§3.1. ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

1. МАФҲУМИ «ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИ ИНСОН». Ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон вазифаи муҳимми ҳам созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам давлатҳои демократӣ эътироф гаштааст. Ин бесабаб нест, чунки фарҳанги ҳуқуқӣ тарғибу тарбияи арзишҳои эътироф намудаи инсонро дар назар дорад. Фарҳанги ҳуқуқӣ – фарҳанги умумиинсонист. Он фарҳанги одамони ҳазорсолаи саввум хоҳад гардид.

Эътироф, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷузъи фарҳанги ҳуқуқи инсон буда, бе дониш- омӯзӣ, бе маърифатнокии аҳолӣ, бе ҷараёни мунтазами таълим номумкин аст. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон маърифатнокӣ, тарбияву таълимро металабад. Инсон ҳар чи қадар бештар аз ҳуқуқу озодиҳои фардӣ бархӯрдор бошад, сатҳи истифодаву риояи онҳо ҳамон қадар беҳтар мегардад. Надонистани ҳуқуқи инсон боиси нофаҳмиву беаҳаммиятии инсон нисбат ба он мегардад.

Ҷараёни таълими ҳуқуқи инсон мақсаднок аст, зеро ба мақсади ташаккули донишу малака ва арзишҳои ахлоқӣ ба роҳ монда мешавад. Сониян, таълим мунтазам сурат мегирад, яъне аз давраҳои муайяни таълим иборат аст. Ниҳоят, таълими ҳуқуқи инсон муташаккилона, тибқи барномаҳову консепсияҳои байналмилалӣ, барномаву нақшаҳои давлативу таълимӣ мегузарад, аз тарафи марказҳои ягонаи таълиму тарбия ташкил ва идора мешавад. Натиҷаи ниҳоии таълими ҳуқуқи инсон ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон аст.

Фарҳанги ҳуқуқи инсон маҷмуи донишҳои инсонии илман ва амалан асоснокгашта оид ба ҳуқуқи инсон, қобилияту истеъдоди шахсии дарк, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва арзишҳои ахлоқист, ки дар ҷараёни таълими ҳуқуқи инсон ташаккул меёбад.

Донишҳои инсонӣ он тасаввуроту мафҳумҳо, ақидаву ғояҳоеро дар бар мегирад, ки дар тафаккури инсон доир ба ҳуқуқу озодиҳояш дар ҷараёни таълими мақсаднок, танзимгашта, мунтазам ва муташаккилона ташаккул меёбанд. Дар баробари аз худ намудани донишҳои соҳаи ҳуқуқи инсон ҳар фард бояд дорои қобилияту малакаи дарки онҳо ба ҳайси ҳуқуқи фитрӣ ва дахлнопазир, маҳорати истифодаи фаъолона ва дурусти онҳо, ҳифзи онҳо тавассути механизмҳои милливу байналмилалӣ бошад. Фарҳанги ҳуқуқи инсон дар баробари донишҳо аз арзишҳои ахлоқӣ (адолат, бовиҷдонӣ, масъулият, эҳтироми одамон) низ иборат аст.

2. СИЁСАТИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ДАР РУҲИЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА КОНСЕПСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЪЛИМ ДАР СОҲА. Нуктаҳои асосии сиёсати тарбияи насли наврас дар руҳияи ҳуқуқи инсон дар як қатор ҳуҷҷатҳо ва маводди байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ инъикоси ёфтаанд. Беш аз 30 сол аст, ки Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ, Шурои Аврупо машғули масъалаҳои марбут ба таълими ҳуқуқи инсон дар мактабҳои умумианд. Ин созмонҳо пешниҳодоти мушаххасро дар ин соҳа муқаррар мекунанд. Дар заминаи онҳо давлатҳо масъулияти хешро баҳри тарғибу ташвиқи ғояҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳуқуқи инсон дарк намуда, пешниҳодоти ташкилотҳои байналмилалиро дар ҷараёни ташкили омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон истифода мебаранд. Дар ташкили таълими ҳуқуқи инсон созмонҳои ғайриҳукуматӣ низ саҳмгузоранд.

