§6. ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. ЗАРУРАТ, АҲАММИЯТ ВА МАЗМУНИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ оид ба эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи инсон равона гардидааст. Созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа амал мекунанд. Масалан, дар соҳаи таъмини сулҳ, пешгирии ҷанг, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҳифзи табиат, солимгардонии муҳити зист, истифодаи оқилонаи табиат, ҳалли масоили зиёди марбут ба оила, демография. Яке аз соҳаҳои фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.

Зарурати таърихии фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ бо он муайян мегардад, ки дар баробари пешрафти ҷомеа арзиши инсон низ бештар шинохта шуда, ҳуқуқҳояш батад- риҷ эътироф шудаанд, аммо ҷангҳои ҷаҳонии асри гузашта арзишҳои муҳимми ахлоқию ҳуқуқии инсонро поймол намуданд. Илова бар ин, дар шароити имрӯза низ дар манотиқи гуногуни олам низоъҳои мусаллаҳона ҷой доранд, масалан, дар Ироқ, Афғонистон Фаластин. Тоҷикистон низ таҷрибаи талхи низои байни тоҷиконро дар нимаи аввали солҳои 90-ум чашид. Дар баробари низоъҳои мусаллаҳона, ҷаҳони имрӯза боз дучори ҳодисаҳои дигари нанговару хилофи ҳуқуқи инсон гашт. Яке аз чунин ҳодисаҳои мудҳиш ва ба ҳаёти одамон хатарнок терроризми байналмилалӣ аст. Ҳодисаҳои террористии дар ИМА, Англия, Испания, Федератсияи Русия ва манотиқи дигари олам рухдода, боиси ҳалокати ҳазорҳо афроди бегуноҳ ва умуман, аҳолии осоишта гардиданд. Солҳои охир дар Ироқу манотиқи дигари гирифтори низоъҳои мусаллаҳона, ба қатл расонидани гаравгонон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ба мушоҳида мерасад (масалан, қатли кормандони сафоратхонаи Русия дар Ироқ ва шумораи зиёди хабарнигорону кормандони созмонҳои байналмилалӣ дар ин кишвар), ки худ боз як ҳодисаи мудҳишу нанговар аст.

Ҳамаи ин низоъҳою амалҳои ҷинояткорона, алалхусус ҷиноятҳои байналмилалии зидди инсон зарурати фаъолияти созмонҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон дучанду даҳчанд гардониданд. Низоъҳои мусаллаҳона, амалҳои террористӣ ва дигар кирдорҳои зиддиинсонӣ истифода ва риояи ҳуқуқи инсонро зери хатар мемонанд ва ё онҳоро ошкоро поймол мекунанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ назди чунин ҳодисаҳои хилофи қадру ҳаёти инсонӣ оҷиз аст. Дар ин самт фаъолияти як ё ду давлати ҷудогона нокифоя аст.

Дар ҷаҳони имрӯза фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон зарурати таърихӣ ва аҳаммияти умумиинсонӣ дорад.

Мазмуни фаъолияти созмонҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон унсурҳои зерин ташкил медиҳанд: эътирофи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ (эъломия, паймонҳо, конвенсияҳо); тафтиши риояи ҳуқуқи инсон дар минтақаҳои гуногуни олам; таъсиси ташкилот ва созмонҳои мухталифи байналмилалӣ баҳри тафтиши риояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони имрӯза; таҳия ва пешниҳоди таклифҳои муфиду мушаххас ба ҳукуматҳо, созмону ташкилоти дохилидавлатӣ баҳри риоя ва таъмини ҳуқуқи инсон; андешидани чораҳои ташкилӣ, иқтисодиву молиявӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва истифодаи самараноки онҳо дар кишварҳои ҷаҳон; таҳияи барномаю консепсияҳои гуногун ҷиҳати риоя ва таъмини ҳуқуқи инсон.

2. СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА СОХТОРҲОИ ОНҲО ОИД БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН.

Дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ мавқеи марказиро вазифаҳои нозирии СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ишғол менамояд. Хусусияти фаъолияти созмонҳои байналмилалии ин соҳа дар он аст, ки ин созмонҳо ба фаъолияти давлатҳо дахолат намекунанд. Айни замон давлатҳо вазифаҳои муайянро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба зимма гирифтаанд ва уҳдадоранд, ки онҳоро иҷро намоянд. Ин вазифаҳо аз вазифаҳои давлатӣ-миллӣ дар дохили кишвар фарқ доранд.

Вазифаҳои давлатҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон хислати умумиҷаҳонӣ доранд. Давлат дар баробари ҳамроҳ шудан ба санадҳои байналмилалӣ (эъломия, паймонҳо, конвенсияҳо) дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулиятро ба зимма мегиранд. Табиист, ки як давлат аз болои фаъолияти давлати дигар дар ин соҳа назорат бурда наметавонад, ба ин кор ҳеҷ як давлат ваколатдор нест, зеро ин амал хилофи соҳибихтиёрии давлатҳо ва ҳуқуқи байналмилалист.

