1. МАФҲУМИ КӮДАК. Кӯдакӣ давраи ташаккули инсон, тайёрӣ ба ҳаёти мустақилона аст. Он давраи зиндагиест, ки амалан қариб ҳамаи талаботи инсонӣ татбиқ мегардад, вале худи истеъмолгар ҳанӯз қудрат надорад, ки онҳоро мустақилона қонеъ гардонад. Татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ин ҷо гӯё дар сатҳи дигари маҳз ба ин синну сол хос ва дар ченаки андаке дигар мегузарад. Кӯдак, чун қоида, танҳо якҷоя бо калонсолон – волидон, парасторон, педагогҳо, ҷомеа ва давлат чун субъекти ҳуқуқ баромад мекунад.
Кӯдак ҳам чун ҳар як инсон ҳуқуқи меҳнат, истироҳат, манзил, таҳсил, ҳуқуқи гирифтани иттилоот ва ғайраро соҳиб аст. Хусусияти асосии фарқкунандаи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак ба синну соли ӯ ва нишондиҳандаҳои ҷисмонию ақлониаш асос меёбад. Озодиҳои кӯдак ба манфиати амнияти ӯ маҳдуданд. Бинобар ин баъзан мегӯянд, ки вазифаи аз ҳама асосии ҳуқуқҳои кӯдак муҳофизатӣ аст, чунки кӯдак категорияи иҷтимоии нозуки аҳолӣ мебошад. Амнияту бехатарии кӯдак зери хавфи махсус қарор дорад, зеро кӯдак ба сабаби имкониятҳои ҷисмонию равонии худ наметавонад, ки мустақилона ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунад, дар вазъиятҳои гуногуни номусоид ҳифз намояд. Кӯдак таҷрибаи ҳаётӣ надорад, аз ин рӯ, амалҳои худро ба андозаи пурра эҳсос намекунад ва барои кирдорҳои худ масъулият ба дӯш надорад.
Категорияи иҷтимоии ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ гурӯҳи одамонест, ки аз гурӯҳҳои дигар аз рӯи синну сол, ҷинсият, махсусиятҳои биологию ҷисмонӣ, вазъи мавҷуда фарқ мекунанд, зери таҳдиди табъиз (зӯроварӣ) қарор доранд ва ба ҳифзу ғамхории махсус ниёзманданд.
Ба гурӯҳи аз нигоҳи иҷтимоӣ ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯдакон, занон, ашхоси пиронсол, маъюбон, гурезаҳо, муҳоҷирин ва ғайра дохил мешаванд. Байни кӯдакон бошад, боз чанд категорияеро ҷудо кардан мумкин аст, ки дар шароитҳои махсусан вазнин қарор доранд; кӯдакони ятим, кӯдакони бе парастории волидон монда; кӯдакони қонунро вайронкарда; кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд (маъюбон); кӯдакон – гурезаҳо; кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷирин; кӯдакон аз оилаҳои бекорон, ё кӯдаконе, ки маҷбуранд меҳнат кунанд, кӯдакон-ҷабрдидагони низоъҳои мусаллаҳона ва байналмилалӣ; кӯдакон – ҷабрдидагони фалокатҳои экологӣ; кӯдакони беназорат, бепарастор ва ғайра.
Ба мо пеш аз ҳама лозим аст муайян кунем, ки кӯдак кист? Дар ҳаёти ҳамарӯза дар вазъиятҳои гуногун шунидан мумкин аст, ки чӣ тавр одамон мегӯянд: «кӯдаки ман», «писар», «духтар»… Ин калимаҳо ба мо кӯмак мекунанд, масалан, робитаи иҷтимоӣ, хешу табории байни одамони гуногун – модар ва духтар, писар ва ғайраро муайян кунем.
Мафҳуми ҳуқуқии «кӯдак» бошад, танҳо ба меъёрҳои синну сол асос меёбад. Бо санадҳои қонунгузорӣ дар мамлакатҳои гуногун синну соли гуногуне муқаррар гардидаанд, ки то расидан ба онҳо одам кӯдак ҳисоб мешавад – 16 – сола, 18 – сола, ҳатто 21 –сола. Вале Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак мафҳуми «кӯдак»-ро чунин маънидод кардааст:
Ҳама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18-сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи қонуне, ки нисбати ин кӯдак истифода мегардад, он пештар ба синни балоғат нарасида бошад. Моддаи 1- и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак |
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Кодекси оила мафҳуми кӯдак чунин баррасӣ мешавад: Шахсе кӯдак эътироф мегардад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (балоғат) нарасидааст.
Қисми 1-и моддаи 55-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар кодексҳои ҷиноятӣ ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳҳои «шахси ноболиғ» ё «ба балоғат нарасида», «хурдсол», «кӯдак», «атфол» истифода гардида, ба ҷуз як истисно, ки мафҳуми «хурдсол» нисбат ба категорияи нисбатан маҳдуди кӯдакон ба синни 14 нарасида истифода мешавад, мушобеҳу ҳамоҳанганд.
Бо мақоми ҳуқуқии кӯдак мафҳумҳои махсус истифодашавандае дар ҳуқуқи гражданӣ чун соҳибҳуқуқӣ, яъне, лаёқатмандии шахс барои доштани ҳуқуқ ва вазифаҳо ва мукаллафият, яъне, лаёқатмандии шахс барои амалӣ гардонидани ҳуқуқ ва вазифаҳои худ (яъне, масъулият ба зимма доштан) алоқаманданд.
