§3.0. ФАРҲАНГИ ПЕШБУРДИ МУЗОКИРОТ

1. ҶУСТУҶӮЙИ РОҲҲОИ МУСОЛИҲА. Дар даҳсолаҳои охир тезутунд гардидан ва аҳаммияти умум пайдо кардани масоили бехатарӣ ва ташаккулёбии асосҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ баҳри сулҳ ва инкишофи устувор мушоҳида мешавад. Дарёфти консепсияҳо ва моделҳои ташкили институтсионалии ҷомеа, бояд дорои механизмҳои амали зиддинизоъ буда, дар асоси муросо ва созиш, дар заминаи фарҳангӣ ташаккул ёбанд. Онҳо бо асосҳои муколама ва маданият алоқа доранд, ки дараҷаи шуурнокии фард ва гурӯҳҳоро баланд мебардоранд. Ин механизмҳо дар аксар ниҳодҳои иҷтимоӣ истифода мешаванд, лекин дар мавридҳое, ки сухан дар бораи низоъҳои «куҳна» ё ки «вазнин ва ҳалнашаванда» меравад, дарёфти технологияҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ки имкониятҳои боэътимоди зиддинизоии фарҳангро истифода мебаранд, яке аз вазифаҳои муҳимми илм ва амалияи давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии замони муосир мебошанд.

Ҳуқуқи гуфтушунид ҳанӯз дар замони бостон сарчашмаи ташаккулёбии ниҳодҳои ҳуқуқии даврони қадим буд. Ҳуқуқи музокирот дар замони қадим сарчашмаи ташаккул- ёбии ниҳодҳои ҳуқуқӣ буд: «Аз гуфтушунидҳо дар бораи оштӣ, ки дар ҷамоаи авлодӣ ҷой доштанд, минбаъд ҳуқуқи созишу мусолиҳа ба вуҷуд омад, ки шартнома дар бораи оштӣ буд, ё ин ки ба ибораи дигар гӯем, шартнома дар бораи бастани сулҳ байни гурӯҳҳои мухолифи авлодӣ ба шумор мерафт».

Чунин тартиби корбурди сиёсӣ-ҳуқуқӣ, аҳаммияти худ- ро гум мекунад, агар тарафҳо ва миёнаравон имтиёзҳои усулӣ ва дурнамои хешро мавриди истифода қарор диҳанд. Масалан, дар раванди музокирот доир ба ҳалли низои Исроилу Фаластин даҳсолаҳо боз баррасии масъалаҳо аз нуқтаи назари муғризонаи хеш боиси аз нав авҷ гирифтани низоъ гардид. Маълум аст, ки аз тамоми тарзҳои маъмули ҳалли ихтилофоти тарафайни гуфтушунид байни онҳо аз ҳама натиҷабахштар мебошад. Ба андешаи коршиносон, бо риояи шартҳои зерин оғози музокирот дар байни Исроил ва Фаластин имконпазир аст: 1) тарафҳо ба ғайр аз манфиатҳои зиддиятнок боз манфиатҳои умумӣ доранд; 2) тарафҳо ҳисоб мекунанд, ки расидан ба фаҳмиши муайян ё ин ки созишнома барои онҳо аз ҳамаи дигар алтернативаҳо фоидаовартар аст; 3) ба мубоҳиса ворид шаванд ва барои дарёфти қабули қарори таъминкунандаи манфиатҳояшон кӯшиш кунанд.

Гоҳе тарафҳо танҳо талаботи ягона ва қатъии худро пешниҳод мекунанду халос. Масалан, дар оғози музокирот миёни тарафҳои низои байни тоҷикон тарафҳои ҳукуматӣ ва мухолифин талаботи ҷиддӣ ба сӯйи тарафи дигар пешниҳод карда буданд. Барои ҳамин чанд сол лозим шуд, то тарафҳо тавассути гуфтушунид ба созиш ва тавофуқ даст ёбанд.

