1. МОҲИЯТ ВА МАФҲУМИ «ГУРЕЗА» ВА «МУҲОҶИРОНИ ИҶБОРӢ». Бо сабабҳои гуногуни дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ гурӯҳи махсуси одамон вуҷуд доранд, ки бо истилоҳи «гурезаҳо» ном бурда мешаванд.
Гуреза – шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, дар қаламрави он қарор дорад ва бинобар сабабҳои комилан асосноки дар давлати мансубияти шаҳрвандии худ бо аломатҳои нажодӣ, эътиқоди динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гуруҳи муайяни иҷтимоӣ ё эътиқоди сиёсӣ дучори таъқиб гашта, аз таъсири ин сабабҳо наметавонад ё намехоҳад аз ҳимояи он давлат истифода намояд, ё шахсе, ки шаҳрвандии муайян надошта, бинобар чунин ҳолатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва бо сабаби мавҷуд будани ҳамин гуна хавф наметавонад ё намехоҳад ба давлати истиқомати доимии худ баргардад. |
Моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» |
Аз нишондодҳои боло бармеояд, ки барои гуреза эътироф шудани шаҳрванд (шаҳрванди хориҷӣ) мавҷудияти омилҳои зерин заруранд:
Аз рӯйи вазъи воқеии худ муҳоҷирони иҷборӣ ба гурезагон шабоҳат доранд.
Мо киро «муҳоҷири иҷборӣ» меномем?
Муҳоҷирони иҷборӣ – шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинобар нисбат ба онҳо содир гардидани зуроварӣ ва таъқиб, ё вобаста ба нишонаҳои мансубияти нажодӣ ё миллӣ эътиқоди динӣ, забонӣ, мавқеи сиёсӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ вобаста ба хавфи таҳдиди воқеии таъқиб на танҳо ба худи онҳо, балки ба аъзои оилаи онҳо иҷборан маҳалли истиқомати доимии худ- ро тарк карда, дар қаламрави кишвари хориҷӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470).
Моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»
2. ТАРТИБИ ГИРИФТАНИ МАҚОМИ ГУРЕЗА ВА МУҲОҶИРИ ИҶБОРӢ. Шаҳрванде, ки ҳамчун гуреза хоҳиши ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданро дорад, метавонад аз ду имконият истифода барад:
Дар тули баррасии дархост ҳамчун гуреза эътироф карда шудани ӯ ва аъзои оилаи ӯ, ба шахс чунин ҳуқуқҳо дода мешавад: гирифтани маълумот доир ба ҳуқуқ ва вазифаҳои худ, зиндагӣ дар ҷойҳои истиқомати муваққатӣ, гирифтани ёрии тиббии фаврӣ, гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна, ҷубронпулӣ, пешниҳоди ариза дар бораи қатъ кардани баррасии дархост.
Дар баробари ин шахс чунин вазифаҳоро иҷро мекунад: риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди дигари ҳуқуқӣ; ба ҷойи истиқомати муваққатӣ баъд аз гирифтани роҳхат рафтан; аз ташхиси ҳатмии тиббӣ гузаштан; ба мақомоти давлатӣ пешниҳод намудани маълумоти воқеӣ барои баррасӣ ва қабули қарор оид ба дархост; додани маълумот дар бораи шарҳи ҳол ва ҷойи истиқомат.
Гурезаҳо ҳамчун шаҳрвандони хориҷӣ, тибқи моддаи 16-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамон ҳуқуқу озодиҳое истифода мебаранд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд, онҳо вазифаю масъулиятҳои баробар доранд, ба ҷуз ҳолатҳое, ки дар қонунҳо пешбинӣ шудаанд.
Тартиби ба даст овардани мақоми муҳоҷири иҷборӣ аз он иборат аст, ки шахс ба мақомоти ба ин кор ваколатдор бо дархост дар бораи муҳоҷири иҷборӣ эътироф кардани ӯ муроҷиат менамояд. Мақоми ваколатдор дархостро дар бораи эътироф намудани муҳоҷири иҷборӣ дар муддати 30 рӯз баррасӣ намуда, дар бораи муҳоҷири иҷборӣ эътироф кардани шахс қарор қабул мекунад. Ба шахсе, ки муҳоҷири иҷборӣ эътироф гардидааст, шаҳодатнома дода мешавад.
То ҳалли масъала дар бораи эътирофи муҳоҷири иҷборӣ шахсе, ки бо дархост муроҷиат кардааст ва дар давраи баррасии дархост дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат дорад, аз ҳамаи ҳуқуқҳо бархӯрдор аст.
Доир ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ кадом стандартҳои байналмилалӣ вуҷуд доранд?
Савол ва супориш:
|
Реклама