1. МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ДАСТАҶАМЪӢ ЧУН ҲУҚУҚИ НАСЛИ СЕЮМ. Солҳои 70-уми асри ⅩⅩ ҳуқуқи насли сеюм ташаккул ёфтанд, ки онҳоро ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ меноманд. Ҳуқуқҳои дастаҷамъона сараввал ҳамчун эҳёи худшиносии ҳуқуқи халқу миллатҳои Осиё ва Африқо, ки дар зери зулми истибдоди мустамликадорони ғарбӣ қарор доштанд, дар шакли ҳуқуқ ба худмуайнкунии сиёсӣ рӯ зад. Сипас зери фишори нооромиҳои байналмилалӣ, зарурати ҳифзи муҳити зист тобиши нави ҳуқуқӣ гирифт.
Ин ҳуқуқҳо, аслан, ба иттиҳоди одамон ва ҳуқуқи умумии насли инсонӣ бахшида шудаанд, ки шароити мусоиди зистро таъмин мекунанд. Барои амалӣ гаштани онҳо кушиши якҷоя ё дастаҷамъонаи одамон зарур аст.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсияҳои давлатҳои демократӣ ҳуқуқи халқро ба худмуайянкунӣ, ба инкишофи озодона, ба баёни соҳибихтиёрӣ, амалӣ намудани ҳокимият, ба Ватан, истифодаи озоди бойигариву захираҳои табиӣ эътироф мекунанд.
Табиист, ки ин ҳуқуқҳоро фарди ҷудогона дар алоҳидагӣ амалӣ карда наметавонад. Ҳарчанд, ки ин ҳуқуқҳо дар заминаи иродаи шахсии инсон, ки ҳамчун иттиҳоди миллӣ ва сиёсӣ ниёзи худро дар қатори дигарон ифода мекунанд, шаклгирӣ мешавад. Аммо нуктаи муҳимми ташаккули он маҳз ифодаи дастаҷамъонаи одамон маҳсуб мегардад. Қонунгузор ва санадҳои байналмилалӣ эътироф ва ҳимояи онҳоро дар заминаи ҳамин дастаҷамъӣ ва муттаҳидӣ имкони арза шуданашонро кафолат медиҳад. Ин ҳуқуқҳо тибқи талаботи ҳуқуқи инсон ва конститутсияҳои давлатҳои демократӣ амалӣ мешаванд.
Ҳуқуқ ба худмуайянкунии миллӣ ва халқӣ ин ҳуқуқи халқ ва миллати муайян доир ба доштани давлати мустақил миёни халқу миллатҳои олам аст. Ин ҳуқуқ дар заминаи ҳуқуқи сиёсии ҳар инсон тавассути иттиҳоди миллӣ ва ё шаҳрвандӣ пухта мерасад, ки бо мурури замон бо унсурҳои забонӣ, фарҳангӣ, ҳудудӣ, таърихӣ ва сиёсию хуқуқӣ такмил меёбад. Омили аслӣ ташаккули ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ ин худшиносии миллии халқ ва ё миллат аст.
Худшиносии миллӣ як рукни муҳимми бунёди давлати миллӣ ва ҳуқуқи миллист. Омилҳое, ки ин аломатро дар ниҳоди ҷомеа ва афрод ба вуҷуд меоранд, гуногун аст. Дар кишвари мо ин сиёсат тавассути чорабиниҳои фарҳангӣ, қабули қонунҳои ахлоқӣ ва тарғибу ташвиқи пойдории фарҳанги миллӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар саромади консепсияи худшиносии миллӣ ва таърихии мо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмати пайвастаи сиёсӣ ва эҷоди асарҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ истодаанд.
Соҳибихтиёрии халқӣ дар ифодаи иродаи халқ ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ зоҳир меёбад, яъне халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Барои соҳибихтиёрии халқӣ демократия ва институтҳои демократӣ, қонуният ва низоми интихоботи озод, пинҳонӣ ва шаффоф хидмат мекунанд. Ба як маънӣ халқ дар муайян намудани тарзи зиндагӣ, шакли идора ва низоми иқтисодию иҷтимоӣ соҳибихтиёр аст.
Соҳибихтиёрии миллӣ ҳуқуқи миллат мустақиман бе дахолати дигар миллатҳо ҳуқуқи худро дар муттаҳид шудан, таъсис додани давлати мустақил ва муайянкунии мақоми сиёсии худ фаҳмида мешавад. Соҳибихтиёрии миллӣ ба забон, фарҳанг, таърихи миллат, эҳёи арзишҳои миллӣ ва истифодаи васеи анъанаҳои мусбати миллат такя менамояд, ҳуқуқи миллатро ба доштани давлати мустақил тақозо менамояд.
