§5 ДЕМОГРАФИЯ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН

1. МАФҲУМИ “ДЕМОГРАФИЯ” ВА ВАЗЪИ ДЕМОГРАФӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Демография калимаи юнонӣ буда, маънои “демос”- “халқ” ва “графос” “менависам”-ро дорад.

Вазъи демографӣ” ҳолати демографии ноҳия ва ё мамлакат мебошад, ки ба воситаи як гурӯҳ нишондихандаҳо муайян карда мешавад. Ба ин гуна нишондиҳандаҳо сатҳи мавҷудаи таваллуд, фавт, никоҳ ва талоқи аҳолӣ, дарозумрӣ ва амсоли ин дохил мешавад. Ин нишондиҳандаҳо барои додани баҳо ба вазъи демографӣ, муайян кардани ҳолати мавҷудаи бозтавлиди аҳолии ноҳия ё мамлакат асос шуда метавонад.

Вазъияти демографӣ дар Тоҷикистон дар муддати дуру дароз зери таъсири ду гурӯҳ омилҳо ба миён омадааст. Омилҳои гурӯҳи якум ба таъмин намудани бозтавлиди матлуби аҳолии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. Дар Тоҷикистон нишонаҳои шакли бозтавлиди анъанавии аҳолӣ то имрӯз боқӣ мондаанд, ба монанди: нишондихандаҳои баланди таваллудкунии аҳолӣ ва нисбатан пасти фавти аҳолӣ, лекин дар нисбати ин баланд будани нобудшавии кӯдакон, баланд будани сабабҳои анъанавии фавти аҳолӣ, суст будани ҷойи истиқомативазкунӣ, паст будани дараҷаи шаҳришавӣ (урбанизатсия) ва ғайра.

Ба омилҳои гурӯҳи дуюм муҳоҷирати аҳолӣ ба дохили кишвар ва аз кишвар ва сатҳи зиндагии оила ва ҳифзи давлатии он алоқаманд аст.

Умуман вазъи демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳои зерин аст:

  • сатҳи зиёдшавии аҳолӣ;
  • дараҷаи баланди фавти аҳолӣ ва гирифторшавӣ ба касалиҳои узвҳои нафасгирӣ ва сирояткунанда;
  • паҳншавии амалияи танзими оила;
  • нигоҳ доштани вазни қиёсии баланди ҷавонон дар байни аҳолӣ ва бо суръати баланд афзоиш ёфтани захираҳои меҳнатӣ;
  • пурзӯр гаштани муҳоҷирати аҳолии маҳаллӣ аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар;
  • камшавии шумораи мутлақи аҳолии шаҳрҳо.

Масъалаи никоҳ. Дар соли 2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26257 ақди никоҳ, ё ин ки 4,2 никоҳ ба ҳар сари 1000 нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақамҳо нисбат ба соли 1991 беш аз 2 маротиба кам мебошанд, ки аксарияти ин ақдҳои никоҳ бори аввал баста шудаанд. Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими вазъи никоҳ синну соли миёнаи ба ақди никоҳ даромадагон мебошад. Сарфи назар аз дигар ҷиҳатҳои масъала ин нишондиҳанда яке аз омилҳоест, ки сатҳи таваллуди аҳолиро муайян менамояд.

Дар миёнаи солҳои 1979 – 1985 синну соли никоҳ дар байни занҳои аз 20,6- солагӣ то ба 20,8- солагӣ расид, Дар байни мардҳо бошад, мувофиқан аз 23,2 то ба 23–солагӣ расид. Ҳисоби миёнаи ин нишондиҳанда дар ИҶШС соли 1985 мардҳо 24,2 ва занҳо 21,9 солагиро ташкил мекард.

Ақди никоҳ бастан ҳодисаи табиӣ ва амри воқеӣ мебошад. Сарфи назар аз ин, бо сабабҳои гуногун як қисми аҳолӣ ба никоҳ намедарояд, ки ин ба сатҳи бозтавлиди аҳолӣ таъсир мерасонад.

