§1.9. АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ВА ПИРОНСОЛ – ҲАМЧУН ГУРӮҲҲОИ ИҶТИМОИИ БА ҲИМОЯ ЭҲТИЁҶМАНД

1. МАФҲУМИ «АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД». Падидаи ҳуқуқи шахсони маъюб дар ҷомеаи муосир ба яке аз масъалаҳои муҳимми фаъолияти давлат табдил ёфтааст. Дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки вобаста ба омилҳои гуногун ба ғамхорӣ ва нигоҳубини махсус ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, барои ҳифзи онҳо роҳҳои махсуси ҳимоя коркард шуда, чораҳои махсус барои поймол нагардидани ҳуқуқу озодиҳо ва нигоҳубиниашон андешида мешавад. Бояд зикр намуд, ки ба яке аз чунин категорияҳо маъюбон шомил мебошанд. Барои эътироф гаштан дар ин сатҳ ҳуқуқи шахсони маъюб марҳилаи тулонии пайдоиш ва инкишофро паси сар намудааст.

Қисми 3-и моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки «Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд». Меъёри конститутсионӣ ғамхорию меҳрубонии давлатро изҳор намуда, ҳамзамон вазифаи онро оид ба ҳимояи кӯдакони ятиму маъюб дар раванди таълиму тарбия мустаҳкам менамояд. Ҳифзи иҷтимоии кӯдакони маъюб маънои онро дорад, ки давлат сиёсати инсондӯстона дошта, афзалият ба арзишҳои умумиинсонӣ дар риоя ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон медиҳад.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» мафҳуми шахси маъюб чунин муқаррар карда шудааст: «Маъюб – шахсест, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои бадан аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад». Ба гурӯҳи шахсони имконияташон маҳдуд на ҳар кас дохил мешавад. Ченаки асосии ин гурӯҳ имкониятҳои ҷисмонии шахс мебошад. Яъне камбудиҳои ҷисмонӣ ба ин гурӯҳи шахсон имконият намедиҳанд, ки бе ёрии дигарон ҳаёти барои инсон сазовор ба сар баранд.

Тахминан дар умри ҳар кас на як бору ду бор воқеаҳое рух медиҳанд, ки дар натиҷа имкониятҳои ӯ маҳдуд мегарданд, лекин аксар вақт онҳо моҳияти муваққатӣ доранд, вале дар натиҷаи табобат шахси бемор ё маъюб шифо ёфта, қобилияти фикрӣ, ҷисмонӣ ва кории худро аз нав барқарор карда, зиндагии худро идома медиҳад. Онҳое, ки солимии худро барқарор карда наметавонанд ва ба ёрии давлату ҷомеа ва мову шумо эҳтиёҷ доранд, ба гурӯҳи иҷтимоии имконияташон маҳдуд дохил мешаванд.

Ашхоси имконияташон маҳдуд на танҳо дар давоми умр дар натиҷаи беморию ягон воқеаи дигар ба ин гурӯҳ дохил мегарданд. Шумораи онҳое, ки модарзод бо камбудиҳои ҷисмонӣ ба дунё меоянд, кам нестанд. Инҳо кӯдакони бемор, шал, бемори руҳӣ, нобино ва кару гунг мебошанд, ки баъзеи онҳо табобатнашавандаанд.

Ашхоси номбурда, сарфи назар аз синну сол, ба гурӯҳҳои шахсони имконияташон маҳдуд дохил мешаванд. Вале боз гурӯҳи калони дигари одамон барои он имконияти маҳдуд доранд, ки маъюбони ҷанг ва ё пиронсол буда, бе ёрию сарпарастӣ аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба таври пурра истифода бурда наметавонанд. Ҳамаи онҳо ба гурӯҳи иҷтимоии имконияташон маҳдуд дохиланд.

Аммо дар байни гурӯҳҳои иҷтимоии имконияташон маҳдуд ва ба ҳимоя эҳтиёҷманд фарқ гузоштан лозим аст. Ҳайати гурӯҳи ба ҳимоя эҳтиёҷманд васеъ аст, он ҳам ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ва ҳам кӯдакон, занон, ятимон, хонандагон, ҷавонон, бесарпарастон ва амсоли инро дар бар мегирад.