Зери мафҳуми консепсияи байналмилалии таълими ҳуқуқи инсон низоми андеша, ақида оид ба ҳуқуқи инсон ва фаъолияти маърифативу амалӣ баҳри омӯзиши онҳо фаҳмида мешавад.

Консепсияи мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид. ЮНЕСКО, Шурои Аврупо, Пажуҳишгоҳҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳод шудааст. Он аз унсурҳои зайл иборат аст: мақсад, вазифаҳо, самтҳои асосӣ, мазмун, усулҳо, шаклҳо ва воситаҳои таълими ҳуқуқи инсон.

3. БАРНОМАЮ САНАДҲОИ АСОСИИ СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Солҳои 60-70-ум асри гузашта дар мамолики Аврупо, ИМА, Канада теъдоди зиёди барномаҳо дар соҳаи таълими иҷтимоӣ ва солҳои 80-ум марбут ба ҳуқуқи инсон пешбарӣ мешаванд. Ҳадаф аз коркарди онҳо тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтироми ҳуқуқи инсон, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ буд. Даҳсолаи охир бо иштирок ва саҳми созмонҳои байналмилалӣ, ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ барномаҳои мукаммали соҳаи таълими ҳуқуқи инсон дар ҷараёни таълими давлатҳои мутамаддин ҷорӣ гаштанд. Ин барномаҳоро Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ, Шурои Аврупо дастгирӣ мекунанд. Ҳамчунон омӯзиши таҷрибаи таълими ҳуқуқи инсон ҷараён дорад.

Дар ин кор саҳми созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ низ назаррас аст. Онҳо шаклҳои гуногуни равобит бо мактабҳои миёнаи умумиро истифода намуда, дар ташвиқи донишҳои хуқуқи инсон бевосита ширкат меварзанд. Ин ташкилотҳоро, одатан, ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1) созмонҳои махсусгардонишудаи ёрирасон (ҳам дунявӣ ва ҳам динӣ), ки дорои марказҳои гуногуни инкишофанд (масалан, Фонди наҷоти кӯдакон, ЮНИСЕФ); 2) ташкилотҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини сулҳ (аз қабили Афви байналмилалӣ); 3) ташкилотҳои вобаста ба таҳияи барномаҳо, ки дорои марказҳои махсуси таълимӣ, гурӯҳҳои корианд (аз қабили Шурои таълими шаҳрвандии умумӣ ё Маркази таълими глобалии Донишгоҳи Йорк, воқеъ дар Британияи Кабир).

Мақсаду вазифаҳои таълими ҳуқуқи инсон дар санадҳои байналмилалӣ пешбинӣ мешаванд. Дар Симпозиуми Вена таҳти унвони «Тарбия дар руҳияи ҳуқуқи инсон дар мактабҳои Аврупои Ғарбӣ» (17-20-уми майи соли 1983) номгӯйи санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсон муайян гардид. Ин, пеш аз ҳама, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон аст, ки дар он вазифаи давлатҳо баҳри мусоидат ба эҳтироми ҳуқуқи инсон эълон гаштаанд. Дар Эъломия боз ду нуктаи дигар таъкид мешавад.

Нуктаҳо асоси ташкили таълими ҳуқуқи инсон дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон эътироф мешаванд.

Дар Конференсияи Кулли СММ оид ба масъалаҳои таълим, илм ва фарҳанг, ки 17-23-юми ноябри соли 1974 дар Париж даъват шуда буд, масъулияти давлатҳо барои ташкили таълими ҳуқуқи инсон таъкид гардид. Дар ин Симпозиум «Тавсияҳо оид ба тарбия дар руҳияи ҳамдигарфаҳмии байналмилалӣ, ҳамкорӣ, сулҳ ва тарбия дар руҳияи эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ» қабул гардид. Ин санад дар сиёсати байналмилалии тарбиявӣ санади асосӣ гардид. Дар банди чоруми боби 3-и санади номбурда, усулҳо, мақсад ва вазифаҳои сиёсати таълими ҳуқуқи инсон муайян гаштанд: а) ҷанбаи байналмилалӣ ва дурнамои умумиҷаҳонии дар ҳамаи сатҳу шаклҳои таълим; б) фаҳмиш ва эҳтироми ҳамаи халқҳо, фарҳанг, тамаддун, арзишҳо ва шакли ҳаёти онҳо, аз ҷумла фарҳанги маҳаллии ақаллиятҳои миллӣ ва фарҳанги миллатҳои дигар; в) дарки ҳамбастагии байни халқҳо ва миллатҳо; г) омодагӣ ба ҳамкорӣ бо дигарон; ғ) дарки на танҳо ҳуқуқҳо, балки вазифаҳои ба зиммаи ашхоси алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва халқҳо нисбат ба якдигар гузошташуда; д) дарки зарурати ҳамбастагӣ ва ҳамкории байналмилалӣ; е) омодагии шахси алоҳида ба иштирок дар ҳалли масоили ҷомеаи худ, кишвари худ ва умуман, ҷаҳон. Дар банди 18-и боби 5-и ин санад нобаробарӣ, беадолатӣ, истифодаи қувва дар муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи он омилҳое номбар мешаванд, ки пеши роҳи таълими ҳуқуқи инсонро мегиранд.

