Сабаби асосии аз пайи ҷустуҷӯйи кор аз як кишвар ба кишвари дигар рафтану ҷойивазкунии инсон камбизоатӣ ва қодир набудани онҳо барои таъмин намудани хонавода унвон мешавад. Ин сабабҳо барои муҳоҷират аз мамлакатҳои камбағал ба мамлакатҳои сарватманд хосанд.
Ба ин тавр, ҷойивазкунии одамон аз як мамлакати рӯ ба рушд ба мамлакати дигари рӯ ба рушд, ки дар он дурнамои кор беҳтар аст. Одамон метавонанд аз ҷангҳо ва низоъҳои шаҳрвандӣ гурезанд ва ё ҳатто кишвари худро бо хоҳиши дидани ҷаҳон, наздик шудан ба тамаддунҳои дигар ё ҳамроҳшавӣ бо хешовандон тарк кунанд, аммо сабабҳои ҷустуҷӯйи кор дар кишвари бегона тарки мамлакати худ кардани муҳоҷир ҳар хел бошад ҳам, ҳамаи ин омилҳо бо мафҳуми муҳоҷирати байналмилалӣ (берунӣ)-и меҳнатӣ фаро гирифта мешаванд.
Муҳоҷирати меҳнатӣ (ё онро ба таври дигар муҳоҷирати корӣ ё захираҳои меҳнатӣ низ меноманд) муҳоҷирати аҳолӣ аз як мамлакат ба мамлакати дигар бо мақсади пайдо намудани ҷойи кор (муҳоҷирати байналмилалӣ меҳнатӣ), ё аз як минтақаи мамлакат ба дигараш (муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ) ба сабабҳои моҳияти иқтисодидошта мебошад.
Муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста ба дарозии муҳлати ҷойивазкунӣ ба муҳоҷирати бебозгашт (иваз кардани ҷойи доимии истиқомат), муваққатӣ (ҷойивазкунӣ ба муҳлати маҳдуд) ва мавсимӣ (ҷойивазкунӣ дар давраҳои муайяни сол) ҷудо мешавад.
2. МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА РИОЯ НАШУДАНИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР СОЛҲОИ МУҲОҶИРАТ ДАР ҶАҲОН. Давлатҳои ҷаҳон кайҳо дарк кардаанд, ки ҳаракати одамон аз мамлакатҳои камбағалу нообод ба кишварҳои ғаниву мутараққӣ ногузир аст. Агар ҷоришавии об қувваи табиат бошад, муҳоҷират қувваи таърих мебошад. Гирифтани пеши ин раванд номумкин аст ва зиёда аз он нафъе надорад. Нобаробарии демографии ҷаҳон ба норасоии қувваи корӣ дар як қисми кишварҳо ва аз ҳад зиёд будани неруи корӣ дар қисми дигари мамлакатҳо сабаб мешавад. Бинобар ин барои давлатҳо масъалаи асосӣ на чӣ тавр боздоштани муҳоҷират, балки чӣ навъ пурсамар идора карда тавонистани он мебошад. Бо ин мақсад, дар ҳар мамлакат, сиёсати муҳоҷират таҳия мегардад, ки масъалаҳои аз мамлакат берун рафтан ва ба он омадан, гирифтани шаҳодатнома барои зиндагӣ, иҷозати кор, шароити кору зиндагии шаҳрвандони хориҷӣ, имконпазирии ҳуқуқи шаҳрвандӣ гирифтани онҳо ва ғайраро танзим мекунад.
Шомил сохтани муҳоҷирон ба гурӯҳи иҷтимоии ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ бо сабаби омилҳои зикршуда сурат мегирад.
3. МУНДАРИҶАИ КОНВЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ҲАМАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВА АЪЗОИ ОИЛАИ ОНҲО. Соли 1990 Иҷлосияи Кулли СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро қабул кард, ки барои давлатҳои узв қувваи ҳатмии ҳуқуқӣ дорад. 1-уми июли соли 2003 Конвенсия баъди тасдиқ шудан аз ҷониби бист давлат қувваи амал пайдо кард. Маънии асосии Конвенсия аз он иборат аст, ки тибқи муқаррароти он ашхоси муҳоҷирони меҳнатӣ шинохташуда, сарфи назар аз мақоми ҳуқуқӣ (қонунӣ ё ғайриқонунӣ), имкон аз ҳуқуқи инсонии худ истифода намудан пайдо мекунанд. Бо дарназардошти ин далел, ки муҳоҷират аксар вақт боиси пайдошавии мушкилоти ҷиддӣ барои аъзои оилаи муҳоҷирон ва худи онҳо, алалхусус ба сабаби ҷудоии аъзои оила мегардад, Конвенсия татбиқи ҳуқуқи на танҳо муҳоҷирон, балки аъзои оилаи онҳоро низ пешбинӣ менамояд.
Принсипи асосии Конвенсия аз ҷониби давлатҳои узв эҳтиром шудани ҳуқуқи муҳоҷирон ва таъмини онҳо дар асоси бархӯрди ғайри табъизомез, яъне бе ҳеҷ гуна фарқгузорӣ нисбат ба ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин, эътиқод, ақидаҳои сиёсӣ ва ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, этникӣ, иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, амволӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳама гуна тафовутгузориҳои дигар мебошад. Дигар ҳолати муҳим дар Конвенсия махсус қайд шудани нуктаест, ки амали он ба ҳамаи муҳоҷирон, чи қонунӣ ва чи ғайриқонунӣ ва аъзои оилаи онҳо (ки ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ доранд, яъне соҳиби рухсатномаи ворид шудан, омадан ва фаъолияти бамузд дар давлати кори кироя мебошанд, ё чунин кор надоранд) дахл дорад.