2. МАФҲУМИ «АШХОСИ ПИРОНСОЛ». Дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолону кӯдакони ятим, маъюбон ва оилаҳои камбизоат кори хайр буда, беҳтарин анъанаи миллати тоҷик аст. Дар ҷомеае, ки дар он муҳтоҷон дастгирии иҷтимоӣ меёбанд, андешаҳои солиму созанда устувор мебошанд. Дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ соҳаи хидматрасонии иҷтимоии аҳолӣ рушд карда, ба суботи иҷтимоӣ ва тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ боис гардидааст. Дар ин давра заминаҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ташкил карда шуда, қабули санадҳои ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи стандартҳои иҷтимоӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», ба тасвиб расидани як қатор фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти ин соҳаи муҳимми ҷомеаро таъмин намуданд. Ҳадафи асосии давлат беҳ намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини дарозумрии инсон, инчунин таъмини маънавиёти рангину зебо барои он мебошад.

Бояд муайян кард, ки кадоме аз ин се гурӯҳи нафақахӯрон ба категорияи пиронсолон дохиланд:

  • аз рӯйи синну сол ба нафақа баромадаанд, яъне занҳои 58-сола ва аз ин боло ва мардҳои 63-сола ва аз ин боло, ашхоси дигар, ки аз рӯйи мушкилоти ҷисмонию руҳӣ ва зарарнокии зиёди кор дар истеҳсолот ва ё ҷои дигар аз ин синну сол барвақттар ба нафақа баромадаанд;
  • ба нафақа баромадаанд, вале фаъолияти кории худро идома медиҳанд;
  • тайи чанд сол аст, ки дар нафақа буда, аз сабаби тад- риҷан маҳдудшавии имкониятҳои ҷисмонӣ онҳо имкон надоранд, ки зиндагии фаъол дошта бошанд.

Дар илм муайян нашудааст, ки маҳдудшавии имкониятҳои пиронсолон аз чӣ замоне оғоз меёбад. Баъзеҳо бар онанд, ки ин син аз 70-солагӣ оғоз меёбад, дигарон онро аз 75-солагӣ меҳисобанд. Метавон ҳардуи ин синну солро қабул кард, чунки аз ҷиҳати ҷисмонӣ синни пиронсолӣ маҳз дар 70-солагӣ фаро мерасад. Бояд гуфт, ки оғози синни пиронсолии афроди эҷодкор нисбат ба синни пиронсолии ашхоси дигар дертар фаро мерасад. Дар нафақа будан, ҳанӯз маънии онро надорад, ки шахс пирсол аст.

Дар қатори қонунҳо санадҳои зерқонунӣ низ масъалаҳои мазкурро танзим менамояд. Масалан, дар боби 4-и (зербоби 4.3 – «ҳифзи иҷтимоӣ») «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ пиронсолонро ба гурӯҳи махсуси иҷтимоӣ ворид карда, амалисозии як қатор вазифаҳо дар ин самт пеш гузошта шудаанд:

  • рушди низоми ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони пиронсол тавассути баланд бардоштани сифат ва дастрасии хидматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон;
  • ҷорӣ намудани стандартҳои минималии хидматрасониҳои иҷтимоии ба пиронсолон пешниҳодшаванда;
  • ташкил ва ҷорӣ намудани хадамоти геронтологӣ барои пешниҳоди хидматрасониҳои тиббӣ ва дигар хидматрасониҳои махсусгардонидашуда ба пиронсолон;
  • ташаккули низоми маблағгузории сарикасии Хадамоти иҷтимоӣ ба пиронсолон дар муассисаҳои интернатӣ;
  • ташкили механизмҳои шуғли тағйирпазири шаҳрвандони пиронсол…

Барои амалисозии онҳо кӯшишҳои муштараки сохторҳои ҷомеа зарур аст. Аз ҳама муҳим, фаъолияти вобаста ба мушкилоти пиронсолиро бо дигар намудҳои фаъолият дар соҳаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг сохтан лозим меояд. Агар ояндабин будан хоҳем, зарур аст, ки иқтидори насли пиронсолро ҳамчун бойигарии миллӣ, асоси рушду шукуфоии минбаъдаи кишвар бояд эътироф намоем.

