1. ТАЪРИХИ ҚАБУЛ ВА СОХТОРИ КОНВЕНСИЯ. «Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон» бо Қатъномаи Иҷлосияи XXXVI Кулли СММ аз 18-уми декабри соли 1979 қабул гардида, 3-юми сентябри соли 1981 эътибори қонунӣ гирифтааст.
Дар зери мафҳуми «табъиз нисбат ба занон» дар моддаи 1-и Конвенсия мазмунан «ҳама гуна фарқият, хориҷкунӣ, маҳдудсозӣ, заифгардонӣ эътироф, истифода ва татбиқ накардани ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ё ҳама соҳаҳои дигар бо нишону аломатҳои ҷинсӣ, яъне бинобар сабаби зан будан, фаҳмида мешавад».
Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-умии июни соли 1993 таҳти №831 ба тасвиб расидааст. Ин тасмим маънои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки пайваста барои барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон тадбирҳои самарабахш андешад.
Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон аз дебоча, 6 бахш ва 30 модда иборат буда, ҳар кадоми он масъалаҳои гуногуни мубориза бар зидди табъиз нисбат ба занонро дар бар мегирад. Дар дебочаи Конвенсия дар бораи вазъи занон дар ҷомеаи инсонӣ сухан меравад. Қисмати аввали Конвенсия аз 6 модда иборат буда, ба масъалаҳои зер бахшида шудаанд: Дар моддаи якум мафҳуми табъиз нисбат ба занон, дар моддаи дуюм дар бораи уҳдадориҳои давлатҳои ба Конвенсия пайваста бобати таъмини ҳуқуқи занон, дар моддаи сеюм дар бораи зарурати таъмини баробарҳуқуқии занон бо мардон, дар моддаи чорум масъалаи аз ҷониби давлатҳои узви андешида шудани тадбирҳои муваққатӣ ҷиҳати суръатбахшии таъмини баробарҳуқуқии занону мардон, дар моддаи панҷум мақсади давлатҳои аъзо аз таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон, дар моддаи шашум ба масъалаи қатъи хариду фурӯши занон ва пешгирии сӯйистифодаи фоҳишагии занон бахшида шудааст.
Ҳамин тавр, қисмати дуюм ва сеюми Конвенсия аз моддаи 7 то 14-ро фаро гирифта, масъалахои тартиб ва усулҳои рафъи табъизи занонро дар давлатҳои аъзо пешбинӣ мекунад. Қисматҳои чорум, панҷум ва шашум бошад, моддаҳои 15 ва 30-юмро фаро гирифта масъалаҳои таъмини ҳуқуқии баробарии занону мардон, таъсиси Кумита оид ба барҳам додани табъизи занон, тартиби дарки навиштаҷоти мафҳумҳои Конвенсия ва ҳамроҳшавӣ бо онро танзим намудааст.
2. МАСЪАЛАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ҶАҲОН. Масъалаи баробарҳуқуқии занон ва мардон дар санадҳои муҳимми ҳуқуқи байналмилалӣ низ ба таври зарурӣ инъикос гардидааст. Оинномаи СММ бори дигар бовариро ба ҳуқуқи асосии инсон ва баробарҳуқуқии занону мардон тасдиқ намудааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон усулҳои роҳ надодан ба табъизро тасдиқ ва эълон доштааст. Мувофиқи он инсон сарфи назар аз фарқи ҷинсӣ бояд тамоми ҳуқуқу озодиҳоро дошта бошад.
Созмони Милали Муттаҳид то қабули Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон як силсила асноди ҳуқуқии дигарро низ қабул кардааст, ки онҳо дар шакли резолютсияҳо, эъломияҳо ва тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид таҳия гардидаанд. Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон ба ҳамаи ин санадҳо такя менамояд. Сарфи назар аз мавҷудият ва татбиқи ин асноди гуногуни ҳуқуқӣ, табъиз нисбат ба занон мисли пештара дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам ҷой дорад. Табъизи занон усулҳои баробарҳуқуқию эҳтироми шаъну шараф ва эътибори инсонро халалдор месозад, ки ин ба ширкати занон баробар ба мардон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ватани хеш монеа мегардад.
3. УҲДАДОРИҲОИ ДАВЛАТҲОИ УЗВ. Моддаи 2 ба принсипҳои Конвенсия ва уҳдадориҳои давлатҳои узв бахшида шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки давлатҳои узви Конвенсия «табъиз нисбат ба занонро дар тамоми шаклҳояш маҳкум мекунанд ва розиянд бидуни таъхир ба истифодаи тамоми усулҳои дахлдор сиёсати рафъи табъиз нисбат ба занонро ба роҳ монанд».
