§2. ИФРОТГАРОӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

1. МАФҲУМИ «ИФРОТГАРОӢ». Истилоҳи «ифрот» аз решаи калимаи арабии «фарт», яъне «авҷ» ва ё «ҳадди ниҳоят» гирифта шудааст, ки дар муносибатҳои иҷтимоӣ ба маъноҳои аз ҳадди муайяншуда гузаштан, аз андоза берун шудан, аз меъёри эътирофгашта баромадан, зиёдаравӣ кардан дар амал, бештар аз тавоноӣ рафтор кардан ва амсоли инҳоро мефаҳмонад. Ҳаким Абуалӣ ибни Сино ба ҳамин маънӣ чунин гуфта буд:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд, Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.

Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофараш мехонанд.

Аз назари илми забоншиносӣ се намуд ифротро шарҳ додаанд:

  1. Ифрот фармудан. Амр намудани нафареро ба коре, ки берун аз тавонияш аст.
  2. Ба ифрот додани дороӣ ва ё сарват, яъне исроф кардани молу неъмати боваркардашуда.
  3. Ва ниҳоят ифрот кардан – аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ кардан дар сухан, амал ва ҳар ваколати боваркардашуда ва ё имконпазир.

Ифрот – дар муносибатҳои иҷтимоӣ ин аз ҳадди муайяншуда, эътирофшуда, сарҳадди эътидол ва муназзамии ҳолати умумии муносибатҳои мавҷуда гузаштан аст, ки дар ин гузаштнамоӣ адлу инсоф, назму тартиби вуҷуддошта вайрон гардида, манфиати қонунии шаҳрвандон зарар дида, ҳолати муътадили вуҷуд ва рушди ҷомеа дар умум вайрон мегардад. Пасманзари ифрот бо ченаки ҳуқуқӣ комилан манфӣ аст, чи дар шакли ҳодисоти ҷудогона ва чи дар муносибат бо қонуниятҳои умумии рушд.

Ифрот дар сурати истифода шуданаш бо зӯроварӣ дар ҳама шаклҳояш оқибати ҳуқуқӣ дошта метавонад, дар шакл- ҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад ва андоза гузаштанро дорад. Дар Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин мафҳуми ифротгароӣ дар шакли экстремизм чунин шарҳ ёфтааст: «экстремизм – низоми дидгоҳ, ақида ва мақсадҳо, ки бо усулу воситаҳои зӯроварӣ, инчунин зиддиҳуқуқӣ ва ғайриқонунӣ нигаронида шудаанд…».

Ифрот, тундравӣ ва терроризм дар сурате, ки аз дин истифода менамоянд ва ё ҳадафҳои эътиқодиро дар назди худ мегузоранд ва ё ба муқобили арзишҳо ва муқаддасоти динӣ бо мақсадҳои муайян содир мегарданд, тобиши динӣ мегиранд.

Ҳамин тавр, дар шакли умумӣ ифротгароӣ – пайравӣ ба ақида ва амалҳои номатлубе мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудро қатъиян рад мекунад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеа ба миён меояд, ифротгароии сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар соҳаи дин ба миён меояд, ифротгароии динӣ номида мешавад.

«Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст».

Моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба эстремизм»

2. ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ГУРӮҲҲОИ ТУНД- РАВ. Дар даҳсолаҳои охир чунин ҳодисаҳои ифротгароие бештар доман паҳн мекунанд, ки ба тасаввуроти динӣ алоқаманд мебошанд. Ифротгароӣ дар асоси дин – пайравӣ дар ақида ва амалҳои тундрави динист, ки нисбат ба дигар андеша ва эътиқоди динӣ назари тундравона ва инкорӣ дорад. Он аз дигар навъҳои ифротгароӣ бо он фарқ мекунад, ки нисбат ба дигар дину ҷаҳонбиниҳои динӣ муносибати таҳаммулгароёна надошта, ҷонибдорони онҳоро маҳкум ба куфр ва бединӣ менамояд. Инчунин бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасби ҳокимият, аз байн бурдани истиқлол ва якпорчагии давлатро, ки ба табиати эътиқодии онҳо мувофиқ нест, мавриди ҳадаф қарор медиҳад, аз таълимот ва рамзҳои динӣ ҳамчун омили ба тарафи худ ҷалб намудани одамон ва истифодаи онҳо дар муборизаи оштинопазир истифода мебарад. Дар баъзе марвидҳо ифротгароии сиёсӣ зери рӯйпӯши арзишҳои динӣ сурат мегирад.

