§2.6. ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ҚОИДАИ ҶАНГ

1. МОҲИЯТ, МАҚОМ ВА МАХСУСИЯТИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Заминаи асосии рушди инсон худифодакунӣ, зоҳир сохтани фаъолнокӣ ва ташаббускории ӯ мебошад, ки тавассути низоми ҳуқуқи ба ӯ додашуда ва дар доираи соҳаи ҳуқуқи инсон таъмин мегардад. Ҳуқуқи инсон низоми қоида ва озодиҳои шахсии инсон аст, ки барои зиндагии арзандаи ӯ ногузир буда, дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ эълон, эътироф ва ҳифз карда шудаанд. Ҳуқуқ ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби давлат ҳамин ҳуқуқҳоро ба ҳар инсон пешниҳод кардан ва онро дар низоми ҳукуқӣ имконпазир буданашонро таъмин намудан аст. Ин ҳуқуқро конститутсияи давлатҳои демократӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба таври умумӣ эълон ва эътироф кардаанд.

Ҳуқуқи инсон пояи асосии ҳаёти шахсият дар низоми меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор мераванд, ки дар сатҳи озодии фардӣ ифода ёфта, дар шароити зиндагии ӯ таҷассум меёбанд. Дар ин замина, ҳамзамон муносибатҳои байни инсон ва давлат, ҷомеа ва дигар шахсон низ муайян карда мешаванд.

Дар шароити ҳозира, ҳуқуқи инсон ҳамчун низоми ба таври муштарак ташаккулёфта якҷо ва бо соҳаҳои дигари ҳуқуқ омӯхта мешавад.

Ҳуқуқи инсон арзиши олии тамаддуни муосир муаррифӣ мешаванд ва дар маҷмуъ, мақоми ҳуқуқии шахсиятро ифода менамоянд. Онҳо ба ҳама тааллуқ доранд, сарфи назар аз нажод, ҷинс, дин, ақидаҳои сиёсӣ, ва ҳоказо, ки онҳо ҳамагонӣ (универсалӣ), баробар ва ҷудонашаванда мебошанд. Ҳуқуқи инсон маҷмуи ҳуқуқҳои сиёсӣ, шаҳрвандӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар мегиранд, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин дар қонунҳои миллии давлатҳо, пеш аз ҳама дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд. Ин ҳуқуқ ва озодиҳои инсон моҳият ва асоси ҳуқуқи инсонро ташкил мекунанд.

Ҳуқуқи инсон низоми ҳуқуқу озодиҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие мебошад, ки ба ҳар кас дода шудааст ва он муносибатҳои инсонро бо давлат, ҷомеа ва фардҳои алоҳида муайян месозад.

Ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ (гуманитарӣ) қисми таркибии ҳуқуқи инсонро ташкил медиҳад.

Таҳти ибораи «ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» қарордодҳои байналмилалӣ ва қоидаҳои муқарраршудае фаҳмида мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳои инсондӯстии бевосита нигаронида шудаанд.

Мақсади асосии ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ ҳимоя кардани ҳуқуқи инсон дар шароити ҷанг ва нооромиҳои ҳарбӣ мебошад.

Ҳамаи афрод дорои ҳуқуқи баробар мебошанд, ки ба таври доимӣ ва беист амал мекунанд. Ин ҳуқуқҳо имкони амал карданро дар шароити гуногун бо ҳадафи қонеъ гардонидани манфиатҳои шахсӣ фароҳам меоранд. Ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ на ҳамчун номгӯйи ҳуқуқҳо ташаккул меёбад, балки бештар ба сифати вазифаҳоеанд, ки дар мавриди низоъҳои мусаллаҳона бояд аз ҷониби субъектони мушаххас иҷро карда шаванд. Ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ низ, чун ҳуқуқи инсон, ба норавоии табъиз дар мавриди ҳимояи қурбониёни ҷанг асос ёфтааст.

