1. ТАЪРИХИ ТАЪЛИФ ВА ҚАБУЛИ КОНВЕНСИЯИ СММ ДАР БОРАИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК. Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати муҳими байналмилалӣ – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд, ки мо онро аллакай чандин маротиба хотиррасон кардем. 2 сентябри соли 1990 ҳукми амал пайдо кардани Конвенсияи мазкур нуқтаи кулминатсионии ҳамаи он кӯшишҳое гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли қариб 70 сол барои таъмини эътирофи зарурии ниёзҳои махсуси ҳимояи кӯдаконро ба ҷо меовард. Инсоният ба қабули ин ҳуҷҷат тадриҷан ва бо роҳи дуру дароз расид: соли 1924 – қабули Эъломияи Женевагии ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи Лигаи миллатҳо; соли 1948 – аз ҷониби Иҷлосияи Кулли СММ тасдиқ гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар; соли 1959 – қабули Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак; соли 1979 – эълон гардидани Соли байналхалқии кӯдакон. Ғайр аз ин дар як қатор созишномаҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи башардӯстӣ меъёрҳои мушаххасе дар бораи вазъияти кӯдакон таҳким бахшида шуданд. Ҳамзамон баъзе давлатҳо зарурати қабули созишномаи байналмилалии бисёрҷанбаро дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бояд моҳияти ҳатмӣ дошта бошад, изҳор доштанд.
Бо таҳияи Конвенсия гурӯҳи кории таъсисдодаи Комиссияи оид ба ҳуқуқи инсони СММ, ки аз вакилони махсуси ҳукуматҳо, намояндагони як қатор мақомот ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ, ба монанди Созмони байналхалқии меҳнат, ЮНИСЕФ, ИКОГ СММ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ иборат буданд, машғул шуд.
Кадом мақомоти СММ ба давлатҳои аъзои СММ дар бобати ба қонунгузории миллӣ дохил намудани муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ёрӣ мерасонанд?
2. МУНДАРИҶАИ КОНВЕНСИЯ ДАР БОРАИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК. Дар Конвенсия чор принсипи умумии роҳбарикунанда амал мекунад. Ин принсипҳо, ки бояд ҳамаи муқаррароти Конвенсияро бо фарогирии барномаҳои миллӣ оид ба татбиқи онҳо тафсир бахшанд, аз ҷумла дар моддаҳои 2, 3, 6 ва 12-и Конвенсия баён шудаанд.
Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдак. Моддаи 43-и Конвенсия таъсиси Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро пешбинӣ менамояд, ки он аз 18 нафар мумайизони ба сифати инфиродӣ коркунанда иборат аст. Ба ин тариқ, Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдак боз як мақомоти қарордодии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Вай ба рафти татбиқи муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷониби давлатҳои иштирокдор назорат мебарад. Мутаассифона, Конвенсия танҳо як механизми мониторинги риояи муқаррароти он, яъне маҳз пешниҳод кардани ҳисоботро дар назар дорад. Мувофиқи тартиботи мазкур давлатҳо вазифадоранд, ки дар ҳар чор сол дар бораи пешравиҳо дар татбиқи муқаррароти Конвенсия (ва протоколҳои факултативӣ) ба Кумита ҳисобот пешниҳод намуда, дар он вазъияти кӯдаконро дар мамлакатҳои худ инъикос намоянд.
Маърӯзаи аввалини Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Конвенсия аз ҷониби Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ соли 1998 баррасӣ шуда буд. Масъалаҳои асосии дар маърӯза инъикосёфта қариб ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаёти кӯдаконро фаро мегирад. Масалан, ҳуқуқҳои кӯдакон ва санадҳои асосии меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилот; ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва кӯдакони бе сарпарастмонда; ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб; пешгирии ҷинояткориҳои кӯдакон; ҳифзи саломатии кӯдакон ва ғайра.
Кумита дар қайдҳои хотимавии худ зикр кард, ки аз ҷониби Тоҷикистон қабул гардидани тадбирҳои сершумори қонунгузорӣ ва маъмурии марбут ба ҳуқуқҳои кӯдакон, ҳамчунин лоиҳаи барномаи давлатии омӯзиши ҳуқуқҳои инсон қаноатманд аст.
Ҳуқуқҳои кафолатдодаи Конвенсияро ба ҳуқуқҳои сиёсӣ, шахсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ гурӯҳбандӣ кунед ва нишон диҳед, ки онҳо дар кадом моддаҳои Конвенсия нишон дода шудаанд.
3. ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАКОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Тоҷикистон чун давлатҳои дигари аъзои Конвенсия дар амал ӯҳдадор аст, ки ҳуқуқҳои дар Конвенсия таҳкимбахшидашудаи кӯдаконро таъмин ва ҳифз кунад. Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон бисёр сохторҳои давлатӣ бо масъалаҳои марбут ба кӯдакон машғул буда, дар амал ба татбиқи муқаррароти Конвенсия ҷалб карда шудаанд.
Расми 11
Соли 2001 дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи махсус оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуд. Байни дигар мақомоти давлатии бевосита бо ҳуқуқҳои кӯдакон машғулбуда махсус қайд кардани Комиссия оид ба
корҳои ноболиғон ҷоиз аст. Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мақомоти доимоамалкунандаи байниидоравии машваратист. Вай бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти идораҳои давлатӣ, бо фарогирии мақомоти маҳаллии ҳокимият баҳри татбиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар қарордодҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бармеоянд, таъсис дода шудааст. Чунончи, Комиссия бо арзёбии мутобиқати қонунгузории Тоҷикистон бо муқаррароти қарордодҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак машғул шуда, оид ба истифода ва такмили минбаъдаи меъёрҳои марбут ба ҳуқуқҳои кӯдакон маърӯзаҳо ва тавсияҳо тайёр мекунад, ба паҳн кардани донишҳо дар бораи меъёрҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва ғайра кӯмак мерасонад. Ба вазифа Комиссия ҳамчунин таъмини тайёр кардани маърӯзаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ дар бораи рафти иҷрои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дохил мешавад.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки бо коркарди сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрӣ- ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷавонон, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризм машғул аст. Вай ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти марказҳо, муассисаҳо, таълимгоҳҳо ва ташкилотҳои ба низоми он шомилбударо амалӣ мегардонад. Байни вазифаҳои асосии кумита кӯмак кардан ба рушди тарбияи ҷисмонӣ, ватандӯстӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷавонон, мустаҳкам кардани дӯстӣ, ягонагӣ ва муттаҳидии ҷавонони мамлакат, тарғиби тарзи солими ҳаёт, ғояҳои ҳаракати олимпӣ, ҷойҳои шоёни таваҷҷӯҳи сайёҳии мамлакат ва ғайра меистанд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияест, ки бо татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон ва оила, муваффақшавӣ ба баробарии гендерӣ, вусъати шумораи иштироки занон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, идораи корҳои давлатӣ ва ҷомеа машғул мебошад.
Комиссияи оид ба корҳои ноболиғон ба сохтори мақомоти ҳокимияти иҷроия дохил шуда, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо таъсис дода мешавад. Вазифаҳои асосии комиссияҳо оид ба корҳои ноболиғон ташкили кор баҳри пешгирии беназоратии кӯдакон, баррасии корҳо оид ба ҳуқуқвайронкуни аз ҷониби ноболиғон ва амалисозии назорат ба шароити нигоҳдорӣ ва корҳои ислоҳотӣ бо ноболиғон дар муассисаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва муассисаҳои махсуси тарбиявӣ барои кӯдакон мебошад.
Ин мақомоти давлатӣ татбиқи “Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак”, “Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” ва асноди дигари меъёрию ҳуқуқиро оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон таъмин менамояд.
4. ПРОТОКОЛҲОИ ФАКУЛТАТИВӢ БА КОНВЕНСИЯ ДАР БОРАИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК. Таҳдидҳои замони ҳозира ба рушди муваффақонаи кӯдак, зарурати боз ҳам беҳтар кардани ҳифзи кӯдакон дар асоси принсипҳои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак бо гузашти айём зарурати таҳияи ду протоколи факултативиро ба миён оварданд, ки аз ҷониби Иҷлосияи Кулл СММ соли 2000 қабул карда шуданд. Инҳо Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба хариду фурӯши кӯдакон, ва кирдорҳои дигари зишт мебошанд.
Дар маърӯзаи ЮНИСЕФ таъкид мегардад, ки даҳшати ҷанг махсусан ба ҷавонон таъсири зиёд мерасонад. Кӯдакон аз ҷанг на танҳо мустақиман ҷабр мебинанд – ҳалок мегарданд, маъюб мешаванд, дар урдугоҳҳо барои гурезаҳо умр ба сар мебаранд, бе хонаву дар мемонанд, инчунин қисми зиёди онҳо ҷабрдидагони ғайримустақими ҷанг мешаванд.