Дар чунин сурат ифротгароии сиёсӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае мебошад, ки зӯран тағйир додани сохти давлатӣ ё бо роҳи зӯрӣ ғасб намудани ҳокимият равона шудааст, ки ба халалдор кардани истиқлол ва якпорчагии давлат ва барангехтани бадбинии динӣ ба анҷом мепазирад.

Дар марҳалаи кунунӣ, мафҳуми ифротгароии динӣ маънии васеътар касб кардааст. Зери мафҳуми ифротгароии динӣ муқаррароти устувори динӣ ё яке аз навъҳои шуури тундравонаи динии муосир фаҳмида мешавад, ки бо мақсадҳои муайяни сиёсӣ равона шудааст. Ифротгароии динӣ ҳамчун ҳодисаи нави сиёсати тундравона аз солҳои 70 – 80-уми қарни ХХ оғоз шудааст. Ҳаракатҳое, ки хусусияти ифротгароӣ доранд бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон мамнуъ эълон шудааст.

Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад – динӣ ва ё дунявӣ, вай ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мекунад.

Усулҳои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм метавонанд гуногун бошанд. Давлат, пеш аз ҳама, бояд омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавиеро, ки ба тавлиди ифротгароӣ мусоидат менамояд, бартараф намояд, фаъолияти ғайриқонунии ифротгароёнро пешгирӣ кунад, ҷомеа, бояд бо ёрии иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, ВАО бо ифротгароии динӣ муқовимат кунад.

Калиди нахустини муқовимат бо ифротгароӣ ин донишандӯзӣ ва саводнокии ҷавонон аст. Хурофоту ифрот ва таассуб дар заминаи камсаводӣ ва ҷаҳолат афзоиш меёбад. Саводу дониш инсонро таҳаммулгаро намуда, дар муқобили андешаҳои дигар эҳтиромро ташаккул медиҳад. Ҷое, ки андешаи муқобил шунида ва эҳтиром карда мешавад, он ҷо тундравӣ ва ифроти фикрӣ ва динӣ буда наметавонад.

3. ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ХАТАРИ АЗИМ БА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН. Мувофиқи моддаи 8-уми Конститутсия дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси бисёрҳизбӣ сурат мегирад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон, ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомоти давлатӣ ҷудо ҳамчун созмони ҷамъиятӣ ва ғайрисиёсӣ фаъолият мекунанд. Онҳо ҳуқуқ надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд.

Албатта, байни иттиҳодияи динӣ ва мақомоти давлати ҳамкорӣ дар самти тарбияи маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа вуҷуд дошта метавонад, зеро ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам иттиҳодияи динӣ ҳамчун унсурҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ вазифадор ҳастанд, ки барои риояи назму тартиб ва риояи қонуният хидмат намоянд. Ҳар инсон дар Тоҷикистон тибқи қонун дар интихоби дин озод аст, вай ҳуқуқ дорад ба дине пайравӣ кунад ва ё накунад, вале ин озодии пайравӣ кардан ва ё накардан бояд дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ амалӣ шавад.

Пайравӣ кардан ва ё накардан ба ягон дин ва оине ба ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсон бояд зарар нарасонад. Дар сурати вайрон шудани назму тартиб ва ё рух додани ҳар қонунвайронкунии дигар аз ҷониби масъулини соҳаи дин ва ё иттиҳодияи динӣ давлат вазифадор аст, ки садди роҳи онро гирад ва нисбат ба гунаҳкорон чораҳои ҳатмии ҷавобгарӣ таъмин намуда, дар сурати зарурат нисбат ба фаъолияти иттиҳодияи динӣ маҳдудиятҳоро пешбинӣ намояд. Дар чунин ҳолат давлат ва мақомоти давлатӣ на танҳо ҳуқуқ доранд, балки бештар аз он вазифадор ҳастанд, ки чунин рафтор намоянд. Зеро дар пасманзари ин рафтори маҳдудкунанда ва ё пешгирикунандаи онҳо ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва низому тартиби ҷомеа истодааст.

