§3. МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН

1. МАЪНО ВА МАВЗУИ ЭКОЛОГИЯ. Дар асри ХХ нисбат ба асрҳои гузашта таъсири инсон ба табиат бештар шуд. Пешрафти пуравҷи саноат, нақлиёт, истеҳсолу истифодаи аз ҳад зиёди навъҳои гуногуни сӯзишворӣ, неруи барқ ва дар хоҷагии халқ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтани комёбиҳои илми кимиёӣ вазъи экологии заминро вазнин намуда, ба ҷомеа хатари ҷиддӣ ба бор овард. Захираҳои табиӣ дар тули миллионҳо сол дар қишри замин омода гардида, дар муҳлати 3 – 4 даҳсола тавассути технологияхои муосир берун кашида шуда, пас аз истифода ба газҳои парникӣ табдил дода шуданд. Вазъи обу ҳаво тағйир ёфта, рӯ ба гармшавии ҷиддӣ оварда, захираҳои оби нӯшокӣ кам гардида, пиряхҳо рӯ ба обшавӣ оварданд. Аз ҳамин сабаб, дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI экология ҳамчун танзимгари асосҳои илмии истифодаи оқилонаи табиат, ҳифзи муҳити зисти инсон ва ҳуқуқи табиии вай аҳаммияти хосса пайдо кард.

Агар дар аввали пайдоиши худ экология бештар ба ҳифзи муҳити зист, яъне ба ҳифзи биосфера, машғул бошад, пас дар охири асри ХХ маълум шуд, ки аз муҳити зарардидаи биологӣ худи одамон на камтар аз табиат зарар мебинанд.

2. МАСЪАЛАҲОИ УМУМИҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН. Ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ на танҳо барои пешрафти саноат, нақлиёт, алоқа, илму техника, технологияи иттилоотӣ ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳад, инчунин дар бораи ҳифзи муҳити зист ва ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани муҳити экологии солим ҳам андеша мекунад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки яке аз ҳуқуқи муҳимми инсон – ин ҳуқуқи зиндагӣ дар муҳити барои инсон мусоиди экологӣ мебошад. Барои таъмини ҳуқуқи инсон дар аксар давлатҳои ҷаҳон мақомоти махсуси давлатӣ ва ҳаракату созмонҳои экологӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайриҳукуматӣ фаъолият мекунанд. Як қатор созмонҳои байналмилалӣ низ ҳифзи муҳити зисти инсонро мавзуи фаъолияти худ қарор додаанд. Дар ин самт Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои марбутаи он саҳми калон мегузоранд. Фаъолияти ҳаракатҳои ҷамъиятии «Сабзҳо» ва «Гринпис» низ ба ҳифзи муҳити зист равона гардидааст. МАГАТЭ (Агентии байналмилалии энергияи атомӣ) ба истеҳсолу истифодаи оқилона ва паҳн нагардидани неруи ҳастаӣ назорат мебарад.

Масъалаҳои экологии ҷаҳон хеле зиёданд, аз ҷумла олудашавии муҳити зист аз партовҳои истеҳсолӣ (ба он партовҳои ҳастаӣ низ дохил аст), хатари истифодаи неруи ҳастаӣ дар истеҳсоли неруи барқ ва паҳншавии истеҳсоли аслиҳаи ҳастаӣ, мушкилиҳои оби тоза, гармшавии иқлими кураи Замин, рӯй ба нестӣ ва ё камшавӣ овардани баъзе навъҳои набототу ҳайвонот, олудашавии ҳаво дар шаҳрҳо, афзудани техника ва технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ зарарнок.

Тоҷикистон бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон аз таҳдидҳои экологӣ ба сафи кишварҳои пешсафи ҷаҳонӣ шомил аст. Ташаббусҳои Роҳбари давлат дар масъалаҳои об барои ҳаёт, об барои рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва рушди энергияи сабз дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон хуб пазироӣ шудаанд. Кишвари мо дар қатори чанд кишвари пешқадами истеҳсолкунандаи энергияи сабз дар ҷаҳон қарор дорад.

«Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст», – таъкид намуданд, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024.

Бо мақсади ҳифзи инсон ва муҳити экологӣ аз неруи ҳастаӣ ва аслиҳаи ҳастаӣ, мақомоти махсуси байналмилалӣ созмон дода шудааст, ки он МАГАТЭ ном дошта, ба истеҳсол ва истифодаи бехатари неруи ҳастаӣ ва паҳн нагардидани аслиҳаи ҳастаӣ назорат мебарад. МАГАТЭ ин корро дар асоси қонуну қарордодҳои байналмилалӣ амалӣ мегардонад.

