§1.3. ҲУҚУҚҲОИ ИҚТИСОДӢ, ИҶТИМОӢ ВА ФАРҲАНГИИ КӮДАК

1. ТАЪМИНИ ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон бо роҳи тадбирҳои ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва омӯзишӣ таъмин карда мешаванд.

Ба тадбирҳои ҳуқуқӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо мақсади беҳтар кардани ҳаёти кӯдак дар ҷомеа қабул мегарданд ва усулҳои ҳуқуқии тавассути қонунҳо пешбинишудаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тааллуқ доранд. Байни усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аз ҳама бештар ҳифзи судии кӯдак муҳимтар аст.

Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.

Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

Моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУ- ҚИИ ОИЛАВӢ. Кодекси оила санади асосии қонунгузорие мебошад, ки муносибатҳои ҷамъиятии дар доираи оила пайдошударо танзим менамояд. Дар ин кодекс кӯдакон чун субъекти мустақими ҳуқуқ баромад мекунанд. Ҳуқуқи кӯдакро, аслан, ба ду навъ тақсим мекунанд:

1. Ҳуқуқи шахсӣ. 2. Ҳуқуқи амволӣ.

Мафҳуми «ҳуқуқи шахсии кӯдак» ҳамчун маҷмуи ҳуқуқи бевосита ба ӯ тааллуқдошта номгӯйи ҳуқуқи гуногунро дарбар мегирад.

Ба ҳуқуқи шахсӣ дохил мешаванд:

  • ҳуқуқ ба ҳаёт ва тарбияи солим дидан дар оила;
  • ҳуқуқ ба саломатӣ;
  • ҳуқуқи муошират бо волидон ва дигар хешовандон;
  • ҳуқуқ ба ном, номи падар ва номи хонаводагӣ;• ҳуқуқ ба ҳифзи манфиатҳои қонунии худ;
  • ҳуқуқи баёни фикри шахсӣ.

Ҳуқуқи амволии кӯдакон:

  • ҳуқуқ ба таъмини шароити зист аз ҷониби волидон ва дигар узви оила (бародарон ва хоҳарони болиғу қобили меҳнат, бобо ва бибӣ);
  • ҳуқуқи моликият ба даромадҳо ва амволе, ки кӯдак туҳфа ё ба тартиби мерос гирифтааст ва пайдо кардани ҳуқуқи моликӣ ба ҳама гуна амволи дигаре, ки бо маблағҳои кӯдак гирифта шудаанд;
  • ҳуқуқ ба моликият ва истифода аз амволи волидон дар сурати зиндагии якҷо бо онҳо.

Фароҳам овардани шароити зиндагии барои рушди кӯдак зарур усулан, аз ҷониби волидон, ки барои нигаҳдории шоистаи ӯ масъулияти қонунӣ ва молиявиро ба дӯш доранд, сурат мегирад. Ҳама гуна ҳуқуқи шахсӣ ва амволӣ имкониятест, ки аз ҷониби давлат барои рушди ҳар як кӯдак пешниҳод мегардад. Давлат ҳуқуқи мазкурро дар қонунгузорӣ пешбинӣ намуда, аҳаммияти онҳоро таъкид мекунад ва барои татбиқашон шароит фароҳам меорад.

Ҳуқуқи кӯдак барои зиндагӣ ва тарбия дар оила.

Омилҳои зарурии тарбияи кӯдак дар оила инҳоянд:

  • Аз ҷониби волидон дар оила фароҳам овардани шароите, ки шаъну шарафи кӯдакро ҳифз мекунанд (яъне аз ҷониби кӯдак дарк гардидани ҳуқуқи инсонӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва эҳтиром ба хеш);
  • Таъмини ҳамаҷонибаи манфиатҳои кӯдак.

Волидон бояд барои саломатии кӯдакон, рушди ҷисмонӣ, равонӣ, тақвият ва камолоти маънавии онҳо ғамхорӣ кунанд. Ҳуқуқи кӯдак ба ғамхорӣ аз ҷониби волидон ба тарзи зайл амалӣ мегардад:

а) бо роҳи қонеъсозии талаботи ҳаётан муҳимми моддӣ-маишии ӯ (ғизо, таъмин бо либос, пойафзор, ашёи хониш);

б) бо роҳи зоҳир кардани таваҷҷуҳ ба кӯдак, расонидани ёрӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳое, ки барои қонеи талаботи рушди дурусти онҳо мусоидат мекунад.

Ба волидон озодии интихоби воситаҳо ва усулҳои тарбияи кӯдакон дода мешавад. Маҳдудиятҳои зерин дар тарбияи кӯдак нисбат ба волидон пешбинӣ мешавад:

  1. Волидон ҳуқуқ надоранд, ки ба рушди ҷисмонӣ, руҳӣ ё маънавии кӯдак зарар расонанд;
  2. Дар тарбия усулҳои ҷоҳилона, дағалона, пастзанандаи шаъну шарафи инсонӣ, таҳқир ё истисмори кӯдакро истифода набаранд.

