§2.1. ЭҲТИРОМИ ПИРОНСОЛӢ – ВАЗИФА ВА ШАЪНУ ШАРАФИ ҲАР ЯК ИНСОН

1. МАСЪАЛАИ ПИРОНСОЛӢ ДАР ҶАҲОНИ ИМРӮЗА. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи пиронсолӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Созмони Милали Муттаҳид дар чандин санадҳои худ ин масъаларо мавриди таъкид қарор додааст. Ин созмони байналмилалӣ ҳанӯз дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон меъёреро ворид карда буд, ки мувофиқи он «Ҳар як инсон ҳамчун узви ҷамъият ба таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад» (моддаи 22). Дар тули беш аз 25 соли охир, СММ ба масъалаи ашхоси имконияташон маҳдуд, махсусан, ба масъалаи пиронсолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаст.

Санаде, ки «Принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба пиронсолон» ном дорад ва баъзе паҳлуҳои он мавриди истифода қарор гирифтанд. Маҳз ба пиронсолӣ ҳамчун масъалаи глобалии ҷаҳони муосир бахшида шудааст. Зарурат ба қабули ин санад дар он аст, ки гарчанде дар чандин санади ҳуқуқии СММ ва баъзе созмонҳои дигари байналмилалӣ масъалаи ҳуқуқи пиронсолон баён гардидаанд, вале ҷузъиёти он ба мисли «Принсипҳо.» мушаххас пешниҳод нашуда буданд. Мақсад аз қабули ин санад, тавре дар оғози он омадааст: «Таъмини зиндагии пурҷӯшу хурӯши пиронсолон мебошад».

Дар қисмати аввали санад, аз ҷумла сабабҳои асосии қабули ин ҳуҷҷати муҳимми байналмилалӣ зикр шудаанд:

  • барои иҷрои Нақшаи байналмилалии амалиёт доир ба пиршавӣ, ки онро Иҷлосияи умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаи пиршавӣ қабул намудааст, аз ҷониби Иҷлосияи Кулл бо Қатънома таҳти №37/51 (1982) дастгирӣ ёфтааст;
  • фарқи куллиро дар ҳолати ашхоси пиронсол на танҳо дар байни мамлакатҳо, инчунин дар мавриди давлатҳои алоҳида ва дар байни ашхоси гуногун, ки қабули тадбирҳои гуногун дар соҳаи сиёсатро тақозо доранд, эъ тироф намуда;
  • бо дарназардошти он ки дар ҳамаи мамлакатҳо шумораи ашхоси пиронсол торафт меафзояд ва ҳолати саломатии онҳо аз давру замонҳои қаблӣ беҳтар аст;
  • бо дарназардошти пажуҳишҳои илмие, ки аксар тасаввуроти қолабии маъмулро дар бораи ногузирии пиршавӣ ва дар баробари пиршавӣ бадшавии аҳволи саломатӣ рад мекунанд.

Дар санад гуфта мешавад, ки пиронсолон бояд барои татбиқи ҳаматарафаи неруи худ имкон дошта бошанд ва ба пиронсолон бояд имкониятҳо дар соҳаи таҳсилот, фарҳанг, ҳаёти маънавӣ ва фароғат дастрас бошад.

Созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ ва давлатҳои узви онҳо барои таъмини зиндагии сазовор барои пиронсолон тадбирҳои гуногунро амалӣ менамоянд. Аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ, ки барои беҳбуд бахшидан ба ҳаёти пиронсолон пайваста кор мебарад, Созмони байналмилалии меҳнат мебошад. Ин созмон барои давлатҳои узв «Тавсияҳои №162 оид ба пиронсолон»-ро қабул кардааст, ки он соли 1980 ҳамчун ҳуҷҷати муштараки аз конвенсия ва тавсияҳои конференсияияҳои байналмилалии дар тули беш аз 30 сол қабулгардида ба миён омадааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи пиронсолӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар ин ҷода таҷрибаи баъзе давлатҳо намунаи ибрат аст. Метавон ҳимояи давлатии пиронсолонро дар Ҷопон мисол овард. Пиронсолон дар ин давлат зери назорат ва ғамхории ҳамарӯзаи кормандони иҷтимоӣ мебошанд. Бесабаб нест, ки алҳол дар Ҷопон шумораи пиронсолоне, ки умри зиёда аз 90-сола доранд беш аз 1 миллион нафарро ташкил менамояд.

