§1.2. КОНВЕНСИЯИ СММ ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ КӮДАК

1. ТАЪРИХИ ТАЪЛИФ ВА ҚАБУЛИ КОНВЕНСИЯИ СММ ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ КӮДАК. Соли 1989 СММ санади муҳимми байналмилалӣ – Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд, ки чандин маротиба хотиррасон кардем. Санаи 2-юми сентябри соли 1990 ҳукми амал пайдо кардани конвенсияи мазкур нуқтаи кулминатсионии ҳамаи он кӯшишҳое гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тули қариб 70 сол барои таъмини эътирофи зарурии ниёзҳои махсуси ҳимояи кӯдакон ба ҷо меорад. Инсоният ба қабули ин санад роҳи дуру дарози таърихиро тай кард: соли 1924 – қабули Эъломияи женевагии ҳуқуқи кӯдак дар доираи Лигаи Миллатҳо; соли 1948 аз ҷониби Иҷлосияи Кулли СММ тасдиқ гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон; соли 1959 – қабули Эъломияи ҳуқуқи кӯдак; соли 1979 эълон гардидани «Соли байналмилалии кӯдакон» аз зумраи қадамҳои муҳимми таърихӣ дар ин самт мебошанд.

Ғайр аз ин дар як қатор созишномаҳои дигари байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи инсондӯстӣ меъёрҳои мушаххасе дар бораи вазъи кӯдакон пешбинӣ шудаанд. Ҳамзамон баъзе аз давлатҳо бо мурури замон оид ба зарурати қабули созишномаи байналмилалии бисёрҷониба дар бораи ҳуқуқи кӯдак, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бояд моҳияти ҳатмӣ дошта бошад, масъалагузориҳо карданд.

Ҷиҳати татбиқ ва назорати қатъии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар сохтори СММ Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдак (КҲК) соли 1989 таъсис дода шуд. КҲК аз коршиносони мустақил иборат аст, ки рафти иҷрои Конвенсияро аз ҷониби давалтҳои аъзо назорат мекунад.

2. МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ КОНВЕНСИЯ ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ КӮДАК. Кафили бевоситаи ҳифз ва тат- биқи меъёрҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тавассути мақомоти вакалотдори давлатӣ роҳандозӣ мегардад. Дар Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак муқаррароте пешбинӣ шудааст, ки дар он давлатҳои иштирокчии Конвенсияро таъсиси механизми муассири таъмини ҳуқуқи кӯдак уҳдадор мекунад. Аз ҷумла, дар қисми 2-и моддаи 2-и Конвенсия омадааст: «Давлатҳои аъзои конвенсия барои таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аз тамоми шаклҳои табъиз ё ҷазо бар асоси мақом, фаъолият, баёну эътиқод, падару модар ва парасторони қонунии кӯдак ва дигар аъзои оила чораҳои лозимро қабул менамоянд».

Механизми таъмини ҳуқуқи кӯдак ва принсипҳои амали он дар моддаи 3-и Конвенсия муайян шудаанд: «Дар тамоми фаъолият ва амалҳо нисбат ба кӯдакон, новобаста ба он ки ин амалҳо аз сӯйи муассисаҳои давлатӣ ва ё хусусии машғул ба масъалаҳои таъмини иҷтимоии кӯдакон амалӣ карда мешаванд ва ё дар мақомоти судӣ, иҷроия ва қонунгузорӣ анҷом дода мешаванд, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба масъалаи таъмини пурраи манфиатҳои кӯдакон дода мешавад». «Давлатҳои аъзои Конвенсия бо таваҷҷуҳ ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар, парасторон ва дигар шахсони масъули қонунии нигоҳубини кӯдак уҳдадоранд барои таъмин ва риояи ҳуқуқи кӯдак ғамхорӣ зоҳир намоянд ва бо ин мақсад тамоми чораҳои дахлдори идорӣ ва қонунгузориро меандешанд» (қисми 2-и моддаи 3).

