§1. ҶАҲОНИШАВӢ ВА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. МАФҲУМИ ҶАҲОНИШАВӢ. Ҷаҳонишавӣ хусусияти хосси равандҳои тағйир ёфтани сохтори иқтисоди ҷаҳонӣ ба самти муттаҳидшавии мақсаднок фаҳмида мешавад. Иқтисодиёти миллӣ бо низоми тақсимоти байналмилалии меҳнат, муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бо ҳам пайваст шуда, тавассути вуруд ба бозори ҷаҳонӣ бо иртиботии зичи робитаи ашёи хом, захираҳои минералӣ, манбаъҳои неру, истеҳсолоти мол ва дигар унсурҳои иқтисодиёт дар заминаи фаромиллӣ ва минтақагароӣ такмил меёбад. Дар ин замина, иқтисоди ягонаи шабакавии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ташаккул меёбад.

Раванди тадриҷан наздикшавии давлатҳо тули тамоми таърихи инсон ба амал омадааст. Чунин тамоюл бо мазмуну мундариҷаи гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ҳатто хусусиятҳои миллию нажодӣ дар таърих мушоҳида мешаванд.

Ҳанӯз дар асри ХIХ муҳаққиқон дар бораи фазои ягонаи ҷаҳонӣ навишта буданд. Дар сарҳадди байни асрҳои ХIХ ва ХХ ҷаҳон дар натиҷаи вусъати тиҷорат ва маблағгузориҳо дар миқёси глобалӣ тавассути телефон, дигар васоити алоқа ба марҳалаи наздикшавии байниҳамдигарӣ ворид гардид. Анҷом ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон ба рушди ҳуқуқи байналмилалӣ ва таъсиси созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мусоидат кард. Дастовардҳои охири солҳои 70-уми асри ХХ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия ба рушди ҷаҳонишавӣ такони наве доданд. Алҳол тавассути телефонҳои мобилӣ, интернет ва дигар воситаҳои технологияи рақамӣ ва иттилоотӣ ҳаҷми бузурги иттилоотро амалан дар як лаҳза ва фаврӣ ба ҳар як нуқтаи кураи Замин интиқол додан мумкин аст.

Бинобар ин ҷаҳонӣ шудан дар худ дар як вақт бисёр равандҳои ҷараёндошта, аз ҷумла интернатсионаликунонии сармоя, тиҷорати байналмилалӣ, инкишофи ниҳодҳои пуриқтидори байналмилалӣ (чун СММ, Шурои Аврупо, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо) ва технологияҳои нави алоқаро фаро мегирад, ки одамонро ба ҳам наздик месозанд. Аммо муносибатҳо ҷиҳати муайянсозии ҷаҳонӣ шудан хеле зиёд ва мухталифанд. Ин аст, ки манфиатҳои давлатҳо вобаста аз сатҳи рушд ва дороии сармоя ва захираҳои молӣ баробар ҳифз намешавад. Масалан, ба андешаи баъзе коршиносон ҷаҳонишавӣ – як навъ марҳалаи сифатан нави рушди тамаддуни ҳозираро мемонад ва хусусияти то ҷое пинҳонӣ ва ғаразнокро дорад, зеро мутамарказонии захираҳои зеҳнӣ ва технологияҳои навтарин танҳо дар якчанд кишвар – пешоҳангони раванди ҷаҳонишавӣ ба амал меояд.

Ҳамин тавр, муҳаққиқон ба раванди ҷахонишавии муосир ҳамчун ҷараёни дуқутба дорои аломатҳои мусбат ва манфӣ менигаранд. Ҷаҳонишавӣ на танҳо раванди қонунии таърихии ба иродаи инсон вобаста набуда, балки аз маҷмуи амалкардҳои дар заминаи иродаи инсон суратгирифта иборат аст, ки ба пешрафт ва шукуфоии инсоният бояд мусоидат намояд. Вале мутаассифона, ҳоло баробар барои ҳамаи кишварҳо хидмати мусбат карда наметавонад. Махсусан, паст шудани аломатҳои фарҳанги миллии давлатҳои аз назари иқтисодӣ қафомонда ва рӯ ба рушд, ба бозори фурӯш табдил додани саҳнаи иқтисоди миллии онҳо ва муттаҳид кардани саноати вазнин ва пешрафта дар кишварҳои абарқудрат аз зумраи мушкилиҳои раванди ҷаҳонишавӣ аст.