Барои он ки оташи низоъ паст шавад, тарафҳо бояд дар бораи масъалаҳои баҳснок созиш кунанд ва шартҳои ҳам- зистии ояндаро муайян созанд. Чи қадар мавзуи баҳс дақиқ ва қатъӣ муайян шавад, ҳамон андоза низоъ муваффақтар ҳаллу фасл мешавад. Гуфтушунид ин суҳбат, муколама дар бораи зиддиятҳо ва масъалаҳои мавҷуда мебошад ва навъ- ҳои ҳаракатҳои гуногуни тарафайнро пешбинӣ мекунанд.

2. ҚОИДАЮ ТАРТИБОТИ МАЪМУЛИ РАСИДАН БА СУЛҲ. Одамон дар тули таърих соҳиби таҷрибаи ғании ташкили музокирот шуданд. Он на фақат дастоварди сиёсатмадорони касбӣ шудааст, балки коршиносон, рӯзноманигорон, мудирон, олимон дар фаъолияти худ барои ривоҷи иртибот (алоқа, муносибат)-и хеш санъати пешбурди бахсу гуфтушунидро бомуваффақият истифода мебаранд. Дар даҳсолаҳои охир як қатор қоидаю тартиботи ҳуқуқии пешбурди гуфтушунидҳо дар илм ва амалия таҳия шуданд. Унсурҳои гуфтушунид ҳам муайян гардидаанд, аз ҷумла тарафҳо, иштирокчиёни бевосита, мавзуъ, хатҳои алоқаю тамос дар байни онҳо, иттилоот ва амсоли инҳо. Ба фикри аксари муҳаққиқон норасоии маълумот ба шубҳанокӣ ва нобоварии иштирокчиён нисбат ба ҳамдигар, яъне ба устувории низоъ сабаб мешаванд.

Дар асарҳое, ки ба менеҷмент бахшида шуданд, ба ҳалли низоъҳои истеҳсолӣ аҳаммият дода мешавад. Дар ин ҷо худи омодагии гуфтушунид аҳаммияти калон дорад. Ба он ҷамъоварии маълумот дар бораи тарафи мухолиф (дар музокирот – шарик), хислатномаи шахсии он, далелҳои мушаххас дохил мегарданд.

Бо дарназардошти таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаи сулҳофаринӣ қоидаҳои зерини гузаронидани музокиротро тавсия кардан мумкин:

1) эътирофи ҳуқуқи ҳамдигар; 2) бо диққат гӯш кардани шарик; 3) намоиши фаҳмиши нуқтаи назари шарик; 4) муайянкунии он, ки шарик чи хел низоъро тасаввур ва ҳис мекунад; 5) муайянкунии мушаххаси мавзуи муҳокима; 6) қайди нуқтаҳои назари умумӣ; 7) муайянкунии оромонаи сабаби «мухолифат»-и тарафҳои низоъ; 8) бори дигар тасвир намудани мазмуни низоъ; 9) дарёфти ҳалли умумии масоил; 10) қабули «ҳусни тафоҳум» («коммюнике»)-и умумӣ ва дар он қайд намудани ризоят ва тафовути таклифҳои тарафҳо.

3. НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СММ ДАР МУЗОКИРОТИ БАЙНИ ТОҶИКОН. Нақши марказии ва калидиро дар сулҳи тоҷикон нияти неки сулҳхоҳона ваҳдатпарварии Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил дод, ки аз лаҳзаи аввали ба сари қудрат омадан ваҳдат ва оромиро ҳадафи марказии худ қарор доданд.

Масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа барои ҳар роҳбаре, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ зимоми идораи кишварро ба даст мегирад, муносибати шахсӣ нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳост. Агар ният суботи комил, оромии кишвар ва ваҳдат бошад, Роҳбар албатта, ба мақсад мерасад. Зеро таърих собит сохтааст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд. Дар шароити ҷанги шахрвандии мо, ки унсурҳои хориҷиро доро буд, даъват ба сулҳ ва оромӣ намудан қаҳрамонӣ ва матонати хоссаро талаб менамуд. Зеро он солҳо онҳое, ки хостори созиш ва сулҳ набуданд, дар миёни неруҳои сиёсии ҷомеа кам набуданд. Роҳбари ҷавони давлат аз лаҳзаи нахустини ба сари қудрат омадан ният ва иродаи ваҳдатовари худро пинҳонӣ не, балки ошкоро ва бо қасами таърихӣ вазифаи муқаддаси худ эълон намуд.

