§2.0. МАСЪАЛАИ РИОЯИ ҲУҚУҚИ АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ДАР ТОҶИКИСТОН

1. СОЗМОНҲОИ АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ашхоси дорои имконияти маҳдуд дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар дар созмонҳои ғайриҳукуматии зерин муттаҳид гардидаанд: Иттиҳодияи миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди ветеранҳои ҷанговари интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти карҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳар кадоме аз ин созмонҳо аз қайди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти худро дар асоси оинномаи худ ба роҳ мемонанд.

Иттиҳодияи миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иттиҳодияи миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИММҶТ) соли 1989 таъсис ёфта, дар он зиёда аз 82 ҳазор нафар маъюби ҷисмӣ ва руҳӣ муттаҳид гардидаанд, ки аксари онҳо корношоям мебошанд. Дар ҳайати Иттиҳоди миллии маъюбон кӯдакон хеле зиёданд. Онҳо низ дар ҷамъияти маъюбон муттаҳид гардидаанд. Дар таркиби Иттиҳоди миллии маъюбон созмони занони маъюб низ фаъол аст.

ИММҶТ сохтори худро дорад, Роҳбарии Иттиҳод ба зиммаи Раёсати марказӣ гузошта шудааст. Созмон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон созмонҳои маҳаллии худро дорад.

Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТВҶТ) соли 1996 таъсис ёфтааст, ба ҳайати он зиёда аз 600 ҳазор нафар ветеран дохил аст. Таркиби он аз 5 гурӯҳи зайли ветеранҳо иборат аст:

  • иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ,
  • ветеранҳое, ки дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ҷангидаанд;
  • ветеранҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
  • ветеранҳои хизмати ҳарбӣ, ветеранҳои меҳнат.

Аз миқдори умумии аъзои ин созмонҳо (гурӯҳ)-ҳо беш аз 520 ҳазор ветеранҳои меҳнат мебошанд. То санаи 3-юми апрели соли 2025 шумораи ветеранҳои Ҷанги бузурги ватанӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 175 нафарро ташкил менамояд.

Вазъи ҳуқуқии ветеранҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» муайян намуда, назму тартиби татбиқи сиёсати давлатро нисбат ба ветеранҳо муқаррар мекунад.

Дар асоси Оиннома Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Шурои ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мекунад. Ташкилот созмонҳои маҳаллии худро дар се вилоят – Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорад, ду созмони минтақавӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, 18 созмони шаҳрӣ ва 52 созмони ноҳиявӣ дорад, ки онҳо дар ҳайати худ 720 созмони ибтидоиро муттаҳид намудаанд. Қисми зиёди узви ТВҶТ қобилияти корӣ надоранд. Алҳол, ҷавонтарин иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ 93-сола ва калонтарини онҳо беш аз 108-сола мебошад.

Иттиҳоди ветеранҳои ҷанговари интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба Иттиҳоди ветеранҳои ҷанговари интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИВҶИҶТ) онҳое шомиланд, ки дар ҳайати қатории Артиши Шуравӣ ба сифати сарбозу афсар дар хизмат буданд. Дар айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии ин ветеранҳо беш аз 9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. ИВҶИҶТро Раёсати он роҳбарӣ менамояд. Созмонҳои Иттиҳод дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъоланд.

Аксари узви ИВҶИҶТ қобилияти корӣ доранд, вале дар байни ин ветеранҳо онҳое ҳам кам нестанд, ки қобилияти меҳнатии худро аз даст дода, дараҷаҳои гуногуни маъюбӣ доранд.

Ҷамъияти карҳои Ҷумурии Тоҷикистон. Ба ҳайати Ҷамъияти карҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶКҶТ) онҳое дохиланд, ки яке аз ду иллати ҷисмонӣ – кар ва ё гунг ва ё ҳар ду иллати ҷисмонӣ доранд, яъне ҳам кару ҳам гунг мебошанд. Бояд гуфт, ки тибқи стандартҳои байналмилалии тиббӣ, нисбат ба мафҳуми қаблии «кар ва гунг» алҳол танҳо як мафҳум – «кар» истифода бурда мешавад, ки он ҳар дуро ифода мекунад.

