1. МАСЪАЛАИ ВНМО/БПНММ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН. Мутобиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахсӣ ва нигоҳубини тиббӣ ҳуқуқ дорад.
Мард ва заноне, ки ба синни балоғат расидаанд, ҳуқуқ доранд бидуни ягон маҳдудияти нажодӣ, миллӣ ё динӣ издивоҷ кунанд ва оила бунёд намоянд.
Мутаассифона, баъзан одамон даст ба рафтору амали ношоиста, аз қабили тамокукашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ мезананд. Маҳз чунин рафторҳои манфӣ метавонад ба ҳар гуна бемориҳо оварда расонад. Шахси истеъмолкунандаи маводди мазкур бо рафторҳои номатлуби худ метавонад ба ҳар навъ бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гирифтор шавад. Бояд донист, ки ин бемориҳо оқибати нохуш дошта, ба марг оварда мерасонанд.
ВНМО барангезандаи бемории пайдошудаи норасоии муҳассали масуният (БПНММ) мебошад. БПНММ – бемории сирояткунанда аст. Калимаи «масуният» маънои низоми худмуҳофизати инсонро дорад. Бояд зикр намуд, ки ВНМО ва БПНММ мафҳумҳои гуногунанд. ВНМО барангезандаи БПНММ буда, сироятёбӣ аз вақти ба бадани инсон ворид шудани вирус сар мешавад, ки он нишонаҳои зоҳирӣ надорад.
БПНММ нишонаҳои зоҳирии гуногун дорад. Дар ин муддат ҳуҷайраҳои масунияти инсон кам гашта, қобилияти худмуҳофизатии худро гум мекунанд. Вирус ба қобилияти худмуҳофизатии инсон таъсири манфӣ расонида, онҳоро харобу заиф месозад.
Аввалин сироятёфтагон ва беморони БПНММ солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта ба қайд гирифта шудаанд. Баъдтар ин беморӣ дар байни шахсоне, ки моддаҳои нашъаоварро ба таври тазриқӣ (бо сӯзандору) истифода мебурданд ва шахсоне, ки ба бемории вазнини хун (гемофилия) гирифтор буданд, ошкор шуд. Соли 1983 аввалин бор олими амрикоӣ Роберт Талло ва олими фаронсавӣ Люк Монтане барангезандаи БПНММ-ро пайдо карда, ба он вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ном гузош- танд. Аз ҳамон сол сар карда сироятёфтагон дар бисёр қитъаҳои ҷаҳон ба қайд гирифта мешуданд ва ҳоло ин беморӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гашта, шумораи сироятёфтагон рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.
Давлатҳо бояд қонунҳои зиддитабъизии ҳимоякунандаро пиёда ва пурзӯр кунанд, то он гурӯҳҳои нисбатан суст, ашхоси гирифтори ВНМО/БПНММ ва маъюбонро дар бахшҳои давлатию хусусӣ ҳимоя кунанд. (Тавсияи Комиссари олии СММ)
Дар айни замон ҷавонон дар бораи оқибатҳои оғози бармаҳали муносибатҳои маҳрамона хеле кам иттилоот доранд. Ҳамаи ин ба паҳншавии бемориҳо, аз ҷумла ВНМО оварда мерасонад. Пеш аз ҳама ҷавонон, махсусан, духтаронро мебояд покии ахлоқро дар муносибат ба мардон ҳифз намоянд.
Роҳҳои сирояти ВНМО/БПНММ гуногун мебошанд. ВНМО/БПНММ фақат аз инсон ба инсон мегузарад. Асосан, ВНМО бо се роҳ ба бадани инсон ворид мегардад:
Сирояти ин беморӣ ба рафтору кирдори ҳар як шахс вобастигии калон дорад. Бинобар ин дар навбати аввал шахсоне, ки рафторашон аз чорчӯбаи ахлоқӣ берун буда, ба нашъамандӣ даст мезананд, аз алоқаи маҳрамонаи пеш аз муҳлат ва бетартиб худдорӣ намекунанд, шарикони ҳамхоби худро тез-тез иваз мекунанд, дар оила вафодор нестанд, ба ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда (БСҶ), аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гирифтор мешаванд. Ҳамин тавр, бо чунин гурӯҳҳои эҳтиёҷманд инсонвор мебояд муносибат кард, чунки онҳо ҳам аз ҳамаи ҳуқуқи инсонӣ ва шаҳрвандӣ бархӯрдор мебошанд.
Аз тарафи давлату ҷомеа бояд нисбат ба ин гурӯҳ одамон ғамхорӣ зоҳир карда шавад. Баробари дигарон онҳо низ ҳуқуқи хондан, кор кардан, дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ иштирок намуданро доранд.