Нахустин ташаббусу иқдомҳои Иҷлосияи ХVI маҳз ба масъалаи ваҳдати миллӣ, овардани мардуми фирори Тоҷикистон ба Ватан ихтисос ёфта буданд. Қонунҳо «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон» эълон кардани 26-уми ноябри соли 1992» бо вуҷуди он, ки баъдан ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуданд, дар асл баёнгари сиёсати роҳбарияти нави Шурои Олӣ буданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданашон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикис- тон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисону фар зандони баруманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мек унам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Баъд аз ин муроҷиатнома то 27-уми июни соли 1997, яъне то расидан ба ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихии ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат беш аз 80 маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва суханҳои табрики карданд, ки дар ҳамаи онҳо аз ризояти миллӣ, дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат карда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста дунболагирӣ намуданд. Роҳбар на танҳо ба қасамашон содиқ буданд, балки ҷиҳати иҷрои он ҳар лаҳза ва пайваста кӯшиш карда, ин вазифаи муқаддаси худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накарданд. Дар замоне, ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзанду тифлону нав- ҷавонон гум мезад, Роҳбари мо худро ором ҳис намекард. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то расидан ба ваҳдати миллӣ ором набуд.

Ӯ на танҳо дар суханрониҳои расмӣ, ҳатто дар табрикотҳояш худро ором ҳис накарда, фикри баргардонидани гурезагонро намуда, мисли як фидоии Ватан ваҳдат ва суботи кишварро қарзи имонӣ ва виҷдонии худ медонад. Масалан, дар табрикоти солинавӣ аз 31-уми декабри соли 1992 ӯ бо алам ба мардуми кишвар муроҷиат карда гуфта буд: «Дар ин шаби Соли нав, дар ин шабе, ки ман бояд ҳамаатонро бо ид табрик гӯям, аввалан, ба ҳамаи онҳое, ки имшаб дар паҳлуяшон падарону модаронашон, бародарону хоҳаронашон, фарзандонашон нестанд ва бехонумон шудаанд, тасаллият гуфта, ҳамдардии хешро баён менамоям.» Ва таъкид мекунад: «Дилпурона изҳор менамоям, ки ба тезӣ дар мамлакатамон сулҳу салоҳ, якдигарфаҳмӣ амалӣ хоҳад гашт».

Дар табрикоти солинавӣ аз 31-уми декабри соли 1993 мегӯяд: «Масъалаи дигаре, ки моро ҳамеша ноором медорад, ин баргардонидани гурезаҳо мебошад. Мо ҳамаи чораҳоро меандешем, ки ҳамватанони бурунмарзиамон ба Ватан баргарданд. Дар анҷоми сафари сарвари Давлати Исломии Афғонистон ҷаноби Раббонӣ ба ҷумҳурии мо дар қатори дигар масъалаҳои муҳим оид ба тақдири гурезагон бо якҷоягии намояндаи Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид аҳднома имзо кардем. Рост гуфтааст шоир: «Об

агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност!»

Дар табрикоти солинавии Президенти кишвар аз 31-уми декабри соли 1994 омадааст: «Тамоми чораҳо андешида мешаванд, то ҳамватанони бурунмарзиамон, ки қисми бештарашон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд, ба Ватан баргарданд ва ба интихоботи дарпешистодаи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии халқ фаъолона иштирок намоянд. Ба ин хотир мо музокиротро бо гурӯҳҳои мухолифин давом хоҳем дод».

Дар табрикоти солинавӣ аз 31-уми декабри соли 1995 аз баргаштани фирориён ба Ватан ёдрас шуда, таъкид мекунад: «Ин муваффақияти моро ҷомеаи ҷаҳон хуб медонад ва қадр мекунад. Боз такрор мекунам, ки то ба кишвар баргаштани охирин ҳамдиёрамон мо вазифаи ватандӯстонаи худро дар ин бобат аз хотирҳо фаромӯш нахоҳем кард».