Чуноне гуфтем, агар ҳамаи одамон, бе ягон истисно, ба андозаи баробар аз лаҳзаи таваллуд соҳиби ҳуқуқ ва озодиҳо (соҳибҳуқуқ) бошанд, пас имконияти татбиқи онҳо (мукаллафият) дар кӯдакон, масалан, маҳдуд аст. Кодекси граждании Тоҷикистон аз ҷумла пешбинӣ менамояд, ки «ба ҷои ноболиғони ба синни 14-солагӣ нарасида (хурдсолон) муомилоту созишҳоро… аз номи онҳо танҳо волидон, падархондҳо ё парасторони онҳо ба ҷо оварда метавонанд». Истисно танҳо барои хариду фурӯши чизҳои майдачуйдаи маишӣ, масалан, харидории нон, китоб, қалам ва ғайра карда шудааст. Ноболиғи синнаш аз 14 то 18 – сола бо иҷозати волидон ё парасторон аллакай метавонад миқдори бештари муомилотро ба ҷо орад. Вай метавонад мустақилона музди меҳнат, стипендия ва дигар даромадҳои қонунии худро истифода намояд, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқи муаллифиро татбиқ кунад. Мукаллафияти комил аз синни 18-солагӣ, яъне аз лаҳзаи балоғат фаро мерасад.
Ноболиғ дар ду ҳолат метавонад соҳиби мукаллафияти комил бошад;
Аввалан, дар Кодекси оила синну соли бастани ақди никоҳ аз 17солагӣ муқаррар шудааст. Ва дар ин ҳолат шаҳрванди ба балоғат нарасида ба андозаи пурра вақти бастани ақди никоҳ мукаллафият пайдо мекунад.
Дуюм, ноболиғи ба синни 16 расида бо ризоияти ҳар ду волид, агар ӯ аз рӯи қарордоди меҳнатӣ кор кунад ё бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, метавонад мукаллифи комил эълон гардад. Чунин тартиби ба андозаи пурра мукаллиф эътироф гардидани ноболиғ дар ҳуқуқи гражданӣ эмансипатсия (озод карда шудан) номида мешавад.
Муомилотеро мисол оред, ки кӯдакони ба синни 18 нарасида бе ризоияти намояндагони қонуниашон (волидон, парасторон) онҳоро ба ҷо оварда наметавонанд?
2. ВАЙРОН КАРДА ШУДАНИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАКОН ДАР ҶАҲОН. Қабл аз он ки сухан аз ҳуқуқҳои кӯдак оғоз кунем, ба мо лозим аст омӯзем, ки кӯдакони ҳозира, алалхусус онҳое, ки дар мамлакатҳои рӯ ба рушд зиндагӣ мекунанд, бо чӣ мушкилоте дучор меоянд? Дар маърӯзаи соли 2001 барои иҷлосияи махсус оид ба вазъи кӯдакон омодагардидаи Муншии умумии СММ «Мо – кӯдакон» баъзе рақамҳое оварда шудаанд, ки дар бораи миқёси ин мушкилот тасаввуроти умумӣ медиҳанд.
Расми 10
Таҳсилот: 100 млн. кӯдак ба мактаб намеравад, 53% онҳо духтараконанд.
Дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии баъди пошхӯрии ИҶШС ба амаломада ба тақдири миллионҳо кӯдакони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ таъсири зиёде расонданд. Шумораи кӯдакони беназоратмонда, аз ҷумла бехонаҳо, ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила афзуда, мушкилоти дастрасӣ ба таҳсилот ва хизматрасонии босифати тиббӣ ба миён омаданд. Ин аз ҷумла ба Тоҷикистон низ, ки мутаассифона, дар он сатҳи фавти кӯдакону модарон баланд аст, дахл дорад.
Кӯдак дар ҳама гуна ҳолат бояд байни онҳое бошад, ки аввалин шуда, ҳифзи иҷтимоӣ мебинанду ёрӣ мегиранд, зеро ғамхории доимӣ дар ҳаққи кӯдакон шарти ногузири ҳастӣ ва рушди халқ, давлат ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар ин фароҳам овардану такмил бахшидани механизмҳои пурсамари давлатӣ ва институтҳои ҷамъиятӣ, ки амалисозию ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакро таъмин карда, рушди муваффақонаи онро дастгирӣ менамоянд, махсусан муҳим аст. Ин амал метавонад дар шаклҳои гуногун ба амал ояд, сурат гирад масалан, бо роҳи сохтмони кӯдакистонҳо, яслиҳо, мактабҳо, литсейҳо, хонаҳои кӯдакон таъсиси барномаҳои махсуси кӯдакона дар радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо, кинофилмҳо, ташкили фароғати кӯдакон дар шакли истироҳатгоҳҳои тобистона, офиятгоҳҳо, пансионатҳо. Тавре дар Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдаки СММ омадааст, «инсоният вазифадор аст ба кӯдакон ҳамаи чизҳои беҳтаринеро, ки дорад, бидиҳад».
1. Машғулияти дӯстдоштаи худро гӯед.
2. Шумо дар оянда кӣ шудан мехоҳед?
Мафҳумҳоро дар ёд доред: категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманди иҷтимоии аҳолӣ, кӯдак.
Савол ва супоришҳо:
1. Кӯдак кист?
2. Ба андешаи Шумо, кадоме аз проблемаҳои дар маърӯзаи Муншииумумии СММ зикргардида, ки дар боло иқтибос шуданд, барои Тоҷикистон махсусан муҳим (хос) аст?
3. Шумо ин суханони Януш Корчакро чӣ гуна мефаҳмед: «Сад кӯдак,сад шахсият, ки одамонанд – одамони на оянда, балки одамони ҳозира, одамони имрӯз, ҳамин ҳоло»?
4. Шахсан худи Шумо ва ё ҳамсолони Шумо бо кадомвайронкуниҳои ҳуқуқҳои асосии кӯдак дучор омадаед?
Реклама