§1.4. ҲИФЗИ КӮДАК АЗ ЗӮРОВАРӢ ВА ИСТИСМОР

1. МУНОСИБАТИ НОШОИСТА БО КӮДАКОН.

Кӯдакон ҳамчун категорияи осебпазир таҳти ҳимояи қонун қарор доранд. Онҳо ҳамчун неруи ояндаи ҷомеа ва давлат зарурат ба муносибати арзандаро доранд. Муносибати ношоиста нисбат ба онҳо аз назари меъёрҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ манъ аст. Мутаассифона, баъзе мавридҳо бинобар омилҳои мухталиф муносибати ношоиста нисбат ба кӯдакон дар ҷомеа рух медиҳад.

Мисол, истифодаи «қувваи аз ҳад зиёди тарбиявӣ»-и калонсолон, яъне зиёдаравӣ дар тарбия, нокифоягии донишҳо ё сифати шахсият ба вайрон кардани ҳудудҳои байни ҷазо ҳамчун усули ҳавасмандкунӣ ба зӯроварӣ, муносибати ношоиста ва таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсонии кӯдак мусоидат мекунад.

Муносибати ношоиста бо кӯдак ҳама гуна кирдоре ба шумор меравад, ки озодиҳои руҳӣ ва ҷисмонии ӯро маҳдуд, шахсияташро ҳамчун инсон таҳқир карда, рушди синнусолӣ ва вазъи саломатии кӯдакро зери хавфу хатар мегузорад.

Муносибати ношоиста бо кӯдаконро вобаста ба мазмуни рафтори номатлуб ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: зӯроварӣ ба кӯдак; бе назорат гузоштани кӯдак, яъне қонеъ насохтани талаботи зарурии ӯ (масалан, вақти зиёде бенигоҳубин ё хӯрок гузоштани ӯ) ва васояти аз ҳад зиёд, яъне ғамхории аз андоза беруни ӯ (аз ҳад зиёд дахолат кардан ба ҳаёти кӯдак, таҳти назорат қарор додани ҳар як амалу қадами ӯ).

Зӯроварӣ ба кӯдак дидаву дониста зӯран таҳдиду фишор овардан ё беэътиноӣ кардан нисбат ба кӯдак аз ҷониби волидон ё ашхоси тарбиякунанда мебошад, ки ба кӯдак зарари ҷисмониву руҳӣ мерасонад, ӯро аз назари маънавӣ иллатдор мекунад, рушди маънавию ҷисмонии ӯро бозмедорад ва дар баъзе ҳолатҳо ба марги бемаҳал меорад.

Байни шаклҳои зӯроварӣ навъи зеринро ҷудо мекунанд; эҳсосӣ, равонӣ (руҳӣ), ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ. Бисёр вақт кӯдак якбора аз якчанд шакли зӯроварӣ ҷабр мебинад. Масалан, зӯроварии ҷисмонӣ ногузир зарарҳои ҳам руҳӣ ва ҳам эҳсосӣ мерасонад.

Зӯроварии эҳсосӣ ба кӯдак ҳама гуна амалҳоест, ки кӯдакро шиддати эҳсосиашро афзоиш дода, рушди фикрӣ ва синнусолии ҳаёти ӯро зери хавф мегузорад. Чунин амалҳо зӯроварии эҳсосӣ ба кӯдак дониста мешаванд: аз дигарон ҷудо кардани кӯдак, рад кардани муҳокимаи якҷояи мушкилот, таҳқир кардани шахсияти ӯ, дашном додан, мунтазам зери фишор нигоҳ доштан (тарсондан, таҳдид кардан), аз ҷиҳати ахлоқ вайрон кардани кӯдак (ҷалб кардани кӯдакон ба амалҳои ношоиста – дуздӣ, истеъмоли шароб ё маводди мухаддир).

