§9. АРЗИШМАНДӢ ВА БЕНАЗИРИИ ҲАЁТИ ИНСОН

1. МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БА ҲАЁТ. Мусаллам аст, ки ҳамаи ҳуқуқи инсон дорои табиат ва таъиноти хосси худ мебошанд. Дар ҳолати муқоисаи онҳо, махсусан, вақте ки сухан дар бораи ҳуқуқи як насл меравад, муайян кардани афзалияти як ҳуқуқ бар дигараш кори ниҳоят душвор аст. Зиёда аз ин, мубрам будан ва аҳаммиятнокии ҳар як ҳуқуқи инсон дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба таври гуногун фаҳмида мешуд. Вале ҳангоме сухан дар бораи ҳуқуқи инсон ба ҳаёт меравад, бояд таъкид кард, ки ин ҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҳуқуқи бунёдӣ ва аз ҳама муҳим эътироф шудааст. Зеро тамоми ҳуқуқи дигар аз ҳамин ҳуқуқи асосӣ ҳуқуқ ба ҳаёт маншаъ гирифта, мавҷудият ва татбиқи онҳо танҳо дар шароити ҳастии инсон маъно пайдо мекунад. Ҳамаи ҳуқуқи дигар барои он хидмат мекунанд, ки ин ҳастиву мавҷудият дар шароитҳои нисбатан мусоиду бехатар барои зиндагӣ сурат бигирад. Яъне бе ин ҳуқуқ ҳуқуқи дигар манфиате надорад. Пас дар сохтори низоми ҳуқуқи инсон ҳуқуқ ба ҳаёт ҳамчун ҳуқуқи бунёдӣ ҷойгоҳи аввалро ишғол мекунад.

Зиндагӣ воқеан ширину беназир аст. Мӯйсафеде 84 сол умр ба сар бурда, пеш аз марг дар лаҳзаҳои охирини зиндагӣ, бо таассуф гуфтааст: «Агар ҳазор сол зиндагӣ кунӣ ҳам, лаҳзаҳои охирини зиндагӣ боз ҳам ширинтару лазизтар ва азизтару гуворотар мешаванд; кас мехоҳад ақаллан боз соате, дақиқае, сонияе зинда бошад. Зеро зиндагӣ лаззати нотакрор дорад, вале афсӯс, ки мо инсонҳо на ҳама вақт онро дарк мекунем. Агар маъбадҳо ё қасрҳои ҳазорсолаҳо побарҷо, муъҷизакориҳои санъат ва ё адабиёт гум ва ё нест шаванд, боз насли инсонӣ неруи офаридани ёдгорию муъҷизаҳои наверо мисли онҳо доро аст. Аммо чун инсоне бимирад ва ё кушта шавад, то ҳанӯз мисли ҳамон инсон нафари дигареро инсон қудрати офариданро надорад. Ҳаёти ҳар шахс нодир, нотакрор, бозгаштнашаванда ва ягона аст».

Ҳуқуқ ба ҳаёт аз ҷониби касе эълон нагашта, ба одам аз ҷониби касе ё мақомоте ба ин ё он андоза туҳфа ва ё тақдим дода намешавад, балки вай атои табиат ба инсон аст. Ҳаёт бо таваллуд шудан аз модар, яъне аз инсон ҳамчун ҳодисаи табиӣ мебошад. Аз ин рӯ ҳуқуқ ба ҳаётро ҳуқуқи табиии инсон меноманд. Ин ҳуқуқ барои ҳа-

меша дар ҳамаи қитъаҳои замин яксон будааст ва одамон ҳамеша, ҳам дар ҷомеаи ибтидоӣ ва ҳам дар дар замони муосир баҳри эътирофу ҳифз намудани он кушидаанду мекушанд. Мубориза барои ҳаёт дар асоси равиши табиӣ то ташкили низоми муҳофизати судӣ инсон барои ҳаёти арзанда мубориза бурдааст.

2. ҲАЁТ ҲАМЧУН НЕЪМАТИ ИҶТИМОӢ. Ҳуқуқи инсон ба ҳаёт бо майл ва табиати инсон ба ҳаёти якҷоя зич алоқаманд аст. «Инсон ба инсон зинда аст», – гуфтаанд бузургон. Ҳаёти иҷтимоӣ инсонро «инсон» ва намунаи рафтор мегардонад. Ҳаёти иҷтимоӣ бо равандҳои иҷтимокунонӣ дар масири таърих нутқ, тафаккур, меҳнат, истеъдод ва дигар қобилиятҳои одамро ташаккул дода вайро аз объекти муносибатҳои иҷтимоӣ ба субъекти фаъол ва таърихсоз табдил додааст. Инсони муосир натиҷаи дуру дарози рушди ҳаёти моддӣ ва маънавӣ аст, ки бо қадршиносии сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳаёти худ ҳамчун неъмати бебаҳо ва беарзиш расидааст. Беарзиш ба он маъно, ки хеҷ як боигарие дороие ва арзише нест дар рӯйи замин, ки баробар ба ҳаёти як инсон бошад.