Ҳуқуқ ба ном аз лаҳзаи таваллуд пайдо мешавад. Падару модар тибқи талаботи қонунгузории миллӣ уҳдадоранд, ки ба фарзанд номи нек гузоранд. Ном, номи падар ва номи хонаводагии кӯдак дар қайди санад дар бораи таваллуд ва шаҳодатнома дар бораи таваллуд нишон дода мешавад. Ҳама гуна баҳс миёни волидон оид ба ном ё номи хонаводагии кӯдак, ё иваз кардани онҳо бар асоси манфиатҳои кӯдак аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ ҳаллу фасл мешаванд. Дигар кардани ном ё номи хонаводагии ноболиғи ба синни 10 расида бе ризоягии ӯ мумкин нест.

Ҳуқуқи кӯдак ба муошират бо волидон. Кӯдак ба муошират бо волидон ва хешовандон ҳуқуқ дорад. Шакли муошират метавонад гуногун бошад: мукотибот, гуфтугӯҳои бевоситаи шахсӣ, вохӯриҳо, гуфтугӯи телефонӣ.

Ҳуқуқи кӯдак ба муошират бо волидон дар ҳолатҳои аз ҳам ҷудо шудани волидон, бекор гардидани ақди никоҳи онҳо, ҳамчунин ҳангоми дар давлатҳои гуногун аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ кардани волидон нигоҳ дошта мешавад:

Ҳуқуқи кӯдак ба ибрози озодонаи фикри худ. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки кӯдак ҳуқуқ дорад ҳангоми дар оила ҳал гардидани ҳама гуна масъалаҳои ба ӯ дахлдошта фикри худро озодона баён кунад. Ҳамчунин дар ҷараёни баррасии судӣ ё маъмурӣ ширкат варзад. Ба назар гирифтани фикри кӯдаки ба синни 10-солагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин амал ба манфиатҳои ӯ мухолиф бошад, ҳатмист. Масалан, ризояти кӯдаки ба синни 10-солагӣ расида ҳангоми ба писархондӣ додани ӯ ҳатмӣ аст.

ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ КӮДАКОНЕ, КИ БЕПАРАСТОРАНД.

Дар мавриди набудани волидон, аз ҳуқуқи волидӣ маҳрум кардани онҳо ва дар дигар ҳолатҳои маҳрум шудан аз парастории волидон ҳуқуқи кӯдакро барои тарбия дар оила мақомоти васоят ва парасторӣ, ки ҷузъи таркибии мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мебошанд, таъмин мекунанд.

Васоят (парасторӣ) шакли ҷойгиркунии кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории волидон маҳрумшуда мебошад.

Васоят ва парасторӣ барои кӯдакони ноболиғе, ки аз парастории волидон мондаанд бо мақсади таълиму, тарбия, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад.

Қисми 1-и моддаи 147-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. ҲУҚУҚИ КӮДАК БА ТАҲСИЛ.

Уҳдадории фароҳам овардани шароит барои рушди зеҳнӣ ва маънавии кӯдак пеш аз ҳама ба зиммаи волидон, сарпарастон, омӯзгорон ва давлат аст. Ҳуқуқи таҳсил ба кӯдакон барои рушди комили зеҳнӣ имкон фароҳам оварда, барои ояндаи дурахшони онҳо замина месозад. Ҳуқуқ ба таҳсил бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» танзим карда мешавад. Дар ин қонун кӯдак субъекти раванди омӯзиш эътироф гардидааст. Таълим ва тарбияи кӯдакон тибқи қонун бояд ба принсипҳои инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, муҳаббат ба модар ва оила асос ёбад. Тавассути он алоқамандии байниҳамдигарии таълим ва тарбия ба амал меояд, ки яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад.

Кӯдакон дар Тоҷикистон ба таҳсилоти томактабӣ, умумӣ (таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёна); ибтидоӣ миёна ва олии касбӣ ҳуқуқ доранд. Таҳсилоти умумии асосӣ дар муассисаҳои давлатӣ ҳатмӣ ва ройгон буда, аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Давлат кафолатҳои худро амалӣ сохта, масалан, сохтмони мактабҳо ва таҷҳизонидани онҳоро дар миқёсу миқдори зарурӣ ба амал бароварда, китобҳои дарсӣ нашр мекунад, нақшаҳо ва барномаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва ғайраро таҳия мекунад, дар онҳо номгӯйи фанҳои ҳатмии таълимӣ, ҳадди ақалли донишу малака ва маҳорати муҳассилинро муайян менамояд.

Савол ва супориш:

  1. Кадом санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро пешбинӣ менамоянд?
  2. Кӯдакон дар оила чӣ ҳуқуқҳо доранд?
  3. Шумо нисбат ба мавзуи «Мактаб ва ҳуқуқи таҳсил дар Тоҷикистон» кадом проблемаҳоро номбар карда метавонед?
  4. Мувофиқи қонун дар кадом ҳолатҳо бояд фикри кӯдак ба инобат гирифта шавад?

Реклама