Зӯроварии равонӣ ё руҳӣ кирдорест, ки ӯро дар ҳолати маъюсӣ нигоҳ дошта, рушди лаёқатмандиҳо, истеъдоди кӯдакро бозмедорад ё ба он зарар мерасонад. Масалан, ҷангу ҷидоли зиёд дар оила, рафторҳои ғайричашмдошти волидонро нисбат ба амали кӯдакон зӯроварии руҳӣ меҳисобанд. Зӯроварии равонӣ кӯдакро зудранҷ мегардонад, лаёқати ӯро ба худбаҳодиҳӣ паст месозад. Ба ин сабаб рушди зеҳнии кӯдак суст мегардад, равандҳои дарки ба синну соли ӯ хос (қувваи ҳофиза, таваҷҷуҳ, тахайюлот) зери хатар мемонанд.

Зӯроварии ҷисмонӣ навъи муносибати ношоиста ба кӯдак аст, ки дар рафти он кӯдак дидаву дониста ба ҳолати ногувори ҷисмонию руҳӣ гузошта мешавад, ба ӯ зарари ҷисмонӣ мерасонанд ва ё имкониятҳои зараррасонии онро пешгирӣ намекунанд. Аломатҳои зӯроварии ҷисмонӣ латукӯб, хунравии узвҳои бадан, захмӣ шудан, сӯхтан, шикас- тан, зарар дидани узвҳои дарунии кӯдакро дар бар мегиранд.

2. ИСТИСМОРИ ИҚТИСОДИИ КӮДАКОН. Истимори кӯдак ғайриқонунӣ истифода кардани неруи фикрӣ ва ҷисмонии ӯро мефаҳмонад. Истисмор нисбат ба кӯдак метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир шавад, вале бештар истисмори иқтисодии кӯдакон мушоҳида мешавад.

Зери мафҳуми «истисмори иқтисодӣ» азхудкунии натиҷаҳои меҳнати бегона аз ҷониби онҳое дар назар аст, ки соҳиби воситаҳои истеҳсолотанд ва ё нисбат ба истифодаи ҳуқуқи амалкунии кӯдакон имкони таъсиррасонӣ доранд.

Истисмори иқтисодии кӯдакон ин истифодаи ғайриқонунии меҳнати кӯдакон аст. Он дар шакли истифодаи меҳнати хурдсолон дар корҳои барои кӯдакон манъшудаи зараррасон ё бо истифодаи меъёрҳои норавои давомнокии рӯзи кор нисбат ба онҳо, пардохти номувофиқи музди меҳнати онҳо ифода меёбад.

Тавре дар маърузаи ЮНИСЕФ қайд мешавад, ки қолинҳои дар ҷаҳон аз ҳама зеботарин ва аз ҳама қиматтаринро кӯдакони хурдсол бо ангуштакони каҷшуда ва тахтапуштҳои нозуки хамхӯрдаи худ мебофанд. Садҳо ҳазор духтару писаракони маҳрум аз бозӣ ва мактабравӣ, маҳрум аз кӯдакӣ бар ивази музди ночизи ҳатто барои рӯзгузаронӣ нокифоя рушди соҳаҳоеро таъмин мекунанд, ки содироти маҳсулоташон миллионҳо доллар фоидаи соф меоранд. Онҳо дар синни 6 – 7-солагӣ, вақте ангуштаконашон хеле серҳаракат аст, қолинбофиро ёд мегиранд. Барои соҳибони фабрикаҳои қолинбофӣ меҳнати кӯдакон аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки онҳо гапдарою итоаткоранд, бо маоши каму ночиз ва шароити даҳшатовари меҳнат муросо мекунанд. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо истисмори иқтисодии кӯдакон эҳсос мешавад. Ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамаи шаклҳои истисмори иқтисодии кӯдаконро манъ мекунад ва давлатҳо вазифадоранд, ки аз нигоҳи қонунгузорӣ меҳнати ғуломонаи кӯдаконро қатъ намоянд.

Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдакро барои ҳимоя аз истисмори иқтисодӣ, иҷрои ҳама гуна коре, ки метавонад ба саломатии ӯ зиён расонида, ё барои таҳсилоти ӯ монеа шавад, ё ба саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, фикрӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ӯ зарар расонид, эътироф менамоянд.