Яке аз мушкилоти имрӯзаи ҷаҳон таъмини инсон бо оби тоза ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи Генералии СММ пешниҳод намуд, ки солҳои 2003 – 2015 солҳои «Оби тоза» эълон карда шавад, ки онро аъзои ин созмони бонуфузтарини байналмилалӣ бо хушнудӣ пазируфтанд. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон СММ солҳои 2005 – 2015ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард.

Алҳол дар ҷаҳон беш аз 2 миллард одам аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Дар як қисми давлатҳои ҷаҳон мардум оби аз ҷиҳати экологӣ ғайрибеҳдоштиро истеъмол мекунанд.

Дар натиҷаи аз тарафи инсон вайрон карда шудани муҳити экологӣ баъзе навъҳои наботот ва ҳайвонот нест мешаванд ё шумораи онҳо торафт кам мегардад. Барои ҳамин, муҳаққиқон ҳолати табиатро хуб омӯхта, хулосаю тавсияҳои худро ба мақомоти марказии кишварҳои худ пешниҳод менамоянд. Дар баъзе давлатҳо барои аз нав барқарор кардани муҳити биологӣ чораҳои самаранок андешида мешаванд. Масалан, мамнуъгоҳҳои миллӣ ташкил менамоянд. Чунин боғҳои миллӣ аз тарафи давлат муҳофизат карда мешаванд.

Барои зиёд кардани ҳайвоноти камшумор ин навъ ҳайвонотро вориди рӯйхатти «Китоби сурх» месозанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин «Китоби сурх» мавҷуд аст.

Барои дар мамнуъгоҳу боғҳои миллӣ парвариш кардани рустаниҳои камёфту шифобахш низ баъзе тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Масалан, дар баъзе давлатҳо бонкҳои тухмии рустаниҳо ташкил карда шудааст. Дар сурати камшавӣ ва ё нестшавии ин ё он рустанӣ аз тухмии дар чунин бонк мавҷуд истифода бурда мешавад. Бо ҳамин роҳ дар табиат мувозинати наботот аз нав барқарор карда мешавад.

Яке аз мушкилоти умумиҷаҳонии экологӣ гармшавии иқлими Замин мебошад. Дар Антарктида низ обшавии пиряхҳои чандҳазорсола ба назар мерасад. Гармшавии Замин ба қабати атмосфераи он низ таъсири манфӣ расонда истодааст.

Санаи 11-уми декабри соли 1997 дар Конференсияи байналмилалии дар шаҳри Киотои Ҷопон баргузоршуда «Протоколи Киото оид ба Конвенсияи меъёрии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим» қабул карда шуд, ки тибқи он ба баҳру уқёнусҳо партовҳои заҳролуди ҳастаиро маҳдуд месозад. Давлатҳои зиёди ҷаҳон ба ин қарордод пайвастаанд.

Маълум аст, ки ба баҳру уқёнусҳо рехтани чунин партовҳо ба экологияи кураи Замин, инсон ва набототу ҳайвонот зарари калон мерасонад.

Олимон кайҳост, ки рӯйхати моддаҳои кимиёвии дар истифодаи соҳаи кишоварзибудаи ба саломатии инсон зарароварро мураттаб кардаанд. Аз ҷумла, истифодаи чунин моддаҳоро дар мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон хатарнок мешуморанд. Ин андеша дар конвенсияву қарордодҳои марбутаи байналмилалӣ ба нишондодҳои меъёрии ҳуқуқӣ табдил дода шудаанд. Сарфи назар аз ин, дар баъзе давлатҳо хилофи қонунҳои байналмилалӣ амал карда, саломатии инсонро зери хатар мегузоранд.

Дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мақомоти нозири роҳҳо ва санитарию эпидемологӣ ҳолати экологии шаҳрҳою воситаҳои нақлиёт ва корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаю соҳаҳои хӯроквории гуногунро мувофиқи меъёрҳои муқарраршудаи санитарию эпидемиологӣ бо дастгоҳу афзорҳои дақиқ месанҷанд. Дар бораи натиҷаҳои санҷиш аз тариқи воситаҳои ахбори умум мунтазам маълумот паҳн карда мешавад. Нисбат ба сабабгорони олудашавии муҳити зист ва ба миён омадани ҳолати ғайрисанитарии корхонаю муассисаҳо ҷазоҳои маъмурӣ ба кор мебаранд. Дар мавридҳои алоҳида дар ин замина парвандаҳои ҷиноятӣ кушода мешаванд. Чи тавре ки аз таҳлили масъалаҳои умумиҷаҳонии экологӣ ва ҳуқуқи инсон бармеояд, мушкилоти экологӣ ва таъмини ҳуқуқи инсон ба муҳити тозаи экологӣ хеле зиёданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин масъала бетараф нест. Дар ин кори муҳим давлатҳо ва мардум саҳми сазовор гузошта метавонанд.

