§1.0. МАФҲУМИ ШИКАНҶА ВА МУНОСИБАТИ БЕРАҲМОНА

Дар таърихи инсон одамон ба масъалаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру арзиши шахс муносибати гуногун доштанд. Дар ҷамъияти ғуломдорӣ ва феодалӣ азобу шиканҷа додани ғуломон, деҳқонон, камбағалон ва корафтодагон чун кори муқаррарӣ қабул карда мешуд. Азобу шиканҷа чун услуби кории шахсони мансабдор ва мақомот аз тарафи давлат иҷозат дода шуда, аз он васеъ истифода карда мешуд. Мисол, барои муайян намудани бегуноҳии шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар карда мешуд, ӯро маҷбур менамуданд, ки азоби лахчаи сӯзон, ҳолати тоқатфарсои зери оби сард, дарди ҷонгудози задани дарра ва аз забонаҳои алангаи баланд гузаштанро тоқат намояд. Агар шахси санҷидашаванда аз азоби лахчаи сӯзон садое намебаровард ё аз зери об зинда берун мешуд ва ё аз миёни забонаҳои алангаи сӯхтор беосеб мегузашт, ӯ бегуноҳ эътироф мешуд. Мисоли равшани инъикоси истифодаи шиканҷа дар филми «Достони Сиёвуш» дар лаҳзаи аз миёни аланга гузаштани Сиёвуш хуб тасвир карда шудааст.

Дар баробари инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ, худи инсон низ ташаккул ёфта, кӯшиш намудааст, ки кори идоракунии умумӣ ва пешбурди мурофиаи додгоҳиро то ҳадди имкон бидуни истифодаи азобу шиканҷа ба сомон расонида, пеши роҳи азобу уқубати инсонро гирад. Озод будан аз азобу шиканҷа орзуи деринаи инсон буда, аз табиат ва манзалати ӯ сарчашма гирифта, тавассути бисёр санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба расмият шинохта шудааст. Азбаски ҳаёт, қадр, номус, озодӣ, амнияти шахс ва дигар ҳуқуқи инсон дахлнопазиранд, озодӣ аз шиканҷа ва аз дигар навъҳо муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қа дру манзалати шахс масъалаи муҳим арзёбӣ шуда, ҷомеаи инсонӣ талоши онро дорад, ки дар ин росто чораҳоеро андешад, ки баҳри таъмин намудани он равона шуда бошад. Дар ҷаҳони муосир ҷомеа ва давлате вуҷуд надорад, ки истифодаи шиканҷаро ба таври расмӣ пазироӣ намояд. Имрӯз чунин вазъи озодии инсон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар манотиқи кишварҳои зиёди дунё риоя карда мешавад. Мутаассифона, ҳоло ҳам дар баъзе аз муассисаҳо ва мақомоти қудратии давлатҳои дунё азобу шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру арзиши шахс ба назар мерасад.

Дар илми ҳуқуқи инсон имрӯз ду ҳуқуқе вуҷуд дорад, ки расман аз ҷониби ҳамаи кишварҳои олам мутлақ ва бидуни истисно ҳимоя мешаванд. Ин ҳуқуқу озодиҳо ба дараҷаи ҳуқуқи мутлақи инсон шинохта мешаванд. Якум, ин ҳуқуқ ба озодӣ аз ғуломӣ ва дуюм, ин ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа аст. Мутлақияти онҳо дар он ифода меёбад, ки дар ҳеҷ як ҳолат ва вазъ, ягон давлат ва санади қонунгузории ҳеҷ як кившаре ин ду ҳуқуқро маҳдуд ва вайрон карда наметавонанд. Инро бояд хонандагони гиромӣ хуб донанд, ки онҳо маҳдуднашванда буда, истисно дар онҳо дар ҳеҷ замону макон раво намебошад.

