§3.2. ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. ТАЪЛИМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Таълими ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҷузъи сиёсати давлатии таълим аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки тарбияи насли наврас дар руҳияи арзишҳои эътирофгаштаи инсон, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа буда, ба омода намудани ҷавонон ва аъзои дигари ҷомеа дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқӣ равона шудааст. Вақти он расидааст, ки таълими ҳуқуқи инсон дар қатори фанҳои дигар дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ҷорӣ гардад. Инкишофи ҷомеаи имрӯза аз тарбияву таълими хонандагон вобаста аст. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ, бо иштироки мутахассисон барномаи таълимии «Ҳуқуқи инсон» барои синфҳои 10 ва 11-и мактабҳои миёна ва дар асоси он китобҳои дарсӣ таҳия гаштааст. Ин иқдоми нек ва муҳим дар таълими ҳуқуқи инсон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст.

Ҳанӯз дар «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24-уми августи соли 1990 давлати Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон ва шахсоне, ки шаҳрвандӣ надоранду аммо дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, сарфи назар аз аслу насаб, вазъи иҷтимоӣ, дороӣ, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, забон, ҷинс, ақидаи сиёсӣ, эътиқоди динӣ, навъу хусусияти кор, ҷойи истиқомат ва ҳолатҳои дигар тамоми ҳуқуқу озодиҳоро кафолат дода буд (банди 10). Ҳамчунин дар банди мазкур кафолати ҳуқуқу озодиҳо мувофиқи меъёрҳои маъмули ҳуқуқии байналмилалӣ кафолат дода шуда буданд. Сипас Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 дахлнопазир ва фитрӣ будани ҳуқуқии инсонро (моддаи 5) ва афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро дар низоми ҳуқуқии кишвар эълон намуд (моддаи 10). Дар заминаи ин санадҳои миллӣ, ҷараёни ворид гаштани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз гардид. Тоҷикистон омодагиашро ба амалӣ намудани арзишҳои ҳуқуқии инсон, аз ҷумла дар соҳаи ҳуқуқи инсон ошкоро эълон намуд.

Сипас дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. Ин барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми августи соли 1997 «Дар бораи як қатор чораҳои беҳтар намудани таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» тасдиқ гардид. Дар барномаи мазкур зарурати таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъкид гардидааст. Дар заминаи ин санадҳо ва санадҳои меъёрӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои корӣ дар дохили вазорату идораҳо оғоз гардид, конференсияву семинарҳои байналмилалӣ ва миллӣ гузаронида шуданд.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис- тон аз 1-уми декабри соли 1999 «Дар хусуси вусъати раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» тибқи талаботи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, бо дарназардошти принсипҳо, мақсад ва вазифаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, бино бар Даҳсолаи эълонгаштаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон (1995 – 2004) Барномаи «Системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Аммо таҷрибаи кор дар ин самт зарурати баланд бардоштани сифати таълимро дар соҳаи ҳуқуқи инсон талаб намуд. Илова бар ин, низоми ягонаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ташаккул наёфта буд. Ҷиҳати рафъи ин ҳолат дар низоми таълими мактаби олӣ ва миёнаи умумӣ фанни таълимии «Ҳуқуқи инсон» пешбинӣ шуд. Бо ин мақсад соли 2006 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нахустин маротиба дар низоми таълими донишгоҳӣ дар ҳавзаи таълимии ИДМ кафедраи «Ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ» кушода шуд. Кафедраи мазкур ҷиҳати омода намудани мутахассисон ва ҳуқуқшиносони бо ҳуқуқи инсон сару кор дошта тайи солҳои оянда хидмати арзанда карда истодааст.

Ҳамчунин, барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026 бо дарназардошти марҳилаи чоруми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020 – 2024 такмил дода шуда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия шудааст. Барнома низоми таълимро дар марҳилаи нави рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хидматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст.

