§1.6. БАРОБАРӢ ВА ЭҲТИРОМИ БАЙНИҲАМДИГАРИИ МАРДУ ЗАН

1. КАФОЛАТИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ ЗАН ВА МАРД.

Баъди ноил гардидан ба истиқлол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, барои беҳтар гардонидани вазъи аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешид.

Дар ин замина таъмини ҳуқуқу имконҳои баробари мард ва зан қисми таркибии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибис- тиқлолӣ вобаста ба воқеияти замон ва хусусиятҳои миллию фарҳангӣ масъалаҳои беҳтар гардонидани шароити зану мард ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҷузъи муҳимми сиёсати пешгирифта маҳсуб меёфт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зан ва мард аз ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои шахсию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бархӯрдоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон табъиз нисбат ба занро дар ҳамаи шаклҳои он маҳкум карда, ба пиёда намудани сиёсати рафъи табъиз нисбат ба зан мусоидат менамояд.

Таъмини рушди ҳаматарафаи занро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст. Дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои занро дар баробари ҳуқуқу озодиҳои мардон кафолат дода, ҳимоя мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар он меъёре вуҷуд надорад, ки ҳуқуқу озодиҳои занро бевосита ва ё бавосита маҳдуд кунад.

Масъалаҳои баробарии зан дар ҷомеа бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудаанд. Нақши муҳимро дар ин самт Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад. Дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқи оилавӣ соҳаи ҳуқуқи оилавии Тоҷикистон рушд карда истодааст. Илова бар ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» низ муносибатҳо оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занонро дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо ба танзим медарорад, ҳуқуқпоймолкуниро аз рӯйи аломати ҷинсӣ пешгирӣ мекунад ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар менамояд. Поймолкуние, ки ба баробарии гендерӣ асос ёфтааст (гузаронидани сиёсати давлатӣ ё содир кардани амалиёти дигаре, ки мардону занонро аз рӯйи ҷинс дар мавқеи нобаробар қарор медиҳад), поймолкунии ҳуқуқ шуморида мешавад ва бояд бо тартиби муқарраркардаи қонун бартараф карда шавад.

Дар баробари ин бояд қайд кард, ки Тоҷикистон дар миёни давлатҳои собиқ Шуравӣ аввалин давлатест, ки Конвенсияҳои байналмилалии «Дар бораи рафъи ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон», «Дар бораи ҳуқуқи сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқи кӯдак»-ро тасдиқ намудааст.

2. ИШТИРОКИ ЗАНОН ДАР ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТӢ.

Дар таъмини иштироки васеи зан дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии зан ва мард ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1-уми марти соли 2005 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аҳаммияти калон доранд. Илова бар ин дар ду ҳуҷҷати муҳим – «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» қабул карда шуд, ки ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа равона гардида, амалисозии онҳо боиси ба маротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиеро пеша намудааст, ки он ҳуқуқу имкониятҳои занон ва мардонро баробар таъмин менамояд. Хусусиятҳои хосси сиёсати давлатии гендерӣ аз инҳо иборатанд:

  • аз тарафи давлат эътироф карда шудани баробарҳуқуқии ҷинсҳо, қабул намудани қонунҳое, ки барои мардону занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, муносибатҳои оилавию никоҳӣ ҳуқуқи баробар муқаррар мекунанд;
  • иштироки васеи занон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ;
  • инкишофи соҳаҳои хидматрасонӣ бо мақсади фароҳам овардани шароитҳое, ки зан тавонад вазифаҳои наслофарӣ, истеҳсолӣ ва оилавиаш, аз ҷумла тарбияи ҷамъиятии кӯдакон ва умумигардонии рӯзгорро баробар иҷро кунад;
  • ташкили низоми давлатии ҳимояи иҷтимоии занон дар шакли имтиёзҳо, ёрдампулиҳо, рухсатӣ барои тавваллуди кӯдак ва нигоҳубини он, маҳдуд намудани меҳнати занон.

Қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардон ва занон ба вазифаҳои интихобӣ, интихоб кардан ва интихоб шудан кафолат медиҳад. Зеро, занон дар қатори мардон неруи устувор ва серҳаракати ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҳамин тариқ, низоми интихоботии кишвар ба занон барои иштирок дар раванди амалӣ намудани сиёсати давлат ҳуқуқи баробари интихобот ва кафолатҳои онро таъмин менамояд. Масалан, ҳангоми ташкили ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ принсипи конститутсионии баробарии ҳуқуқ ва баробарии имконҳои мардон ва занон ба асос гирифта мешавад.

Давлат иштироки баробари занонро дар радифи мардон дар самти идоракунии давлатӣ кафолат додааст. Давлат баробарии марду занро дар шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ таъмин менамояд.

3. МУВОЗИНАТИ ГЕНДЕРӢ. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такмили заминаҳои ҳуқуқӣ барои ноил шудан ба баробарии гендерӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Масъалаҳои баробарии гендерӣ дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар ҷой дода шудаанд. Ҷараёни нави қонунгузорӣ бо дарназардошти равиши гендерӣ қабул карда мешавад.

Мувозинати гендерӣ ва баробарии гендерӣ ду мафҳуми ба ҳам алоқаманданд. Таҳлили мувозинати гендерӣ сатҳи баробарии гендериро муайян менамояд. Мувозинати гендерӣ вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии занону мардон баробар муайян менамояд.

Дар таъмини баробарии гендерӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аҳаммияти калон касб намуд. Фармони мазкур бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо, солимии генофонди миллӣ, фаъол гардонидани мақоми зан дар мустаҳкам гаштани асосҳои ахлокӣ қабул шудааст.