Тамоюл ба ҳаёти якҷоя мазмуни тамоми рафти таърихи инсониятро муайян карда, ба рушди муносибатҳои оилавӣ-авлодӣ, ташаккули оилаҳои иқтисодӣ, гузариш аз иқтисоди азхудкунанда ба иқтисоди истеҳсолӣ, бадалшавии меҳнати якҷоя ба меҳнати пурмаҳсул, ташаккули тафаккури инсонӣ, пайдоиши моликият ва дар ниҳоят ба пайдоиши давлат ва ҳуқуқ мусоидат кардааст. Инсон ҳангоми ба даст овардани ғизо, шикор ё муттаҳидшавии қавму қабилаҳо бар зидди ҳайвоноти ваҳшӣ бартариҳои мавҷудияти дастаҷамъонаро дидаву эҳсос кардаанд. Дар ин раванд ҳаёти инсон ҳамчун воситаи муҳимми эътирофи мавҷуди он тадриҷан эътироф гардида, ба сифати неъмати иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҳифз шудааст.

3. МАСЪАЛАҲОИ ФАҲМИШИ МОҲИЯТИ ҲУҚУҚ БА ҲАЁТ. Боиси тазаккур аст, ки сарфи назар аз ҳамаи пешравиҳо дар соҳаи фаҳмиши ҳаёти инсонӣ аз ҷониби илмҳои гуногун бисёр нуктаҳои ҳаёти инсонӣ ва асосҳои эътирофу ҳимояи он аз ҷониби илмҳои иҷтимоӣ ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ кашфу маълум нашудаанд. Чӣ назарияи таҳаввулотӣ ва чӣ назарияҳои дигари илмӣ ҳанӯз ба бис- ёр саволҳои марбут ба пайдоиши ҳаёт ҷавоби пурра надодаанд. Сарфи назар аз дастовардҳои ҷиддӣ дар соҳаи тиб имконҳои организми инсон то ба охир омӯхта нашудаанд. Аз ҷониби дигар ғояи гуноҳ ва гунаҳкории шахс дар ҳамбастагӣ бо таъини ҷазо мавқеи ҳаётро ҳанӯз ҳамчун объекти ҷазо аз рӯзномаи қонунгузории аксари давлатҳои олам ба пуррагӣ набардоштааст. Ин ҳолат масъалаи оғози эътирофи ҳуқуқ ба ҳаётро дар илми ҳуқуқшиносӣ ва асос- ҳои кандашавии онро дар заминаи содиршавии гуноҳ ва ё бемориҳои тулонӣ печида кардааст.

Муайян кардани на танҳо дараҷаи илмии «ҳаёти махлуқи биологӣ ҳамчун инсон», балки лаҳзаҳои пайдоиш ва қатъшавии он ҳам мураккаб аст. Маҳз лаҳзаи оғози эътирофи ҳуқуқ ба ҳаёт ва асоси кандашавии он қиммати ҳуқуқии ҳаётро дар низоми ҳуқуқӣ равшан месозад. Тавре медонем, ки ибтидо ва интиҳои зиндагӣ ҷиҳати тафсирбахшии сарҳадҳои дигар ҳуқуқи инсон басо муҳимманд.

Дар гузаштаи начандон дур рафъсозии сунъии ҳомиладорӣ (исқоти ҳамл) дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон чун ҷиноят баррасӣ мешуд. Афзоиши зиёди шумораи аҳолӣ, масъалаҳои

иҷтимоӣ – иқтисодии дар имкониятҳои давлат ифодашаван да бобати кафолат додан ё надодани ҳадди ақалли зарурии неъматҳои моддӣ масъалаи назоратро ба тавлиди инсон ба миён оварданд. Бо гузашти айём усулҳои банақшагирии оила ва контрасепсия (пешгирии ҳомиладорӣ) инкишоф ёфтанд, ба исқоти ҳамл (бо усули дорудиҳӣ ё амалиёти ҷарроҳӣ), ки қаблан бо мулоҳизоти динӣ мамнуъ буд, дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон иҷозат дода шуд ва баъзеҳо эътироф мекунанд, ки он кори шахсии ҳар зан, ҳуқуқи вай ба ҳаёти хусусӣ гардид.

Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи ҷудонопазири ҳар як инсон мебошад. Ин ҳуқуқ тавассути қонун ҳифз карда мешавад. Ҳеч кас худсарона аз ҳаёт маҳрум карда намешавад.

Қисми 1-и моддаи 6-и Паймони Байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ.

«Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ ба ҳаётро ҳамчун арзиши олӣ эълон карда, бо ҳамин вазифадории давлатро бобати ҳимоят аз худсарона маҳрум кардан аз ҳаёт таҳким мебахшанд.

Савол ва супориш:

  1. Чаро ҳудуди ҳуқуқ ба ҳаётро дар илм ва ҳуқуқ аз ҷумлаи масъалаҳои мураккаб (баҳсталаб) медонанд?
  2. Ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, муносибататонро ба масъалаи эвтаназия баён намоед.

Реклама