§8. ИДОРАИ КОМИССАРИ ОЛИИ СММ ОИД БА ГУРЕЗАҲО

1. ИДОРАИ КОМИССАРИ ОЛИИ СММ ОИД БА ГУРЕЗАҲО (ИКОГ СММ). Ҷанги дуюми ҷаҳон сабабгори фирори миллионҳо гуреза шуд, ки онҳо берун аз Ватан дар шароити ниҳоят вазнин умр ба сар мебурданд ва баъд аз ба итмом расидани ҷанг ба Ватани худ баргаштан барои онҳо ниҳоят мушкил буд.

Баъд аз таъсиси СММ масъалаи ҳимояи гурезаҳо, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми ин созмони байналмилалӣ гардид. Инъикоси масъалаи гурезаҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар ин ҷода қадами нахустин буд. Дар тули қариб се соли минбаъда СММ матни «Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо»-ро таҳия намуда, онро 28-уми июли соли 1951 Иҷлосияи VIII Кулли СММ қабул кард.

Кумитаи Иҷроияи Идораи Комиссари Олӣ оид ба гурезаҳо мақоми роҳбарикунандаи ИКОГ СММ мебошад. Қароргоҳи ИКОГ СММ дар шаҳри Женеваи Шветсария ҷойгир аст.

Гуреза кист? Зери мафҳуми «гуреза», тибқи нишондоди банди 2-и моддаи 1, шахсе дар назар дошта шудааст, ки бо сабаби аз рӯйи фарқи нажодӣ, динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё ақидаҳои сиёсӣ ба сабаби асос- ноки мавҷуд будани хатари воқеии таъқиб шуданаш берун аз мамлакати мансубияти шаҳрвандии худ қарор дорад ва аз ҳимояи ин мамлакат истифода бурда наметавонад ё бо сабаби ин хатар аз ин ҳимоя истифода бурдан намехоҳад.

Ҳеҷ кас мақоми гурезаро интихоб намекунад. Гуреза будан маънии як шахси хориҷӣ буданро надорад. Гуреза маънии дар ғарибӣ умр ба сар бурдан ва барои қонеъ гардонидани талаботи худ, ба монанди сару либос ва манзилро дорад.

Агар аксари одамон барои гирифтани кафолат ва ҳимояи ҳуқуқи асосии инсон ва амнияти ҷисмонӣ ба мақомоти давлати худ муроҷиат кунанд, гурезаҳо аз ин бархурдор нестанд.

Вазъи ҳуқуқии онҳо чунин аст: мамлакати пайдоиши онҳо ба ҳимояи чунин ҳуқуқҳо қодир нест ва ё ин корро кардан намехоҳад. ИКОГ СММ вазифадор карда шудааст, ки ҳимояи гурезаҳои мамлакат паноҳгоҳдодаро то дараҷае, ки имконпазир аст, таъмин намояд ва дар ин кор ба ин мамлакат ёрӣ расонад.

2. ИКОГ СММ ВА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Конвенсия оид ба мақоми гурезаҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодҳои Конвенсияи соли 1951, Протоколи соли 1966 ва асноди дигари ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба гурезаҳоро иҷро менамояд. Ин вазифа дар Конститутсия ва асноди дигари ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи гурезаҳо инъикос ёфтааст.

«.Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст. Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад».

(Иқтибос аз моддаи 16-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар Тоҷикистон масъалаи гурезаҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» танзим менамояд, ки он 10-уми майи соли 2002 қабул карда шуда, аз 19 модда иборат аст. Дар баробари ин, қонун як силсила асноди ҳуқуқии меъёрие низ қабул карда шуда, ба паҳлуҳои гуногуни ин масъала дахл доранд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд», «Дар бораи муҳоҷират» ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз 26-уми сентябри соли 2016, №389 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи шаҳодатномаи гуреза» ва «Дар бораи нуқтаҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои сукунати гурезаҳо иҷозат дода намешавад» аз ҳамин қабил аснод мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИКО СММГ ҳамкорӣ ва робитаи доимӣ дорад.

Савол ва супориш:

  1. Сабабҳо ва таърихи таъсиси ИКОГ СММ-ро баён созед.
  2. Кадом асноди ҳуқуқи байналмилалиро оид ба мақоми гурезаҳо медонед?
  3. Дар бораи вазъи гурезаҳо дар ҷаҳони имрӯза далелҳо биёред.
  4. Оё фаъолияти ИКОГ СММ ба вазъи ҷамъиятию сиёсии солҳои 1992-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон робита дорад?
  5. Дар бораи ҳуқуқ ва вазифаҳои гурезаҳо чӣ медонед? Оё ҳолати руҳии гурезаҳоро тасаввур карда метавонед?

Реклама