§1.1. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ КӮДАК

1. МАФҲУМИ КӮДАК. Кӯдакӣ давраи ибтидоии ташаккули инсон ва тайёрӣ ба ҳаёти мус- тақилона аст. Он давраи зиндагиест, ки на ҳамаи талаботи инсонӣ бо қобилияти амалкунии худи ӯ таъмин мегардад. Кӯдак ҳанӯз қудрат надорад, ки ҳамаи талаботи худро ба пуррагӣ мустақилона қонеъ гардонад. Зеро қонунгузор бинобар надоштани қобилияти амалкунии пурра ба ӯ чунин ҳуқуқро на ҳамеша пешниҳод кардааст. Кӯдак тибқи талаботҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ шахси то ба синни 18-солагӣ расида эътироф мешавад. Баъзе аз ҳуқуқи кӯдак ҳанӯз то тавлид шуданаш низ тавассути қонунгузорӣ дифоъ карда мешавад. Кӯдак, чун қоида, баъзе аз ҳуқуқи худро вобаста ба синну солаш, якҷоя бо калонсолон – волидон, парасторон, ҷомеа ва давлат чун субъекти ҳуқуқ амалӣ менамояд.

Кӯдак мисли ҳар як инсон баробари расидан ба синну соли муайян, одатан, баъд аз 14-солагӣ, баъзе аз ҳуқуқҳои меҳнатиро пайдо мекунад. Ӯ дар ин робита ҳуқуқи истироҳат, манзил, таҳсил, ҳуқуқ ба дастрасии иттилоотро соҳиб аст. Хусусияти асосии фарқкунандаи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак ба синну соли ӯ ва нишондиҳандаҳои ҷисмонию ақлониаш низ асоснок мегардад. Ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба манфиати амнияти ӯ маҳдуд мешаванд. Қонунгузор бо кӯдак ҳамчун категорияи махсуси инсон, ки зарурат ба ҳимояро бештар доро аст, аслан, ба сифати объекти ҳимоятӣ муносибат мекунад. Кӯдак бинобар имконҳои ҷисмонию равонии худ наметавонад мустақилона ҳуқуқи худро дар ҳама давраи ташаккули худ ҳимоя кунад. Бинобар ин кӯдак ба категорияи иҷтимоии ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ ворид мегардад.

Кӯдак таҷрибаи ҳаётӣ надошта, амалҳои худро ба андозаи пурра на ҳамеша эҳсос мекунад. Қонунгузор ба кӯдак барои кирдорҳои содиркардааш на ҳамеша масъулияти бевосита мегузорад.

Категорияи иҷтимоии ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ гурӯҳи одамонест, ки аз гурӯҳҳои дигар аз рӯйи синну сол, ҷинсият, махсусиятҳои биологию ҷисмонӣ, вазъи мавҷуда дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ фарқ мекунанд. Онҳо эҳтиёҷ ба дастгириҳои иловагӣ доранд. Имконияти таҳдиди табъиз (зӯроварӣ) нисбат ба онҳо зиёд буда, ба ҳифзу ғамхории махсус ниёзманданд.

Ба гурӯҳи аз нигоҳи иҷтимоӣ ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯдакон, занон, пиронсол, маъюбон, гурезаҳо, муҳоҷирон дохил мешаванд. Давлатҳои демократӣ барои ҳимояи иловагии онҳо баъзе маврид барояшон имтиёзҳо муқаррар мекунад. Байни кӯдакон боз чанд категорияеро ҷудо кардан мумкин аст, ки дар шароитҳои гуногун қарор доранд. Ин ҳолат ба синну сол вобаста аст, аз ҷумла вақти ширхорагӣ, хурдсолӣ ва наврасӣ; вобаста ба вазъи иҷтимоӣ: кӯдакони ятим, кӯдакони бепарастор; вобаста ба рафтори онҳо: кӯдакони қонунвайронкарда, кӯдакони хуб тарбиягирифта, вобаста ба ҳолати ҷисмонӣ, равонӣ ва вазъи буду бошашон: кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд (маъюбон); кӯдакон – гурезаҳо; кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷирон; кӯдакон аз оилаҳои бекорон, ё кӯдаконе, ки маҷбуранд меҳнат кунанд, кӯдакон – ҷабрдидагони низоъҳои мусаллаҳона ва байналмилалӣ; кӯдакон – ҷабрдидагони ҳодисаҳои табиӣ; кӯдакони беназорат, бепарастор.

2. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ КӮДАК ДАР САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ВА ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар чунин шароити номуътадили рушди вазъи ҳуқуқии кӯдак такмил бахшидани механизмҳои нави пурсамари давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки амалисозию ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакро дар шароити тағйирёбандаи олам таъмин карда, рушди муваффақонаи онро дар ҷомеаи озод дастгирӣ менамоянд, махсусан, муҳим аст. Ин амал метавонад дар шаклҳои гуногун ба амал ояд, масалан, бо роҳи сохтмони кӯдакистонҳо, мактабҳо, литсейҳо, хонаҳои кӯдакон, таъсиси барномаҳои махсуси кӯдакон дар радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо, кинофилмҳо, ташкили фароғати кӯдакон дар шакли истироҳатгоҳҳои тобистона, пансионатҳо. Тавре дар Эъломияи ҳуқуқи кӯдаки СММ омадааст, «инсоният вазифадор аст ба кӯдакон ҳамаи чизҳои беҳтаринеро, ки дорад, бидиҳад».