3. МУШКИЛОТИ АШХОСИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ВА ВАЗИФАҲОИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА. Категорияҳои шахсони имконияташон маҳдуд гуногунанд. Акнун маълум мекунем, ки ашхоси гуногуни ин гурӯҳи аҳолӣ дар ҷараёни зиндагии худ ба чӣ ниёз доранд ва ба кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

Онҳое, ки мустақилона роҳ рафта наметавонанд. Барои чунин шахс нафаре лозим аст, ки барои ӯ хӯрок пазад, тан ва сару либосашро шӯяд, аз дукон нашрияҳои даврӣ ва аз бозору мағоза моли ниёзи ӯро харидорӣ намояд, ҷойи хобашро ба тартиб дарорад, аробача лозим аст, ки ӯро ба мактаб, сайругашти ҳавои тоза ва ё ба ҷойи дигар барад, ба нақлиёти ҷамъиятӣ савор карда, аз он фарорад, ба хонаи хешу табор ва ёру дӯстон бараду биёрад.

Онҳое, ки кару гунг мебошанд. Дар зиндагӣ ин ашхос бо мушкилии дигар дучор мешавад, ки дар фарқият аз атрофиён бо ҳамдигар ҳарф мезананд, лекин кару гунгҳо онҳоро намефаҳманд ва бо алам афсус мехӯранд, ки намешунаванд ва нутқи овоздор надоранд. Бо имову ишора «гап задан»-и онҳоро атрофиён ва «мусоҳибон» хуб намефаҳманд. Дар муносибатҳои гуногун бо ҳамкорон, дар кӯча, бозор, мағоза, нақлиёти ҷамъиятӣ мушкилӣ ба миён меояд. Онҳо ҳатто имконияти шунидани овози радио ва барномаҳои телевизиониро надоранд.

Нобиноён. Ин ашхос дар амал бе ёрӣ аз уҳдаи аксар корҳо баромада наметавонанд. Барои онҳо олами беруна торик аст. Бе ёрии ягон кас дар кӯча роҳи ҳаракати худро ба осонӣ намеёбанд. Ба ҷойи кори худ ҳозир шуда наметавонанд. Маводди чопии муқаррариро хонда наметавонанд. Барои савод баровардани худ аксар вақт мактабу омӯзгорони махсус тайёркардаро намеёбанд. Ҳамсуҳбати худро намебинанд. Дар фарқ кардани ин ва ё он шинос мушкилӣ мекашанд. Аз тамошои ҳар гуна маводди тасвирдор – аксу суратҳо, рангҳо, филмҳо, барномаҳои телевизионӣ маҳруманд.

Пиронсолони танҳо. Барои онҳое, ки айёми пириашон дар ҳалқаи фарзандон ва набераю аберагон, хешу табор, ёру дӯстон ва ҳамсоягон хуб мегузарад. Вале барои онҳое, ки дар дами пирӣ танҳо мондаанд ва шабу рӯз ба ёрию сарпарастӣ эҳтиёҷ доранд, давраи пиронсолӣ марҳалаи мушкилу бо дарду алам ва ноумедиҳо мебошад. Чунин одамони пиронсолро дар хонаинтернатҳо ҷой медиҳанд, вале ин парасторгоҳҳо меҳру муҳаббати пайвандон, наздикон ва дидори ширини онҳоро иваз карда наметавонанд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки даврони пиронсолии ин ашхос ҳаловатбахш гузарад ва ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи инсонии онҳо ҳимоя карда шаванд.

Беморони маъюб. Касалмандон ва маъюбон низ мисли ашхоси дигари имконияташон маҳдуд дар зиндагии худ ба мушкилоти сершумор рӯ ба рӯ мешаванд. Ин ашхос гарчанде зери назорату ғамхории доимии табибон қарор доранд, озурдахотир мебошанд. Онҳо мақсадҳои инсонии худро на ҳама вақт дар амал татбиқ карда метавонанд. Мутаассифона, баъзан вақт муроҷиатҳои онҳо қонеъ намегарданд. Барои харидории доруворӣ ва табобат дар беморхонаю дармонгоҳҳо на ҳама вақт маблағ пайдо карда метавонанд. На ҳамаи маъюбон бо воситаҳои ҳаракат, протези баландсифат ва воситаҳои дигар таъминанд.