1. АРЗИШИ ҚАДРУ ҚИМАТИ ИНСОН. Ҳар як шахс аз қадру қимати инсонӣ баҳраманд мебошад, чунки ӯ ба оилаи инсон мутааллиқ аст. Ҳар як инсон дар навбати худ вазифадор аст, ки қадру қимати инсони дигарро ба ҷо орад, вагарна арзиши инсонии худро гум хоҳад кард. Қадру қимати инсонӣ арзиши бебаҳо буда, инсон ба он дар тули қарнҳо ноил гаштааст. Қадру қимат чиз нест, онро намебинӣ, дар тан ҳис наменамоӣ, онро бо ақл мешиносӣ ва дар рафтор риоя хоҳӣ кард.

Зери истилоҳи «қадру қимати шахс» арзише фаҳмида мешавад, ки ба шахс мутааллиқ мебошад. Ин арзиш аз нигоҳи худи инсон баҳо дода мешавад. Пеш аз ҳама, шахс худро аз лиҳози он, ки ӯ ба оилаи инсон мутааллиқ аст, аз каромот ва обрӯйи инсонӣ баҳраманд мебошад, баҳо медиҳад. Баъд ӯ худро дар миёни одамон аз рӯйи сифатҳои гуногуни худ, бо ахлоқу одоб, рафтору кирдори шоиста фарқ намуда, баҳогузорӣ менамояд, ки мазмуни қадру қимати шахсро низ ифода менамояд.

2. САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОРАИ МАНЪИ ДИГАР НАМУДҲОИ МУНОСИБАТИ БЕРАҲМОНА, ҒАЙРИИНСОНӢ Ё ТАҲҚИРКУНАНДАИ ҚАДРУ ҚИМАТИ ШАХС. Бо мақсади таъмин намудани озодӣ аз шиканҷа ва аз дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қимати шахс, ҳимояи зарурии шахсон аз ҳар гуна азобу шиканҷа тамоми мардуми ҷаҳон кӯшиш менамояд, ки пеши роҳи ин амали зиштро, ки мухолифи ҳуқуқи инсон аст, гирифта шавад. Аз ҳамин сабаб дар тули солҳои зиёд СММ чандин санад (ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (1948), Паймони Байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966), Қоидаҳои ҳадди ақалли стандартҳои муносибат бо маҳбусон (1955), Эъломияи ҳифзи тамоми шахсон аз шиканҷа ва дигар навъҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қимати шахс (1975), Кодекси рафтори шахсони мансабдори нигаҳдорандаи тартиботи ҳуқуқӣ (1979), Аҳднома бар зидди шиканҷа ва дигар навъҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қимати шахс (1984), Маҷмуи принсипҳои ҳимояи ҳама шахсони боз- дошташуда ё дар ҳама гуна шакли дигар ҳабсшударо (1988) қабул намуд, ки амали азобу шиканҷа доданро маҳкум намуда, давлатҳои водор ҳидоят ба он менамояд, ки барои пешгирӣ намудани шиканҷа чораҳои лозима андешанд.

Яке аз ин санадҳо «Қоидаҳои ҳадди ақалли стандартҳои муносибат бо маҳбусон» мебошад, ки аз ҷониби Конгресси аввали СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва муомила бо қонуншиканон соли 1955 қабул карда шуд. Ин қоида пешбинӣ намуд, ки ҷазои ҷисмонӣ, ҷазо дар шакли нигоҳ доштан дар ҳуҷраи торик ва ҳамаи хелҳои ҷазои бераҳмона, ғайриин сонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қимати шахс бояд манъ карда шаванд.