Қисми 1-и моддаи 32-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак

3. ҲИФЗИ КӮДАКОН АЗ ЗӮРОВАРӢ ВА ИСТИСМОР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ба тадбирҳои қонунгузорӣ чораҳои таъсиррасонии санадҳои меъёрии ҳуқуқие дохил мешаванд, ки ҳуқуқу озодиҳои кӯдаконро эълон, эътироф ва ҳифз мекунанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оила, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин санадҳои қонунгузорӣ ба ҳисоб мераванд.

Кодекси оила ба зиммаи калонсолон вазифаи таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро вогузор кардааст. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак аз ҷониби волидон (падару мо дар) ё ашхоси онҳоро ивазкунанда, мақомоти васоят ва парасторӣ, прокурор ва суд амалӣ мегардад.

Волидон намояндагони қонунии кӯдакони худ буда, дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо дар муносибат бо ҳама гуна ашхоси воқеӣ ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар судҳо бе ваколатномаҳои махсус баромад мекунанд.

Кӯдакро давлат на танҳо аз субъектҳои дигар, ки дар муносибатҳои ҳуқуқӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, инчунин аз субъектҳое, ки бевосита ба тарбияи онҳо масъуланд, ҳимоя мекунад. Аз ин хотир, кӯдак ҳуқуқ ба ҳимоя аз сӯйистифода аз ҷониби волидон ва ашхоси онҳоро ивазкунандаро низ доро аст. Ҳамаи онҳое, ки аз мавҷудияти хатар ба ҳаёти кӯдак, саломатӣ ва ё вайрон гардидани ҳуқуқи ӯ огоҳанд, бояд ба мақомоти васоят ва парастории ҷойи зисти кӯдак хабар диҳанд ва мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд, ки доир ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак тадбирҳои зарурӣ андешанд. Кормандони мақомоти васоят ва парасторӣ ҳуқуқ доранд бе мамониат аз оилаҳое хабар гиранд, ки он ҷо эҳтимоли барои ҳаёт ва саломатии кӯдакон хатарҳо вуҷуд дорад. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба ин кор кормандони милитсияро низ ҷалб карда метавонанд.

Қонунгузор ҳамчун чораи таъсиррасонӣ барои ҳимояи кӯдак маҳрум кардани волидонро аз ҳуқуқи падарию модарӣ пешбинӣ кардааст. Волидон ё яке аз онҳоро аз ҳуқуқи волидайнӣ дар сурате маҳрум кардан мумкин аст, ки агар онҳо иҷрои вазифаҳои волидон иашонро рад кунанд, аз ҷумла аз пардохти алимент саркашӣ кунанд; аз ҳуқуқи волидон ии худ суйиистифода намоянд; бо кӯдакон ҷоҳилона муносибат карда, аз ҷумла нисбат ба онҳо зӯроварии ҷисмонию руҳиро раво бинанд; ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо иснод оваранд; майзадаву нашъаманд бошанд, ки аз он иллат ба тарбияи кӯдак бевосита таҳдид намояд. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои ҷиддии дигари вайрон кардани ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби волидон ё шахсони дигар таъкид гардидааст, ки барои содир кардани онҳо ашхоси айбдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Ба ҳимояи кӯдак боби алоҳида (боби 20)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки он: «Ҷиноятҳо ба муқобили оила ва ноболиғон» ном дорад. Байни ҷиноятҳои дар ин боб пешбинишуда ба ҳолати моҳи марти соли 2025 моддаҳои зеринро қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст:

Моддаи 165 «Ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят», моддаи 166 «Ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ», моддаи 167 «Савдои кӯдакон», моддаи 168 «Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида», моддаи 171 «Иваз намудани тифл», моддаи 172 «Писархондии (духтархондӣ)-и ғайриқонунӣ», моддаи 174 «Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ», моддаи 175 «Иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак», моддаи 176 «Сӯйистифода аз ҳуқуқи васӣ ё парастор», моддаи 177 «Барқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон» ном доранд, ки вайрон кардани онҳо ҷазои ҷиноятиро дар назар доранд. Ба ин масъала дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бобу моддаҳои дигар низ бахшида шудаанд.