Бо дарназардошти муҳим будани тавсияҳои зикргашта санади, номбурда ҳоло чун дастури асосӣ дар соҳаи тарбия эътироф гардидааст.

Дар таълими ҳуқуқи инсон ҳуҷҷати дигар бо номи «Нақшаи ҷаҳонии фаъолият оид ба тарбия дар руҳияи ҳуқуқи инсон ва демократия» низ аҳаммияти муҳимро дорост. Он дар Конгресси байналмилалӣ оид ба тарбия дар руҳияи ҳуқуқи инсон ва демократия, ки дар доираи ЮНЕСКО ва Маркази ҳуқуқи инсони СММ (моҳи марти соли 1993) қабул шудааст. Дар он зарурати ҷоннок намудани иштироки шахси алоҳида, оила, ҷомеа, давлат, Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, дар табдили ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҷомеаи сулҳпарвар, ки дар он кулли ҳуқуқи инсон эҳтиром мегарданд, таъкид мешавад. Баҳри ин ҳадаф таълими ҳуқуқи инсон дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ бояд ҷорӣ гардад.

Дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсон «Эъломияи Вена ва барномаи фаъолият», ки моҳи июни соли 1993 дар Конференсияи байналмилалӣ қабул шудааст, аҳаммияти калон дорад. Он ба зиммаи давлатҳо – узви СММ вазифаи таҳияи барномаҳои таълимии соҳаи ҳуқуқи инсонро мегузорад. Дар заминаи ин санадҳои байналмилалӣ, аз ҷониби ташкилотҳои минтақавӣ ва миллӣ санадҳои дигари зарурӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсон қабул шудаанд. Дар Қарордоди Шурои Аврупо таҳти унвони «Таълими ҳуқуқи инсон» аз 25-уми октябри соли 1978 зарурати омӯзиши ҳуқуқи инсон таъкид гашта, қайд мешавад, ки таълими ҳуқуқи инсон кафили ҳифзи онҳост.

Ин санадҳо дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсон дар мамолики дигар низ қабул шудаанд. Масалан, дар Канада Билл оид ба ҳуқуқи соли 1960, Конститутсияи Канада аз соли 1982, Хартияи Канада оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ, Санад оид ба забонҳои расмӣ, Санад оид ба ҳуқуқи инсон аз соли 1977 мақсаду вазифаҳои таълими ҳуқуқи инсонро муайян мекунанд. Барномаи миллӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсон дар ИМА низ тасдиқ шудааст. Санадҳои зарурӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсон дар давлатҳои дигар низ қабул гаштаанд.

4. МАФҲУМҲОИ АСОСИИ СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар санадҳои номбурда теъдоди зарурии мафҳуму истилоҳот дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқи инсон истифода мешаванд. Мафҳуми «тарбия дар руҳияи ҳуқуқи инсон» унсурҳои зеринро дар бар мегирад: 1) муқаддимаи санадҳои байналмилалӣ (Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонӣ), ки дар он аҳаммияту зарурати таълим дар ин соҳа таъкид мешавад; 2) номгӯйи ҳуқуқи умумиинсонӣ (ба ҳаёт, озодӣ, бехатарӣ, адолат, ҳаёти шахсӣ); 3) номгӯйи озодиҳои асосӣ (аз шиканҷа, аз ғуломӣ, аз поймолгардии ҳуқуқҳо, аз бадарға). Мақсади тарбия дар руҳияи ҳуқуқи инсон мусоидат намудан ба мубориза баҳри адолат ва сулҳ дар ҷаҳон аст.