Дигар санади ҳуқуқие, ки ба ҳайси заминаи аҳдномаи манъ намудани ҳама гуна шиканҷа ва муносибати бераҳмона баромад менамояд, ин лоиҳаи принсипҳои ҳимоя аз ҳабс ва боздошти худсарона мебошад, ки Кумита дар ҳайати 4 давлати аъзои Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон мутобиқи хоҳиши дар қатъномаи 2 аз 14-уми марти соли 1961 баёнгардидаи Комиссия таҳия намудааст. Дар он чунин омадааст: «Ягон шахси ҳабсшуда ё таҳти ҳабс қарордодашуда набояд таҳти фишори ҷисмонӣ ё руҳӣ, шиканҷа, зӯроварӣ, таҳдид ё ягон хел таъсир, фиребу найранг, пурсиши тулонӣ, гипноз, таъсири маводди нашъадор ё ҳама гуна дигар воситаҳое, ки метавонанд озодии амал ё қарорҳои ӯ, хотира ё қобилияти фикрронии вайро халалдор ё заиф созанд, қарор дода шавад. Ҳама гуна изҳороти ӯ бинобар истифодаи ягон усули манъшудаи дар боло зикргардида, инчунин ҳама гуна далелҳои бо чунин усулҳо бадастовардашуда набояд дар ҳама гуна зинаҳои тафтиши парванда ҳамчун далел ба муқобили ӯ истифода гарданд.». Дар асоси ин муқаррарот 9-уми декабри соли 1988 аз ҷониби Иҷлосияи Кулли СММ Маҷмуи принсипҳои ҳимояи ҳама шахсони боздошташуда ё дар ҳама гуна шакли дигар ҳабсшуда қабул карда шуд, ки дар моддаи 1-уми он ҳуқуқи шахсони боздошт ва ҳабсшуда чунин таъкид ёфта буд: «Ҳама шахсони боздошташуда ё дар ҳама гуна шакли дигар ҳабсшуда, ба муносибати инсонӣ ва шаъну шарафи хосси шахсияти инсон ҳуқуқ доранд».

3. МАФҲУМИ «ШИКАНҶА» ВА ДИГАР НАВЪҲОИ МУНОСИБАТИ БЕРАҲМОНА. Дар Конвенсия бар зидди шиканҷа ва дигар навъҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қимати шахс (1984), мафҳуми «шиканҷа» чунин таъриф шудааст: «Ҳама гуна амале, ки ба воситаи он ба ягон шахс қасдан ё бо дигар сабаби табъизи дорои хислатҳои гуногун дарду азоби сахт ё азоби ҷисмонӣ ё маънавӣ расонида мешавад, то ки аз ӯ ё аз шахси сеюм маълумот гиранд ё ӯро ба иқрор кардан маҷбур кунанд, ӯро барои гумонбар шуданаш ва ё содир намудани амал ҷазои бераҳмона диҳанд, инчунин вай ё шахси сеюмро тарсонанд ё маҷбур намоянд, дар сурате ки чунин дард ё азоб аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ, ё бо шӯрангезии онҳо ё бо огоҳии онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо расонида шуда бошад».

Аз мафҳуми мазкур бармеояд, ки шиканҷа пеш аз ҳама, амале мебошад, ки аз ҷониби шахси мансабдор ё шахси дигари расмӣ бо мақсади дарёфти маълумот ва иҷборан эътироф намудани гуноҳ, ҷазо додан, тарсонидан бо расонидани азобу уқубат ба амал бароварда мешавад. Дар натиҷаи шиканҷа шахс азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ дида, иродаи озоди ӯ мағлуб шуда, омода аст, ки ҳар гуна гуноҳеро, ки содир накардааст, ба гардан гирад ё шаҳодати бардурӯғ диҳад.

Шиканҷа ҳама гуна рафтори барқасдонаи шахсони мансабдор мебошад, ки нисбати тарафи таъқибшаванда татбиқ шуда, ба онҳо азобу шиканҷаи ҷисмонию руҳӣ мерасонад.

Ҳамин тавр, конвенсияи мазкур муайян менамояд, ки новобаста ба ҳадафи истифода, шиканҷа чун кирдори мамнуъ эълон шудааст ва содиркунандагони он худ гунаҳкор буда, бояд ба ҷазои одилона кашида шаванд. Бояд зикр намуд, ки на ҳама гуна азобу уқубат кашидан мазмуни шиканҷаро ташкил менамояд. Азобу уқубате, ки дар натиҷаи ҷазои қонунӣ ва ё тасодуфан ва ё аз беэҳтиётӣ расонида шудааст, мазмуни шиканҷаро ташкил намекунад.