Натиҷаи амалӣ шудани соҳибихтиёрии миллӣ таъсиси давлати миллист ва ҳамроҳшавӣ ба он омили соҳибихтиёрии халқӣ ба табиати давлати миллӣ аломати мардумсолорӣ демократияро зам менамояд.
Ҳуқуқҳои дастаҷамъиро иттиҳоди одамон якҷоя амалӣ менамоянд. Ҳуқуқи дастаҷамъӣ аз талаботи умумии зиндагии иҷтимоии инсон мабдаъ мегирад. Эътирофи онҳо барои зиндагии дастаҷамъона шароит фароҳам меорад. Ин иттиҳод бояд ихтиёрӣ бошад. Аъзои иттиҳод дорои манфиатҳои умумӣ буда, иродаи дастаҷамъии хешро изҳор мекунанд. Дар чунин иттиҳод ихтилофот байни манфиатҳои шахсӣ ва умумӣ ҷой надоранд. Дар натиҷаи ташаккули чунин иттиҳод имкони амалӣ гаштани ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ фароҳам мегардад.
Дар амалӣ гаштани ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ табиист, ки фарди алоҳида иштирок мекунад. Ҳангоми истифодаи ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ фарди ҷудогона манфиатҳои шахсиашро тобеи манфиатҳои умумӣ мегардонад. Агар фард дар аснои истифодаи ҳуқуқи фардӣ (шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ) ба ҳайси инсон ва шаҳрванд баромад намояд, пас ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ин фард чун ҷузъи иттиҳоди одамон амал мекунад.
Ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ин ҳуқуқҳое ҳастанд, ки онҳо бештар мансуб ба халқу миллатҳо, иттиҳоди бузурги одамон, ки аз назари сиёсӣ, этникӣ ва ё дигари умуминсонӣ муттаҳид шудаанд. Ҳамчунин ҳуқуқҳое ҳастанд, ки ба ҳамаи инсоният мансубанд. Намудҳои асосии он: ҳуқуқ ба зиндагии осоишта ва сулҳ; ҳуқуқ ба рушд, ҳуқуқ ба муҳити солими зист; ҳуқуқ ба кумаки инсондӯстона; ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунӣ; ҳуқуқ ба дастовардҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва амсоли инҳо.
Аз ин бармеояд, ки ҳуқуқҳо мансубияти на танҳо фардӣ (инсонӣ ва шаҳрвандӣ), балки дастаҷамъӣ (пеш аз ҳама, миллӣ, халқӣ, умуминсонӣ) низ доранд. Ҳуқуқу озодиҳои фардӣ барои таъмини фаъолияти озоду мустақили ҳар як инсон ва шаҳрванд ба ҳаёти шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷудо мешаванд. Ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ин гуна тақсим намешаванд.
Аммо ҳуқуқҳои фардӣ ва дастаҷамъӣ бо ҳам алоқаманданд. Истифодаи ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ набояд ҳуқуқҳои фардиро халалдор намояд. Манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ бояд эҳтиром гарданд. Истифодаи ҳуқуқҳои фардӣ низ дар заминаи эҳтироми манфиатҳои умумӣ сурат мегирад.
2. ҲУҚУҚИ ХАЛҚ БА ХУДМУАЙЯНКУНӢ. Яке аз ҳуқуқи муҳим ва сарнавиштсози халқ – ин ҳуқуқи худмуайянкунӣ аст. Тибқи моддаи якуми Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ: «Ҳамаи халқҳо ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ доранд».
Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунии сиёсӣ – ҳуқуқи муҳимми дастаҷамъӣ аст, зеро дар заминаи он, дар ҳолати воқеӣ гаштанаш ҳуқуқи дигари дастаҷамъии халқ ба инкишофи озодона, ба баёни соҳибихтиёрӣ имкони амалӣ гаштанро пайдо мекунанд. Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунии сиёсӣ сарнавиштсоз аст, зеро дар заминаи истифодаи воқеии он давлати соҳибстиқлол таъсис меёбад ва халқ соҳиби давлати хеш мегардад.
Дар заминаи ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунии сиёсӣ давлати миллӣ таъсис мегардад. Аммо ибораи «давлати миллӣ» маънои онро надорад, ки дар ин давлат намояндагони як миллат зиндагӣ мекунанд. Дар ҳуқуқи байналмилалии муосир зери истилоҳи «миллат» давлат низ фаҳмида мешавад, ба ҳайси муродифи истилоҳи «миллат» калимаи «давлат» ҳам истифода мегардад. Созмони Милали Муттаҳид дар асл Созмони давлатҳост ва ҳуқуқи байналмилалӣ, аслан, ҳуқуқи байнидавлатист. Дар ҳуқуқи байналмилалӣ вақте ки миллат мегӯянд, мансубияти шаҳрвандиро низ дар назар доранд.