Тоҷикистон дар ин самт аз тамоми воситаю имконҳо истифода намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии кӯдакон ҳамчун категорияи махсуси эҳтиёҷ ба дастгирӣ дошта, саъю кӯшиш намуда истодааст. Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҷалби фаъоли кӯдакон ба ҳаёти ҷамъиятию илмӣ озмунҳои мухталиф дар самти хониши китоб, ихтироот ва ташаккули ҳисси ватандӯстӣ миёни онҳо роҳандозӣ кардаанд. Зеро ислоҳоти асл дар самти таъмини ҳуқуқи кӯдак, бешак, ин фаъол гардонидани онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ ва дастгирии онҳо аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ аст. Маҳз илму дониш ва саводи кофӣ боварӣ ва умеди онҳоро ба ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ неру мебахшад.

Мафҳуми ҳуқуқии кӯдак танҳо ба меъёри синну сол муқаррар мегардад. Бо санадҳои қонунгузорӣ дар мамлакатҳои гуногун синну соли муқарраркунандаи «кӯдак» гуногун арзёбӣ мегардад. Баъзе кишварҳо кӯдаконро то синни 16-сола, дигарон 18-сола, ҳатто иддае то 21-сола эътироф мекунанд. Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак мафҳуми «кӯдак»-ро дар сатҳи байналмилалӣ чунин маънидод кардааст:

Ҳама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18-сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи қонуне, ки нисбат ба ин кӯдак истифода мегардад, он пештар ба синни балоғат нарасида бошад. (Моддаи 1-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак)

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Кодекси оила мафҳуми кӯдак чунин баррасӣ мешавад:

«Кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни 18-солагӣ (балоғат) нарасидааст».

Қисми 1-и моддаи 55-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар кодексҳои ҷиноятӣ ва мадании Ҷумҳурии Тоҷикис- тон истилоҳҳои «шахси ноболиғ», «ба балоғат нарасида», «хурдсол», «кӯдак», «атфол» нисбат ба кӯдакон истифода гардидааст. Мафҳумҳои «хурдсол», «атфол» бошад, одатан, нисбат ба категорияи нисбатан маҳдуди кӯдакони то ба синни 14-солагӣ нарасида истифода мешавад. Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар менамояд, ки ба ҷойи ноболиғони ба синни 14-солагӣ нарасида (хурдсолон) муомилоту созишҳоро аз номи онҳо танҳо волидон ё парасторони онҳо ба ҷо оварда метавонанд.

Истисно танҳо барои хариду фурӯши чизҳои майдаву хурди маишӣ, масалан, харидани нон, китоб, қалам муқаррар шудааст. Ноболиғи синнаш аз 14 то 18-сола бо иҷозати волидон ё парасторон метавонад миқдори бештари муомилотро ба ҷо орад. Ӯ метавонад мустақилона музди меҳнат, идрорпулӣ ва дигар даромадҳои қонунии худро истифода намояд, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқи муаллифиро татбиқ кунад. Мукаллафияти комил аз синни 18-солагӣ, яъне аз лаҳзаи балоғат фаро мерасад.

Ноболиғ дар ду ҳолат метавонад соҳиби мукаллафияти комил бошад:

Якум, дар ҳолате, ки шахс то синни ба ақди никоҳ расидан агар ба ақди никоҳ дарояд, вай метавонад қобилияти амалкунӣ пайдо кунад. Кодекси оила синну соли бастани ақди никоҳро аз синни 18-солагӣ муқаррар кардааст (қисми 1-и моддаи 13-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Аммо мутобиқ ба қисми дуюми моддаи 13-и Кодекси оила дар ҳолатҳои истисноӣ суд хуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳиро, ки барои марду зан муқаррар шудааст, ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад.

Дуюм, агар ноболиғи ба синни шонздаҳрасида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба фаъолияти меҳнатӣ ё бо розигии намояндагони қонунӣ ба соҳибкорӣ машғул шавад, мумкин аст дорои қобилияти пурраи амалкунӣ (эмансипатсия) эътироф карда шавад. (қисми 1-и моддаи 28-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ дорои қобилияти пурраи амалкунӣ эътироф кардани ноболиғ бо розигии намояндагони қонунӣ бо қарори мақомоти васояту парасторӣ ё дар сурати набудани чунин розигӣ, бо санади судӣ сурат мегирад.

Се ё чор муомилотеро мисол оред, ки кӯдакони ба синни 18-солагӣ нарасида бе ризояти намояндагони қонуниашон (волидон, парасторон) онҳоро ба ҷо оварда метавонанд? Ду ё се муносибати ҳуқуқиеро мисол оред, ки кӯдакони ба синни 18-солагӣ нарасида бе ризояти намояндагони қонуниашон (волидон, парасторон) онҳоро ба ҷо оварда наметавонанд?

Савол ва супориш:

  1. Кӯдак кист?
  2. Шумо дар оянда кӣ шудан мехоҳед?
  3. Кӯдак аз чандсолагӣ ҳуқуқ ба меҳнат дорад?
  4. Эмансипатсия чист?
  5. Кадом навъ озмунҳои ҷумҳуриявиро медонед, ки кӯдакон дар онҳо фаъолона ширкат меварзанд?
  6. Оё аз мактаби шумо нафаре дар ин озмунҳо ғолиб омадааст?
  7. Шахсан худи шумо ва ё ҳамсолони шумо бо кадом ҳолатҳои риоят нашудани ҳуқуқи асосии кӯдак дучор омадаед?

Реклама