Афроди доиман бистарӣ. Ин шахсон дар ҳама кор мушкил доранд: дар қазои ҳоҷат, шустушӯй, истеъмоли хӯрок. Аз тамошои табиати атроф, ба ҷое рафтан ё барои худ ашёеро харидорӣ кардан, ба кори дӯстдошта шуғл варзидан маҳруманд. Сабаби асосии ин ҳолати ногувор якумра бистарӣ будани онҳо мебошад. Зиндагӣ кардани ин гуна одамон танҳо бо ёрии дигарон имконпазир аст. Маъмулан, ин вазифаро наздикону пайвандон иҷро менамоянд.

Афроди ноқисулақл. Ашхоси ноқисулақл бар хилофи баъзе категорияҳои дигари ашхоси имконияташон маҳдуд мустақилона аз уҳдаи иҷрои қисме аз корҳо баромада метавонанд, гарчанде ки дар ин кор аз болои онҳо, назорат зарур аст. Дар даврони мактабхонӣ кӯдакони ноқисулақл аз уҳдаи талаботи барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумии муқаррарӣ барнамеоянд. Аз ин рӯ барои онҳо мактабҳои махсусе лозиманд, ки дар он ҷо шогирдон аз рӯйи нақшаю барнома ва китобҳои дарсию роҳу усулҳои махсус таълим дода шаванд. Ин ашхос ҳам ба ёрӣ ва сарпарастии доимӣ эҳтиёҷ доранд.

Афроди дорои мушкилоти руҳӣ. Мушкилоти ин ашхос мустақилона аз уҳдаи ҳимояи ҳуқуқи худ баромада натавонистан ба миён меоянд. Аксарияти ин мушкилот ба ҷараёни табобат ва ҳимояи иҷтимоии онҳо алоқаманд аст.

Дар таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва зиндагии сазовори ашхоси имконияташон маҳдуд давлат ва ҷомеа масъуланд. Давлат барои иҷрои ҳуқуқу озодиҳо ва шароити мусоиди кору зиндагии ин ашхос тадбирҳои муассир меандешад. Қонуну барномаҳои миллӣ қабул карда, иҷрои онҳоро зери назорат мегирад, арзу шикояти қонунии ин ашхосро саривақт баррасӣ мекунад, барои онҳо имтиёзҳои махсуси иҷтимоӣ муқаррар менамояд.

Дар ҳалли мушкилоти ашхоси имконияташон маҳдуд аҳли ҷомеа – неруҳои сиёсӣ, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, васоити ахбори умум, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, соҳибкорон, тоҷирон, сарватмандон ва шаҳрвандони дигар саҳм мегузоранд. Вазифаи асосии давлат ва ҷомеа дар муносибат ба ашхоси имконияташон маҳдуд аз он иборат аст, ки барои онҳо шароити кору зиндагии сазовор муҳайё карда шавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ашхоси имконияташон маҳдуд бо ғамхории давлат ва ҷомеа фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора қонунҳое, ки дар давраи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқи онҳо қабул гардидаанд, шаҳодат медиҳанд.

Савол ва супориш:

  1. Кадом категорияҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳи имконияташон маҳдуд дохиланд?
  2. Дарси имрӯзаи мо ба ашхоси имконияташон маҳдуд бахшида шудааст. Дар бораи ин масъала фикри хешро баён кунед.
  3. Оё нисбат ба ашхоси имконияташон маҳдуд боре андеша кардаед?
  4. Дар бораи зиндагии як шахси ба шумо ошнои имконияташ маҳдуд нақл кунед.
  5. Киҳо ба раҳму шафқат ва ёрии мо эҳтиёҷ доранд?
  6. Ба ашхоси имконияташон маҳдуд кадом гурӯҳҳои иҷтимоӣ дохиланд?
  7. Кадом ашхосро метавон пиронсол номид?
  8. Мушкилоти ашхоси имконияташон маҳдуд дар чӣ зуҳур меёбад?
  9. Магар ҳамаи онҳо имкониятҳои маҳдуди якхела доранд?

Реклама