§2.7. ИШТИРОКИ КӮДАКОН ДАР НИЗОЪҲОИ МУСАЛЛАҲОНА

1. КӮДАКОН ВА ҶАНГ. Кӯдакон ва ҷанг мафҳумҳои бо ҳам тазоданд. Кӯдакон бояд қатъиян аз иштирок дар амалиёти ҳарбӣ боздошта шаванд. Сарфи назар аз ин, пеши роҳи иштироки кӯдаконро дар амалиётҳои ҷангӣ ба таври пурра гирифтан мушкил аст. Ин аст, ки бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии инсондӯстона онҳо мумкин аст дар ҳайати неруҳои мусаллаҳ номнавис шуда, ҳамчун шахси ширкаткунандаи амалиёти ҳарбӣ тавассути ҳайати неруҳои мусаллаҳ асир гирифта шавад. Ғайр аз ин аз сабаби тағйир ёфтани моҳияти низоъҳои мусаллаҳона дар шароити феълӣ бисёр вақт муайян кардани тафовутӣ дар байни ашхоси мулкӣ (ғайринизомӣ) ва комбатантҳо имконнопазир аст. Дар натиҷаи ин, онҳо, яъне кӯдакон, ё ба комбатантҳо ёрӣ мерасонанд ва ё дар амалиёти ҳарбӣ бевосита ширкат мекунанд.

Агар бар хилофи Протоколҳо кӯдакон ба амалиёти ҳарбӣ ҷалб ва ба асорат гирифта шаванд, онҳо аз пуштибонии махсус истифода мебаранд. Моддаи 38-и Конвенсияи мазкур ба масъалаи низоъҳои мусаллаҳона ва дар он ширкат кардани кӯдакон бахшида шудааст. Конвенсия мафҳумҳои «кӯдак» ва «бачагон»-ро чун калимаҳои ҳаммаъно истифода бурда, моҳияти онҳоро баён месозад.

2. ПУШТИБОНИИ КӮДАКОН. Шахсе кӯдак эътироф карда мешавад, ки синнаш ба 18-солагӣ нарасидааст, истисноанд ҳолатҳое, ки қонунҳои миллӣ синни балоғатро хеле зудтар муайян менамоянд (моддаи 1-и Конвенсия).

Қисмати якуми моддаи 38 ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстона тааллуқ дорад, ки асоси онро Конвенсияҳои Женева ташкил мекунад, мувофиқи онҳо кӯдакон аз пуштибонии махсус бархӯрдоранд.

Давлатҳои узв бояд ҳамаи тадбирҳоро истифода баранд, ки дар амалиёти мусаллаҳона ба бевосита иштироки кӯдакони синнашон ба 15-солагӣ нарасида хотима дода шавад. Мувофиқи қисмати сеюми моддаи 38-и Конвенсия, давлатҳо на бояд синнашон то 15-соларо ба ҳайати неруҳои мусаллаҳ даъват намоянд.

Банди охири моддаи 38 татбиқи ҳимояи кӯдаконро бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстона алоқаманд мекунонад, ки дар мавриди низоъҳои мусаллаҳона принсипи асосии он нишондоде мебошад, ки мувофиқи он тарафҳо бояд дар байни аҳолии осоишта ва комбатантҳо фарқ гузоранд, то ки аҳолии мулкӣ ва объектҳои мулкӣ зери хатари аз ҳад зиёд гузошта нашаванд. На аҳолии мулкӣ, дар маҷмуъ, на ашхоси алоҳидаи мулкӣ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд, танҳо объектҳои ҳарбӣ объекти ҳамла қарор гирифта метавонанд. Ин усулҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстона дар конвенсияҳои Женева омада, ду протоколи изофӣ онҳоро густариш медиҳанд. Мутобиқи протоколҳо, ҳамла ба аҳолии мулкӣ манъ буда, ҳуқуқи онҳо дар хусуси нигоҳубин ва кумак таъмин карда мешавад.

Ашхосе, ки синнашон ба 18-солагӣ нарасидааст, набояд ба неруҳои мусаллаҳ ҷалб ва дар амалиёти мусаллаҳона истифода бурда шаванд. Бо ин мақсад давлатҳои узв тадбирҳои имконпазирро меандешанд, ки аз чунин ҷалб ва истифодабарӣ пешгирӣ кунанд.