4. МАҚОМОТИ МАСЪУЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН АЗ ЗӮРОВАРӢ. Мувофиқи қисми 1-и моддаи 57 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро волидон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парасторӣ, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд.

Тавре мебинем, қонунгузор роҳу воситаҳои гуногуни ҳимояи ҳуқуқи кӯдакро пешбинӣ кардааст. Тибқи талаботи қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқӣ ҳимояи судии ҳуқуқи кӯдак аз навъҳои асосӣ маҳсуб мегардад. Мутобиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сандаҳои меъ ёрии ҳуқуқӣ ҳимояи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандӣ ва оилавии кӯдак шакли асосии ҳимояи ҳуқуқӣ эътироф мегардад.

Танҳо суд ҳуқуқ дорад, ки волидонро аз ҳуқуқи волидайнӣ маҳрум кунад ё ҳуқуқи онҳоро маҳдуд созад; ҳуқуқи волидонро барқарор намояд, кӯдакро ба писархондӣ диҳад ё писархондиро бекор кунад, аз волидон е, ки аз нигоҳубини кӯдак саркашӣ мекунад, алимент ситонад, муайян кунад, ки баъди аз ҳамдигар ҷудо шудани ҳамсарон кӯдак бо кадоме аз волидон зиндагӣ кунад, барои кӯдакон аз кадоме аз онҳо ва ба кадом андоза алимент ситонда шавад, падари кӯдакро муқаррар намояд.

Ҳамчунин ҳуқуқи кӯдакро дар асоси қонун мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия ва прокуратура ҳимоя менамоянд. Ҳангоми маълум гардидани вайроншавии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак мақомоти прокуратура ҳуқуқ дорад ва ҳатто вазифа дорад, ки ба мақомот ё шахси мансабдори қарори ғайриқонунӣ қабулкарда эътироз пешниҳод намояд, ба суд бо даъво ба манфиатҳои ноболиғ муроҷиат намояд, дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё ҷиноӣ парванда оғоз кунад дар ҳама гуна марҳалаи ҷараёни судӣ, агар инро ҳифзи ҳуқуқи ноболиғ талаб намояд, ба кор ҳамроҳ шавад, ба ҳалномаҳо, ҳукмномаҳо ё қарорҳои ғайриқонунӣ ва беасос қабулшудаи суд эътироз кунад.

Иштироки прокурор дар мурофиаи судӣ, масалан аз рӯйи парвандаҳое мисли маҳрум кардан аз ҳуқуқи волидайнӣ, маҳдуд ё барқарорсозии онҳо, дар бораи писархондӣ ё бекор кардани писархондӣ ҳатмист.

Ваколатҳои прокурор тавассути вазифаҳои прокуратура оид ба амалӣ сохтани назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва андешидани тадбирҳои пешбиникардаи қонун (бо ҳузур дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби суд, ҳамчунин, пешниҳод ва дастгирии даъво дар суд), оид ба ҳифзи ҳуқуқи ашхосе, ки вобаста ба вазъи саломатӣ ё синну сол (чун ноболиғӣ) наметавонанд шахсан аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд, асос меёбад.

Ҳамчунин доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки қабулгоҳҳои ройгони ҳуқуқӣ доранд ва онҳо ба кӯдакони аз зӯроварию истисмор ҷабрдида ёрӣ расонда метавонанд, кумаки муайян мекунанд.

Савол ва супориш:

  1. Зӯроварӣ чист ва он нисбат ба кӯдак чӣ тавр зоҳир мешавад?
  2. Ба андешаи шумо барои решакан кардани истисмори иқтисодии кӯдакон кадом чораҳо пурсамаранд?
  3. Дар Тоҷикистон кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кӯдаконро аз зӯроварӣ ва истисмор ҳимоя мекунанд?
  4. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом навъҳои ҷиноят нисбат ба ноболиғон пешбинӣ шудаанд?
  5. Ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро кадом мақомоти давлатӣ таъмин мекунанд?
  6. Мафҳуми «истисмор» чӣ маънӣ дорад?

Реклама