Тибқи ин Барнома таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон вазифаи аввалиндараҷа эътироф гашта, ба он байни вазифаҳои дигар афзалият дода мешавад:

  1. Барои такмили самаранокии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон кадом санадҳо қабул гардидаанд?
  2. Дар ин замина дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ кадом фанни нав ҷорӣ карда шудааст?
  3. Мақсаду вазифаҳои таълими ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ кадомҳоянд?
  4. Ҷараёни ташкили таълими ҳуқуқи инсон дар кишвари мо чӣ тавр сурат мегирад?

2. МАҚСАДУ ВАЗИФАҲОИ ТАЪЛИМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Барнома ва низоми таълими ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба мақсади тавсеаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули масъулият ва эҳтироми қонунҳо, дарки ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо қабул шудааст. Низоми таълими ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани эҳтирому ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо; таҳияи стратегияи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон; таъсиси муассисаву ташкилотҳои марказиву маҳаллии марбут ба таълими ҳуқуқи инсон; пешгирии қонуншиканӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон; такмил ва таҳияи барномаву васоити таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон; истифодаи сарчашмаҳои гуногун, услубҳои гуногун дар ҷараёни таълими ҳуқуқи инсон; мусоидат ба иҷрои вазифаҳои байналмилалии ба зимма гирифтаи давлат дар соҳаи ҳуқуқи инсон; мусоидат намудан ба ворид гаштани талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ давра ба давра рушд ва такмил ёфта истодааст.

Таълиму тарбия дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар низоми Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, дар заминаи Конститутсияи Тоҷикистон, қонунҳои ҷумҳурӣ, фармонҳои Сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумат, санадҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад. Тибқи ин ҳуҷҷатҳо, дар замони Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ омӯзиши фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» дар синфҳои 8-9 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, фанни «Ҳуқуқ» дар макотиби миёнаи касбӣ, «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷорӣ гашт. Дар барномаҳои таълимии мактабҳои олии касбӣ омӯзиши асосҳои давлату ҳуқуқ пешбинӣ шуд. Дар як қатор мактабҳои олӣ, факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, шуъбаҳои «ҳуқуқшинос», «ҳуқуқшинос-психолог», «ҳуқуқшинос-омӯзгор» ташкил шуданд. Хуллас, таълими васеи асосҳои давлат ва ҳуқуқ ба роҳ монда шуд.

Аммо низоми то ин дам мавҷудаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон нокифоя буда, такмили минбаъдаи худро талаб намуд. Аз ҷумла фанни мустақили «Ҳуқуқи инсон», пеш аз ҳама, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ нагашта буд. Ҳол он ки ҷорӣ кардани таълими ҳуқуқи инсон, дар баробари асосҳои давлату ҳуқуқ, талаби ҷомеаи ҷаҳон, пеш аз ҳама, санадҳои байналмилалӣ буда, ҷузъи асосии фарҳанги ҳуқуқи инсон аст. Омӯзиши танҳо асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар ин самт нокифоя аст. Аз ин лиҳоз, дар Барномаи давлатӣ зарурати ҷорӣ намудани фанни «Ҳуқуқи инсон» дар муассисаҳои таълимӣ махсус таъкид гардид. Дар ин Барнома ҳамчунон дигар камбудиҳо дар соҳаи ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ қайд шуданд, аз қабили нарасидани кадрҳои касбии педагогии соҳаи таълими асосҳои давлат ва ҳуқуқ, истифодаи кадрҳои танқисӣ дар таъминоти моддӣ-техникии мактабҳо, норасоии адабиёти таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, набудани консепсияи таълими ҳуқуқи инсон, амал накардани маҳфилҳо оид ба таълими ҳуқуқи инсон ва марказҳои махсуси машваратӣ дар мактабҳо.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсон ва баланд бардоштани сифати таълим, Барнома зарурати андешидани чораҳои пешбинӣ намуд: ҷорӣ намудани фанни «Ҳуқуқи инсон» дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умуми; таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводди таълимӣ-методӣ; ҷоннок намудани истифодаи воситаҳои ахбор дар кори иттилоотӣ-маърифатӣ; таъсиси маҳфилҳо оид ба ҳуқуқи инсон дар Маркази кӯдакон ва нав- расон, мактабҳо, муассисаҳои дигари таълимӣ; ташкили маркази машваратии ҳуқуқи инсон дар мактабҳо; нашри оммавии китобҳои гуногун дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи кӯдак; тадқиқи вазъи таълим дар соҳаи ҳуқуқи нисон дар ҷумҳурӣ; истифодаи воситаҳои муосири техникӣ; омӯзиши таърихи ҳуқуқи миллӣ, таҷрибаи давлатҳои мутамаддин дар соҳаи таълими ҳуқуқи инсон.