Ҳамчунин давлатҳои аъзои конвенсия уҳдадоранд фаъолияти муассисаҳо, хадамот ва мақомотеро, ки масъули нигоҳубин ва ҳимояи кӯдакон мебошанд, тавре таъмин намоянд, ки он ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор, аз ҷумла ҷиҳати таъмини бехатарӣ, солимӣ, миқдор, коршоямии кадрҳо ва назорати лозим дар таъмини ҳуқуқи кӯдак ҷавобгӯ бошад. Давлатҳои аъзои Конвенсия уҳдадоранд бо истифода аз воситаҳои муассир аъзои ҷомеаро ба таври васеъ бо принсип ва муқаррароти Конвенсия ошно созанд (моддаи 42).

Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдак. Моддаи 43-и Конвенсия таъсиси Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро пешбинӣ менамояд, ки он аз 10 нафар коршиносон иборат буда, бо тағ- йироти соли 1995 ҳайати коршиносон ба 18 нафар расонида шуд, ки аз соли 2002 мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Он ба рафти татбиқи муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби давлатҳои аъзо назорат мебарад. Мувофиқи тартиботи мазкур давлатҳо вазифадоранд, ки дар ҳар 5 сол дар бораи пешравиҳо дар татбиқи муқаррароти Конвенсия (ва протоколҳои факултативӣ) ба Кумита ҳисобот пешниҳод намуда, дар он вазъи кӯдаконро дар мамлакатҳои худ инъикос намоянд. Маърузаи нахусти Тоҷикис- тон дар бораи рафти иҷрои Конвенсия аз ҷониби Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдаки СММ соли 1998 баррасӣ шуда буд. Масъалаҳои асосии дар маъруза инъикосёфта қариб ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаёти кӯдаконро фаро мегирад.

Дар қайдҳои хотимавии худ нисбат ба вазъи кӯдак Кумита зикр кард, ки аз қабул гардидани тадбирҳои сершумори қонунгузорӣ ва маъмурии марбут ба ҳуқуқи кӯдакон ва барномаҳои давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Тоҷикис- тон қаноатманд аст.

3. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ТОҶИКИСТОН.

Кӯдак ҳамчун қисми таркибии иҷтимоӣ ба ҳимояву пуштибонии махсуси давлат ва ҷомеа ниёз дорад. Дар қисми 1-и моддаи 34-и Конститутсияи Тоҷикистон «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд» зикр шудааст.

Ҳамчунин Конститутсия дар моддаи 34 падару модарро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модарон масъул намудааст. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

Барои татбиқи меъёр ва принсипҳои муқарраршуда дар соҳаи ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ва шахсони ноболиғ, бояд механизми муассири таъмини риояи ҳуқуқи кӯдак вуҷуд дошта бошад.

Маҷмуи чораҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқие, ки давлат бо мақсади рафъи мушкилоти ҳуқуқии кӯдакон мавриди эътибор ва эътироф қарор дода, онҳоро амалӣ менамояд, ҳамчун низоми механизми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фаҳмида мешавад.

Низоми механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро ба ду гурӯҳи калон ҷудо намудан мумкин аст:

а) механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак;

б) механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак.

Таҳти мафҳуми механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак роҳҳо ва муносибатҳои хоссаи мурофиавӣ ва маъмурие фаҳмида мешавад, ки дар қонунгузории миллӣ муқаррар шудаанд ва онҳо сирф барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак муқаррар гардидаанд.

Меъёрҳои ҳуқуқие, ки ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак равона шуда, дар санадҳои меъёрии миллӣ (Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) дарҷ ёфтаанд, механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро ташкил медиҳанд.

Вобаста ба самти фаъолият, муносибат бо рукнҳои ҳокимият ва нақши субъектони татбиқкунанда, механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро ба 3 гурӯҳи асосӣ ҷудо менамоянд:

  1. Ҳифзи судии ҳуқуқи кӯдак;
  2. Ҳифзи ғайрисудии (маъмурӣ)-и ҳуқуқи кӯдак;
  3. Ҳифзи ғайриҳукуматии ҳуқуқи кӯдак.

