1. МАФҲУМИ АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТ БА НОБОЛИҒОН. Мувофиқи маълумоти ЮНИСЕФ дар тамоми ҷаҳон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ зиёда аз 1 миллион кӯдаконе қарор доранд, ки бо қонун дар ихтилоф мебошанд. Қисми зиёди чунин кӯдакон аз ҷамоатҳо ва оилаҳои камбизоат, қисми дигарашон аз ақаллиятҳои дучори табъизгардида мебошанд. Зери мафҳуми «кӯдакони бо қонун дар ихтилоф» ҳамаи ашхоси то 18-солае фаҳмида мешаванд, ки бо низоми адолати судӣ ба ҳайси гумонбар ё айбдоршаванда дар содир кардани қонуншиканиҳо алоқамандӣ доранд.
Аксари кӯдакони бо қонун дар ихтилоф ҷиноятҳои начан дон вазнин ё ҳуқуқвайронкуниҳои хурде, чун оворагардӣ, дарсгурезӣ, талбандагӣ ё майнушӣ содир мекунанд. Баъзе аз онҳо чун «вайронкуниҳои статутӣ» маълуманд ва дар сурати содиршавӣ аз ҷониби калонсолон ҳуқуқвайронкунӣ шуморида намешаванд.
Ба ин тариқ, зери мафҳуми «адолати судӣ нисбат ба ноболиғон» тартиби аз ҷониби мақомоти ваколатдор (на танҳо судҳо) баррасӣ гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои (на танҳо ҷиноятҳо) ноболиғонро фаҳмидан лозим аст. Зиёда аз ин, стандартҳои ҳадди ақалли қоидаҳои СММ марбут ба иҷрои адолати судӣ нисбат ба ноболиғон муқаррароте доранд, ки паҳн кардани амали усулҳои дар қоидаҳо баёншударо, ҳамчунин ба ҳамаи ноболиғоне, ки нисбат ба онҳо тадбирҳои таъминоти иҷтимоӣ ва муқаррарсозии васоят, аз ҷумла ба болиғони ҷавони ҳуқуқвайронкунанда андешида мешаванд, дастгирӣ мекунанд.
2. СТАНДАРТҲОИ ҲАДДИ АҚАЛЛИ ҚОИДАҲОИ ИҶРОИ АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТ БА НОБОЛИҒОН («ҚОИДАҲОИ ПЕКИНӢ»). Маҳсуб мегардад, ки бо қатъномаи Иҷлосияи Кулли СММ соли 1985 қабул карда шудааст. Ин қатънома бо мақсади тавсеаи муқаррароти Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар вобастагӣ ба кӯдакони бо қонун дар ихтилоф таҳия гардида аст. Ин санад қарордоди байналмилалии дорои қувваи ҳатмии ҳуқуқӣ мебошад, вале азбаски дар он меъёрҳои муҳимми ифодакунандаи амалияи босуботи ҳуқуқи байналмилалӣ ва инъикоскунандаи стандартҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон қонунӣ кунонида шудаанд, давлатҳо вазифадоранд, ки ҳангоми иҷрои адолати судӣ нисбат ба ноболиғон дар мамлакатҳои худ муқаррароти қоидаҳоро ба роҳбарӣ гиранд. Иҷлосияи Кулли СММ ба давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид тавсия медиҳад, ки қонунгузорӣ ва амалияи адолати судии худро нисбат ба ноболиғон бо Қоидаҳои Пекинӣ мутобиқ созанд.
Адолати судӣ нисбат ба ноболиғон бояд қисми таркибии раванди рушди миллии ҳар мамлакат дар доираи таъминоти ҳамаҷонибаи адолати иҷтимоӣ барои ҳамаи ноболиғон бошад ва ба ин тариқ, ба ҳифзи ҷавонон ва дастгирии тартиботи осоишта дар ҷомеа кумак расонад. |
Банди 1.4-и Стандартҳои ҳадди ақалли Қоидаҳои муносибат бо маҳбусон |
Қоидаҳои Пекинӣ бо дарназардошти назокати махсуси кӯдакон барои низоми адолати судӣ нисбат ба ноболиғон ҳадафҳои махсусеро пешбинӣ менамояд. Дар навбати аввал бояд чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба таъмини некӯаҳволии ноболиғон ва таъмини ҳуқуқи онҳо нигаронида шаванд. Ин муносибат ба ду ғоя асос меёбад. Пеш аз ҳама, наврасон вобаста ба рушди худ ҳанӯз қодир нестанд, ки моҳияти аслии рафторҳои худро дарк кунанд ва барои онҳо ҷавобгарии пурра ба зимма дошта бошанд. Дуюм, наврасон дар синну соле қарор доранд, ки ҳанӯз онҳоро аз нав тарбия кардан мумкин аст, то дар оянда дар онҳо майли содир кардани ягон намуд ҳуқуқвайронкунӣ пайдо нашавад. Ба ин тариқ, ҳангоми иҷрои адолати судӣ нисбат ба ноболиғон худи ҳуқуқвайронкунанда назар ба ҳуқуқвайронкунӣ бояд муҳимтар бошад.