Давлати демократӣ ба ҳамин ҳолати озодии виҷдон арҷ мегузорад, онҳоро дар паҳноии қонун ҳифз менамояд. Ҳамин ҳолатро талаботи давлати дунявӣ, давлате, ки ба озодии инсон дар самти озодии виҷдон арҷ мегузорад, таъмин менамояд. Маҳз давлати дунявӣ низоми мувозанату таҳаммулгароёнаи муносибати озоди мардуми эътиқодмандро бо мардуми ғайриэътиқодманд фароҳам меорад. Дар давлати дунявӣ пайравони дин ва онҳое, ки бовар ба ҳеҷ дине надоранд, озодона зиндагӣ ва кор мекунанд.

Низоми давлати дунявӣ аз як ҷониб намегузорад, ки мафкураи ҳеҷ як дин ба ҳайси мафкураи ҳоким баромад намояд, зеро дар сурати чунин ҳолат рух додан имкон дорад, ҳуқуқу озодиҳои пайравони динҳои дигар поймол шаванд. Аз ҷониби дигар, давлати дунявӣ пайравони динҳои мухталиф ва онҳоеро, ки ба ҳеҷ як дин бовар надоранд, ҳамчун субъектони комилҳуқуқи давлат дар фазои ҳуқуқӣ баробар қадршиносӣ менамояд. Дар давлати дунявӣ ва демократӣ асли қадршиносии инсон дар доираи ҳуқуқу озодиҳои инсон аст, ки бо қонунгузорӣ муайян шудааст.

Дар мубориза бар зидди ифротгароӣ дар баробари меъёрҳои ҳуқуқии дар моддаи 8-уми Конститутсия омада, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» нақши калон дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешанд, ки мардуми кишварро аз ифротгароӣ ва ифротгароён ҳимоя намояд.

«Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.

Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд».

Моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мардуми Тоҷикистон таърихан аз назари тарбия ва маънавиёт падидаи ифротгароии диниро қабул карда наметавонад. Зеро гузаштагони мо дар руҳияи ғалабаи некӣ бар бадӣ, тарғиби андешаи солим, таҳаммулгароӣ ва инсондӯстӣ тарбия ёфтаанд. Ин воқеият руҳияи мардуми босаводро, ки бо таърихи фарҳангу маънавиёти гузаштаи худ огоҳӣ дорад, ба ҳама гуна тундравӣ ва ифрот муқобил мегузорад. Ин тамоюли андешаи мардум таҷассуми худро бо овоздиҳии умумихалқӣ дар моддаи 100-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо кардааст, ки дар он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат «тағйирнопазир» эълон шудаанд.

Савол ва супориш:

  1. Мафҳуми «ифротгароӣ» ё худ «экстремизм»-ро шарҳ диҳед ва навъҳои зуҳури онро номбар кунед.
  2. Дар байни ҳамсинфон дар мавзуи зерин баҳс кунед: кадом амалҳоро ифротӣ номидан мумкин аст?
  3. Кадом созмонҳои ифротгарои муосирро медонед? Бо кадом сабаб онҳо ҳамчун созмони ифротӣ шинохта шудаанд?
  4. Дар гурӯҳҳои хурд ҳолатеро тасвир намоед, ки амали ифротиро мемонад ва аз тариқи иҷрои нақши «персонажҳо»-и онҳо қонуншиканиашонро нишон диҳед.
  5. Дар бораи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ чӣ медонед?
  6. Оё шумо ба мафҳуми конститутсионии «давлати дунявӣ» ошно ҳастед? Он чӣ маънӣ дорад?
  7. Баробарии ҳама дар назди қонун оё баробарии масъулиятро дорад?
  8. Ба назари шумо дар сурати вайрон шудани қонун аз ҷониби масъулони динӣ ё дигар субъектони ҳаёти иҷтимоӣ давлат метавонад ҷавобгарии ҳуқуқиро сарфи назар намояд?
  9. Кадом хусусиятҳои ифротгароиро медонед? Ифротгароӣ ба давлат, ҷомеа ва инсону шаҳрванд чӣ зарар расонида метавонад?

Реклама