Роҳбарии Ҷамъиятро Сарраёсати Марказии он ба уҳда дорад. Сохтори поёнии ҶКҶТ-ро шуъбаҳои муштараки байни шаҳру ноҳиявӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар шаҳри Душанбе ва се вилоят: Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд.

Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 таъсис ёфтааст. Шумораи умумии нобиноён дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тибқи моддаи 14-и Оиннома он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18-солагӣ расидаанду маъюбони гурӯҳҳои I ва II чашм мебошанд, узви ҶНТ шуда метавонанд. Аз ин рӯ на ҳамаи шумораи дар боло омада узви ин ҷамъият мебошанд.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СОЗМОНҲОИ АШХОСИ ДОРОИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД. Мақсад ва вазифаҳои асосии оинномавии созмонҳои ашхоси имконияташон маҳдуд ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои маъюбон, мусоидат ба тавонбахшию солимии ҷисмонии ашхоси имконияташон маҳдуд ва ширкати самараноки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад. Ин мақсад ва вазифаҳо дар оинномаҳои ташкилоту созмонҳои дар боло номбурда инъикос гардидаанд.

Дар моддаи 1-и Оинномаи Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон ташкилотест, ки бар асоси узвияти шаҳрвандони нобинои Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-и нобиноён ташкил ёфта, барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳо, дастгирии иҷтимоӣ, солимӣ, муттаҳидсозӣ ва мусоидат ба таъмини имкониятҳои баробари онҳо таъсис дода шудааст».

Қадру қимати инсонҳое, ки имконияташон маҳдуд аст, дар моддаи 2.1-и Оинномаи ин ташкилот хеле равшан ифода ёфтааст. Дар моддаи мазкур инсондӯстӣ ва шафқат, иззату эҳтиром ба шаъну шарафи шахсӣ ва фикру андешаи ҳар як узви ҶНТ, роҳ надодан ба табъизи маъюбон аз рӯйи аломатҳои синну сол, миллат, эътиқоди динӣ ва сиёсӣ, сабабҳои маъюбӣ ҳамчун арзишҳои волои одамият, принсипҳо ва мақсаду вазифаҳои асосии фаъолияти Ҷамъият қарор гирифтааст.

Вобаста ба имкониятҳои узв, Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифаҳои бузург мегузорад, ки онҳо дар Оинномаи ТВҶТ хуб инъикос гар дидаанд. Аҳаммияти ин вазифаҳоро ба назар гирифта, таваҷҷуҳи хонандагонро ба баъзе лаҳзаҳои ватанпарастию масъулияти баланди узви ТВҶТ дар назди ҷомеа ҷалб менамоем.

Дар қоидаи умумии Оиннома омадааст, ки ташкилот:

  • одамони таҷрибаи зиёд андӯхтаро ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ва пеш аз ҳама, ба тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва интернатсионалӣ, дӯстии халқҳо, муносибати бошуурона ба меҳнат, таълим, хидмати ҳарбӣ, ҳушёрии сиёсӣ, интизом, муташаккилӣ, ҳамеша тайёр будан ба муҳофизати Ватан ҷалб менамояд;
  • барои ҳарчӣ пурраю оқилона истифода бурдани таҷриба ва дониши ветеранҳои ҷанг, меҳнат ва Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро ба амал мебарорад:
  • барои ширкати нафақахӯрон дар фаъолияти меҳнатии мувофиқи ҳолашон, аз ҷумла дар асоси кооперативӣ, хусусӣ ва оилавӣ, дар соҳаи хидматрасонӣ, савдо, истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ ва маҳсулоти кишоварзӣ, дар рӯзи кории нопурраю муваққатӣ мадад мерасонад;
  • дар ҳаракати шогирдтайёркунӣ ширкат менамояд;
  • дар кори зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, ривоҷи боғдорӣ, обчакорӣ, занбӯри асалпарварӣ фаъолона ширкат кардани ветеранҳо, ҷалб намудани нафақахӯрон ёрӣ мерасонад;
  • ба ветеранҳо дар ҷойи истиқоматашон дар бобати ба таври намунавӣ нигоҳ доштани фонди манзил, ҳавлиҳо, кабудизорҳо, сарфаю сариштакорона истифода бурдани қувваи барқ, газ, об, гармӣ кумак мерасонад;

