1. ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТ (ТБМ). Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат таърихи беш аз 106-сола дорад. Он дар баробари таъсиси Лигаи Миллатҳо соли 1919 дар асоси Қарордоди сулҳи Версал таъсис дода шудааст. Сабаби таъсиси ТБМ он аст, ки баъди анҷоми Ҷанги якуми ҷаҳон дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ислоҳоти иҷтимоӣ оғоз шуд ва ташвиши иштирокчиёни Конференсияи байналмилалии Париж зимни ислоҳоти мазкур ин буд, ки он дар бисёр давлатҳо бар зарари аҳли меҳнат сурат нагирад. Таъкид карда шуд, ки ҳар гуна ислоҳоти иҷтимоӣ бояд дар сатҳи талаботи байналмилалӣ ба амал бароварда шавад. Баъд аз барҳам хӯрдани Лигаи Миллатҳо ва афзудани хатари ҷанги нави ҷаҳонӣ фаъолияти ТБМ рӯ ба таназзул ниҳод. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон фаъолияти ин созмони байналмилалӣ қатъ гардид. Пас аз ба анҷом расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон фаъолияти ТБМ аз нав ҷоннок шуда, дар солҳои минбаъда дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид ба яке созмонҳои бонуфузи дар арсаи ҳифзи меҳнат мубаддал гардид.
Конференсияи якуми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат моҳҳои октябр-ноябри соли 1919 дар шаҳри Вашингтон (ИМА) баргузор гардидааст.
Дар ин конференсия шаш конвенсия ва шаш тавсия, аз ҷумла Конвенсия дар бораи тули рӯзи корӣ қабул карда шуд.
Баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Эъломияи Филаделфия (ИМА) мақсадҳо ва усулҳои ТБМ тасдиқ ва васеъ карда шуданд. Дар ин Эъломия дарҷ шуда буд, ки баъд аз ҷанг ба даст овардани истиқлоли миллӣ дар ҷаҳон суръат касб мекунад ва бо мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ҳамкории техникии васеъ шакл хоҳад гирифт. Дар чунин шароит зарурати ҳимояи ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳамаи он чи ки ба меҳнат алоқаманд аст, амри воқеӣ мегардад. Фаъолияти пурсамари ТБМ ба ташкил ва фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид зич алоқаманд аст. Соли 1946 ТБМ дар низоми СММ ҳамчун созмони навтаъсис муассисаи аввалини махсусгардонидашуда гардид. Аз он вақт сар карда, то имрӯз ин ташкилот муттасил вазифаҳои худро дар сатҳи зарурии байналмилалӣ иҷро менамояд. Ин аст, ки ТБМ соли 1969 ба муносибати 50-солагии ҷашни худ ба Ҷоизаи Нобел барои сулҳ мушарраф гардонида шуд. Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 187 давлати узв дорад.
2. СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ. (СБМ). Созмони Байналмилалии Муҳоҷират 5-уми декабри соли 1951 дар шаҳри Брюссел (Белгия) бо ташаббуси ҳукуматҳои давлатҳои Аврупо бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати аҳолӣ дар мамлакатҳои Аврупо баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон таъсис дода шуда буд. Ин созмон дар аввал Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати аврупоӣ (КБММА) номида мешуд. Ҳамагоникунонии масъалаи муҳоҷират ҳудудҳои фаъолияти КБММА-ро васеъ кард, ки бо ҳамин сабаб соли 1957 Шурои КБММА дар бораи тағйири ин ном ба номи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) қарор қабул кард.
Имрӯз ба ҳайати СБМ 116 давлат дохил буда, 21 давлати дигар дар он ба ҳайси нозир фаъолият мекунанд. Қароргоҳи созмон дар шаҳри Женеваи Швейтсария ҷойгир аст. Маркази бузурги идораи СБМ дар шаҳри Манилаи Филиппин воқеъ аст. Ғайр аз ин СБМ дар давлатҳои аъзо ва давлатҳои дигар зиёда аз 200 дафтари намояндагӣ дорад, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар сохторҳои СБМ қариб 5400 нафар мутахассисон кору фаъолият мекунанд.
СБМ бо ҳукуматҳо, созмонҳои дигари давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати муҳоҷират ва такмили низоми байналмилалии идораи ҷараёни муҳоҷират ҳамкорӣ менамояд. СБМ дар марҳалаи ҳозира наздики 1400 лоиҳаро дар самтҳои зерин татбиқ менамояд:
Савол ва супориш:
|
Реклама