Қисми 3-и Конвенсия, ки дар он ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо номбар мегардад, аз ҳуқуқи ҳаракату ҷойивазкунии озодона шуруъ мешавад, зеро ҳаёти муҳоҷир дар кишвари бегона аз татбиқи ҳамин ҳуқуқ оғоз меёбад. Дар Конвенсия ҳамаи ҳуқуқи асосии инсон номбар гардидаанд, ки баъзе аз онҳоро хотиррасон мекунем: ҳуқуқ ба ҳаёт, манъи истифодаи шиканҷа, ё муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну эътибор ё ҷазодиҳӣ; манъи ғуломию асорат, ҷалбсозӣ ба кори маҷбурӣ ё ҳатмӣ, озодии эътиқод ва ифодаи фикри худ, ҳуқуқи дахолат накардан ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, ҳуқуқ ба адолати мунсифона ва ғайра.
Дар Конвенсия ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба ҳимоя ва кумак аз ҷониби консулгариҳо ва намояндагиҳои дипломатии кишвари худ ва муқаррарот дар хусуси он ки чораҳои дастаҷамъонаи берун кардан аз марзи мамлакат ба онҳо дахл надорад, махсус таъкид шудааст. Ҳар як ҳодисаи берун кардан аз марзи мамлакат бояд ба тартиби инфиродӣ баррасӣ ва ҳал гардад. Муқаррароти дигар бар зидди табъиз нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар масъалаҳои мукофотонӣ, шароити дигари кор ва шуғл, аз ҷумла вақти кор, истироҳати ҳарҳафтаина дар муқоиса бо шаҳрвандони давлати кордеҳ мебошад.
Ҳамчунин дар ин Конвенсия ҳуқуқи муҳоҷирон дар бобати баъди анҷоми кор фиристодани маблағҳои кор ва интиқоли амволу ашёи шахсӣ пешбинӣ гардидаанд.
Конвенсия ҳуқуқи марбут ба киро кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ва бозгашти онҳоро ба давлати аслии худ муқаррар менамояд. Ҳамчунин дар он чораҳои зарурии андешидашаванда бобати роҳ надодан ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ё пинҳонӣ муфассал зикр гаштаанд. Аз ҷумла чораҳои нигаронидашуда бар зидди паҳн кардани маълумоти фиребанда; чорабиниҳо оид ба ошкорсозӣ ва роҳ надодан ба будубоши ғайриқонунӣ ё пинҳонӣ; чорабиниҳо оид ба қабули қарорҳои пурсамар бар зидди ашхос ва гурӯҳҳое, ки ба ташкил ё миёнравии амалисозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ё пинҳонӣ ва истифодаи зӯроварӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳдидҳо ва тарсонидани онҳо машғуланд, дохил мешаванд.
Дар қисми 6-и Конвенсия аз ҷониби давлатҳои узви қабул гардидани як қатор уҳдадориҳо бо мақсади кумак ба фароҳам овардани «шароити муътадил, мунсифона, инсонпарварона ва қонунӣ» барои муҳоҷирони байналмилалӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дар назар дошта шудаанд. Ин уҳдадориҳо таҳияву татбиқи сиёсат оид ба муҳоҷират; мубодилаи иттилоот бо дигар давлатҳои узв; ба кироякунандагон, коргаронашон ва ташкилотҳои онҳо пешниҳод кардани маълумот доир ба сиёсат, қонун ва қоидаҳо ва расонидани кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро пешбинӣ менамоянд.
Дар моддаи 72-и Конвенсия ташкил кардани мақомот бо мақсади назорат бурдан ба татбиқи конвенсияи мазкур – Кумита оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо пешбинӣ гардидааст. Аъзои кумита, чуноне тахмин меравад, бояд аз 14 нафар иборат бошанд, ба муҳлати чор сол интихоб гардида, вазифаҳояшонро ҳамчун вазифаҳои шахсии худ ба ҷо меоранд. Кумита се тартиби назоратиро пешбинӣ менамояд:
Маърузаҳои давлатҳои узв дар бораи чораҳои андешида доир ба амалисозии Конвенсия, масъалаҳои татбиқи он ва иттилоот дар бораи равандҳои муҳоҷиратӣ дар муддати як соли баъди ҳамроҳшавии давлат ба Конвенсия ва минбаъд ҳар 5 сол шунида мешавад. Баъди баррасии маърузаҳо Кумита ба давлати узв эрод ва тавсияи худро ирсол менамояд;
Аз ҷониби Кумита шикоятҳои байнидавлатӣ оид ба ҳодисаҳои вайрон кардани муқаррароти Конвенсия баррасӣ мегарданд. Ин танҳо вақте имконпазир аст, ки агар давлат тибқи моддаи 76 дар бораи эътироф кардани салоҳияти Кумита оид ба ин масъала изҳороти махсус интишор намояд;
Ҳамчунин давлати узв метавонад тибқи моддаи 77-и Конвенсия дар бораи эътироф намудани салоҳияти Кумита баррасии шикоятҳои инфиродии марбут бо ҳуқуқвайронкунӣ изҳорот диҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 иштирокчии Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мебошад. Соли 2006 Тоҷикистон ба ду конвенсияи Созмони Байналмилалии меҳнат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ – Конвенсия №97 дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ва Конвенсияи №143 дар бораи сӯйистифодабариҳо дар соҳаи муҳоҷират ва оид ба таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо имкониятҳои баробар ва муроҷиатҳо, ки аз муқаррароти муҳим дар бораи ҳуқуқи меҳнатӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии муҳоҷирон иборат аст, ҳамроҳ шуд.
Савол ва супориш:
|
Реклама