Тибқи талабот барои ноболиғи нисбаташ мурофиа шуруъшаванда дар ҳамаи марҳалаҳои баррасии судӣ бояд ҳуқуқи зерин ҳатман таъмин карда шаванд: фарзияи бегуноҳӣ, ҳуқуқи огоҳ будан аз айбномаи ба ӯ пешниҳодшаванда, ҳуқуқи рад кардани нишондод, ҳуқуқи доштани вакили дифоъкунанда, ҳуқуқи ҳузури волидон ё парастор, ҳуқуқи вохӯрии рӯбарӯ бо шоҳидон ва пурсиши якҷояву ҳамзамони онҳо, ҳуқуқи шикоят кардан.
Усули муҳимми иҷрои адолати судӣ нисбат ба ноболиғ таъмини махфият аст, ки барои канораҷӯйӣ аз зараррасонӣ ба ӯ ба сабаби ошкороии нолозим ё коҳидани обрӯ бояд дар ҳамаи марҳалаҳо таъмин карда шавад. Ҷавонон ба коҳидани обрӯ бо ранҷурии махсус эътино меоранд. Натиҷаҳои таҳқиқоти криминологӣ доир ба масъалаи зараррасонӣ ба обрӯ аз оқибатҳои ногувор (гуногуни)-и марбут ба истифодаи доимии номҳое чун «ҳуқуқвайронкунанда» ё «ҷинояткор» нисбат ба инсони ҷавон шаҳодат медиҳанд. Ҳамчунин дар «Қоида»-ҳо усулан набояд ягон навъи иттилооте нашр гардад, ки метавонад ба нишон додани шахсияти ҳуқуқвайронкунандаи ноболиғ оварда расонад;
3. БОЗДОШТ Ё ДАСТГИРИИ (ҲАБС)-И НОБОЛИҒ. Мақомоти босалоҳияте, ки боздошти ноболиғро анҷом медиҳад, вазифадор аст дар ин хусус фавран волидон ё парастори ӯро хабардор созад. Судя дар навбати худ, фавран масъалаи озод кардани ноболиғро баррасӣ мекунад ва дар сурати мавҷудияти имкони аввалин ноболиғро озод менамояд. Боздошт (ҳабс) ҳамчун чораи истисноии эҳтиётӣ нисбат ба ноболиғ дар тули марҳалаи кутоҳтарин андешида шуда, суд ҳаддалимкон бояд кӯшиш кунад, ки боздошт (ҳабс)-ро бо дигар навъҳои чораи эҳтиётӣ иваз намояд.
Муқаррароти муҳимми дигари баназаргирандаи ояндаи кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда он аст, ки ҳангоми баррасии парвандаи онҳо ба ҳадди имкон кӯшиш кардан лозим аст, ки баррасии расмии парвандаҳои онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимият чун суд сурат нагирад. Милитсия, прокуратура ё дигар мақомоти таҳқиқкунандаи парвандаҳои ноболиғон бояд ваколат дошта бошанд, ки бо салоҳдиди худ, бе гузаронидани баррасии расмии парванда нисбат ба қонунвайронкунандагони ноболиғ қарор қабул кунанд. Агар парвандаи ноболиғ қатъ нагардида, бо таҳқиқи он мақомоти салоҳиятдор машғул бошанд, дар ҳама гуна ҳолат тафтишот дар асоси усулҳои адолат ва беғаразӣ сурат мегирад (банди 14-и Қоидаҳо).
4. БАРРАСИИ БЕТАЪХИРИ ПАРВАНДАИ НОБОЛИҒ ВА УСУЛҲОИ ИНТИХОБИ ЧОРАҲОИ ТАЪСИРРАСОНӢ (ҶАЗО). Яке аз махсусиятҳои адолати судӣ нисбат ба ноболиғ он аст, ки тафтишот бояд зуд ва бе ҳеҷ гуна кашолкорӣ оғоз ёбад (банди 20-и Қоидаҳо). Дар акси ҳол, кашол ёфтани раванди тафтишот ба руҳия ва рушди ҷисмонии наврас таъсири манфӣ мерасонад ва бо ҳадафҳои адолати судӣ нисбат ба ноболиғон мухолиф аст.
