§2.3. КОНВЕНСИЯИ СММ ОИД БА БАРҲАМ ДОДАНИ ТАБЪИЗИ НАЖОДӢ ВА РИОЯИ ҲУҚУҚИ АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ

1. АЗ ТАЪРИХИ ҚАБУЛИ КОНВЕНСИЯИ СММ ОИД БА БАРҲАМ ДОДАНИ ТАБЪИЗИ НАЖОДӢ. МАФҲУМИ «ТАБЪИЗИ НАЖОДӢ». Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон омадааст, ки «ҳар як инсон бояд бидуни тафовуте, махсусан, аз лиҳози нажод, ранги пӯст, ҷинсият, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, хонаводагӣ, ё вазъи дигар тамоми ҳуқуқ ва озодиҳоро дошта бошад».

Дар пешгуфтори Эъломия оид ба ҳуқуқи ашхоси марбут ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ва забонӣ омадааст, ки «дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ашхоси марбут ба ақаллиятҳои миллӣ ё қавмӣ, динӣ ва забонӣ ба эътидоли сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки онҳо зиндагӣ доранд, мусоидат мекунанд».

Яке аз масъалаҳои асосӣ табъиз мебошад, сарфи назар аз пешрафтҳои ба дастомада, фарқгузорӣ, маҳдудсозӣ, авлавият додан ба аломатҳои нажодӣ, ранги пӯст, баромади миллӣ ё қавмӣ идома дошта, ба мухолифату ақидаҳои мухолиф доман мезанад ва ба ин сабаб одамон ба ҳалокат мерасанд.

Иҷлосияи Кулли СММ бо дарки зарурати таъхирнопазири ин масоил соли 1965 Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодиро қабул кард, ки дар он чаҳор ғояи асосӣ пешбинӣ шудааст:

  • ҳама гуна назарияи тафовут ё бартарии нажодӣ норавост;
  • табъизи нажодӣ вайрон кардани ҳуқуқи асосии инсон аст;
  • табъизи нажодӣ на танҳо ба онҳое, ки мавриди он қарор мегиранд, балки ба онҳое, ки онро истифода мекунанд, зарар мерасонад;
  • ҳадафи асосии СММ бунёди ҷомеаи умумиҷаҳонии

озод аз табъизи нажодӣ ва сегрегатсия (ҷудо кардан ба сафедпӯстон ва сиёҳпӯстон) аст.

«Табъизи нажодӣ» ҳама гуна фарқ, хориҷкунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятеро ифода мекунад, ки ба нишонаҳои нажод, ранги пӯст, авлодӣ, миллӣ ё этникӣ асос ёфта, мақсади онҳо ё оқибати онҳо нобудсозӣ ё эътироф, истифода ё баробар татбиқ накардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ё ҳама гуна дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

Қисми 1-и моддаи 1-и Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ

Табъизи нажодӣ бо усулҳои гуногуни фарогирандаи сиёсати генотсид, апартеид ё сегрегатсия, ҳамчунин миллатгароӣ, ки аз ҷумлаи шаклҳои аз ҳама ҷиддӣ ва хушунатомези табъизи нажодӣ мебошанд, амалӣ мегардад.

Апартеид (apartheid – ҷудо зиндагӣ кардан) – шакли аз ҳама шадиди табъизи нажодист, ки аз ҷониби нажодпарастони ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) нисбат ба аҳолии таҳҷойи татбиқ шуда, онро аз ҳуқуқи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва шаҳрвандӣ то ҷудоии ҳудудӣ (сегрегатсия) дар бантустонҳо (мавзеъҳои махсуси истиқоматӣ барои сиёҳпӯстон) маҳрум сохтааст.

Миллатгароӣ – принсипи сиёсии тасдиқкунандаи ягонагии томи сиёсӣ ва миллист. Барномаҳои миллатгароёна тавассути ассимилятсияи иҷборӣ ва дар баъзе ҳолатҳо ба берун кардан ва ҳатто куштани одамони миллатҳои дигар даъват мекунанд.

Конвенсия оид ба табъизи нажодӣ соли 1969 эътибори қонунӣ гирифт. Имрӯз яке аз аввалин Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аст, ки шумораи аз ҳама бештари давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст.