Дар соли 1996 – дар соле, ки гуфтушунид бо мухолифин ба мушкилӣ пеш мерафт ва бандҳои Аҳдномаи ризоияти ҷомеа ба вазнинӣ роҳ ба ҳаёт меҷустанд, дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Ман 11-уми декабр пас аз баргаштанам ба Душанбе дар бораи бас кардани муқовимат дар водии Ғарм ва ноҳияҳои сарҳаддӣ дарҳол фармон имзо кардам. Ризоияти миллӣ бошад, ормону талаби сокинони ҷумҳурии мост. Мо ба ҳар роҳ кӯшидем ва боз кӯшиш хоҳем кард, ки халқи мо аз ҳодисаҳои нангини мухолифати миллӣ наҷот ёфта, ба роҳи созандагӣ ва ободии Ватан дохил шавад».

Нияти ӯ, мароми ӯ нек буд, ки ҳама ба некӣ анҷомид. Ӯ мисли як ситораи бахт, як рӯшноии фараҳбахш аз миёни мушкилию монеаҳо, торикию зулмот на танҳо солим гузашт, балки бо ғами халқ, фикри мардум ва умеди наҷоти миллат шарик ва ҳамдастон шуда, аз руҳи ниёгони миллат ғизо гирифта, бо нияти неки худ ва ғайрату кӯшиши ҷонфидоёнааш дар ҳамкорӣ бо ҳама неруҳои хайрхоҳи дохилию байналмилалӣ, мисли офтоб зимистони қаҳратуни миллатро ба баҳори сарсабз табдил дод.

Тавре маълум гашт, Роҳбари мо ҳамчун Пешвои миллӣ қадам ба қадам ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр менамуд, кор мекард ва ҳамкорихои худро бо давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар хамин самт тавсеа медод. Ин навъ заҳматҳо ва ин навъ кӯшишҳои роҳбар буд, ки дар Тоҷикистон музокирот шуд, таҳаммулгароӣ тантана кард ва бахшиши якдигари фарзандони модари тоҷик рӯйи амалӣ шуд. Созишномаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон баста шуд.

Равшан буд, ки бастани ҳар шартнома ё созишнома бояд ба риояи принсипҳои ҳуқуқ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, конститутсия ва қонунгузорӣ асос ёбад. Ин буд, ки баъд аз муроҷиати Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ бо мақсади ҷалб намудани ин созмони маъруфи байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ба раванди музокирот байни тарафҳои ҳукуматӣ ва мухолифин ин созмони универсалӣ, ки мақсадҳои асосии он чун намояндаи ҳамаи давлатҳои ҷаҳон муҳофизати сулҳ ва ҳуқуқии инсон мебошад, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои музокироти байни тоҷикон хидмати босазо кард.

Намояндагони СММ дар он давлатҳое, ки дар он гуфтушунид мегузашт, имзои созишномаи имтиёзҳои дипломатӣ ва иммунитети узви ҳар як намояндаи тоҷиконро пешбинӣ намуда ва имзо мекарданд. Чун миёнарав намояндаи махсуси Муншии Кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баъди Президент ва роҳбари мухолифини тоҷик созишномаҳоро имзо мекард ва ин кафолати муҳимтарини ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тарафҳои музокирот дар байни тоҷикон буд.

Савол ва супориш:

  1. Кадом роҳу воситаҳои муосири музокирот ва ба сулҳкунӣ омадани иштирокчиёни низоъҳо вуҷуд доранд?
  2. Нақши Президенти Тоҷикистонро дар сулҳи тоҷикон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
  3. Аз назари манфиатҳои тарафайн иштирокчиёни музокирот бояд нисбат ба ҳамдигар чӣ тавр муносибат кунанд?
  4. Унсурҳои асоси музокиротро номбар карда, онҳоро шарҳу эзоҳ диҳед. Олимон дар ҷараёни музокирот кадом унсурҳоро самараноктар мешуморанд?
  5. Кадом омил ва муносибатҳо ба пешбурди муваффақонаи музокирот монеъ шуда метавонанд?
  6. Дар бораи музокироти байни тоҷикон ва баста шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ маълумот диҳед.
  7. Дар бораи нақши СММ ва давлатҳои миёнарав дар музокироти байни тоҷикон маълумот диҳед.
  8. Як музокироти эҳтимолиро ба саҳна гузошта, дар он нақши иштирокчиёни онро иҷро кунед.

Реклама