САРСУХАН

Хонандагони гиромӣ!

Мо аз он ифтихор дорем, ки шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем ва алҳол Ватани азизи мо бо роҳи демократии рушд пеш меравад. Дар ин роҳ давлат ҳуқуқу озодиҳои моро таъмин ва ҳифз менамояд. Дар баробари ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мо дар назди давлату ҷомеа вазифаҳои шаҳрвандии худро низ дар доираи он ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо муқаррар кардааст, иҷро менамоем. Зимни иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ ҷидду ҷаҳд мекунем, ки дар кишвари мо ҳарчи тезтар ҷомеаи демократию адолатпеша бунёд гардида ва Тоҷикистон ба қатори давлатҳои пешқадаму мутамаддини ҷаҳони муосир ворид шавад. Мақсади ниҳоии мо ин аст, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлати иҷтимоӣ мубаддал гардонем.

Барои бунёди воқеии ин ҷомеа зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ, мо ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои хешро хеле хуб донем ва аз онҳо самаранок истифода бибарем, то ки ин омилҳо барои ҳар яки мо баҳри зиндагии ба инсон сазовор созгор бошад. Баҳри иҷрои ин ҳадафҳо Шумо бояд дар дарсҳои ҳуқуқи инсон хеле фаъол бошед ва меъёрҳои ҳуқуқиро ҳарчи бештару хубтар аз бар намуда, аз онҳо самаранок истифода бурда тавонед.

Дар ҳамин асос дар тӯли соли қаблии таҳсил дар синфи 10 Шумо оид ба ҳуқуқи инсон силсилаи донишу малакаи муҳим ба даст овардед. Дар ҷараёни омӯзиш хеле хуб фаҳмидед, ки ҳуқуқи инсонро барои чи меомӯзед, он аз кадом унсурҳо иборат буда, ба кадом меъёрҳои ҳуқуқӣ такя мекунад, аз кадом манбаҳо сарчашма мегирад, ахлоқ ва ҳуқуқи гуманитарӣ бо ҳуқуқи инсон чи робита дорад ва дар маҷмӯъ кулли онҳо кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд. Дар ҷараёни омӯзиш ба бисёр меъёрҳои ҳуқуқи миллӣ (Тоҷикистон) ва байналмилалӣ шиносоӣ пайдо намудед, ки онҳо дар ҳаёт ва фаъолияти донишандӯзию касбии оянда ба Шумо зарур хоҳанд шуд.

Соли қаблии таҳсил мо аз фанни ҳуқуқи инсон мавзуъҳоеро омӯхтем, ки онҳо аз пайдоиши ҳуқуқи инсон, масъалаҳои умумии ҳуқуқ ва масъалаҳои марбут ба наслҳои аввал ва дуюми ҳуқуқи инсон маълумот доданд, аз он ҷумла дар бораи ҳуқуқи инсон дар таърихи башар ва давлатдории тоҷикон дар замони қадим, асрҳои миёна, давраҳои нав ва муосир, принсипҳои ҳуқуқи инсон ва таснифи ҳуқуқи инсон, таносуби ҳуқуқ ва ахлоқ, ҳуқуқи инсон дар шароити ташаккули давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақоми ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ва фарҳангӣ, ҳуқуқи инсон ва масъалаи коррупсия, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, асосҳои маҳдудсозии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон. Ин ҷузъиёти донишҳо барои омӯхтани ҳуқуқи инсон дар синфи 11 заминаю манбаи боэътимод шуда, хизмат мекунанд. Дар китоби дарсие, ки алҳол дар даст доред, асосан масъалаҳои марбут ба насли сеюми ҳуқуқи инсон, яъне ҳуқуқу озодиҳои дастҷамъӣ (гурӯҳи)-ро инъикос менамояд, ки ба он аҳли башар баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мароқи бештар зоҳир кардааст. Бесабаб нест, ки дар ин китоб мавзӯъҳои ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқҳои кӯдакон, ҳуқуқи занон, ҳуқуқи ашхоси имконияташон маҳдуд, ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ҳуқуқи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи гуманитарӣ, фарҳанги ҳуқуқи инсон, ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо ҷой гирифтаанд, ки онҳо дар маҷмӯъ ба зерсарлавҳаҳои фаслҳои “Ҷаҳони имрӯза ва ҳуқуқи инсон” ва “Фарҳанги ҳуқуқи инсон-асоси рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва устувории давлат” марбут ва ҳамоҳанг мебошанд.

Барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти гуногуни давлатӣ ва ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқи инсон фаъолият доранд, ки дар ин бора дар синфи 10 иттилоъи зарурӣ пайдо карда будем ва зимни онҳо дар ин китоби дарсӣ низ сухан меравад. Вале дар китоби дарсии ҳуқуқи инсон барои синфи 11 ба ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони имрӯза, инъикоси фаъолияти созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, созмонҳои гуманитарӣ, инчунин ба фарҳанги ҳуқуқии инсон диққати бештар дода шудааст. Дар қатори созмонҳои байналмилӣ, пеш аз ҳама, СММ ва идораю ташкилотҳои он–Хазинаи кӯдакон, (ЮНИСЕФ), Хазинаи Рушд ва Манфиати Занон (ЮНИФЕМ), Комиссари СММ оид ба Ҳуқуқи Инсон, Идораи Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо сухан меравад; Созмонҳои дигари байналмилалию минтақавии ҳифзи ҳуқуқи инсон низ вуҷуд доранд, ба монанди: Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ғайра.