Ҳамин тавр, дар сиёсати давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар боло рафтани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон танҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардид. Роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон диққати ҷиддӣ медиҳад. Диққати ҷиддии роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон буд, ки солҳои охир самаранокии татбиқи сиёсати гендерӣ дар кишварамон таъмин гаштааст.

4. ИНЪИКОСИ БАРОБАРИИ ҲАМСАРОН ДАР АСНОДИ ҲУҚУҚӢ. Дар моддаи 33-и Кодекси оила принсипи баробарии ҳамсарон дар оила пешбинӣ шудааст, ки он дар навбати худ ба моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарии ҳуқуқу озодиҳои занон ва мардон такя мекунад. Ин баробарӣ муносибатҳои оилавиро низ дар бар мегирад, ки бар асоси он мард ва зан дар оила ҳуқуқи баробар доранд.

Ҳамсарон дар ҳалли масъалаҳо муносибатҳои оилавӣ ҳуқуқи баробар доранд. Аз ҷумла ҳамсарон ба интихоби озоди шуғли меҳнат, касбу кор, ҷойи истиқомат; тасмими якҷояи ҳамсарон дар масъалаи модарӣ, падарӣ, тарбия ва таҳсилоти кӯдакон, масъалаҳои дигари ҳаёти оила (ҳуқуқ ба тасмими муштараки масъалаҳои гуногуни ҳаёти оила); вазифаҳои ҳамсарон дар мавриди ба роҳ мондани муносибат дар оила дар асоси эҳтиром ва ҳусни тафоҳуми якдигар, инчунин вазифаҳои ҳамсарон барои мусоидат ба некуаҳволӣ ва таҳкими оила, ғамхорӣ дар ҷодаи таъмин ва ба балоғат расонидани кӯдакони худ сурат мегирад. Мазмуни моддаи 33-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳияти усули баробарии ҳамсаронро дар оила равшанӣ намуда, пурра ҷавобгӯйи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 16-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, моддаҳои 12, 13, 15, 16-и Конвенсия дар бораи рафъи ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон (1979), инчунин Эъломияи Пекин ва Платформаи амали Конференсияи умумиҷаҳонӣ оид ба мақоми зан (соли 1995) мебошад, тамоюли умумиро оид ба низом даровардани қонунгузории оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи асноди байналмилалии ҳуқуқӣ тасдиқ менамояд.

Мутобиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсар вазифадор аст, ки дар татбиқи ҳуқуқи молумулкии шахсӣ ба ҳамсари худ монеа эҷод накунад. Ғайр аз ин ба вазифаҳои ҳамсарон дар асоси эҳтиром ва ҳусни тафоҳуми якдигар ба роҳ мондани муносибатҳо дар оила мусоидат ба некуаҳволӣ ва таҳкими оила, ғамхорӣ дар бораи таъмин ва рушди аъзои оила низ дохил мебошанд. Қоидаи мазкур моҳияти эъломиявӣ дорад. Дар он вазифаҳои ахлоқии марду зан дар назди ҳамдигар ва дар оила номбар шудаанд.

Қонун баробарии ҳуқуқу вазифаҳои марду занро дар оила дар назар дошта, афзалияти ҳеч кадом аз онҳоро муқаррар намекунад.

Усули баробарии мард ва зан дар оила, ки ба онҳо ҳуқуқ ва вазифаҳо додааст, на танҳо барои мамлакати мо хос аст. Асноди асосии ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон шарҳ медиҳанд, ки давлат бояд барои таъмини ҳуқуқу вазифаҳои ҳамсарон нисбат ба ақди никоҳ, дар мавриди дар ақди никоҳ будан ва онро шикастан тадбирҳо андешад. Аз ин рӯ баробарии ҳуқуқи ҳамсарон на танҳо дар қонунгузории миллӣ, балки дар қонунгузории аксарияти давлатҳои хориҷӣ низ пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тариқ, сиёсати давлатӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқӣ ва имкони баробар доштани мардон ва занон бояд ба ин самтҳо мутобиқ бошад:

  • Ба мардон ва занон баробар дастрас будани захираҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, баланд бардоштани мустақилии иқтисодии занон;
  • Дар ҷомеа баланд бардоштани обрӯйи кори ройгони хонагӣ ва ташаккули афкори ҷамъиятии мусбат ба мақоми нави мардон ва занон дар ҷомеа ва оила;
  • Дастрасии баробари ҳамаи навъҳои таҳсилоти касбӣ ба мардон ва занон;
  • Баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон бо мардон;
  • Таъмини ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба саломатии репродуктивӣ ва ба нақшагирии оила;
  • Андешидани тадбир барои пешгирӣ кардани зӯроварӣ дар оила нисбат ба занон ва аъзои дигари оила.

Дар сурати татбиқи самараноки ин сиёсат, бартараф кардани монеаҳои зиёд, ки мақоми занро инъикос мекунанд, пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо имконпазир аст.

Баробарии мардону занон ва эҳтироми байниҳамдигарии онҳо дар оила ва ҷомеа кафили оилаи хушбахт ва ҷомеаи рӯ ба рушду таҳаввул мебошад.

Савол ва супориш:

  1. Дар бораи кафолати давлатии баробарҳуқуқии занон бо мардон далелҳо биёред.
  2. Дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи занон чӣ гуфта шудааст?
  3. Бо далелҳо нақши занро дар ҷомеаи Тоҷикистон муайян намоед.
  4. Мувозинати гендерӣ чиро дар назар дорад?
  5. Асноди ҳуқуқии Тоҷикистонро мисол биёред, ки масъалаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занонро инъикос мекунанд.
  6. Принсипи баробарии марду зан дар оила дар чӣ ифода меёбад?

Реклама