Ва даҳшатнок боз он аст, ки дар бисёр мамлакатҳо кӯдакон дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок мекунанд. Дар солҳои охир тахминан 200 ҳазор нафар кӯдакони синнашон то 15 – сола ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, дар набардҳо ширкат варзиданд. Ҳамин тариқ аз кӯдакон сарбозон ба камол мерасанд. Чунин сарбозон эҳсоси тарсу бим надоранд ва ба ҳама гуна фармонҳо итоат мекунанд. Ба ҷаҳолатҳои ҷанг ба зудӣ одат мекунанд – ҷанг барои онҳо ба ҷуз ҳодисаву моҷаро чизи дигаре намегардад. Ба онҳо музд додан шарт нест – танҳо барои либосу хӯрок ҳам меҷанганд.
Имрӯз дар ҷаҳон қариб як миллион нафар кӯдакон дар 36 низоъи мусаллаҳона иштирок доранд. Масалан, қувваҳои мусаллаҳи инқилобии Колумбия – артиши аз ҳама сершумори шӯришгарон дар Америкаи Лотинӣ - дар сафҳои худ беш аз 77 ҳазор нафар ҷангиён дорад, ки аксари кулли онҳо ҳанӯз ба синни 18 нарасидаанд. Дар ҳамаи ноҳияҳои Колумбия, ки таҳти тасарруфи шӯришгарон қарор доранд, ҳамаи духтарону писарони аз 13 – сола боло ба сафи артиш даъват карда мешаванд.
Протоколи факултативии марбут ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ӯҳдадориҳои давлатҳои иштирокдорро дар бобати андешидани тадбирҳо доир ба дар амалиётҳои ҳарбӣ – баҳрӣ иштирок накардани ашхоси ҳанӯз ба синни 18-солагӣ нарасидаро муқаррар менамояд. Протокол ҳамчунин ӯҳдадорие ба зимма мегузорад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ба қувваҳои мусаллаҳи давлатҳо шомилнабуда ё аз онҳо фарқкунанда дар ягон ҳолат ашхоси ба синни 18 нарасидаро ба қувваҳои мусаллаҳ ҷалб насозанд ва дар амалиётҳои ҷангӣ истифода набаранд. Давлатҳои иштирокдор барои пешгирии чунин зуҳурот бояд ҳамаи чораҳои имконпазирро бинанд.
Дигар ӯҳдадории муҳими давлатҳои иштирокдор аз он иборат аст, ки ноболиғони бар хилофи нишондоди ин Протокол ба ҳар ҳол ба қувваҳои мусаллаҳ ҷалбгардида ва дар амалиётҳои ҷангӣ истифодашуда бояд аз сафҳои қувваҳои мусаллаҳ ҷавоб дода шаванд ва аз хизмати ҳарбӣ озод гарданд. Дар мавриди зарурат давлатҳои иштирокдор бояд ба чунин кӯдакон бо мақсади барқарорсозии вазъи ҷисмонию равонии онҳо, бозгашташон ба ҳаёти осоишта муттасил кӯмак расонанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом синни даъват ба хизмати ҳарбӣ муқаррар карда шудааст?
Давлатҳои иштирокдори Протокол ӯҳдадор мешаванд, ки дар мамлакатҳои худ хариду фурӯши кӯдакон, ва кирдорҳои дигари зиштро манъ карда, таъқиби ҷиноятиро барои чунин ҷиноятҳо таъмин менамоянд (ҳамчунин дар сурати зарурат ин кирдорҳоро ба қонунгузориҳои ҷиноятии худ ворид мегардонанд):
Мафҳумҳоро дар ёд доред: Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Комиссия оид ба корҳои ноболиғон. Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона, даъват ба хизмати ҳарбӣ, Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба хариду фурӯши кӯдакон ва кирдорҳои дигари зишт.
Савол ва супоришҳо:
1. Кадом сабабҳо боиси пайдошавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳоикӯдак гаштанд?
2. Кор бо Конвенсия. Муайян кунед, ки дар кадом моддаҳо ҳуқуқҳои иштирок, ҳифз ва таъминот инъикос гардидаанд. Моддаҳои Конвенсияро ба ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ гурӯҳбандӣ кунед.
3. Ҳуқуқҳои кӯдак ба иштирок чӣ маънӣ дорад? Шумо онро мефаҳмед? Бо мисолҳо нақл кунед.
4. Протоколҳои факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак кадом ҳуқуқҳои кӯдаконро ҳимоя мекунанд?
5. Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ба зиммаи давлатҳои иштирокдор кадом ӯҳдадориҳоро мегузоранд?
6. Давлатҳои иштирокдори Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба хариду фурӯши кӯдакон ва кирдорҳои дигари зишт барои кадом амалҳо дар ҳудуди худ бояд таъқиботи ҷиноиро таъмин кунанд ва ӯҳдадориҳояшонро оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ иҷро намоянд?
Реклама