Дар ҷараёни омӯзиши ин китоби дарсӣ Шумо натанҳо ба фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон шинос мешавед, инчунин аз меъёрҳои муҳимтарини ҳуқуқи байналмилалӣ донишу малака ба даст меоваред. Зимни ин гуфтаҳо набояд фаромӯш кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои Шумо натанҳо донистани меъёрҳои миллии ҳуқуқи инсон, инчунин донистани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ низ муҳим ва зарур мебошад.

Ҳамкасбони мӯҳтарам!

Китоби дарсии мазкур мутобиқи барномаи таълимии таҳияи соли 2006 таълиф гардида, ба арзишҳои миллию умумибашарии ҳуқуқӣ, гуманистӣ ва ахлоқӣ асос ёфта, ба иҷрои мақсаду вазифаҳои таълимию тарбиявии хатмкунандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии Тоҷикистон таъйин гардидааст. Тавре маълум аст, вазифаи марказии ин мактабҳо таълиму тарбияи хонандагон ва дар ин асос ташаккул додани шахсияти инсон ва шаҳрванд мебошад. Ҷидду ҷаҳди Шумо, ҳамкасбони арҷманд, дар ин ҷода аз тариқи фанни ҳуқуқи инсон самараи хуб хоҳад дод, ба шарте, ки талабот ба таълими ин фанни навро иҷро намоед.

Таълими ҳуқуқи инсон дар синфи 11 дар робита ба донишҳои хонандагон дар синфи 10 ва омӯзиши маводи таълимӣ аз асосҳои давлат ва ҳуқуқ (дар синфҳои 8 ва 9) ба амал бароварда мешавад. Дар сурати зарурӣ омӯзиши мавзӯю масъалаҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ аз ин китоб бояд дар асоси робитаи байнифаннӣ низ сурат бигирад. Дар баробари ин набояд фаромӯш кард, ки китоби дарсии ҳуқуқи инсон дар асоси методологияи гуманистӣ таълиф гардидааст. Бинобар ҳамин сабаб таълими он бояд бараъло дар ин бора гувоҳӣ бидиҳад. Инчунин дар ҷараёни таълим ва омӯзиши ҳуқуқи инсон омӯзгор дар дарс бояд сатҳи баланди риояи ҳуқуқи шогирдонро таъмин намояд.

Таълими ҳуқуқи инсон фаъолият ва ҳамкории дутарафаи субъетҳои асосии таълиму тарбия–омӯзгор ва хонандагонро тақозо дорад. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд аз донишҳо доир ба ҳуқуқи инсон, методологияи гуманистӣ, педагогика ва қисмати таркибии он — дидактикаи муосир (технологияи нави таълим) бархурдор бошад, ки ҷавҳари асосии онро педагогикаи ҳамкорӣ ташкил медиҳад.

Дар сурати дар ҷараёни таълим ва омӯзиши ҳуқуқи инсон таъмин намудани фазои мӯътадили равонӣ ва истифода аз дастовардҳои пешқадами педагогикаи муосир омӯзгор метавонад воқеан ба муваффақияти дилхоҳ ноил гардад. Бо дар назардошти ин гуфтаҳо бояд дар фаъолияти педагогии худ бештар аз усулҳои фаъол (интерактиви)-и таълим истифода барад. Дар баробари ин омӯзгор бояд ба дарс унсурҳои демократии таълимро низ ворид созад. Дар ин замина дар дарсҳо ташкил намудани корҳои гуногуни мустақилонаи маърифатию эҷодии шогирдон аҳамияти калон пайдо мекунанд.

Таваҷҷӯҳи ҳамкасбони мӯҳтарамро инчунин ба он ҷалб менамоям, ки таълим ва тарбия аз тариқи фанни ҳуқуқи инсон бояд доимо ва пайваста мазмуну моҳият ва тамоили иҷтимоӣ дошта бошад. Дар сурати риоя шудани ин рисолати фанни ҳуқуқи инсон ҳадафҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шогирдон ва шахсияти хатмкунандагони мактаби таҳсилоти умумӣ самаранок иҷро хоҳад гардид.

***

Дар охир аз номи муаллифони китоби дарсӣ ва шахсан худам ба Шумо, ҳамкасбони арҷманд ва шогирдони доништалоши Шумо, дар таълиму омӯзиши ҳуқуқи инсон илҳому суботкорӣ, ҷидду ҷаҳди қатъӣ, иродаи қавию мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва бурдбориҳои беназири касбию шогирдӣ орзумандам.

Таваралӣ Зиёзода

Реклама