Мазмуни тарбияро дар руҳияи ҳуқуқи инсон дар мактаби миёна ҳамаи он чизе ташкил медиҳад, ки дар доираи фанни ҳуқуқи инсон омӯхта мешавад. Ҷараёни тарбия дар руҳияи ҳуқуқи инсонро воситаву усулҳои омӯзиш ташкил медиҳанд. Мафҳумҳои асосие, ки ба таркиби фанни ҳуқуқи инсон дохиланд, иборатанд аз: ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқи ақаллиятҳо, занону кӯдакон, вазифаҳову масъулият, тоқатпазирӣ, баробарӣ, адолат, адолати судӣ, худмуайянкунӣ, сулҳ, некуаҳволӣ, низоъ.

Қобилият барои фаҳмиши ҳуқуқи инсон ва мусоидат ба онҳо зарур шуморида мешавад. Дар Тавсияи Шурои Аврупо қобилияту истеъдоди зерин чун ҷузъи таълими ҳуқуқи инсон эътироф мешаванд: қобилияти ақлӣ (қобилияти ифодаи шифоҳиву хаттии фикр, шунидан ва баҳс намудан, ҳимоя намудани фикри шахсӣ, истеъдоди баровардани хулоса дар заминаи ҷамъу таҳлили сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла воситаҳои ахбор, таҳлили онҳо, баровардани хулосаҳои асоснок, қобилияти ошкор сохтани ҳама гуна каҷфаҳмӣ, аз байн бурдани хурофоту қолабҳои куҳна; қобилияти иҷтимоӣ (истеъдоди дарки тафовут, муқаррар намудани муносибати қобили қабул бо дигарон бидуни фишор, ҳалли низоъ бе истифодаи хушунат, ба худ гирифтани масъулият, истифодаи механизми ҳифзи ҳуқуқҳо дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ, ҷаҳонӣ).

Арзишҳо истифодаи арзишҳои ахлоқиро дар назар дорад, аз ҷумла дар ҷараёни омӯзиши ҳуқуқи инсон дар синф- ҳои ибтидоӣ, ба синни наврасон мутобиқ гардонидани мафҳумҳои мураккаби соҳаи ҳуқуқи инсонро пешбинӣ мекунанд. Озодӣ, тоқатпазирӣ, адолат, эҳтироми ҳақиқат аз қабили чунин арзишҳоянд.

Саҳми ҷамъиятӣ унсурҳои зеринро дар бар мегирад: 1) фазои демократӣ, ки заминаи иштироки шахс дар ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ буда, имкони изҳори ошкорои ақида, фаъолияти озодонаро фароҳам меорад; 2) фазои мусоиди мактаб, ки барои иштироки волидон ва аъзои дигари ҷомеа дар ҳаёти мактаб мусоидат мекунад; 3) фароҳам овардани шароит барои ошкор гаштани қобилияти зеҳниву истеъдоди хонандагон дар санъат, мусиқӣ, варзиш дар фаъолияти беҳтари мактаб ва омӯзгорон.

Савол ва супориш:

  1. Таълим ва фарҳанги ҳуқуқи инсон чист?
  2. Мақсаду вазифаҳои таълими ҳуқуқи инсон тибқи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ кадомҳоянд?
  3. Санадҳои байналмилалиро дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсонро номбар кунед.
  4. Саҳми мактаб ва омӯзгоронро дар ташкили тарбияву таълими ҳуқуқи инсон муайян намоед.
  5. Зарурати қабули барномаҳои соҳаи таълими ҳуқуқ дар чист?
  6. Саҳми созмонҳо байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ дар ин самт дар чӣ зоҳир мегардад?
  7. Ташкили таълими ҳуқуқи инсон чӣ тавр сурат мегирад?
  8. Ҳуҷҷатҳои асосии ин соҳа кадомҳоянд?

Реклама