Қоидаи муҳимме мавҷуд аст, ки мувофиқи он, агар дар қонунгузории миллии давлатҳои узв ва қарордодҳои байналмилалӣ ё дар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстона нишондодҳое муқаррар карда шуда бошанд, ки онҳо ба ҳифзи беҳтари ҳуқуқи кӯдак мусоидат намоянд, пас нишондоди Протоколи иловагӣ ба истифодаи он монеъ намешавад ва онро истисно ҳам намекунад. Аз ин лиҳоз, он тадбирҳоеро ҳавасманд мекунад, ки татбиқи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳимояи ҳамаҷонибаи онҳоро беҳтар мегардонанд. Агар таблиғоти ашхоси синнашон то ба 18 ба амалиёти ҳарбӣ ҷой дошта бошад, пас давлатҳои узв тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки онҳо аз хизмат озод ва ё аз хизмати ҳарбӣ ба тарзи дигар ҷавоб дода шаванд. Дар баробари ин, аз ҷониби қарордодҳои махсуси байналмилалӣ масъалаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ ба онҳо низ ҳаллу фасл карда мешаванд. Дар асноди номбурда усули умумии ҳимояи кӯдакон ва ашхосе, ки дар амалиёти ҳарбӣ иштирок намекунанд, дар назар дошта шудааст, ҳамчун ашхосе, ки ба ёрии дигарон эҳтиёҷ доранд ва ниҳоят, дар бораи кӯдаконе, ки дар амалиёти ҳарбӣ ширкат меварзанд.

3. КӮДАКОН ҲАМЧУН АҲОЛИИ ОСОИШТА. Кӯдакон, ҳамчун як қисми аҳолии осоишта, зери амали ҳамаи он меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстона дохиланд, ки ба пешбурди ҷанг дахл доранд. Аз ҷумла дар давраи низоъҳои байналмилалӣ кӯдакон таҳти ҳимояи Конвенсияи IV-и Женева дар бораи ҳимояи аҳолии осоишта дар давраи ҷанг мебошанд. Ин ҳамаи принсипҳои муносибати инсондӯстона бо мардум – эҳтиром нисбат ба ҳаёт, дахлнопазирии ҷисмониву равонӣ, манъи ҳар гуна иҷбор, ҷазои ҷисмонӣ, шиканҷа ва ғайраро шомил мегардад.

Дар давраи низоъҳои мусаллаҳонаи дорои моҳияти байналмилалӣ кӯдакон ҳам зери ҳимояи ашхосе ҳастанд, ки дар амалиёти ҳарбӣ ширкат намекунанд ва ҳам онҳое, ки дар моддаи 3 дар назар дошта шуда, барои ҳар чор Конвенсияи Женева умумӣ мебошанд. Тибқи нишондодҳои онҳо, дар мавриди ин низоъҳо кӯдакон ба муносибати инсондӯстона ҳуқуқ доранд, бояд ба сӯиқасд бар зидди ҳаёт ё шаъну шарафи онҳо роҳ дода нашавад. Дар Протоколи II низ шарте баён шудааст, ки мувофиқи он аҳолии осоишта ва ашхоси алоҳидаи мулкӣ на бояд объекти ҳамла қарор гиранд.

Шартҳои махсуси ҳимояи кӯдакон дар Протоколи I муайян гардидаанд, ки мувофиқи онҳо кӯдакон аз эҳтироми махсус бархӯрдоранд ва ҳимояи онҳо аз ҳама гуна сӯиқасди нораво таъмин карда мешавад. Тарафҳое, ки дар ҳолати низоъ қарор доранд, онҳоро аз он ҳимоя менамоянд, ки бо дарназардошти синну сол ё бо сабабҳои дигар талаб карда мешавад.

Протоколи II низ нисбат ба низоъҳои мусаллаҳонаи дорои моҳияти ғайрибайналмилалӣ чунин нишондод дорад. Ҳамин тариқ, ҳар ду Протоколи иловагӣ тадбирҳои махсуси ҳимояи кӯдаконро дар шароити махсус дар давраи низоъҳои мусаллаҳона дар назар доранд. Ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстона нишондодҳои махсус дар бораи ҳимояи кӯдакон аз оқибатҳои амалиёти ҳарбиро дорад. Мутобиқи Протоколи I кӯдакони нав таваллудёфта бо маҷруҳон баробар дониста шудаанд. Кӯдакони то 15-сола ва модарони кӯдакони то 7-сола ба гурӯҳи аҳолии осоишта мансубанд. Аз ин рӯ бояд дар минтақаҳои санитарӣ ва бехатарӣ ҷой дода шаванд, ки тарафҳои дар низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ ширкаткунанда ташкил кардаанд (моддаи 14-и Конвенсияи IV Женева), онҳо бояд аз минтақаи дар муҳосира кӯчонида шаванд.