Унсури судии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар асоси принсипи маъмули адолати судӣ амалӣ мегардад. Ба ин принсипҳо аломатҳои демократӣ ва инсондустӣ хосанд. Принсипи демократии адолати судӣ ба ҳар нафаре, ки ҳуқуқҳояшро вайронгардида меҳисобад, имкон медиҳад, ки ба суд муроҷиат намояд, дар сурати мавҷуд будани таркиби ҳуқуқвайронкунӣ дар мурофиаи ошкоро ва баробари судӣ бо овардани далелҳо мавқеи худро ҳимоя намояд ва ҳақ будани худро исбот намояд. Аз ҷониби дигар суд адолати судиро бо арзёбии беғарази дархостҳо ва пешниҳод амалӣ гардонида, бар асоси муътақидии ботинии худ бо назардошти донишҳои ҳуқуқӣ қарор қабул менамояд.

Дар низоми механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ба ғайр аз ҳифзи судии ҳуқуқи кӯдак, инчунин ҳифзи ғайрисудии ҳуқуқи кӯдак низ ҷой дорад. Нақши онҳоро дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конститутсия ва қонунҳои миллӣ муайян менамояд.

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро на танҳо эътироф ва риоя, балки ҳифз намоянд. Яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар намуда, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро барои эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла кӯдакон уҳдадор месозад. Дар ин маврид мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдоре ҳастанд, ки дар ин самт масъулият ва ваколатҳои махсус доранд:

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияи давлатӣ;
  • Сохторҳои таркибии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Сохторҳои таркибии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои алоҳидаи он дар шаҳру ноҳияҳо;
  • Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои дахлдори он;
  • Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон;• Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак;
  • Мақомоти васоят ва парасторӣ.

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад (моддаи 64).

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ин модда ҳифзи Конститутсия ва қонунҳоро кафолат медиҳад. Президент шахсе мебошад, ки соҳиби ҳокимияти ҳифзкунандаи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳоест, ки дар онҳо ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таҳким бахшида шудааст. Баъдан дар ин модда Президент ҳомии ҳуқуқ ва озодиҳоии конститутсионии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла кӯдакон аст. Ин салоҳиятро Президент бо роҳу воситаҳои гуногун амалӣ менамояд.

Бо мақсади таъмини ҳамаҷонибаи эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсис додани чунин механизми миллии махсусгардонидашуда – ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мебошад.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» аз 20.03.2008 таҳти №372 пас аз пешниҳод намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъсис додани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тағйирот ворид гардид. Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо дарназардошти принсипи таъмини манфиатҳои кӯдак ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, барқарорсозии ҳуқуқи вайроншудаи кӯдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур, амалӣ гардонидани муқаррароти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак мусоидат мекунад.

Аз рӯйи муқаррароти моддаҳои 32, 33 ва 34-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 122 ва 147 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васоят ва парасторӣ барои кӯдакони ноболиғе, ки бе парастории падару модар мондаанд, сирф аз барои таъминот, таълиму тарбия, инчунин бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад. Бояд қайд кард, ки васоят нисбати кӯдакони то синни 14-сола ва парасторӣ бошад, нисбат ба кӯдакони аз 14 то 18-сола муқаррар карда мешавад.

Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак нисбат ба онҳо васоят ва парасторӣ дар чунин ҳолатҳо таъин мегардад:

  • вафоти падар ва модари кӯдак;
  • аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани онҳо;
  • маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ;
  • ғайри қобили амал донистани падару модар;
  • беморӣ ва муддати тулонӣ ҳозир набудани падару модар;
  • саркашии падару модар аз тарбияи фарзанд ва ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо;
  • аз ҷониби падару модар рад кардани гирифтани кӯдакони худ аз муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои ба ин монанд; - ҳолатҳои набудани парастории падару модар.

Савол ва супориш:

  1. Кадом мақомоти СММ рафти иҷрои талаботи Конвенсияро дар байни кишварҳои иштирокчӣ назорат мекунад? Мақомоти мазкур кадом сол таъсис дода шуд?
  2. Ҳуқуқи муқарраркардаи Конвенсияро ба намудҳои ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ гурӯҳбандӣ кунед ва нишон диҳед, ки онҳо дар кадом моддаҳои Конвенсия нишон дода шудаанд.

Реклама