Роҳи асосии имконпазири назорати риояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон ин фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Маҳз созмонҳои байналмилалӣ, ки бо азму иродаи халқҳои ҷаҳон таъсис дода мешаванд, имкони назорати риояи ҳуқуқи инсонро дар ҳар гӯшаи ҷаҳон доранд.

Дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид аввалиндараҷа аст. СММ созмони байналмилалиест, ки дар асоси иттиҳоди довталабонаи давлатҳои соҳиб- ихтиёр барои таъмини амнияту сулҳи ҷаҳон ва инкишофи ҳамкории давлатҳо таъсис дода шудааст.

Вазифаи мусоидат ба эҳтирому риояи ҳуқуқи инсонро Ассамблеяи Генералии СММ ба уҳда дорад. Ассамблеяи Генералӣ ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва амалӣ гаштани ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама новобаста аз тафовути нажодӣ, ҷинс, забон ва дин мусоидат мекунад (моддаи 13-и Оинномаи СММ). Бо мақсади ин фаъолият Ассамблеяи Генералӣ таҳқиқи зарурӣ гузаронида, тавсияҳои муфид медиҳад. Масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон дар кумитаҳои Иҷлосияи Кулл, алалхусус, дар Кумитаи сеюми он, муҳокима мешаванд. Таҳқиқи соҳаи ҳуқуқи инсонро Шурои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ (ШИИ), мақомоти ёрирасони он, муассисаҳои махсусгашта ва Кулли СММ мегузаронанд. Иҷлосияи Кулл ҳуқуқи муҳокимаи ҳама гуна масъаларо дар чаҳорчӯбаи Оинномаи СММ дошта, дар заминаи онҳо ба давлатҳои аъзо ва Шурои Амният таклифҳо пешниҳод мекунад.

Ин созмон таҳти роҳбарии Иҷлосияи Кулл фаъолият мекунад. ШИИ соли 1946 таъсис гардидааст. Ба сифати мақоми ёрирасон 5 комиссияи минтақавии ШИИ амал мекунад: Комиссияи аврупоии иқтисодӣ, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва уқёнуси Ором, Комиссияи иқтисодии СММ барои Африқо, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиёи Ғарбӣ, Комиссияи иқтисодии СММ барои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи баҳри Кариб. Ҳамчунин беш аз 20 кумита, комиссияҳо ва шуроҳои доимӣ (оид ба вазъи занон, Шуро оид ба ҳуқуқи инсон) мақомоти ёрирасони ин созмон мебошанд. Мақоми олии ШИИ сессия мебошад, ки дар як сол се маротиба даъват мешавад. Қароргоҳаш дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) аст.

Комиссия оид ба вазъи занон комиссияи ШИИ буда, соли 1946 таъсис дода шудааст. Аъзои он ба муҳлати 4 сол аз ҷониби ШИИ интихоб мешаванд. Оид ба риояи ҳуқуқи занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бо дарназардошти баробарҳуқуқии марду зан ба ШИИ маърузаву таклифҳо пешниҳод мекунад. Дар таҳияи Конвенсия оид ба ҳуқуқи сиёсии занон, Эъломия дар бораи барҳам додани табъиз нисбат ба занҳо ва дигар санадҳои байналмилалӣ марбут ба ҳуқуқи занон иштирок намудааст. Ҳамчунин иҷрои конвенсияҳо, эъломияҳо ва таклифҳои қабулшударо месанҷад.

Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис мешавад, ки баъдан аз соли 2006 ба Шуро оид ба ҳуқуқи инсон табдил меёбад. 47 нафар аъзои Шуроро аъзои Ассамб- леяи Генералии СММ интихоб мекунад. Аъзои Шуро аз давлатҳое интихоб мешаванд, ки намунаи таъмини ҳуқуқи инсон бошанд. Шуро оид ба ҳуқуқи инсон дар хусуси Билли байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, эъломияю конвенсияҳо оид ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, вазъи занон, озодии иттилоот, ҳифзи ақаллиятҳо, пешгирии маҳдудияти нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ва динӣ, ҳама гуна масъалаи дигари марбут ба ҳуқуқи инсон маърузаю таклифҳоро ба ШИИ пешниҳод мекунад. Тибқи қарори Иҷлосияи Кулли СММ 20-уми декабри соли 1993 Идораи Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфт, ки он фаъолияти СММ-ро дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон кафолат додааст, назорат намуда, фаъолияти дигар сохторҳоро дар самти ҳукуқи инсон ҳамоҳанг месозад.