4. МАНЪ БУДАНИ ИСТИФОДАИ ШИКАНҶА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 1994 ба ин Конвенсия ҳамроҳ шудааст ва ин санад барои Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 1995 эътибор пайдо намудааст. Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳои узви ин Конвенсия кушиш менамояд, ки қадру қимати инсонро ба таври дахлдор ҳифз намояд ва намегузорад, ки дар қаламрави он ба истифодаи шиканҷа муносибати бераҳмона роҳ дода шавад. Тоҷикистон тавассути қонунгузорӣ ҳам амали истифодаи шиканҷа ва дигар навъҳои муносибати ғайриинсониро манъ намудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст: «Ба ҳеч кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст» (моддаи 18). Аз муқаррароти Конститутсия бармеояд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ қатъиян манъ аст.

Дар моддаи 143-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиканҷа чун ҷиноят нишон дода шуда, субъекти ҷавобгарии он ҳама шахсоне, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронанд ё шахси мансабдори дигари давлатӣ ҳисоб мешаванд. Яъне муфаттиш, таҳқиқбаранда ё шахси мансабдори дигари давлатӣ ҳуқуқ надорад каси дигарро мавриди шиканҷа қарор диҳад. Дар қисми якуми ҳамин модда қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ё руҳӣ чун аломати шиканҷа муқаррар карда шудааст. Барои чунин кирдор ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол муайян карда шудааст.

4. ПЕШГИРИИ ШИКАНҶА, МУНОСИБАТИ БЕРАҲМОНА ВА ҒАЙРИИНСОНӢ ДАР ТАЪМИНИ АДОЛАТИ СУДӢ. Шиканҷаро чун амали номатлуб Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ манъ намудааст. Мувофиқи талаботи Кодекси мазкур гирифтани нишондоди айбдоршаванда ва дигар шахсони ширкаткунанда бо роҳи зӯроварӣ, таҳдид ва дигар роҳҳои ғайриқонунӣ манъ аст. Дар асоси муқаррароти ин Кодекс ва Конвенсияи фавқуззикр ҳама гуна баёноте, ки таҳти шиканҷа дода шудааст, дар ҷараёни тафтишоти судӣ ҳамчун далели айбдоркунанда истифода карда намешавад.

Моддаи 354-и Кодекси ҷиноятӣ кирдори таҳқиркунанда, муфаттиш ва судро доир ба маҷбур сохтани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ва шаҳодат додани нишондодро, ки дар натиҷаи истифодаи шиканҷа сурат мегирад, чун ҷиноят эътироф намудааст. Гарчанде нишондоди гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ва шоҳид барои кушодани ҷиноят аҳаммияти калон дорад, вале қонун талаб менамояд, ки ҳангоми гирифтани он нисбат ба шахсони шаҳодатдиҳанда шиканҷа истифода нашавад. Агар мабодо пурсиши шахсони номбаршуда бо истифода аз таҳқир, шиканҷаю зӯроварӣ ва дигар муносибати бераҳмонаю ғайриинсонӣ сурат гирад, ин амал чун ҷиноят эътироф шуда, шахсони масъул бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: арзиши қадру қимати инсонӣ, шиканҷа, муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қимати шахс, Кумитаи зидди шиканҷа, шикояти инфиродӣ ба ин Кумита.

Савол ва супориш:

  1. Дар ҷаҳони муосир назари мардум, давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ нисбат ба шиканҷа ва дигар навъҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қимати шахс чӣ гуна аст?
  2. Қадру қимати инсонӣ чист ва он чӣ арзиш дорад?
  3. Чанде аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба манъи шиканҷа ва дигар навъҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қимати шахс номбар намоед.
  4. Кадом қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро медонед, ки шиканҷаро манъ намудаанд?
  5. Барои содир намудани амали шиканҷа аз рӯйи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст?

Реклама