§2.9. ТОҚАТПАЗИРӢ ВА МУКОЛАМА БИДУНИ ЗӮРОВАРӢ

Кӣ қаҳрамони бузург аст? Оне, ки душманони худро ба дӯст мубаддал мегардонад (Зарбулмасал).

1. МАФҲУМҲОИ «ТАҲАММУЛПАЗИРӢ» ВА «ҲАМДИГАРФАҲМӢ». Дар дебочаи Хартияи Иттиҳоди Миллатҳо – санади муҳимми байналмилалии ҳуқуқӣ – зарурати татбиқи амалии тоқатпазирӣ ва ҷонибдории сулҳ, адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва пешрафти иҷтимоӣ қайд шудааст. Ченаки асосии рафтор барои инсон, ки зидди олами беруна буда (дар мавридҳои ишғоли мавқеи фаъол), принсипҳои низоъро нарм менамояд, ин бидуни хушунат додани афзалият ба муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ мебошад.

Дарёфти қарордодҳои мусолиҳавӣ мушоҳидаи сатҳи пасти инкишофи маънавии инсонро фаро мегирад. Дурус- тии фаъолияти шаҳрванд дар назди давлат бояд шартҳои зеринро дар бар гирад: давлат на дар асоси тарсу иҷбор, балки бар асоси итоати озоди шаҳрвандон ташкил шуда аст: масъулияти баланди онҳо, ташаббускорӣ ва интизоми шаҳрвандон бояд мазмуни онро ифода намояд.

Маънои калимаи «таҳаммулпазирӣ» («толерантност») (аз лотинии «tolerantia») ба ибораҳои «ризоят», «тоқатпазирӣ», «таҳаммул» «эҳтиром» наздик мебошад. Зери ин мафҳум қобилияти инсон, ҷомеа, давлат дар шунидан ва эҳтироми фикри дигарон, кӯшиши ивази мафҳуми душман ба мухолиф (оппонент) ва эътирофи нуқтаи назари он дида мешавад. Таҳаммулпазирӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ бо сарҳадди қонун маҳдуд мешавад, ҳар гоҳ аз он берун рафт, механизмҳои ҳуқуқии таъсиррасонӣ ба ҳаракат медароянд. Масалан, нисбат ба ҳуқуқвайронкунӣ тоқатпазирӣ нашояд, ин ҷо амали меъёри ҳуқуқ зарур аст. «Босабрӣ» – эҳтиром, ҳурмат намудани арзишҳои маданиятҳои ҷаҳонӣ, кабул намудани ҷиҳатҳои мусбати тамаддунҳои якдигар, эътироф намудани мавҷудияти онҳо ва нақши муассири онҳо дар масири таърих ва замони имрӯз мебошад. «Таҳаммул» – ҳамоҳангсозии тафовутҳои шахси дигар бо тамомияти ҳастии ӯст.

«Пуртоқатӣ» бидуни эҳсосот бо оромӣ қабул ва эътироф кардани гуногунии ҳаёти иҷтимоӣ, маънавӣ ва афкору рафтори инсонҳост. Чунин инсон барои дигарон фикру ақидаҳои худро таҳмил намекунад. Амалияи таҳаммулпазирӣ маънои онро надорад, ки инсон нисбат ба беадолатии иҷтимоӣ бетафовут бошад. «Таҳаммул» на ҳама вақт метавонад дар намуди мафҳуми мусбат таҷассум ёбад. Он дорои сарҳад ва манфиат аст, ки набояд аз он бигзарад. Инсон як умр ба таври табиӣ ва фитрӣ ин сарҳадро нигоҳ доштааст.

2. ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ҲАМЧУН УНСУРИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚ ВА АХЛОҚ. Таҳаммулпазирӣ, ин пеш аз ҳама, эътирофи инсони озод ва озодии онҳост. Таҳаммулпазирӣ фикри мустақилонаи фард дар байни фикрҳои гуногун мебошад. «Таҳаммулпазирӣ падидае мебошад, ки барои расидан ба сулҳ ва ризоят имкон медиҳад ва аз фарҳанги ҷанг ба сӯйи фарҳанги сулҳ мебарад», – гуфта мешавад дар Эъломияи усулҳои таҳаммулпазирӣ, ки Конференсияи Кулли ЮНЕСКО соли 1995 қабул карда буд. Бо ташаббуси ин ташкилот Созмони Милали Муттаҳид ин солро «Соли таҳаммулпазирӣ» эълон намуд. 16-уми ноябр Рӯзи умумиҷаҳонии таҳаммулпазирӣ мебошад.

Дар Эъломия мафҳуми таҳаммулпазирӣ ба тариқи зайл муайян карда шудааст:

  • Эҳтиром, қабул ва фаҳмиши гуногунрангии тамаддун- ҳои олами мо, шаклҳои худифодакунӣ ва изҳори хислати фардии инсон.
  • Рад намудани догматизм, мутлақияти ҳақиқат ва муқаррароти меъёрҳо, ки дар санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон муайян шуданд.

Таҳаммулпазирӣ, пеш аз ҳама, рафтор ва муносибатест, ки дар асоси эътирофи ҳуқуқу озодиҳои ҳамагонӣ (универсалӣ)-и инсон ташаккул меёбад.

Таҳаммулпазирӣ сабру тоқат ва қобилияти фаҳмидани ҳиссиёти дигарон мебошад.

Фарҳанги миллии мардуми Тоҷикистон бо дарназардошти таърихи қадими он, ки дар чаҳор сӯйи тамаддунҳои қитъаи Аврупою Осиё ташаккул ёфтааст, имкони тарбияи таҳаммулпазириро нисбат ба тамаддунҳои гуногуни бо ҳам дар тазод то ҳадде барои ҳамватанони мо муҳайё намудааст. Гузашта аз ин, баъзан аз таълимоти динии аҷдодии мо бо риояи «шукри неъмат», «шукри дунё», «эътирофи фикри дигарон», «ҳурмату эҳтироми меҳмон», «бахшидани гуноҳ» ва «қазову қадар» то ҳадде барои ташаккули таҳаммулпазирии мардуми мо мусоидат намудааст ва баъзе тавсияҳои фарҳанги таҳаммулпазирии аҷдоди мо таваҷҷуҳ кунед:

Ҳар чӣ худро написандӣ, онро ба дигарон маписанд.

(Абдурраҳмони Ҷомӣ)

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

(Мавлонои Балхӣ)

Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз,

Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.

(Саъдии Шерозӣ)

Олими машҳур А. Иоффе робитаи мафҳуми «таҳаммулпазирӣ»-ро бо ҳуқуқи инсон нишон дода, се сарҳадди асосии таҳаммулпазириро муайян мекунад:

1. Ҳуқуқӣ; 2. Ахлоқӣ; 3. Равонӣ.

Бар замми ин, вобаста ба мазмуни масъалаҳо паҳлуҳои гуногуни таҳаммулпазириро муайян кардан мумкин: паҳлуи арзишӣ, фаъолиятӣ, равонӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ. Мазмуни онҳо чунин аст:

Паҳлуи арзишӣ – озодӣ, эҳтироми гуногунрангӣ, консенсус, муросо, ҳамбастагӣ.

Паҳлуи амалӣ – ҳамдигарро ҷонибдорӣ кардан, ҳамкорӣ, гуфтугӯ, компромисс, муомила.

Паҳлуи равонӣ – эҳтиром ба ҳамдигар, мувофиқ будан, некбахшӣ.

Паҳлуи фарҳангӣ – истиқлоли миллӣ, тоқатпазирии этникӣ.

Паҳлуи ҳуқуқӣ – баробарҳуқуқӣ ва адолатпарварӣ. Муносибати ғайритаҳаммулпазирона аз рӯйи нақшаи зерин дида мешавад:

Меъёр (Стандарт) – стереотип (одат, қолаби шуури устувор ва шахшуда), фикри ба ҳақиқат наздик.

Эҳтироми равонӣ – тоқатпазирӣ, сабру таҳаммул нисбат ба фикру эҳсосот, ибодат, рафторҳо, одатҳо, фарҳанг.