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ҲУҚУҚИ ИНСОНДӮСТӢ МУВОФИҚИ КОНВЕНСИЯҲОИ ЖЕНЕВА. Ҳуқуқи инсондӯстӣ ҳуқуқи асосии инсонро ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона ҳимоя мекунад, ки аз онҳо, аз ҳама муҳиммаш, ҳуқуқ ба ҳаёт мебошад. Аз ҷумла қатл кардани шахсе, ки дар ихтиёри ҷониби муқобил қарор дорад, манъ аст, зеро ӯ зери ҳимояи Конвенсияҳои Женева аз соли 1949 мебошад. Ин ҳимоя то андозае тавассути Протоколи иловагии I аз соли 1977 васеъ карда шудааст. Аз ҳама муҳиммаш, дар ин Протокол муайян шудааст, ки кадом воситаҳои пешбурди ҷанг мумкин аст, то ки таҳдид ба ҳаёти аҳоли осоишта кам карда шавад. Протокол истифодаи гуруснагиро дар байни аҳолӣ ҳамчун усули пешбурди амалиёти ҷангӣ ва инчунин нест кардани захираҳои барои зиндагии аҳолӣ зарур (маводди ғизоӣ, об ва ғайра)-ро манъ мекунад. Санади мазкур ташкили минтақаҳои махсусро дар назар дорад, ки аз объектҳои ҳарбӣ озоданд ва онҳо мавриди ҳамла қарор намегиранд.

Яке аз принсипҳои муҳимме, ки дар Конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагӣ инъикос ёфтааст, ин аст, ки ба шахсони захмбардошта бояд ёрии тиббӣ расонида шуда, шароити зарурӣ барои зинда мондани онҳо таъмин гардад.

Ҳуқуқи инсондӯстӣ қисмати беҳимоямондаи аҳолиро аз сӯйистеъмоли ҳокимияти давлатӣ пуштибонӣ мекунад. Механизмҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ танҳо дар ҳолати ҷанг ба кор бурда мешаванд. Ба таври дигар гӯем, ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ, кисми он ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар ҳолати низоъҳои мусаллаҳона мавриди истифода қарор мегирад. Ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар ҳолатҳои дигари фавқулода низ ба кор бурда мешавад.

Ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ низоъҳои мусаллаҳонаро ба ду навъ ҷудо мекунад – низоъи мусаллаҳонаи байналмилалӣ ва низоъи мусаллаҳонаи ғайрибайналмилалӣ. Асос барои ин фарқ сарҳадди давлатӣ мебошад.

Ба миён омадани низоъи байналмилалии мусаллаҳона барои истифодаи Конвенсияҳои Женева асос мегардад, ҳатто дар он сурате, ки агар яке аз давлатҳо ҳолати ҷангро эътироф намекунад. Дар чунин ҳолатҳо ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ ба таври худ ба худ (автоматӣ) ба кор медарояд, яъне мавҷудияти низоъ барои ба кор бурдани ҳуқуқи инсондӯстӣ худ ҳолати кофӣ аст.

Низои мусаллаҳона истифодаи қувваи аз тарафи як давлат ба муқобили давлати дигар мебошад. Бояд таъкид кард, ки мувофиқи ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстона, чунин низоъ маҳз ба ҳамин тарз маънидод мешавад новобаста аз сабабҳои ба вуҷуд омадани он, инчунин новобаста аз он ки давлати мавриди таҷовуз қароргирифта муқовимат нишон медиҳад ё не.

Навъи дигар – низои мусаллаҳонаи дорои моҳияти ғайрибайналмилалӣ мебошад. Низои мусаллаҳонаи ғайрибайналмилалӣ бархӯрди мусаллаҳонае мебошад, ки дар ҳудуди як давлат сурат гирифтааст.

Сабаби ба амал омадани низоъҳои мусаллаҳонаи дорои моҳияти ғайрибайналмилалӣ мумкин аст дар натиҷаи риоя карда нашудани ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ё вайрон кардани ҳуқуқи инсон аз тарафи режимҳои диктататорӣ, ё ин ки барҳам хӯрдани ҳокимияти давлатӣ, ки дар натиҷаи он гурӯҳҳои гуногун барои ҳокимият мубориза мебаранд, арзи вуҷуд мекунанд. Бо ҳамин сабаб, давлатҳо дарк кардаанд, ки зӯроварӣ ва истифода аз аслиҳа дар мавриди ҷангҳои шаҳрвандӣ ҳамон гуна кулфат ва харобиҳоро ба вуҷуд меоварад, ки дар мавриди ҷанги байни давлатҳо сурат мегирад. Ин ҳолат дар ниҳояти кор истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи инсондӯстиро дар мавриди низоъҳои мусаллаҳонаи моҳияти ғайрибайналмилалӣ дошта ҳам ба миён овард.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар шароити имрӯза восита ва усулҳои муборизаро ҳангоми низоъҳои дохилӣ маҳдуд месозад ва доираи ҳимояи инсондӯстиро дар мавриди ҷангҳои шаҳрвандӣ васеъ менамояд.

3. ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСОНДӮСТӢ ҲАМЧУН ҚИСМИ ТАРКИБИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. ҲБИ вақте густариш ёфт, ки истифодаи қувва афзори қонунии сиёсати давлатӣ, воситаи ҳалли баҳс дар байни давлатҳо ба ҳисоб рафт. Мақсади асосии ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ муваффақшавӣ ба мувозинат дар байни талабот ба зарурати ҳарбӣ ва инсондӯстӣ мебошад. Амалҳои алоҳидаи ҳарбӣ аз дидгоҳи ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ рад карда мешаванд, масалан, истифодаи модда ва газҳои заҳрнок. Инчунин истифодаи тадбирҳои дорои моҳияти ҳарбидошта зарур аст, то ки ба ашхоси шаҳрвандӣ кам зарар расонида шавад.

Ғайр аз ин тадбирҳо, нишондодҳое низ вуҷуд доранд, ки истифодаи меъёрҳоро нисбат ба ҳимоя маҳдуд месозанд. Масалан, ҳайати тиббӣ набояд мавриди объекти ҳамла гарданд, мавридҳое, ки он дар амалиёти ҳарбӣ бевосита иштирок менамояд. Ғайр аз ин тарафҳо вазифадоранд, ки барои ҷустуҷӯйи маҷруҳон ва ҳалокшудагон тадбирҳо андешанд.

Қарордодҳои дорои моҳияти умумӣ моддаҳоеро инъикос намудаанд, ки ба ҳуқуқи инсон дахл дошта, ба қисман боздоштани амали нишондодҳои онҳо ҳангоми ҷанг ё ҳангоми ҳолатҳои дигари фавқулода роҳ медиҳанд.

5. ҲИМОЯИ АШХОСИ ШАҲРВАНДӢ ВА АҲОЛИИ ОСОИШТА. Ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ миёни ашхоси шаҳрвандӣ ва аҳолии шаҳрвандӣ фарқ мегузорад.

Ашхоси шаҳрвандӣ ҳар нафаре мебошад, ки на ба хизматчиёни ҳарбӣ, на ба фидоиён, аъзои дастаҳои ихтиёрӣ мутааллиқанд ва ҳаракатҳои муқовимат ё ашхоси дигар, ки ба таври ошкоро аслиҳа доранд ва қонуну қоидаҳои ҷангро риоя мекунанд (Моддаи 50-и Протоколи 1).

Аҳолии осоишта аз ҳамаи онҳое иборат аст, ки ҳамчун шаҳрвандони одии мамлакат ба корҳои касбӣ ва соҳавӣ машғуланд дар муноқишаву ҷангҳо ширкат намеварзанд.

Ба ашхоси шаҳрвандӣ ва аҳолии осоишта ҳаргиз ҳамла кардан мумкин нест, чунки моддаи 51-и Протоколи 1 ҳодисаи зӯроварӣ ё таҳдидро, ки дар байни аҳолӣ тарсу ваҳмро ба вуҷуд меоварад, инчунин ҳодисаҳои алоҳидаи террорис- тиро манъ мекунад. Аҳолии осоишта набояд барои ҳимояи объектҳои ҳарбии рақиб ҳамчун сипар истифода бурда шавад. Ҳамла ба аҳолии осоишта ё ашхоси алоҳидаи ғайринизомӣ низ манъ аст.

Меъёрҳои ҳуқуқи инсондӯстӣ муносибати инсондӯстонаро бо баъзе гуруҳҳои ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолии осоишта дар назар дорад, аз ҷумла занон, кӯдакон, пиронсолон, маҷруҳон ва беморон.

Ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона, занҳо ба гурӯҳи ашхосе тааллуқ доранд, ки онҳо бояд дар асоси Конвенсияи Женева ҳамчун мардуми ғайринизомӣ мавриди ҳимоят қарор бигиранд. Нисбат ба онҳо усули муносибати инсондӯстона ба кор бурда мешавад, ки он эҳтироми ҳаёт, дахлнопазирии ҷисмонӣ, равонӣ ва манъи ҷазои ҷисмонӣ, шиканҷа ва ғайраро дар назар дорад. Занон, махсусан, аз истифодаи ҳама гуна сӯиқасд ба номус, маҷбур намудан ба амали нангин ва умуман, суиқасд ба ахлоқи онҳо, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, нажодӣ, синну сол ва мақоми иҷтимоиашон ҳимоя карда мешаванд.

Гурӯҳи дигари ашхосе, ки ба ҳимоя эҳтиёҷманданд, кӯдакон мебошанд. Онҳо ҳангоми низоъҳои байналмилалӣ зери ҳимояи Конвенсияи Женева мебошанд. Кӯдакон ҳамчун як қисми аҳолӣ ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ фаро гирифта мешаванд ва мутаносибан аз ҳимоя ва ёрӣ бархӯрдор мебошанд. Ин ба он маънист, ки роҳи расонидани бастаи (посилка)-и барои кӯдакон муайяншуда, расонидани ёрӣ ба муассисаҳое, ки кӯдакон зери сарпарастии онҳо қарор доранд, боз аст.

Меъёрҳои ҳуқуқи инсондӯстӣ муносибати махсусро нисбат ба захмбардоштагон ва беморон дар назар доранд. Онҳо сарфи назар аз он, ки ба кадом тарафи низоъ тааллуқ доранд, ба эҳтиром ва ҳимоя фаро гирифта шуда, аз сӯиқасди эҳтимолӣ ба дахлнопазирии шахсият ҳимоя карда мешаванд.

5. КОМБАТАНТҲО. Дар низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ қисмати асосии ширкаткунандагонро комбатантҳо ташкил медиҳанд.

Ашхоси ба ҳайати неруҳои мусаллаҳи тарафҳои низоъ дохилбуда, ки дар ҳолати низоъ қарор доранд, ҷанговар мебошанд, яъне онҳо ҳуқуқ доранд бевосита дар амалиёти ҳарбӣ ширкат варзанд.

Меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстона муносибати инсондӯстона нисбат ба асирони ҳарбиро дар бар мегиранд.

Асирони ҳарбӣ ашхоси аз ҳайати неруҳои мусаллаҳи яке аз тарафҳои дар низоъи мусаллаҳона ширкаткунанда иборат мебошанд, ки ҳангоми низои байналмилалии мусаллаҳона ба асорат афтидаанд.

Асирони ҳарбӣ ҳолати ҳуқуқии худро аз лаҳзаи ба асорат афтодан ва то ба Ватани худ баргаштан нигоҳ медоранд.

Конвенсияи сеюми Женева шартҳои муносибат бо асирони ҳарбиро ба таври муфассал муайян намудааст. Асирони ҳарбӣ набояд гирифтори шиканҷа ва муносибати бераҳмона гарданд, ба онҳо бояд бо хешу табор мукотиба кардан, гирифтани баста (посилка), иҷозат дода шавад, ҳамин ки вазъи саломатии беморони вазнин имкон диҳад, онҳо бояд фавран ба кишвари шаҳрвандӣ ё ҷойи истиқомат фиристонида шаванд.

Савол ва супориш:

  1. Барои ҳимояи ҳуқуқи инсон кадом қоидаҳои байналмилалии пешбурди ҷанг вуҷуд доранд? Онҳоро номбар карда, шарҳу эзоҳ диҳед.
  2. Моҳияти ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстонаро баён кунед. Ҳуқуқи инсондӯстона ба низоъҳои мусаллаҳона чӣ муносибат дорад?
  3. Бо кадом сабабҳо Конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои Иловагии онҳо таҳия шудаанд?

Реклама