Ҷаҳонишавӣ мазмунан бояд сулҳу амнияти умумиро таъмин кунад, монеи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ (ядроӣ), биологӣ ва химиявӣ шавад, истифодаи оқилонаи сарватҳои табииро таъмин созад, муҳити зистро ҳамчун шарти зарурии зинда мондани инсон ҳифз намояд. Вале то имрӯз мо мебинем, ки пасманзари густариши он сабаби бекорӣ, муфлисӣ, афзудани ҷудоии технологии байни дороёну нодорон, ҳукмфармоии корпоратсияҳои фаромиллӣ, бесимо гаштани намои ахлоқии инсон ва бисёр оқибатҳои дигар мегардад, ки воқеан ҳам боиси нигаронӣ аст. Беҳтарин ақлҳои инсонӣ ҷиҳати «симои инсонӣ» гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ фикр мекунанд ва кӯшиш доранд. Вале то кадом андоза манфиат ва мубориза барои дороӣ дар самти ҷаҳонӣ ба ин тамоюл муосидат мекунад, ҳоло мушкилфаҳм аст.

2. МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОНИ ИМРӮЗА.

Имрӯз инсоният дар рӯ ба рӯйи як қатор мушкилоти ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст, аз ҷумла мушкилоти таъмини амнияти аҳолии кураи Замин, пешгирии болоравии экстремизм ва терроризм, ҷинояткориҳои фаромиллӣ, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, танзими мушкилоти демографии ҷаҳон, ҳифзи ҳуқуқи инсон.

Ҷаҳон ва амният. Яке аз мушкилоти муҳимтарин ҳифзи сулҳ ва амният дар сайёра аст. Мусаллаҳшавӣ дар тули тамоми нимаи дуюми асри ХХ баамаломада, тавлиди силоҳҳои қатли ом ва истифодаи густурдаи технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ дар техникаҳои ҳарбӣ ҷаҳонро басо осебпазиру ғайри қобили эътимод гардонид. Ҷавобан ба ин таҳдидҳои баамаломада, иттиҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳарбӣ-сиёсӣ доир ба амнияти дастаҷамъона таъсис ёфтанд, қарордодҳо дар бораи маҳдудсозии мусаллаҳшавӣ, қонуни манъи истеҳсол ва паҳн кардани минбаъдаи силоҳи ҳастаӣ таҳия ва қабул гардиданд.

Амнияти ҷаҳонӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ба моҷароҳои мухталифи сиёсӣ ва ҳарбӣ гирифтор шудааст, ки дар он бевосита ҳуқуқу озодиҳои инсон зарар мебинанд. Дар бисёр гӯшаву канори Замин миллионҳо одам, ҳатто бе истифодаи силоҳи қатли ом, ба низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ кашида мешаванд, ки оқибатҳои басо ногувор ба бор меоранд. Дар чунин шароити ҷаҳонишавӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ба тариқи саросарӣ поймол мегарданд, зарурати такмил ва тавсеаи низоми байналмилалии ҳуқуқӣ, такмили стандартҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти созмону ниҳодҳои байнламилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба миён омадааст.

3. ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. Мушкилоти дигари ҷаҳонӣ нигаҳдории муҳити зист дар шакли бехавфи экологӣ мебошад. Инсоният асрҳои зиёдест, ки табиатро барои эҳтиёҷоти технологию истеҳсолии худ истифода мекунад, вале мутаассифона, на ҳамеша бо он муносибати дуруст менамояд. Ин аст, ки сатҳи атмосфераи мо тибқи иттилои ҳавошиносон ва олимони сатҳи ҷаҳонӣ дар умум то 1.5 С0 боло рафтааст, ки ин барои кураи Замин таъсири манфӣ дорад.