Қоидаҳои Пекинӣ усулҳои зерини баровардани қарорҳои суд ва интихоби чораҳои таъсиррасониро пешбинӣ менамояд:
5. ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶРОИ АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТ БА НОБОЛИҒОН. Тартиби баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Низомнома дар бораи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак (Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2008 №377 тасдиқ шудааст), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008), Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1998) ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2009) муайян карда мешавад.
Ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон бо фасли 5-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан ба махсусияти шахсияти ноболиғ муайян гардида, дар боби 14-и кодекси мазкур муфассал баён карда шудааст.
Ҳангоми истифодаи асос ва усулҳои умумии ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон хусусиятҳои махсуси онҳо, аз ҷумла вазъи синнусолӣ, руҳӣ ва ҷисмонӣ, шароитҳои тарбия ва дигар хусусиятҳои шахсияти онҳо ба инобат гирифта мешаванд. Чун қоидаи умумӣ, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғонро аз синни 16-солагӣ муқаррар менамояд, аммо аз рӯйи ҷиноятҳои вазнине чун куштор, одамрабоӣ, таҷовуз ба номус ҷавобгарӣ аз синни 14-солагӣ фаро мерасад.
Махсусияти табиати ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон дар масъалаи намудҳои ҷазо (моддаи 87-и ҚҶҶТ), таъин намудани ҷазо (моддаи 88-и ҚҶҶТ), озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ (моддаи 89-и ҚҶҶТ), аз ҷазо озод кардан (моддаи 90-и ҚҶҶТ), ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз намудани ҷазо (моддаи 92-и ҚҶҶТ), муҳлати барҳам додани доғи судӣ (моддаи 94-и ҚҶҶТ), ретсидив (такрор)-и ҷиноят (моддаи 21-и ҚҶҶТ), ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук мекунанд (моддаи 61-и ҚҶҶТ) зоҳир мегардад.
6. МАХСУСИЯТҲОИ БАРРАСИИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА НОБОЛИҒОН. Тартиби оғоз, тафтиши пешакӣ, таҳқиқ ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятҳои ноболиғон дар тафовут аз калонсолон баъзе хусусиятҳои хос дорад. Масалан, иштироки ҳимоятгар ҳангоми таҳқиқи ҷиноятҳо аз рӯйи парвандаҳои ноболиғон ҳатмист (Кодекси мурофиавии ҷиноятии (КМҶ) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2009), дар мавриди пурсиши ноболиғони то 16-сола бояд иштироки омӯзгор таъмин карда шавад (моддаҳои 430, 303, 316-и КМҶ). Тафтиши парвандаҳои ҷиноятии ноболиғонро мақомоти корҳои дохилӣ мебарад, зеро қисмати зиёди ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон содир мешаванд аз рӯйи хусусияти тобеияти тафтишотӣ (моддаҳои 161-и КМҶ) ба мақомоти корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад.
Агар нисбат ба ҷиноятҳои содиркардаи калонсолон ва таъини ҳукм исбот кардани панҷ ҳолати содир кардани ҷиноят чун рӯйдоди ҷиноят (макон, усул ва дигар ҳолатҳои содир гардидани ҷиноят); гунаҳкорӣ ва сабаб ё мақсади ҷиноят; ҳолатҳои ба дараҷа ва моҳияти ҷавобгарии айбдоршаванда таъсиррасон, инчунин ҳолатҳои дигари тавсифкунандаи шахсияти айбдоршаванда; моҳият ва ҳаҷми зарари аз ҷиноят расида ва сабабҳо ва ҳолатҳои ба содир гардидани ҷиноят мусоидаткарда) талаб карда шавад, нисбат ба парвандаҳои ноболиғон бояд ба таври мушаххас якчанд ҳолати иловагӣ: синну соли ноболиғ, ҳолатҳои дигари раванди содиршавии кирдор, зиндагӣ ва тарбия, мавҷудияти калонсолони таҳрикгар (моддаҳои 430, 303, 316-и КМҶ) муқаррар гарданд.