Созмонҳои ашхоси имконияташон маҳдуд дар асоси Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи ветеранҳо», дигар қонунҳо ва оинномаҳои худ фаъолият намуда, мақсадҳои наҷиби инсондӯстию ватандориро пиёда менамоянд.

3. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ ШАХСӢ, СИЁСӢ, ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД. Ашхоси дорои имконияташон маҳдуд аз ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст, бархӯрдоранд. Дар баробари ин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи иҷтимоии ин категорияи аҳолӣ, моддаи алоҳида пешбинӣ шудааст. Дар моддаи 39 омадааст, ки «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпарст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад». Инчунин ҳуқуқи шаҳрвандони имконияташон маҳдуд дар кодексҳои маданӣ ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», дигар қонунҳои дахлдор ва санадҳои зерқонунӣ инъикос гардидаанд.

Барои аъзои Иттиҳоди миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маркази ахборию ҳуқуқӣ ташкил карда шудааст.

Узви Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қобилияти корӣ доранд, аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо кор таъмин ва ҳуқуқи дигари иҷтимоии онҳо ҳифз карда мешаванд.

Узви Иттиҳоди ветеран-ҷанговарони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имкон доранд, ки дар меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ фаъолона ширкат кунанд. Онҳоро мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо кор таъмин ва ҳуқуқи дигари иҷтимоии онҳоро ҳифз менамоянд.

Узви Ҷамъияти карҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се корхонаи шаҳри Душанбе – Муассисаи иҷтимоии тавонбахшии карҳои №1, Маркази илмию истеҳсолии ҷамъи яти карҳо ва Корхонаи таълимию истеҳсолии №5 – Корхонаи таълимию истеҳсолии №2 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо кор таъмин карда мешаванд. ҶКҶТ бо номи «Артели 1-уми Май» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Маркази иҷтимоию тавонбахшӣ дорад. Дар он ҳамасола шумораи зиёди карҳо саломатӣ ва қобилияти кории худро барқарор менамоянд.

Дар байни узви ҶКҶТ на ҳама бо пурра кар ҳастанд, як қисми онҳо камшунаво низ мебошанд. Барои кӯдакони камшунаво литсей-интернатҳо дар шаҳри Душанбе ва дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият мекунанд. Ба рӯйи чунин кӯдакон дар шаҳри Душанбе дари мактаби ғоибонаи №8 ҳам боз аст, ин се таълимгоҳ тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Барои узви Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ кушода шудаанд, ки онҳо аксарияти ин гурӯҳи иҷтимоиро бо ҷойи кор таъмин мекунанд. Аз ҷумла Корхонаи таълимӣ-истеҳсолӣ ва маркази тавонбахшии вилояти Суғд, Корхонаи таълимӣ-истеҳсолӣ ва маркази тавонбахшии вилояти Хатлони воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, корхонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Истаравшан, Рӯдакӣ, Варзоб ва баъзе ҷойҳои дигар фаъоланд. Онҳо қариб ҳамаи нобиноёнро ба кор таъмин менамоянд. Нобиноҳо молу маҳсулоти барои рӯзгори мардуми Тоҷикистон ниҳоят зарурро истеҳсол менамоянд.

Дар ин самт раёсати Ҷамъият бо хазинаҳои гуногун ҳамкорӣ дорад. Алҳол аз тариқи маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон таълифи «китобҳои гӯё» барои синфҳои 4-7 ва дастурҳои методӣ барои омӯзгорони ин таълимгоҳҳо таълиф карда мешаванд.