Паҳлуи ҳуқуқӣ – таҳаммул нисбат ба фикри дигарон, ҳурмати рафтору нуқтаи назари онҳо.

Ҳамин тавр, ба хулосае меоем, ки таҳаммулпазирӣ воситаи муҳимтарини расидан ба ризояти аҳли ҷомеа мебошад.

3. ТАҲАММУЛПАЗИРӢ АЗ НАЗАРИ ҲУҚУҚИ

БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Доир ба мавзуи мазкур Эъломия дар бораи усулҳои таҳаммулпазирӣ хеле муҳим аст, ки онро Конференсияи Кулли ЮНЕСКО бо Резолютсияи №5.61 аз 16-уми ноябри соли 1995 қабул кардааст. Дар поён иқтибосҳои зерин аз ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ ба хонандагон пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 1. Мафҳуми таҳаммулпазирӣ

  1. Таҳаммулпазирӣ – эҳтиром, қабул ва фаҳмиши тамаддунҳои гуногун ва бою рангини ҷаҳон шакли изҳори ақидаи мо ва усулҳои татбиқи фардияти инсонист. Ба таҳаммулпазирӣ дониш, кушода будан барои мулоқот, озодии виҷдон, ақида ва эътиқод мусоидат мекунанд. Ин на фақат қарзи маънавӣ, балки зарурати сиёсию ҳуқуқӣ мебошад. Таҳаммулпазирӣ ин некукорист.
  2. Таҳаммулпазирӣ танҳо дар ҳолатҳои ҷудогона гузашт кардан нест, балки бештар аз он дар шинохтан ва эҳтироми қадру манзалати якдигар аст, ки бо эҳтироми фикрҳои мухталиф, дидгоҳҳои гуногун ва роҳу равишҳои гуногуни қонунӣ зуҳур меёбад. Таҳаммулпазирӣ пеш аз ҳама, муносибати фаъолест, ки дар асоси эътирофи ҳуқуқу озодиҳои асосии умумиинсонӣ ташкил меёбад. Ҳар як шахси алоҳида, гурӯҳҳо ва давлатҳо бояд таҳаммулпазир бошанд.
  3. Таҳаммулпазирӣ ин уҳдадории мусоидат ба барқарор шудани ҳуқуқи инсон, дигарандешӣ ва гуногунандешӣ (плюрализм), аз ҷумла дигарандешии фарҳангӣ, гуногунандешии демократӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.
  4. Таҳаммулпазирӣ аз оила, боғча, мактаб дар мафкураи инсон ташаккул ёфта, дар фазои демократӣ бо принсипҳои ҳуқуқӣ вобаста ба шарту шароитҳои муайян дар давлати демократӣ рушд ва тараққӣ мекунад.
  5. Таҳаммулпазирӣ яроқи бузурги маънавӣ муқобили ифрот ва террор аст.
  6. Тоқатпазирӣ, ки бо эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳаммаъно аст, маънои таҳаммул кардани беадолатии иҷтимоӣ, даст кашидан аз эътиқоди худ ё қабули эътиқоди каси дигарро надорад. Ҳар як шахс дар пайравӣ ба ақидаи худ озод аст ва чунин озодиро барои дигарон низ эътироф мекунад. Ҳамчунин эътироф мекунад, ки инсон аз рӯйи табиати худ намуди зоҳирӣ, вазъи иҷтимоӣ, забон, кирдор ва арзишҳо гуногунанд ва ҳар яки онҳо ҳуқуқи ҳаёт ба сар бурданро доранд, ақидаҳои як кас ба дигар кас маҷбуран таҳмил намешавад.