Чунин фаҳмиши миллат дар ҳаёти имрӯза барои он қабулу эътироф шудааст, ки халқ ба маънои муосир аз иттиҳоди шаҳрвандон новобаста аз мансубияти миллиашон иборат аст. Миллат дар шароити муосири давлатҳои демократӣ ҳаммаънои халқ ва шаҳрвандони як кишвар аст, ки аз мардумони аз ҷиҳати этникӣ гуногун иборат буда метавонад. Онҳоро забони ягона бо эҳтироми забону лаҳҷаҳои дигар, қонунгузории ягона ва шаҳрвандии ягона муттаҳид менамояд.
Истифодаи ҳуқуқи худмуайнкуниро асноди ҳуқуқии байналмилалӣ кафолат медиҳанд. Тибқи банди сеюми моддаи 1-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ:
Ҳамаи давлатҳои дар ин Паймон ширкаткунанда бояд мутобиқи нуктаҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гаштани ҳуқуқ ба соҳибихтиёриро дастгирӣ намоянд ва ин ҳуқуқро эҳтиром кунанд.
3. ҲУҚУҚИ ХАЛҚ БА БАЁНИ СОҲИБИХТИЁРӢ.
Ҳуқуқи дигари муҳимми дастаҷамъии халқ – ин ҳуқуқ ба баёни соҳибихтиёрӣ аст. Ин ҳуқуқ маънои онро дорад, ки халқ соҳиби ҳокимият буда, онро бевосита ва ё бавосита амалӣ месозад. Халқ ҳокимиятро, одатан, дар интихобот ва раъйпурсӣ амалӣ мегардонад. Ин шакли амалишавии ҳокимиятро демократияи бевосита меноманд. Ҳамчунин ҳокимият ба воситаи мақоми намояндагӣ амалӣ мегардад. Ин шакли ҳокимиятдориро демократияи бавосита меноманд.
Кафолати муҳимми ҳуқуқи халқ ба баёни соҳибихтиёрӣ манъи ғасби ҳокимияти халқ аз ҷониби ҳама гуна ташкилоту ҳизбҳост.
Ҳокимият ба халқ тааллуқ дошта, халқ худаш моҳият, шаклу сохти давлатдориашро муайян мекунад. Ҳеҷ кас ё ҳеҷ ташкилот халқро аз ин ҳуқуқ маҳрум сохта наметавонад.
4. ҲУҚУҚИ ХАЛҚ БА АМАЛӢ НАМУДАНИ ҲОКИМИЯТ. Халқ сарчашмаи ҳокимият эътироф мешавад. Ин маънои онро дорад, ки халқ моҳияти ҳокимиятро муайян менамояд, тарзу усулҳои амалӣ гаштани онро интихоб мекунад. Халқ ҳокимиятро худаш бевосита амалӣ мекунад, масалан, ба воситаи қабули Конститутсия шакли идораи давлат, тартиби ташкили мақомоти давлат, салоҳияти онҳоро мушаххас намуда, ташкилу фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, муносибати байни давлат ва одамон, ягонагӣ ва ё гуногунии мафкуравӣ, низоми яккаҳизбӣ ва ё бисёрҳизбиро худаш муайян мекунад.
Дар қисми 1-и моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад». Талаботи ин қисми Конститутсия моро водор менамояд, ки ин меъёри конуститутсиониро ҳамчун манбаи соҳибихтиёрии халқ эътироф намоем ва дарк созем, ки ин соҳибихтиёрӣ чун соҳибихтиёрии мушаххас, ки омили ягонагии миллат аст, зуҳур менамояд.
Ҳамин тавр, халқ сарчашмаи ҳокимият буда, амалисозии онро (ба истиснои ҳолатҳои вобаста ба раъйпурсӣ ва интихобот) ба зиммаи давлат мегузорад. Халқ ҳуқуқи амалӣ намудани ҳокимияташро қисман ба давлат вомегузорад, давлат ба ивази ин, вазифаи эътирофу таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба зимма мегирад. Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд (қисми 6-и моддаи 6-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Халқ дорои ҳуқуқи амалӣ намудани ҳокимият аст. Модоме, ки сарчашмаи ҳокимият халқ аст, табиист, ки ҳуқуқи амалӣ намудани он бояд ба халқ тааллуқ дошта бошад. Халқ ҳокимиятро дар ду шакл амалӣ мекунад: а) бевосита ва б) бавосита. Халқ ҳокимиятро бевосита дар раъйпурсиву интихобот ва бавоситаи вакилони халқ амалӣ мегардонад.
Савол ва супориш:
|
Реклама