1. МАФҲУМИ «АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ». Ҷаҳони имрӯза воқеан ҳам бисёрфарҳанг ва сермиллат маҳсуб мешавад. Дар ҷаҳон беш аз 200 давлат вуҷуд дошта, дар онҳо ба (ҳисоби умумӣ) намояндагони 8 ҳазор гурӯҳҳои этномиллӣ, ки аз ҳамдигар бо хусусиятҳои қавмӣ, забонӣ, фарҳангӣ, динӣ фарқ мекунанд, зиндагӣ доранд. Ҳазорҳо халқ, миллат ва гурӯҳҳои қавмӣ соҳибдавлат нестанд, онҳо дар ҳайати давлатҳои сермиллате зиндагӣ мекунанд, ки дар онҳо як ё ду этнос номвар (давлатҳо ва ҷамоаҳои миллии давлатӣ бо номи онҳоянд) буда, боқӣ ҳама мақоми ақаллиятҳои миллӣ ё забонӣ доранд. Дар ҷаҳон давлате нест, ки аҳолиаш як миллат бошад, танҳо бо як забон гуфтугӯ кунад, ба як дини барои ҳама ягона эътиқод дошта бошад.
Дуруст аст, ки давлатҳои муосири миллӣ ва демократӣ дар заминаи этнос-халқи муайяни таҳҷоӣ ташаккул ёфтаанд, ки барои онҳо забон, фарҳанг ва дигар унсурҳои миллӣ аз назари сиёсӣ нақши ҳалкунанда доранд. Аммо табиати демократии давлатҳои миллӣ бо мурури замон ба вожаи миллат, ки нахуст ҳамчун категорияи этникӣ фаҳмида шуда, бо унсурҳои забонию фарҳангию иқтисодӣ маҳдуд буд, тағйиру иловаҳои замонию маконӣ тавассути таҷриба ва қонунгузорӣ ворид кардааст.
Имрӯз илмҳои ҷомеашиносӣ ҷиҳати дарки дурусти падидаи миллати муосири давлатҳои демократӣ вожаҳои гуногуни миллатро истифода мебарад. Дар илми ҷомеашиносӣ ҳоло таърифҳои примордиалисти, конструктивистӣ, модернистӣ, постмодернистӣ, сотсиалистӣ ва навмарксистии миллат маълуму машҳур аст. Аз назари илмҳои ҳуқуқшиносӣ бошад, дар консепсияи давлати миллӣ-демократӣ фаҳмиши нисбатан васеи миллат, миллат ҳамчун маҷмуи шаҳрвандони давлати муайян, яъне халқи давлати муайян фаҳмида мешавад. Онро баъзе мавридҳо миллати шаҳрвандӣ ва ё конститутсионӣ низ меноманд. Дар ин фаҳмиши ҳуқуқӣ вожаи миллати Тоҷикистон, халқи Тоҷикистон ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаммаъноанд. Аз ин лиҳоз, масъалаи ақаллиятҳои миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо комилан дар партави конститутсияи давлатҳои миллӣ-демократӣ ҳаллу фасл мегардад.
Чӣ дар илми имрӯзаи миллӣ ва чӣ дар амалияи байналмилалӣ-ҳуқуқӣ мафҳуми «ақаллият» низ дар мавриди истифода нисбат ба гурӯҳҳои миллӣ, забонӣ, динӣ ҳанӯз то ба охир муайян карда нашудааст. Мушкилӣ сари он аст, ки ба вожаи «миллат» аз кадом назар муносибат мекунем ва онро чигуна мефаҳмем, маҳз аз ҳамин фаҳмиш ақаллияти миллӣ ҷудо мешавад. Онро дар ҷомеашиносӣ (сотсиология), таърих, антропология, сиёсатшиносӣ ва ҳатто фанҳои гуногуни ҳуқуқӣ бо тарзҳои гуногун меомӯзанд. Аз сабабе ки ақаллиятҳои миллӣ ҳанӯз дар баъзе аз кишварҳои олам аз назари вазъи ҳуқуқӣ мушкилиҳо доранд, созмонҳои байналмилалӣ бо ин категория бештар таваҷҷуҳ менамоянд.
Муносибати ҳуқуқи байналмилалӣ ба ақаллиятҳои миллӣ моҳияти нисбатан ба худ хосро дорад. Тибқи он гурӯҳи одамони дорои ҳама гуна фарқҳои назаррас ва аз ҷониби ҳама эътирофшаванда, вале дар як маврид шаҳрвандони ин мамлакат набударо, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ ва ақаллиятҳои миллиро ташкил намедиҳанд.