3. ВАЗЪИ ЭКОЛОГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тоҷикистон шароити хуби экологӣ дорад. Алҳол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари экологӣ таҳдид намекунад. Давлат ва Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкони моддию маънавӣ истифода намуда истодаанд, ки ба зиёдаравӣ дар кори муносибат бо захираҳои табиӣ ва муҳити зист роҳ дода нашавад. Роҳбари давлат бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавзуоти ҳалталаби экологиро дар минтақа низ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати ҳалли мусбати онҳо чораандешӣ доранд.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама кӯшишҳо мо наметавонем аз ин таҳдидҳои ҷаҳонии экологӣ ва минтақавӣ дар канор бошем. Гузашта аз ин барои тақвияти муқовимат бо таҳдидҳои ҷаҳонии экологӣ мо шаҳрвандонро зарур аст, ки дар паҳлуи Ҳукумати кишвар ба захираҳои табиию экологии худ муносибати дуруст ва оқилона дошта бошем.

Дар қисмати наздисарҳаддии водии Вахш мамнунъгоҳи «Бешаи палангон» воқеъ аст, ки он замоне мамнуъгоҳи миллии ҶШС Тоҷикистон эълон карда шуда буд. Дар он замон дар ин минтақа ҳайвоноти гуногун, аз ҷумла паланг, мурғҳои даштӣ ва ғайра дар шароити табиӣ сукунат доштанд. Дарахту буттаҳои ин минтақа ҳамчун девори табиӣ мамлакати моро аз чангбоду ифлосиҳои атмосферӣ ва биёбонӣ муҳофизат мекард. Вале дар зарфи 30 – 40 соли охир биосфераи ин беша аз ҷониби сокинони минтақа ва баъзе шаҳрвандон халалдор шуда истодааст. Ба мо хонандагон зарур аст, ки ин минтақаҳоро ҳифз намоем ва нақши «Бешаи палангон» дар тозагии ҳавои кишвар ва ҳифзи муҳити зисти мардум аҳаммияти бузург дорад. Бояд кӯшиш намоем, ки ҷиҳати ҳифзи ин минтақа бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намоем. Дигар масъалаи ҳалталаб шикори бемантиқи парандаҳои мавсимӣ дар минтақа аз ҷониби ҷавонон аст, ки боиси наомадани онҳо дар фаслҳои гарм ба кишвар мегардад. Ин ҳолат имкон дорад таъсири манфӣ ба олами набототу ҳайвоноти таърихан ташаккулёфтаи минтақа расонад. Бинобар ин ба мактаббачагон зарур аст, ки ҷиҳати хифзи ҳуқуқи инсон ба фазои тоза ва муҳити зист гурӯҳҳои тарғиботӣ ташкил намуда, ҳамсабақони худро аз шикори чунин паррандаҳои нодир пешгирӣ намоянд.

Ҳукумат ва аҳли ҷомеаи кишвар барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист тадбирҳои самаранокро амалӣ менамоянд. Ҳар сол дар шаҳру деҳот садҳо ҳазор ниҳолу қаламчаи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ мешинонанд. Дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо ва нуқтаҳои дигари аҳолинишин гулгаштҳо бунёд мекунанд. Кормандони корхонаю муассисаҳо ба ҳашари умумӣ баромада, атрофи корхона ва ҷойҳои кории худро тозаю озода нигоҳ медоранд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист мусоидат менамояд.

Вазифаи мо – шаҳрвандон ва ҳар як сокини Тоҷикистон аз он иборат аст, ки маҳалли зисти худ ва тамоми кишварро дар ҳолати хуби экологӣ нигоҳ дорем. Бо ин кор ҳуқуқи худ ва ҳуқуқи дигаронро ба муҳити тозаи экологӣ таъмин карда метавонем.

Савол ва супориш:

  1. Дар бораи таърихи пайдоиши илми экология чӣ медонед?
  2. Чаро имрӯз ба масъалаи экология диққати калон дода мешавад?
  3. Мақсади асосии ҳаракати «Гринпис» ва «Сабзҳо»-ро аз тариқи амалиёти онҳо баён кунед.
  4. Кадом омилҳои олудашавии муҳити зистро медонед? Дар маҳалли зисти шумо чӣ?
  5. Кадом санадҳои қонунгузории Тоҷикистон оид ба масъалаҳои экологияро номбар карда метавонед?
  6. Масъалаҳои экологӣ ба ҳуқуқи инсон чӣ муносибат доранд?
  7. Оё шумо шахсан дар таъмини муҳити экологии тоза саҳмгузор ҳастед?

Реклама