2. МУНДАРИҶАИ КОНВЕНСИЯИ СММ ОИД БА БАРҲАМ ДОДАНИ ТАБЪИЗИ НАЖОДӢ. Дар Конвенсия уҳдадориҳои давлатҳои узви оид ба таъминсозии ҳуқуқи инсон барои ҳамаи гурӯҳҳои миллию этникӣ ва гурӯҳҳои дигар, манъи муносибатҳои табъизӣ дар ҳамаи соҳаҳо дар сатҳи миллию маҳаллӣ, ислоҳ кардани қонунҳо ва қатъ кардани табъизи нажодӣ дар он ҷойҳое, ки вуҷуд дорад, муайян карда шудаанд. Уҳдадориҳои давлатҳо аз эҳтиром кардан, яъне вайрон накардани ҳуқуқ ва озодиҳои эътироф- кардаи Конвенсия, масъулияти ҳифз кардан, яъне фаъолона мубориза бурдан бо табъизи нажодӣ дар ҷомеа ва ҳимоя кардани одамон аз риоя намудани ҳуқуқи онҳо ва вазифадории татбиқ кардан, ки талаб менамояд то давлатҳо бо ёрии тадбирҳои комилан мувофиқи ҳуқуқӣ, маъмурӣ, судӣ ва амалӣ барои нисбатан пурсамар амалӣ гаштани ҳуқуқи кафолатдодашуда имкон фароҳам оваранд иборат аст.

Дар Конвенсия таъкид шудааст, ки ҳамаи намояндагони миллатҳои гуногун ҳуқуқи баробар доранд: «Давлатҳои аъзо уҳдадор мешаванд табъизи нажодиро дар ҳамаи шаклҳои он манъ кунанд баробарҳуқуқии ҳар як одамро дар назди қонун сарфи назар аз тафовути нажодӣ, ранги пӯст, баромади миллӣ ё қавмӣ, махсусан, нисбат ба татбиқи ҳуқуқи зерин таъмин намоянд:

  • ҳуқуқи баробар дар назди суд ва ҳамаи мақомоти дигари иҷрои адолати судӣ;
  • ҳуқуқ ба амнияти шахсӣ ва ҳифз аз ҷониби давлат аз зӯроварӣ ва зарари ҷисмонӣ, ки аз тарафи ҳам ашхоси мансабдори ҳукуматӣ ва ҳам ҳар гуна ашхос, гурӯҳҳо ё муассисаҳои алоҳида расонида мешаванд;
  • ҳуқуқи сиёсӣ, аз ҷумла ҳуқуқи иштирок дар интихобот, овоз додан ва пешбарӣ кардани номзадии худ – дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ ва баробар, ҳуқуқи иштирок дар идоракунии мамлакат мисли роҳбарии корҳои давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо, ҳамчунин ҳуқуқи дастрасии баробар ба хизмати давлатӣ.

Конвенсия ба ҷуз уҳдадориҳо таъсиси Кумитаи барҳам додани табъизи нажодиро пешбинӣ кардааст, ки аввалин мақомоти қарордодии СММ оид ба мониторинг (назорат) ва омӯзиши татбиқи муқаррароти Конвенсия ва дастгирии иҷрои Конвенсия мебошад. Низоми таъсисдодаи кори Кумита моҳиятан се амалро дар бар мегирад: ҳисоботдиҳӣ, ки барои ҳамаи давлатҳои узв ҳатмист; шикояти давлатҳо аз фаъолияти давлатҳои дигар ва ҳуқуқи петитсия.

Шикояти афрод ё гурӯҳҳои одамон, ки зери юрисдиксияи (доираи ҳуқуқӣ) давлатҳои аъзодори ба андешаашон ҷабрдида дар натиҷаи вайрон карда шудани муқаррароти Конвенсия мебошанд.

3. РИОЯИ ҲУҚУҚИ АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Тоҷикистон намояндагони халқ ва қавмҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва аз ин лиҳоз эътироф ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо яке аз шартҳои муҳимми рушди демократия, таъмини эътидоли сиёсӣ ва иҷтимоист.

Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ тасдиқ намуда, онро дар сиёсати миллии худ ба роҳбарӣ мегирад.

Дар сатҳи конститутсионӣ моҳияти сермиллат будани ҷумҳурии мо пешбинӣ шуда, ҳуқуқи махсуси ақаллиятҳои миллӣ эътироф шудаанд. Дар сатҳи қонунгузорӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ҳуқуқ ба махсусиятҳои худ пешниҳод гардида, ғайриқонунӣ ва ҷинояткорона будани амалҳои зӯроварӣ нисбат ба онҳо эътироф карда шудааст ва вазифаҳои давлат оид ба барқарорсозии ҳуқуқи онҳо, ҷуброни зарари расонидашуда муқаррар гардидааст.

«Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

«Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд».

«Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад».

«Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст».

Иқтибос аз моддаҳои 2, 6, 17, 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Савол ва супориш:

  1. Аҳаммияти мафҳумҳои «табъизи нажодӣ», апартеид, «сегрегатсия», «миллатгароӣ»-ро шарҳ диҳед.
  2. Асоси Конвенсияи СММ оид ба барҳам додани табъизи нажодиро кадом ғояҳо ташкил медиҳанд?

Реклама