2. ВАЗИФАҲОИ ФАРЗАНД ДАР НАЗДИ ВОЛИДАЙН.

Ояндаи миллат вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд аст, аз ин хотир волидон и имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри руҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидон дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки неруи пурқудрат, такягоҳ ва бойигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт. Шароити номусоиде, ки солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба вуҷуд омад, пеш аз ҳама боиси халалдор шудани таълиму тарбияи ҷавонон гардид. Ин авзои номатлуб ба зудӣ тавонист ба ҷомеа, хосса ба наврасону ҷавонон асари амиқ гузорад, аз ҷумла сатҳу сифати таълиму тарбияро коҳиш диҳад. Аз ҷумла ба корҳои ношоиста даст задани ҷавонон ва дигар зуҳуроти номатлуб авҷ гирифт. Бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои бегона, хурофотпарастӣ, манфиатҷӯӣ рӯй оварданд ва ин костагиҳо сабабгори вайрон шудани ахлоқи ҷомеа гардиданд. Бинобар ин иқдоми неки Пешвои миллат ва мардуми шарафманди кишвар гирифтани пеши роҳи омилҳои мавҷударо пайдо намуд ва қонуни мазкур садди роҳи амалҳои номатлуби ҷомеа гардидааст.

Аксар меъёру паҳлуҳои муносибатҳои байниҳамдигарии волидон у фарзандон аз рӯйи анъанаю урфу одатҳо ва тарзи зиндагии миллии халқи тоҷик, ки аслан, ахлоқиан ду дар тули қарнҳо ташаккул ёфтаанд, танзим мешаванд.

Эҳтироми фарзандон дар анъанаҳои миллии мо воқеан баёнгари он аст, ки фарзандон барои волидон муқаддасанд, зеро фарзандон идомабахши ҳаёти волидон мебошанд.

Вале сарфи назар аз арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқии муносибатҳои волидон у фарзандон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳоро муқаррар намудааст. Асоси ин қонунгузориро моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад, ки дар он омадааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд».

Масъалаи танзими ҳуқуқ ва вазифаҳои волидон у фарзандон дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, вале он дар ин қонун ҳамчун уҳдадории яктарафа муқаррар нашуда, ҳар ду тарафи муносибатҳои ҳуқуқӣ – волидон ва фарзандонро дар бар гирифтааст. Паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқи фарзандон дар моддаҳои 80-87 омадаанд. Уҳдадории фарзандон дар моддаҳои 88-89 муқаррар гардидаанд. Дар моддаи 88, аз ҷумла омадааст, ки:

1. Фарзандони болиғи қобили меҳнат уҳдадоранд, ки волидон и ғайри қобили меҳнати ба кумак муҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.

5. Фарзандон аз уҳдадориҳои таъмини волидон и ғайри қобили меҳнати муҳтоҷи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки волидон аз иҷрои вазифаҳои падарию модарии худ саркашӣ мекарданд.

Инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркашии фарзандон ҷиҳати таъминоти волидон и ғайри қобили меҳнат ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар намудааст. Чунончи, дар моддаи 178-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани фарзандон аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ ҷиҳати таъминоти волидон и ғайри қобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддӣ бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.

Савол ва супориш:

  1. Созмони Милали Муттаҳид доир ба масъалаҳои вобаста ба пиронсолӣ чӣ тадбирҳо меандешад?
  2. Эҳтироми пиронсолӣ ва пиронсолонро аз назари тафаккури миллии халқи тоҷик таҳлил карда, аз ҳикматҳои халқӣ далелҳо биёред.
  3. Доир ба эҳтироми волидон аз осори ниёгон мисолҳо оварда, онҳоро ба ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бипайвандед.
  4. Эҳтироми ашхоси имконияташон маҳдуд, пиронсолон ва волидон ба шахс ва ҷомеа чӣ медиҳад?
  5. Мувофиқи ахлоқи миллии халқи тоҷик фарзанд дар назди волидон чӣ вазифаю масъулияте дорад?
  6. Уҳдадориҳои волидон дар назди фарзандон ва вазифаҳои фарзандон дар назди волидон чӣ робита бо ҳам доранд?

Реклама