Моддаи 2. Сатҳи давлатӣ

1. Дар сатҳи давлатӣ таҳаммулпазирӣ қонунҳои одилона ва объективӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, меъёрҳои одилонаи мурофиавӣ-судӣ ва маъмурии дахлдорро талаб мекунад. Тоқатпазирӣ, инчунин тақозо мекунад, ки ба ҳар як инсон имкони пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бе ҳама гуна табъиз таъмин карда шавад. Бегонаситезӣ метавонад сабаби ҳолати фишороварӣ ва хусумат гардад. Бегонашавии фарҳангӣ ва миллӣ, ки одатан, зери таъсири неруҳои хориҷӣ ва ё дигар роҳҳо сурат мегирад як навъ сӯиистифода аз озодиҳои демократӣ ва таҳаммулгароии аъзои ҷомеа аст. Ин ҳолати сӯиистифодаи таҳаммулгароии ҷомеа имкон дорад ба амният ва оромӣ ва соҳибихтиёрии миллии давлат таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин муборизаи маънавӣ ва фарҳангӣ бо чунин сӯиистифодаи таҳаммулгароӣ ва бегонапарастӣ вазифаи фарҳанги миллӣ ва аъзои ҷомеаи шаҳрвандист.

3. Барои манфиати оромии байналмилалӣ муҳим аст, ки шахсони алоҳида, ҷомеа, миллатҳо ва мақомоти давлатӣ гуногунии фарҳангии ҷамъияти инсониро эътироф ва эҳтиром намоянд, дахолат ба ҳарами озодиҳо ва вижагиҳои миллии дигар халқияту миллатҳо нанамоянд. Дар фарҳанги ҳуқуқи инсон ҳар халқу миллат бо урфу одат, сару либос ва вижагиҳои дигари мафкуравию равониаш эҳтиром ва арҷ гузошта мешавад. Ҳеҷ як миллат ва халқият чӣ кучаку чӣ бузург дар ин масъалаҳо аз назари ахлоқи инсонӣ ва ҳукуқи инсонӣ бар якдигар бартарӣ ва афзалият надорад. Низоми қоидаҳои эътирофшудаи ҳуқуқи инсон ин навъ афзалиятро ҳамчун сӯиситифода аз озодиҳо аз таҳаммулгароӣ дониста, асоси поймол шудани дигар ҳуқуқу арзишҳои инсонӣ медонад. Сулҳ ва ваҳдати инсонҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бе таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми вижагиҳои якдигар вуҷуд дошта наметавонад ва пешрафту демократия бошад бе сулҳ.

Моддаи 3. Ҷанбаҳои иҷтимоӣ

1. Таҳаммулпазирӣ дар ҷаҳони муосир бисёр муҳим аст. Мо дар асри ҷаҳонӣ шудани иқтисодиёт ва баландшавии сатҳи фаврият, тараққиёти алоқа, аз ҳам вобастагӣ, дар асри муҳоҷират дар масоҳати бузург, ҷойивазкунии аҳолӣ, муттаҳид ва ҷудошавии унсурҳои иҷтимоӣ зиндагӣ мекунем. Ҳар кадом минтақаи ҷаҳон гуногун аст ва дар навбати худ бо ҳамдигар робитаи зич доранд. Бинобар ин рушди тоқатнопазирӣ ва низоъҳо аз рӯйи моҳият ба тамоми ҷаҳон таҳдид дорад. Аз чунин таҳдидҳо сарҳадҳои давлати худро эмин нигоҳ доштан душвор аст.

4. САБАБҲОИ АСОСИИ НИЗОЪҲО. Сабаби асосии низоъҳо вуҷуд надоштани таҳаммулпазирӣ дар шуур ва рафтори инсон мебошад. Ба ақидаи профессор Л. Витгенштейн: «Кас намехоҳад, ки фарди дигар дашном диҳад ва каси дашномдодаро бинад. Ба кӣ писанд аст, ки бо инсон бесабаб ранҷонидашуда вохӯрад? Хубтар он аст, ки аз инсони бесабаб хафа кардашуда худро канор гирад. Барои дастгирии ӯ хислати мардонагӣ зарур аст».

Дар Эъломияи умумиии ҳуқуқи инсон қайд мешавад, ки эътирофи шарафи инсон, ки ба ҳамаи инсонҳо хос аст ва ҳуқуқи баробар асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум мебошанд.