Масъалаи талоқ. Талоқ дар Тоҷикистони яке аз масъалаҳои ташвишовар аст. Аз рӯи ҳисобҳои омории Шӯравӣ танҳо дар як соли 1988 дар Тоҷикистон бо сабаби талоқ 7509 оила вайрон шудааст. Лекин дар солҳои минбаъда ин рақам рӯ ба камшавӣ овардааст. Дар соли 2000 ҳамагӣ 2358 оила вайрон шудаааст, ки ин ба ҳар сари 1000 нафар аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 0,4 талоқ рост меояд. Дараҷаи рух додани талоқ дар Тоҷикистон тақрибан аз соли 1990 хеле кам шудааст. Дараҷаи пасти вайроншавии оилаҳо бо роҳи талоқ нишондиҳандаи устувории оила буда, шарти муҳими бозтавлиди мӯътадили аҳолӣ аст. Дар Тоҷикистони солҳои 1991–2000-ум яке аз сабабҳои асосии барҳамхурии оилаҳо дар натиҷаи фавтидани зан ва ё шавҳар рӯй медод. Хусусан, вафоти бештари мардҳо ба зиёдшавии бевазанҳо оварда расонид.

Масъалаи таваллуд. Аз соли 1989 сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон рӯй ба пастшавӣ оварда, он ба дараҷаи соли 1980 наздик шуд. Дар солҳои 1980 – 1989 афзоиши таваллуд ба мушоҳида расид. Ҳамин тариқ, дар соли 1986 ба 1000 нафар 42 таваллуд рост омад. Дар баъзе ҷойҳо, масалан, дар минтақаҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа, дар соли 1989 ба ҳар сари 1000 нафар 46 таваллуд рост омад. Вале аз соли 1991 то соли 2000 ин нишондиҳанда бо тезӣ поён фуромадан гирифт. Ин аст, ки дар соли 2000 ба ҳар сари 1000 нафар аҳолӣ 27 нафар таваллуд рост омад.

Масъалаи фавт ва дарозумрии аҳолӣ. Дар аввали солҳои 80 – ум дар ҶШС Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ тамоили баландшавӣ дошта, ин ҳолат тахминан то солҳои 1986 – 1987 давом кард. Вале соли 2000 нисбат ба соли 1991 ин нишондиҳанда аз 70,5 то ба 68,4 сол паст шуд. Дар байни мардҳо ин рақам мувофиқан аз 67,6 то 66,1 сол паст фуромад, дар байни занҳо бошад ин нишондиҳанда аз 73,2 соли 1991 дар соли 2000-ум то ба 70,8 сол паст фуромад. Чи тавре ки ба мушоҳида мерасад, аз рӯи ин нишондиҳанда занҳо дар вазъи беҳтар қарор доранд.

Боз бармегардем ба даврони Шӯравӣ. Дар ИҶШС ба ҳисоби миёна дарозумрии аҳолӣ соли 1988 – 69,5, аз он ҷумла мардҳо - 64,8 сол ва занҳо 73,6 сол буд. Агар ин рақамҳоро бо рақамҳои марбутаи мамлакатҳои хориҷӣ муқоиса кунем, пас маълум мегардад, ки дар масъалаи дарозумрӣ ИҶШС ҷои на чандон намоёнро ишғол мекардааст. Масалан, дарозии умр дар як қатор мамлакатҳои хориҷӣ соли 1986 чунин буд: дар Австрия мардҳо 71,8 сол ва занҳо 77,8 сол, дар ҶФО мардҳо 71,9 сол ва занҳо 78,5 сол, дар Швейсария мардҳо 73,8 сол ва занҳо 80,6 сол; дар Ҷопон мардҳо 75,0 сол ва занҳо 81,0 сол.

2. МУҲОҶИРАТИ АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дараҷаи муҳоҷирати аҳолӣ барои суръати бозтавлиди аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Муҳоҷират раванди ҷойивазкунии аҳолии берун аз сарзамини худ мебошад. Дар солҳои 1976 – 1986 миқдори бақияи манфии муҳоҷират аз 1,2 то 10,2 ҳазор одам расид. Муҳоҷират махсусан дар солҳои 1991 – 2000 хеле афзуд. Танҳо дар як соли 2000–ум аз Тоҷикистон зиёда аз 14,4 ҳазор нафар кӯч бастаанд.