Уҳдадориҳои умумии давлатҳои аъзо. Бо дарназардошти ҳамин гуфтаҳо давлатҳои узв уҳдадориҳои умумии зеринро ба зимма мегиранд:
Оид ба шуғли меҳнати занон. Давлатҳои узв тамоми тадбирҳоро барои рафъи табъиз нисбат ба занон дар соҳаи шуғли меҳнат меандешанд, то ки дар асоси баробарии мардону занон ҳуқуқи баробарро таъмин намоянд. Ин тадбирҳо чунинанд: ҳуқуқ ба меҳнат ҳамчун ҳуқуқи ҷудонопазири тамоми одамон; ҳуқуқ барои имкони якхела ҳангоми киро кардан ба кор, аз ҷумла истифодаи меъёрҳои якхелаи интихоб барои киро кардан; ҳуқуқ барои интихоби озодонаи ихтисос ва навъи кор, пешравӣ дар вазифа ва кафолати шуғл, гирифтани тарбияи касбӣ ва бозомӯзӣ, такмили сатҳи ихтисос ва бозомӯзии мунтазам; ҳуқуқ ба мукофотонидани баробар.
Оид ба ҳуқуқи иҷтимоии занон. Мувофиқи Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон давлатҳо барои гирифтани имтиёзҳо, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳангоми ба нафақа баромадан, бекорӣ, беморӣ, маъюбӣ, пиронсолӣ ва дигар ҳолатҳои аз даст додани қобилияти корӣ, инчунин ҳуқуқ ба рухсатии пардохтшаванда; ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва шароити бехатари меҳнат, аз ҷумла оид ба нигоҳдории вазифаи давом додани насл; пешгирӣ намудани табъиз нисбат ба занон бинобар ба шавҳар баромадан ё модар шудан ва ба онҳо кафолат додани ҳуқуқи самаранок ба меҳнат тадбирҳои дахлдор меандешанд, аз ҷумла аз кор озод карданро бинобар ҳомиладорӣ ва рухсатии ҳомиладорӣ, таваллуд ё табъиз бинобар вазъи оилавиро бо таҳдиди истифодаи муҷозот манъ мекунанд; рухсатиҳои пардохтшаванда ё рухсатиҳои баробар бо кумакпулиҳои иҷтимоӣ бинобар ҳомиладорӣ ё таваллудро бо нигоҳ доштани ҷойи кори пештара, ё кумакпулиҳои иҷтимоӣ ҷорӣ менамоянд; пешниҳод намудани хидматҳои зарурии иловагии иҷтимоиро ҳавасманд мегардонанд, то ки ба падару модарон имкон диҳанд, ки онҳо уҳдадориҳои оилавиро бо фаъолияти меҳнатӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ якҷоя иҷро кунанд, аз ҷумла ба занон ҳифзи махсусро дар давоми ҳомиладорӣ дар он корҳое, ки зарарнокиашон барои саломатии онҳо тасдиқ шудааст, таъмин намоянд.
Оид ба ҳузури занон дар ҳаёти сиёсӣ. Моддаҳои 7, 8 ва 9-и қисми сеюми Конвенсия ба ширкати занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бахшида шудааст.
Давлатҳои узв тамоми тадбирҳоро барои рафъи табъиз нисбат ба занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар меандешанд, аз ҷумла ба занон шароити баробар ба мардонро дар масъалаҳои зерин таъмин менамоянд (моддаи 7); овоздиҳӣ дар ҳамаи интихобот ва райъпурсиҳои оммавӣ ва интихоб шудан ба тамоми мақомоти аз ҷониби омма интихобшаванда; иштирок намудан дар фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ассотсиатсияҳое, ки ба масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар машғуланд, таъмин менамоянд; давлатҳои узв тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки ба занон имкони бо мардон баробар ва бидуни ягон табъиз намояндагӣ намудани ҳукуматҳои худро дар арсаи байналмилалӣ ва кори ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин намоянд (моддаи 8).
Оид ба баробарии занону мардон дар назди қонун. Ба ин масъала моддаи 15-и Эъломия бахшида шудааст. Дар он чунин омадааст:
Оид ба масъалаи ақди никоҳ. Эъломия ба ин масъала ҳам диққати ҷиддӣ медиҳад (моддаи 16). Давлатҳои узв тамоми тадбирҳои марбутаро барои барҳам додани табъиз нисбат ба занон дар ҳама гуна масъалаҳои марбут ба ақди никоҳ ва муносибатҳои оилавӣ меандешанд ва дар асоси баробарии мардону занон масъалаҳои зеринро иҷро менамоянд:
Ҳамин тариқ, Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон масъалаи пешгирии табъиз нисбат ба занонро инъикос намуда, давлатҳои узвро уҳдадор менамояд, ки дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузорӣ андешанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин уҳдадориро ба зимма дорад.
Тибқи нишондоди моддаи 18-и Конвенсия давлатҳои узв доир ба рафти иҷрои уҳдадориҳои дар Конвенсия зикргардида бори аввал баъди як соли ба Конвенсия пайвастан дар муҳлати соли аввали баъд аз ҳамроҳшавӣ ва баъд дар ҳар чаҳор сол ақаллан як маротиба ва минбаъд мувофиқ ба талаби Кумита оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон ба Котиби умумии СММ маъруза пешниҳод менамоянд.
Иҷрои талаботи Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон яке аз омилҳои асосии эътибор ва шаъну шарафи байналмилалии давлатҳои узв мебошад.
Савол ва супориш:
|
Реклама