Дар муносибати байни шахси бо дигар субъекти муносибатҳои ҷамъиятӣ муколама чун воситаи муҳимми муомила ва ҳамдигарфаҳмӣ шинохта мешавад. Фарҳанги муколама худ ифодаи тоқатпазирӣ аст.

«Муколама, чун муомилаи зиндаи байни ҳамсуҳбатон, имкон медиҳад, ки онҳо зарурати ҳамзистии хешро бо дигарон дарк кунанд ва эҳсоси баробарӣ дошта бошанд.

«Мумкин аст дар дигар ҳолат ман бо чунин оромӣ бо баъзе касоне, ки ҳоло дар сари миз нишастаанд, суҳбат дошта наметавонистам», – гуфтааст яке аз иштирокчиёни муколамаи сиёсӣ дар шаҳри Душанбе байни намояндагони сохторҳои низомии ҳукуматӣ ва дастаҳои ҳарбии ҷанговарони мухолифин. Дар илмҳои иҷтимоӣ он нуқтаи назари умумӣ мушоҳида мешавад, ки низоъ асос ва ҷавҳари мусолиҳавӣ дорад. Ин ба ташаккулёбии сарҳадҳои иҷтимоӣ оварда, сохтори ҷомеаро муайян мекунад, яъне талаботи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоиро муайян мекунад ва ин масоили моддӣ ва маънавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ дар равандҳои сиёсӣ ва ҳангоми амалисозии ҳуқуқро ба низом медарорад. Лекин ҳангоми низоъ ҳолатҳое ба вуҷуд меоянд, ки рафтору кирдорҳои дағалона ва зӯроварӣ меъёри ҳаёт мешаванд ва дар ҷомеа усули якдигарро нест кардан, бартарият пайдо мекунад. Дар ин мавридҳо шаклҳои оддии зидди низоъ дар намуди музокирот басанда нест, лекин дар заминаи музокирот ва муколама, муколамаи ҷамъиятӣ ва истифодаи маҷмуи воситаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии баррасии низоъ бамаврид мебошанд.

Фарҳангшиносони барҷаста ва адабиётшиносони шинохтаи олам ба ин боваранд, ки таҳаммул ва муколама ҳодисаи универсалӣ барои шуури инсон, худшиносӣ ва ақидаи шахсият ба ҳисоб меравад. Ҳар гуна матн дар заминаи таҳаммули ақлҳо қолаб ва равиши муколамавӣ мегирад, ҳама гуна сухан (инчунин муколамаи дохилӣ) танҳо дар заминаи муносибатҳои муколамавӣ қобили дарк аст.

Барои дарки афрод ё тамаддун, муомила, суҳбат ва муколама бо онҳо тавассути матн зарур аст, ки ҳамагӣ дар паҳнои андешаи таҳаммулгароёна сурат мегирад. Шакли хаттии натиҷаи муколама ва созиш дар шартнома (аҳднома) ифода меёбад, ки бо таҳаммули тарафҳо дар доираи манфиатҳо баста мешавад. Шартнома созиши манфиат танҳо набуда, натиҷаи таҳаммули фикрҳо ва ҳамоиши созандаи ҳадафҳои инсонӣ низ ҳаст.

Савол ва супориш:

1. Мафҳумҳои «таҳаммулпазирӣ» ва «ҳамдигарфаҳмӣ»-ро шарҳ диҳед. Таҳаммулпазирӣ барои чӣ зарур аст?

2. Бо кадом сабабҳо таҳаммулпазириро падидаи фарҳанги ҳуқуқӣ меномем?

3. Робитаи байниҳамдигарии таҳаммулпазирӣ ва ҳуқуқи инсонро муайян созед.

4. Оё қобилияти таҳаммулпазирӣ дорои аҳаммият аст? Дар ин бора далелҳо биёред.

5. Дар кадом сурат таҳаммулпазирӣ зарур аст? Дар бораи таҳаммулпазирӣ аз фарҳанги миллӣ мисолҳо биёред.

6. Дар кадом санади ҳуқуқии байналмилалӣ таҳаммулпазирӣ зикр ёфтааст?

Реклама