2. МАСЪАЛАИ НАШЪАМАНДӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН. Аз зумраи бемориҳои зарароваре, ки миёни ҷавонон бештар густариш намуда, дигар ҳуқуқи онҳоро ба саломатӣ осебпазир мегардонад ин бемории ВНМО ва нашъамандӣ мебошад. Нашъамандӣ, махсусан, дар байни ҷавонон паҳн гашта, бевосита зарари ҷиддӣ расонидан ба худ ва дигарон мебошад.
Ҷавонони моро зарур аст, ки зарар ва оқибати ин ду бемории ба саломатӣ ва ҳуқуқи инсон ҷиддӣ зараррасонро дуруст сарфаҳм раванд. Барои гирифтори чунин бемориҳо нашудан тамоми имкону неруи ақлонии худро истифода намудан, мутобиқ ба талаботи конунгузорӣ чораҳои ҳатмии пешгирӣ аз онҳоро риоя намоянд.
Ҳар як фард бояд ба саломатӣ ва рафтору кирдори худ ҷавобгӯ бошад. Аз рӯйи тақлид, кунҷковӣ ё ҳавас ҳеч гоҳ маводди нашъадорро истифода набарад, аз таъсири манфӣ ва оқибатҳои бади онҳо ба бадан ва оқибатҳои он бояд ҳар як хонанда огоҳӣ дошта бошад. Ҳодисае, ки аз сабаби беаҳаммиятӣ ва ё худбоварии ҷавонӣ рух медиҳад, имкон дорад ба ҳаёт ва саломатии шумо хатари калон эҷод кунад. Бинобар ин дар лаҳзаҳои қабули қарор, дур аз ҷавонони бадтарбия ва дигар чораҳои пешгирикунанда, ба ҳар гуна фикрҳои иғвоангез бовар накарда, саломатии худ, ояндаи зиндагиатон ва падару модарро андеша кунед. Зеро ин бемориҳо дар навбати аввал безарар ва бетаъсиранд, вале дар асл онҳо оқибати вазнин ба саломатӣ доранд, ки аз таъсири он раҳо шудан дигар аз иродаи шумо кам вобастагӣ дорад.
Дар ҷойи кор ё таҳсил дар назари шахси бемори маводди нашъамандӣ чунин менамояд, ки чизе намерасад, як холигӣ, асабоният, ташвиши бесабаб ва руҳафтодагӣ ҳис мекунад. Баъди истеъмоли маводди мухаддир ҳамаи ин эҳсосоти ногувор аз байн меравад. Кас худашро таскин медиҳад, ки нашъаманд нест, ин як вақтхушӣ ҳасту бас, агар хоҳад маводди мадҳушкунандаи зарароварро ҳар лаҳза партофта метавонад. Ин гумони ботил аст. Зеро ин заҳр организми зиндаро соат ба соат ба доми бебозгашти марг гирифтор менамояд ва шуморо аз масъулиятҳои иҷтимоӣ дур мекунад. Ҷавонон бояд аз дигар нӯшокиҳои мадҳушукунанда ва қуввати сунъибахш ба организми худ низ дурӣ ҷӯянд. Зеро неруи асосии организми зинда маҳсулоти табиӣ буда, на ҳар гуна нӯшокиҳои бо тариқи сунъӣ қувватбахш мебошад. Дар сурати зарурати истеъмоли маводди иловагии қувватбахш танҳо табибони касбӣ тариқи расмӣ ҳуқуқи тавсия доданро доранд.
Нашъамандӣ беморӣ аст, вале аз болои он дар умум назорат бурдан ва бо мушкилӣ пеши роҳи бадтар шудани онро гирифтан мумкин аст. Муҳим он аст, ки бемор дарк намояд, ки чунин қудрати худтабобатиро дар ниҳоди худ дорад. Танҳо зарур аст, ки инсон ин неруи ботинӣ ва иродаи қавиро дар худ бедор намояд ва бо ин бар зидди беморӣ мубориза барад. Барои муолиҷаи нашъамандон махсус кор кардан лозим меояд. Дар ин бора аз марказҳои наркологӣ, ки он ҷо нашъамандон аз рӯйи барномаҳои махсус муолиҷа меёбанд ва падару модар, бародару хоҳар ва дигар наздикони нашъаманд низ омӯзонида мешаванд, маълумоти пурра гирифтан мумкин аст.
Хулоса, барои ҳал намудани мушкилоти нигоҳдории тандурустӣ ҳар як инсон ва шаҳрванд бояд, қабл аз ҳама худаш саломатии худро гиромӣ дорад, аз ҳуқуқи худ дар кори пешгирии бемориҳои сирояткунанда истифода бурда, дар хусуси даст назадан ба амалҳои бад ва дастгирӣ намудани афроди муҳтоҷу заиф вазифаҳои худро иҷро карда, соҳиби ахлоқи шоиста дар ҷомеа бошад.
Савол ва супориш:
|
Реклама