Дар ҳифзи иҷтимоии ашхоси имконияташон маҳдуд музди меҳнат, нафақа, кумакпулӣ, табобат ва истироҳат мақоми калон доранд.

Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон фаъолият мекунад. Дар Пажуҳишгоҳ тайи чанд соли охир оид ба тавонбахшии тиббию санитарии маъюбони пиронсол, стратегияи рушди комплексии тавонбахшии маъюбони пиронсол – тавонбахшии тиббӣ, тавонбахшии иҷтимоӣ ва тавонбахшии касбӣ мавриди пажуҳиш ва баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Натиҷаҳои таҳқиқоти Пажуҳишгоҳ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор бурда мешаванд.

Ашхоси имконияташон маҳдуд дар дармонгоҳҳою беморхонаҳо мавриди ташхис ва табобат қарор мегиранд. Тааллуқи маъюбонро ба ин ва ё он гурӯҳи маъюбӣ ВТЭК муайян менамояд.

4. ИМТИЁЗ ВА АФЗАЛИЯТҲОИ АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД. Ба ашхоси имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзу афзалиятҳо дода шудаанд, ки онҳо дар қонунгузорӣ ва асноди меъёрии ҷорӣ инъикос гардидаанд. Ин шаҳрвандон аз нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ ройгон истифода мебаранд. Нафақаи худро саривақт мегиранд. Дар баробари дар нафақа будан, метавонанд фаъолияти меҳнатии худро идома диҳанд. Барои онҳо хидматрасонии коммуналӣ ройгон аст, ғайр аз истифодаи барқ ва газ, ки барои ҷуброни пули онҳо ба нафақаи маъюбон ҳар моҳ ба миқдори муайян пул ҳамроҳ карда мешавад. Ба истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳо роҳхатҳои имтиёзнок дода мешаванд. Аксари маъюбон дар табобати худ метавонанд аз доруи бепул ва ё бо нархи имтиёзнок истифода кунанд.

Давлат муттасил дар ҳаққи ашхоси имконияташон маҳдуд ва махсусан, маъюбону иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 ғамхорӣ зоҳир менамояд. Масалан, мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи чораҳои тақвиятии беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бе саробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида» аз соли 2006 ба куҳансарбозон ва маъюбони Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида илова ба нафақаи онҳо нафақаи президентӣ муқаррар карда шудааст.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлат оид ба ҳифзи иҷтимоӣ низ аз тариқи сарчашмаю воситаҳои гуногун ба маъюбон ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасонанд.

Сарфи назар аз он ки алҳол дар Тоҷикистон ашхоси имконияташон маҳдуд ва пиронсол то як дараҷа ба ғамхории давлату ҷомеа фаро гирифта шудаанд, вале ин гурӯҳи иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёде доранд, ки бартараф кардани онҳо на танҳо вазифаи давлату ҷомеа, инчунин вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад.

Савол ва супориш:

  1. Ашхоси имконияташон маҳдуд чаро дар созмонҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шудаанд?
  2. Дар бораи яке аз созмонҳои ашхоси имконияташон маҳдуд нақл кунед.
  3. Нишондодҳои оинномавии созмонҳои ҷамъиятии ашхоси имконияташон маҳдуд аз чӣ шаҳодат медиҳанд?
  4. Оё ашхоси имконияташон маҳдуд аз рӯйи ҳадафҳои зиндагию фаъолият ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигарон фарқ доранд? Барои ба ин савол ҷавоб пайдо намудан шумо бо чанд нафар аз чунин ашхос вохӯрда, суҳбат намудед?
  5. Дар гурӯҳҳои хурд аз тариқи баҳсу мунозира муайян кунед, ки ҷомеа ба гурӯҳҳои гуногуни ашхоси имконияташон маҳдуд чӣ гуна ёрӣ расонида метавонад.
  6. Оё дар бораи ҳолати руҳии ашхоси дорои имконияташон маҳдуд иттилоъ доред?
  7. Дар бораи мақсад ва вазифаҳои созмонҳои ашхоси имконияташон маҳдуд маълумот диҳед.

Реклама