Навъ, тартиб ва шарту шароитҳои истифодаи чораҳои дастгирӣ нисбат ба ноболиғон, аз ҷумла ҳабс кардан низ махсусиятҳои худро доранд. Масалан, агар масъалаи ба ҳабс гирифтани ашхоси калонсол ба миён ояд, прокурор вазифадор нест, ки ҳар кадоме аз онҳоро пурсад, вале агар масъалаи ба ҳабс гирифтани ноболиғ пайдо шавад, прокурор вазифадор аст, ки ӯро пурсад ва ҳолатҳои кори ҷиноиро аз худи ноболиғ фаҳмад.
Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ талаб менамояд, ки то ҳадди имкон парвандаи ҷиноятии ноболиғ ҷудо ва бо истеҳсолоти алоҳида таҳқиқ карда шавад.
Баррасии судии парвандаҳои ҷиноятии ноболиғон низ бояд бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолии онҳо сурат гирад. Масалан, КМҶ дар мурофиа ҳатман иштирок доштани намояндагони қонунии ноболиғро (волидон, парасторон), ки онҳо соҳиби баъзе ҳуқуқи мурофиавӣ, масалан, иштирок дар таҳқиқи далелҳо, пешниҳод кардани далелҳо, дархост намудан, рад кардан мебошанд, ҳатмӣ бояд таҳлил карда шаванд. Ҳангоми баровардани ҳукм нисбат ба ноболиғ суд дигар ҳолатҳои сабуккунандаро низ аз қабили ҳолатҳои шартан маҳкум кардан, истифодаи чораҳои ҷазоӣ бо маҳрум кардан аз озодӣ алоқаманд набуда ё мавқуф гузоштани иҷрои ҳукми судро низ баррасӣ карда, вазифадор аст масъалаи зарурати ба ноболиғ таъин кардани мураббии ҷамъиятиро муҳокима кунад.
Ҳамин тариқ, барои таъмини вазъи беҳтари ноболиғони дучори таъқиби ҷиноятигашта Кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ баъзе бартариҳои мурофиавӣ муқаррар менамояд, ки барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон кумак мекунанд.
7. ҶАВОБГАРИИ МАЪМУРИИ НОБОЛИҒОН ВА МАХСУСИЯТИ МУРОФИАВИИ ОН. Амалисозии раванди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ноболиғон бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМҶТ) танзим мегардад. Мутобиқи ин Кодекс ба ҷавобгарии маъмурӣ шахсе кашида мешавад, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба синни 16-и расидааст.
Нисбат ба ашхоси аз 16 то 18-солаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда чораҳое андешида мешаванд, ки дар Низомнома дар бораи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак муқаррар гардидаанд. Ҳангоми баррасии парвандаҳои маъмурии ноболиғон қарори дахлдор бо дарназардошти хусусияти ҳуқуқвайронкунӣ ва шахсияти ноболиғ (моддаи 28-и КҲМҶТ) қабул карда мешавад.
Солҳои охир дар мамлакати мо масъалаи имконпазирии ҷорӣ намудани механизмҳои комиларзиши адлияи ювеналӣ (адолати судӣ барои ноболиғон) муҳокима мешавад.
Зери мафҳуми «адлияи ювеналӣ» низоми махсуси адлияи судӣ барои ноболиғон, низоми сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатии якҷояамалкунанда бо мақсади ташаккул ва фаъолияти низоми томи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фаҳмида мешавад.
Яке аз принсипҳои асосии ин низом кӯшиш ба иваз намудани ҷазои маҳрумият аз озодии ноболиғон, аз ҷумла, бо роҳи истифодаи чораҳои алтернативӣ (дигар)-и ҷазо чун корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ мебошад. Ба адлияи ювеналӣ, масалан, судҳои махсуси ювеналӣ дохил мешаванд. Бартарии адлияи ювеналӣ аз он иборат аст, ки имкон медиҳад ба андозаи пурра баррасиро нисбат ба ноболиғон бо ҷалби судҳои махсус, қоидаҳои махсуси амал ва ҳамаи он чи ки ба манфиати рушди ҳар чи бештари кӯдак ва ҳифзи ӯ аз ҳама гуна таъсиррасонии манфӣ инъикос намояд, амалӣ созад. Дигар аломати мусбати адлияи ювениалӣ дар он аст, ки кӯдак аз ҳаёти иҷтимоӣ канда нашуда ба тарбияи махсус ва ислоҳшавӣ дар якҷоягӣ бо дигар неруҳои созандаи иҷтимоӣ гирифта мешавад.
Савол ва супориш:
|
Реклама