Барои аз шаҳру навоҳӣ рафтани коргарон ва мутахассисон вазъиятҳои шиддатноки сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ, ки дар Чумҳурии Тоҷикистон ҷой дошт, таъсири бевосита расонид. Ин раванд нишон дод, ки пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад, яъне феълан аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои таъмини мустақилияти кадрии кишвар аҳамияти махсус пайдо кардааст.

3. МОҲИЯТИ ТАНЗИМИ ОИЛА. Танзими оила маънии аз тарафи зану шавҳар қабул намудани тасмим оид ба теъдоди оила, хусусан оид ба теъдоди атфол. Низоми оила ба воситаи танзими дохилиоилавии таваллуди фарзандон амалӣ гардида, он назорат аз болои фаъолияти репродуктивӣ, ки ба ҳомилашавӣ ва ҳифзи ҷанин вобаста буда, пешгирӣ ва қатъи ҳомиладориро дар назар дорад.

Танзими оила на танҳо барои таваллуди шумораи дилхоҳи фарзандон дар оила ва ҳифзи онҳо, балки барои муайян намудани вақти таваллуди фарзанд низ вобаста ба синну соли волидайн ва шароити иҷтимоӣ–иқтисодии оила танзим сохтани фосилаи байни таваллуди фарзандон ва роҳ надодан ба ҳомиладории ғайридилхоҳ аҳамият дорад.

Танзими оила барои паст шудани сатҳи фавти кӯдакон, таҳкими саломатии модару фарзанд ва ба камшавии безурётии дубора мусоидат мекунад.Самаранокии танзими оила аз огоҳии одамон дар бораи усулҳои назорати таваллуди кӯдакон, дастрас ва қобили қабул будани ин усулҳо барои оилаҳои гуногун вобаста аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», ки он 15 майи соли 1997 қабул карда шудааст, дастрас кардани маълумотро оид ба банақшагирии оила кафолат медиҳад. Барои таъмин гардидани ҳуқуқи танзими оила аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои аҳолии кишвар марказҳои саломатии репродуктивӣ, аз он ҷумла, марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ки дар онҳо мутахассисон ба масъалаҳои табобати безурётӣ ва ғайра машғуланд, ташкил карда шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» дар назар дорад, ки бо мақсади ҳифзи саломатии занон, бо хоҳиши худи онҳо усулҳои муосири зидди ҳомилашавӣ, ки ба манъи ҳомиладории ғайричашмдошт равона шудаанд, пешкаш карда мешаванд.

Феҳристи тадбирҳои тиббии танзими оила аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Барои амалӣ гардидани танзими оила истифодаи усул ва маводҳои гуногуни контрасептивӣ тавсия карда мешаванд.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: мафҳуми “демография”, вазъи демографӣ, танзими оила, бозтавлид, шаҳршавӣ, захираҳои меҳнатӣ, никоҳ ва талоқ, таваллуд ва фавт, дарозумрӣ, муҳоҷирати аҳолӣ

Савол ва супоришҳо

1. Мафҳуми “демография”-ро эзоҳ диҳед. Бигӯед, ки ин мафҳум ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чи робита дорад?

2. Шумо вазъи демографии Тоҷикистонро чи тавр арзёбӣ мекунел?

3. Мафҳумҳои “демография”, никоҳ” ва “талоқ”-ро бо ҳам алоқаманд кунед. Барои ин аз далелҳои мавзӯъ истифода баред.

4. Аз далелҳои фавт ва дарозумрии аҳолӣ истифода бурда, хулосаҳоихудро пешниҳод кунед.

5. Ба андешаи шумо оё имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимиоила зарур аст?

6. Бо далелҳо исбот кунед, ки муҳоҷирати аҳолӣ аз кишвар ба вазъидемографии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Ва ё баръакс?

Реклама