Протоколи I кӯчонидани кӯдаконро ҳамон вақте дар назар дорад, ки зарурат ба миён ояд, лекин Протоколи II кӯчонидани кӯдаконро аз минтақаи амалиёти низомӣ ва низоъҳои ҳарбии дорои моҳияти ғайрибайналмилалӣ ба минтақаҳои бехатари худи ҳамон мамлакат дар назар дорад.

Конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ муқаррар менамоянд, ки тарафҳо дар низоъи мусаллаҳонаи байналмилалӣ бояд ҳимоя ва кумаки кӯдаконро кунанд. Бо ин мақсад, давлатҳои узви қарордодҳои байналмилалии дар боло зикргардида, бояд барои интиқол ва расонидани марсулаву амонат (посилка)-ҳо роҳ кушоянд, ки онҳо барои кӯдакони то 15-сола ва занҳои таваллудкарда таъин гардидаанд. Дар мавриди тақсими кумаки инсондӯстона бояд ба кӯдакон ва занҳои ҳомила афзалият дода шавад. Давлати ғосиб бояд тамоми чораҳоро барои таъмин ва таҳсилоти кӯдакони ятим ё кӯдаконе, ки аз волидон ашон ҷудо карда шудаанд, биандешанд, ба шарте ки онҳо ба таъминоти волидон ё наздикон фаро гирифта нашуда бошанд; давлате, ки кӯдакон дар зери ҳокимияти он мебошанд, бояд таҳсилоти кӯдаконро таъмин намоянд.

Дар Конвенсияи IV-и Женева диққати махсус ба воқеаҳое дода шудааст, ки кӯдакон ятим мемонанд ё дар натиҷаи ҷанг аз волидон ашон ҷудо шудаанд. Тарафҳои низоъ вазифадоранд, ки барои таъмини ниёзмандиҳои зиндагӣ ва тарбияи кӯдаконе, ки синнашон то 15-сола буда, дар натиҷаи ҷанг ятим мондаанд ва ё аз оилаҳояшон ҷудо шудаанд, тадбирҳо андешанд. Роҳ додан мумкин нест, ки ин кӯдакон ба ҳоли худ гузошта шаванд, онҳоро дастикам дар кишварҳои бетараф ҷой кардан лозим аст.

Ҳолатҳое аз эҳтимол дур нест, ки кӯдакон ба комбатантҳо (ҷангиён, ҷанговарон) ёрӣ мерасонанд ё дар амалиёти ҳарбӣ иштирок мекунанд ва амалан худ ба комбатантҳо мубаддал мегарданд.

4. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи чаҳор Конвенсияи Женева ва Протоколҳои вобаста ба онҳо имзо кардааст. Ин санадҳо 26-уми феврали соли 1993 эътибори қонунӣ гирифтаанд.

Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак аз 20-уми ноябри соли 1989-ро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 имзо гузоштааст ва он 25-уми ноябри соли 1993 эътибори қонунӣ гирифтааст, мебошад. Протоколи Факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, ки ба кӯдакони ятим дар низоъҳои мусаллаҳона дахл дорад, (Протоколи факултативии I) Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 19-уми июни соли 2003 ба имзо расонид.

Дар асоси Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи тадбирҳои имконпазирро меандешад, ки кӯдакони синнашон то 15-сола бевосита дар амалиёти ҳарбӣ иштирок накунанд. Онҳо набояд барои хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ даъват шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро меандешад, то ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ ва иҷро шаванд. Ҳамзамон дар ин бора ба Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳолати татбиқи муқаррароти дахлдор гузориш пешниҳод менамояд. Ин тадбирҳо ба риояи минбаъдаи ҳуқуқи кӯдакон, ки дар қарордодҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мусоидат мекунанд. Барои татбиқ ва дар сурати вайрон гардидани ҳуқуқи кӯдакон ҷиҳати ҳимояи ҳамаҷонибаи онҳо шароити зарурӣ муҳайё намоянд.

Савол ва супориш:

  1. Асноди ҳуқуқии байналмилалиро, ки дар онҳо ҳуқуқи кӯдакон инъикос ёфтаанд, номбар кунед. Бигӯед, ки дар кадоме аз ин санадҳо меъёрҳои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар мавриди низоъҳои мусаллаҳона инъикос гардидаанд.
  2. Оё шумо дар бораи таърихи қабули асноди ҳуқуқии байналмилалӣ, ки ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон бахшида шудаанд, иттилоъ доред?
  3. Дар асноди ҳуқуқии байналмилалӣ кадом меъёрҳои ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон бахшидашуда боиси таваҷҷуҳи махсуси шумо гардиданд ва барои чи?

Реклама