Ҳамин тавр, дар назди СММ ва ШИИ аввал аз соли 1946 Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон амал мекард, сипас моҳи марти соли 2006 комиссияро ба Шуро табдил доданд. Комиссия ҳамчун муассисаи ҳуқуқмуҳофизатӣ дар низоми СММ баромад мекунад. Кумита оид ба ҳуқуқи инсон бошад соли 2008 дар назди ҳамин Шуро дар ҳайати 18 нафар коршинос (ҳамчун кумитаи машваратӣ) таъсис ёфт. Кумита оид ба ҳуқуқи инсон масъалаи назорати иҷрои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро аз ҷониби давлатҳои аъзо бар уҳда дорад. Ҳамин тавр, Кумита ҳамчун мақомоти машваратӣ дар масъалаи вазъи беҳбуди ҳуқуқи инсон дар олам баромад карда, дар як вақт сатҳи риояи Паймони байналмилалиро оид ба ҳукуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро дар паҳнои далватҳои аъзои Паймон назорат карда, ба Шуро хулоса ва пешниҳод ироа менамояд.

Барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар назди СММ теъдоди зиёди мақомоти конвенсионӣ амал мекунад, ки дар асоси созишномаҳо оид ба ҳуқуқи инсон таъсис гардидаанд. Аввал Кумита оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд. Сипас мақомоти зерини конвенсионӣ ташкил шуданд: Кумита оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ (соли 1970), Кумита оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон (соли 1982), Кумита оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (соли 1985), Кумитаи муқобили шиканҷа (соли 1988), Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 1990).

3. ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ мебошад. Тоҷикистон ба бештари эъломия, паймонҳо, конвенсияҳо ва санадҳои дигари байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, қонунгузории хешро ба талаботи онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистон узви бисёр созмонҳои байналмилалӣ аст. Созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон намояндагии худро доранд. Тоҷикистон якҷо бо созмонҳои байналмилалӣ дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва таъмини ҳуқуқи инсон саҳм мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ буда, дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои муфид баромад мекунад. Чунончи, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи оби тоза» дар ҷаҳон эълон гардид. Ин ташаббусро Роҳбари давлат зимни суханронӣ дар Иҷлосияи Кулли СММ изҳор дошта, ҷонибдории васеи аҳли ҷомеаро пайдо намуд. Ин ва дигар ташаббусҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва аҳли ҷомеаро пайдо намуданд. Онҳо дар таъмини ҳуқуқи инсон низ нақши муҳим доранд. Масалан, андешидани тадбирҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ дар масъалаи таъмини оби тоза табиист, ки барои саломатии одамони сайёра, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, ҳуқуқи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи дигари инсон аҳаммияти калон доранд. Ҳамаи ин мисолҳо далели онанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол иштирокчии фаъоли ҷараёни иҷрои тамоми санадҳои байналмилалӣ, ҳамкории васеъ бо созмонҳои байналмилалӣ аст. Аз зумраи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллати тоҷикон, ки барои манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии инсон равона шудааст, ин эълон намудани солҳои 2018 – 2028 даҳсолаи «Об барои рушди устувор» мебошад. Ҳамчунин санаи 14-уми декабри соли 2022 Ассамблеяи Генералии СММ бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуда, 21-уми мартро ҳамчун рӯзи байналмилалии пиряхҳо дар ҷаҳон эътироф кард.

Кумаки созмонҳои байналмилалӣ дар хотима бахшидан ба низои байни тоҷикон дар солҳои навадуми асри гузашта ва таҳкими сулҳ ниҳоят калон аст. Дар ин соҳа дар ҷумҳурӣ теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ фаъолият намуданд. Нақши Роҳбари давлати тоҷикон дар ҳамкорӣ бо СММ ва шахсан Дабири кулли СММ дар ин ҷода бениҳоят бузург аст. Гуфтушунидҳои байни тоҷикон таҳти сарпарастии СММ баргузор мешуд. Дар таҳкими сулҳи тоҷикон саҳми Маркази душанбегии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо нақши Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Дафтари СММ оид ба мусоидат ба сулҳ дар Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳои тоҷики солҳои ҷанг тарки ҷумҳурӣ намуда ва баргардонидани онҳо аз кишварҳои ҳамсарҳад фаромӯшнашаванда аст.

Ҳоло Тоҷикистон бо дигар созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ дорад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ аҳаммияти ин ҳамкориро хуб дарк мекунанд. Сарони намояндагӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалиро Президенти Тоҷикистон мунтазам қабул намуда, бо онҳо гуфтушунидҳои муфидро анҷом медиҳад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ манфиатдор буда, барои фаъолияти муътадили онҳо дар ҷумҳурӣ тамоми имкону шароитро фароҳам меоварад.

Савол ва супорш:

  1. Мазмуни фаъолияти созмонҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонро баён кунед.
  2. Кадом созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон фаъолият намуданд?
  3. Нақши Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба бунёди сулҳ дар Тоҷикистон дар чӣ зоҳир мегардад?
  4. Дар хусуси фаъолияти созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон дар маҳалли зистатон маълумот диҳед.
  5. Оид ба мавзуъ як ҳолати ҳуқуқӣ тартиб дода, онро шарҳ диҳед.
  6. Вазъи риояи ҳуқуқи инсонро дар манотиқи гуногуни ҷаҳон чӣ тавр бояд муайян намуд?

Реклама