Табиат ба мо – муҳити зист, ғизо ва оби нӯшиданӣ медиҳад. Баҳрҳо ва дарёҳо, марғзор ва ҷангалҳо бо олами гуногуни ҳайвоноту наботот дар ихтиёри мо мебошанд. Мо қувваи барқ, нафт, газ, канданиҳо ва филизоти рангаи гуногунро низ аз табиат мегирем. Ҳоло моро лозим меояд иқрор кунем, ки дар натиҷаи муносибати нодуруст ва беэҳтиётонаи инсон нисбат ба табиат, ба муҳити зист хисороти басо зиёде расонида шудааст. Мушкилоти глобалии экологӣ, ки аллакай инсоният бо онҳо мувоҷеҳ шудааст, чун дигаргуншавии иқлим, вайроншавии қабати озонӣ, олудашавии химиявии муҳити зист якҷо бо боронҳои кислотагӣ, биёбоншавии заминҳо, камшавии неруи захираҳои табиӣ ва ғайраро танҳо ба таври глобалӣ, яъне бо кӯшишҳои якҷои ҳамаи давлатҳо пурсамар ва муваффақона ҳал кардан мумкин аст.

Тавсифи дигари ҷаҳонӣ шудан дар соҳаи экология зарурати ҳифзи неруи захираҳои табиии давлатҳо, дар навбати аввал давлатҳои рӯ ба рушд, ҷиҳати соҳаҳои истихроҷии истеҳсолот, махсусан, бо истифода ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад. Ин масъала дар мавриди маблағгузориҳо ба иқтисодиёти мамлакатҳои «сеюм» аз ҷониби корпоратсияҳои фаромиллӣ ва соҳибкорони бузурги хориҷӣ ба миён омада, ҳадафаш роҳ надодан ба истифодаи ғоратгаронаи захираҳои табиии мамлакатҳои дорои иқтисодиёти заиф аз тарафи шарикони нисбатан пурқуввати иқтисодии хориҷӣ мебошад.

4. АСРИ ХХI – АСРИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ. Дар даҳсолаҳои охир радио ва телевизион бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва интернетӣ барои пахши васеъмиқёси барномаҳо ба суръати пешрафти кайҳонии техникӣ такони наве бахшид. Имрӯз ғояи «ҷаҳони ягона» ва алоқаҳои маҳвораӣ асоси ҷавҳари муносибатҳоро ба проблемаҳои асосии, чи глобалӣ ва чи маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Аввалин системаи байналмилалии алоқаи маҳвораӣ – Интелсат (INTELSAT) – ҳанӯз соли 1964 фаъол гардид. Аз он вақт то ба имрӯз воситаҳои навтарини алоқа, аз ҷумла васоити телекоммуникатсионӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва электроникаи оптикӣ ба воситаҳои анъанавии ахбори омма (ВАО) ҳамроҳ шуда, барои ҷамъияти дунё, барои одамон воситаҳои зиёди алоқаро (аз телефонҳои мобилӣ то интернет) туҳфа карданд. Ин ҳама ба афрод имкон медиҳад, ки табодули иттилоот намуда, афкори хешро баён намоянд, аз дигаргуниҳои баамаломада сари вақт огоҳ шуда, нуктаи назари хешро нисбат ба онҳо баён созанд.

Комиссияи ЮНЕСКО доир ба фарҳанг ва рушд зикр менамояд, ки технологияҳои нав ба ВАО имконҳои бемаҳдуд медиҳанд. Ба сабаби осонии нусхабардорӣ ва таҳвили иттилоот ба ҳар як ҳукумат назорати он чӣ ки одамон ба якдигар мефиристанд (дар бораи сензураи онҳо ҳоҷати сухан гуфтан ҳам нест), ба маротиб душвор шудааст. ВАО-и ҳозира низ дар мавриди пахши ахбори навтарин дар бораи фалокатҳои экологӣ ё техногенӣ, таҳмили низоъҳо ва намоиш додани азиятҳои инсон, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон рух медиҳанд, руҳи ҳамраъйии умумибашариро пурзӯр мекунанд.