Тибқи талаботи Барнома дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Вазорати маориф ва илм, устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мутахассисони созмонҳои байналмилалии воқеъ дар Тоҷикистон, бо иштироки Вазорати маориф ва илм, Пажуҳишгоҳи илмҳои педагогии Академияи илмҳои педагогӣ, Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (Лоиҳаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон), Шуъбаи СММ оид ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, Маркази Тоҷикистонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо барномаи таълимии фанни «Ҳуқуқи инсон» ва нахустин китоби дарсии «Ҳуқуқи инсон» барои хонандагони мактабҳои миёна таҳияву нашр гардид. Тибқи ин барномаи таълимӣ, омӯзиши фанни мус- тақили «Ҳуқуқи инсон» дар мактабҳои таҳсилоти умумии миёнаи ҷумҳурӣ (барои хонандагони синфҳои 10-11) дар ҳаҷми 136 соат сурат мегирад. Дар доираи ин ҳаҷм соат мафҳуму моҳияти ҳуқуқи инсон, таърихи ташаккули афкори ҳуқуқии инсон бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳониву ватанӣ, усулҳо ва навъҳои ҳуқуқи инсон, асосҳои маҳдудсозии санадҳои ҳуқуқи инсон, таносуби ҳуқуқи инсон бо сиёсату ахлоқ, ҳуқуқи инсон дар шароити бунёди давлати ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, санадҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, вазифаҳои асосии фард, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон омӯхта мешаванд. Дар таълими фанни «Ҳуқуқи инсон» дар синфи 11 ҳуқуқи инсон дар шароити тавсеаи равандҳои глобалӣ, фаъолияти санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, моҳияти ҳуқуқ ба ҳаёт, шиканҷа ва ҷазоҳову муносибати бераҳмона нисбати инсон, ҳуқуқи кӯдак, занон, ашхоси дорои қобилияти маҳдуд, пиронсолон, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ҳуқуқи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ таносуби ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи гуманитарӣ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон мавриди омӯзиши муфассал қарор мегиранд.

Дар Тоҷикистон таълиму тарбия дар соҳаи ҳуқуқи инсон бахшҳои зеринро дар назар дорад: дар муассисаҳои томактабӣ, дар синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4), байни нав- расон (синфҳои 5-9), дар синфҳои болоӣ (синфҳои 10-11), дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникуму коллеҷҳо, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо дар аспирантура, докторантура ва муассисаҳои такмили ихтисос. Илова бар ин, ташакули фарҳанги ҳуқуқи инсон маърифатнокии аҳолиро низ дар назар дорад. Бо ин мақсад таълими хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои гуногун новобаста аз шаклҳои моликият, маърифатнок намудани кӯдакони ятим, бепарастор, маъюб, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, занон, нафақахӯрон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, гурезагон, ашхоси дастгиру маҳбусгашта аз аҳаммият холӣ нест.

Ташкили таълими ҳуқуқи инсон ва низоми идораи он дар Тоҷикистон аз чор сатҳ иборат аст: 1) сатҳи ҷумҳуриявӣ – Ҳукумати Тоҷикистон, вазоратҳои маориф, адлия, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дигар вазорату идораҳои мутасаддӣ; 2) сатҳи вилоятӣ ва шаҳрӣ (шаҳри Душанбе) – раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, идораҳои вилоятии маориф, адлия ва мақомоти дигари мутасаддӣ; 3) сатҳи ноҳиявӣ – раисони ноҳия, шуъбаҳои ноҳиявии маориф, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдор; 4) сатҳи худидоравӣ – ҷамоати шаҳраку деҳот.

Ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иштироки фаъолонаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, оила, мактаб, аҳолиро дар тарғибу ташвиқи арзишҳои ҳуқуқи инсон, тарбияву таълими ҳуқуқи инсон дар назар дорад.

3. ИШТИРОКИ АҲЛИ ҶОМЕА ДАР ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон кори тамоми аҳолӣ, ҷомеа ва давлат буда, саҳми мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои худфаъолияткунанда, воситаҳои ахбори омма, гурӯҳҳои гуногуни аҳолии кишварро талаб мекунад. Иштироки сохторҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кор дар заминаи ҳаёти демократии ҷомеа, гуногунии мафкуравӣ ва сиёсӣ сурат мегирад. Илова бар ин, ташкил ва идораи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ғайримарказонида шудааст. Ҳукумат ва мақомоти марказӣ як қатор ваколатҳоро дар соҳаи тарбияву таълими ҳуқуқи инсон ба зиммаи созмонҳои ғайриҳукуматӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон гузоштаанд, ки айни замон имкони истифодаи озодонаи захираҳои инсонӣ, моддиву молиявиро аз ҷониби онҳо муҳайё месозад. Баҳри таъмини муташаккили фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нақши ҳамоҳангсозро мебозад. Ҳамчунин дар таъмини ин муташаккилӣ фармонҳои Сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумат, таҳияи барномаи давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, барномаву дастурҳои Вазорати маориф ва илм нақши ҳалкунанда доранд.

Дар замони инқилоби ҷаҳонии иттилоотӣ-технологӣ саҳми воситаҳои ахбор дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ торафт меафзояд. Нақши воситаҳои ахбори кишвар дар тарғиби арзишҳои ҳуқуқии инсон, бархӯрдор намудани аҳолӣ аз онҳо, паҳн намудани иттилоот байни гурӯҳҳои бештари аҳолӣ калон аст. Дар заминаи кафолати конститутсионии озодии иттилоот истифодаи воситаҳои ахбор аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон вусъат меёбад. Таъсиси рӯзномаву маҷаллаҳои нав, телевизион ва радиоҳои нави давлатӣ ва соҳавӣ бо барномаҳои таълимӣ аз вусъати омӯзишу таълими арзишҳои ҳуқуқи инсон дар воситаҳои ахбори ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳанд.

Фарҳанги ҳуқуқи инсон, ки ҳоло дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, ҷузъи фарҳанги инсон аст.

Барои ҳамин дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ саҳми созмонҳои байналмилалӣ (намояндагии Шуъбаи СММ оид ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ, Хазинаи СММ барои инкишофи манфиати занҳо, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Созмонҳои байналмилалии муҳоҷирон, Идораи Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх) назаррас аст.

Савол ва супориш:

  1. Ба ташкили таълими ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аҳаммият дода мешавад?
  2. Дар ин самт дар солҳои Истиқлоли давлатӣ кадом санадҳои ҳуқуқии муҳим қабул шудаанд?
  3. Таълими ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар заминаи кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сурат мегирад?
  4. Мақсаду вазифаҳои таълими соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чӣ иборатанд?
  5. Нақши сохторҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон дар таълими ҳуқуқи инсон чӣ гуна аст?
  6. Дар мактабе, ки он ҷо таҳсил доред, таҳлили тарзи ташкили таълими ҳуқуқи инсонро дар иртибот бо талаботи санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ мустақилона анҷом дода, норасоиҳои ин корро ошкор (агар ҷой дошта бошанд) сохта, барои такмили он таклифҳои муфид пешниҳод намоед.
  7. Ғайр аз давлати Тоҷикистон дар тарбияву таълими ҳуқуқи инсон боз кадом воҳидҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳм доранд? Иштироки созмонҳои байналхалқӣ дар ин самт чӣ гуна аст?
  8. Кадом созмонҳои байналмилалӣ дар омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд?
  9. Доир ба мазмуни таҳсилоти фанни ҳуқуқи инсон барои мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ чӣ иттилоъ доред?

Реклама