Ақаллият гурӯҳест, ки чун қоида нисбат ба қисми дигари аҳолии давлат шумораи камро ташкил дода, мақоми пешбарӣ надорад, аъзои он шаҳрвандони мамлакат буда, соҳиби тафовутҳои этникӣ, динӣ ё забоние мебошанд, ки онҳоро аз қисми асосии аҳолӣ ҷудо месозад.
2. МАСЪАЛАҲОИ РИОЯИ ҲУҚУҚИ АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАҲОН. Ҷанбаи аз ҳама асосии ҳифзи ҳуқуқи ақаллият манъи табъиз аст. Ҳамаи ҳуқуқи ақаллият, ки онҳоро баъзан ҳам ба ҳуқуқи инфиродӣ ва ҳам ба ҳуқуқи дастаҷамъона мутааллиқ медонанд, маҳз аз нигоҳи ғайритабъизӣ баррасӣ мешаванд.
Ба хотир оред, ки мафҳуми «табъиз» чӣ маъно дорад?
Дар ҷаҳони имрӯза мисолҳои табъиз, ҷудосозӣ ва таъқиби ақаллиятҳои миллӣ, мутаассифона, зиёд ва гуногунранганд. Акнун табиати онҳо бештар на ба тавсифоти биологӣ чун шаклҳои пештараи нажодпарастӣ («нажоди сафедпӯст назар ба нажоди сиёҳпӯст беҳтар аст»), балки ба фарқиятҳои фарҳангӣ асос ёфтааст. Таъкиди бартар будан аксаран ба фаромӯшӣ мебарад, вале ба ҷойи ин «осонакак» қайд мешавад, ки фарҳанг барои халқ ё омехташавии фарҳангӣ ё иҷтимоӣ ин махсусиятро зери хавф мегузорад. Эҳсоси номақбулӣ шакли зуҳуроти ба ҳам зич алоқамандро мисли табъиз, бегонаситезӣ (ксенофобия), оштинопазирӣ, зиддисомӣ, нажодпарастӣ мегирад.
Дар назди ақаллиятҳо, масалан, чунин масъалаҳои марбут ба шаклҳои гуногуни табъиз меистанд:
Зери мафҳуми геносид кирдорҳои бо нияти пурра ё қисман нобуд сохтани ягон гурӯҳи миллӣ, этникӣ, нажодӣ ё динӣ фаҳмида мешавад.
3. МОҲИЯТИ ҲУҚУҚИ АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҲУҶҶАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Албатта, ашхоси мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ, динӣ ва ғайра ҳамаи он ҳуқуқҳоеро дорост, ки дигар одамон ва шаҳрвандони мамлакат доранд (ҳуқуқ ба ҳаёт, ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, ҳуқуқ ба озодии афкор, озодӣ аз шиканҷа ва ғуломӣ, ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ). Вале намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ҳамчунин ҳуқуқи махсуси худро доранд.
Рушди таърихии консепсияи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро шартан ба се марҳала ҷудо кардан мумкин аст:
Марҳалаи аввал – аз соли 1919 (низоми Версалӣ) то соли 1948, ба пайдоиши истилоҳи «ақаллиятҳои миллӣ», ҳамчун категорияи мустақил, кӯшиши эминсозии онҳо аз табъиз ва таъмини кафолатҳои байналмилалии риояи меъёрҳои дахлдори қарордодӣ бахшида мешавад.
Марҳалаи дуюм – аз 10-уми декабри соли 1948, аз лаҳзаи эълон гаштани Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон то даҳсолаи охири асри ХХ – ба кӯшиши татбиқи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар асоси принсипи баробарӣ такя мекунад.
Марҳалаи сеюм – аз охири асри ХХ то имрӯз бо қабули якчанд санади Шурои амнияти Шурои Аврупо ва Эъломияи СММ дар бораи ҳифзи ашхоси мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ, қавмӣ, динӣ ё забонӣ (1992) алоқаманд буда, бо эътироф ва дастгирии махсусиятҳои ақаллиятҳои миллӣ тавсиф меёбад.
Санадҳои нисбатан муҳимми байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ инҳоянд: Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (1948), Конвенсия дар бораи пешгирии геносид ва ҷазодиҳӣ барои он (1948), Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ (1965), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966), Эъломия дар бораи ҳуқуқи ашхоси мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ, этникӣ, динӣ ва забонӣ (1992).
Дар кишварҳое, ки ақаллиятҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ мавҷуданд, ба шахсони чунин ақаллиятҳо мансуб дар якҷоягӣ бо дигар аъзои гурӯҳи худ набояд ҳуқуқи истифода аз фарҳанги худ, пайравӣ кардан ба дини худ ва риояи суннатҳои он, ҳамчунин истифода аз забони худ рад карда шавад. | ||
Моддаи 27-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ. | ||
Савол ва супориш:
| ||
Реклама