Ин ҳолати бартарии технологӣ, илмӣ ва қудратӣ истифодаи бемаҳдуди технологияҳои рақамӣ ва интернетиро тавассути зеҳни сунъӣ дар дасти кашшофони илмӣ ва соҳибони асли сарват вогузор карда, на танҳо ба иқтисоди миллии дигарон зарари азими моддӣ мерасонанд, инчунин ба бузургтарин арзишҳои ахлоқӣ ва миллии онҳо латма ворид намуда, насли наврасро тавассути кашишҳои биологӣ ва ғаризаҳои савқи табиӣ ба ҳолати ногуворӣ маънавӣ мекашанд. Ин ҳолат соҳибихтиёрии миллии кишварҳои рӯ ба рушд ва аз назари иқтисодӣ дастнигарро осебпазир намуда, ба тарбияи маънавии ҷавонон зарари азими мафкуравӣ мерасонад. Ҷиҳати ҳифз намудан аз ин хатари глобалӣ, насли навраси давлатҳои ҷавонро зарур аст, ки одоб ва тартиби истифодаи дурусти васоити интернетӣ ва технологияи рақамиро дар доираи манфиатҳои миллӣ ва рушди маънавии худ пайдо намоянд.

Дуруст аст, ки интернет ва иттилооти рақамӣ дар маҷмуъ метавонанд барои пешрафти ҷомеа хидмат намоянд. Вале на бо он тарзу усуле, ки онро айни замон барои манфиат бидуни ба инобат гирифтани асл ва ҳувияти ахлоқи инсонӣ мавриди истифода қарор додаанд. Ба хотири гиромидошти ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бояд реҷаи ҳуқуқӣ ва ахлоқии истифодаи иттилооти рақамӣ тавассути созмону ниҳодҳои байналмилалӣ дар сатҳи фаросат ва маънавиёти башарӣ, танзим ва такмил дода шавад.

Аз ҷониби дигар дар айни замон на ҳамаи мардуми сайёра ба воситаҳои техникии алоқа ва иттилоот дастрасии баробар доранд. Масалан, дар кишварҳои Африқо ба ҳар 1000 нафар одам камтар аз 1 хатти телефонӣ рост меояд. Танҳо дар як шаҳри Токио телефонҳо назар ба тамоми Африқо зиёд аст. Ин фарқи байни мамлакатҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта ва давлатҳои рӯ ба инкишоф рӯз то рӯз бештар мешавад, ки тарафи дигари раванди ҷаҳонӣ шудан дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Яъне, ҷаҳонишавӣ танҳо дар ҷаҳонӣ шудани манфиати кишварҳои пешрафта мусоидат менамояд, ки ин ҳолат вазъи ҳуқуқии инсонро дар аксари кишварҳои ҷаҳони дуюм ва сеюм аз назари иқтисодӣ қароргирифта поймолу осебпазир мегардонад.

Масъалаи дигари аз нигоҳи ҷаҳонӣ нигаронкунанда истифодаи технологияҳои иттилоотӣ аз ҷониби мамлакатҳои аз ҷиҳати саноатӣ рушдкарда барои фароҳам овардани шароити мусоид дар бозори байналмилалӣ мебошад ва ин дар ҳолате, ки мамлакатҳои ҷаҳони сеюм қудрати бо онҳо рақобат кардан надоранд. Ин ҳолат таъсири манфӣ ба ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии одамон мерасонад. Бинобар ин сиёсати иттилоотии ҷаҳон вобаста ба олами иқтисод ва ҳуқуқ дар доираи муносибатҳои байнидавлатӣ бояд барои ҳифзи адолати умум ва манзалати инсон хидмат кунад.

Савол ва супориш:

  1. Мафҳуми ҷаҳонишавиро чӣ тавр мефаҳмед?
  2. Дар бораи таъсири ҷаҳонишавӣ ба Тоҷикистон чӣ андеша доред?
  3. Дар ҷаҳони имрӯза кадом мушкилиҳои глобалӣ вуҷуд доранд?
  4. Ҷаҳонишавӣ дар соҳаи воситаҳои алоқа ва иттилоот дар чӣ зуҳур меёбад?
  5. Оё ҳифзи тандурустӣ ва танзими афзоиши аҳолӣ проблемаҳои глобалианд ва ё шахсӣ?
  6. Консепсияи ҳуқуқи инсонро дар шароити ҷаҳонишавӣ фаҳмонед.

Реклама