1. МАСЪАЛАИ ВИЧ/ СПИД ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар соҳаи тандурустӣ дар дунё мушкилот хеле зиёданд. Дар ин боб масъалаҳои аз ҳама муҳимтарини замонавӣ дида баромада мешаванд. Мутобиқи эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахсӣ ва нигоҳубини тиббӣ ҳақ дорад.
Мардон ва заноне, ки ба синни балоғат расидаанд, ҳақ доранд бидуни ягон маҳдудияти нажодӣ, миллӣ ё динӣ издивоҷ кунанд ва оила бунёд намоянд.
Мутаассифона, баъзан одамон даст ба рафтору амали ношоиста, аз қабили тамокукашӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ мезананд. Маҳз чунин рафторҳои манфӣ метавонад ба ҳар гуна бемориҳо оварда расонад. Шахси истеъмолкунандаи ин маводҳо ба рафторҳои номатлуби худ метавонад ба хатари сироятёбии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, ба монанди ВИЧ/СПИД гирифтор шавад. Бояд донист, ки ин бемориҳо оқибати нохуш дошта, ба марг оварда мерасонанд.
ВИЧ - ё Вируси норасоии масунияти бадан ин барангезандаи бемории СПИД мебошад. СПИД – ё аломати норасоии масунияти бадан, бемории сирояткунанда буда, марҳилаи охирини беморӣ мебошад. Калимаи масуният маънои системаи худмуҳофизати инсонро дорад. Дар назар доштан лозим аст, ки ВИЧ ва СПИД мафҳумҳои гуногунанд. ВИЧ барангезандаи бемории СПИД буда, сироятёбӣ аз вақти ба бадани инсон ворид шудани вирус сар мешавад, ки он нишонаҳои зоҳирӣ надорад.
СПИД нишонаҳои зоҳирии гуногун дорад. Дар ин муддат ҳуҷайраҳои масунияти инсон кам гашта, қобилияти худмуҳофизатии худро гум мекунанд. Вирус ба қобилияти худмуҳофизатии инсон таъсири манфӣ расонида, онҳоро харобу нобуд месозад.
Аввалин сироятёфтагон ва беморони СПИД солҳои 70-ум ва аввалҳои солҳои 80-уми асри гузашта ба қайд гирифта шудаанд. Баъдтар ин беморӣ дар байни шахсоне, ки моддаҳои нашъаоварро ба таври тазриқӣ (бо сӯзан) истифода мебурданд ва шахсоне ки ба бемории вазнини хун (гемофилия) гирифтор буданд, маълум карда шуданд. Соли 1983 аввалин шуда ду олим, яке амрикоӣ Роберт Талло ва дигаре франсавӣ Люк Монтане барангезандаи бемории СПИДро пайдо карда, ба он вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ном гузоштанд. Аз ҳамон сол сар карда сироятёфтагон ба беморони СПИД дар бисёр қитъаҳои ҷаҳон ба қайд гирифта мешуданд ва ҳоло ин беморӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гашта, шумораи сироятёфтагон рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.
Давлатҳо бояд қонунҳои зидди табъизии ҳимоякунандаро пиёда созанд ва пурзӯр кунанд, то ба воситаи онҳо гурӯҳҳои нисбатан суст, ашхоси гирифтори ВИЧ/СПИД ва маъюбонро дар секторҳои давлатию хусусӣ ҳимоя кунанд. Тавсияи Комиссари олии СММ. |
Ахлоқ дар ҷомеаи мо, ки пеш бо тартибу низоми ҷиддии худ маъруф буд, рӯ ба пастравӣ ниҳодааст, ҷавонон, алалхусус дар шаҳрҳои калон, хеле барвақт, аз даврае, ки ҳанӯз ақлу иродаашон ташаккул наёфтааст, ба алоқаҳои ҷинсӣ сар мекунанд. Дар айни замон онҳо дар бораи оқибатҳои оғози бармаҳали муносибатҳои маҳрамона хеле кам иттилоот доранд. Ҳамаи ин ба паҳншавии бемориҳо аз ҷумла ВИЧ, ки миқдори он торафт меафзояд оварда мерасонад. Мувофиқи нишондодҳои оморӣ 45 % беморони СПИДро ҷавонони аз 19 то 40-сола ташкил медиҳанд. Пеш аз ҳама ҷавонон, махсусан духтарон мебояд покии ахлоқро дар муносибат ба мардон ҳифз намоянд. Ҳуқуқҳои зиндагии арзанда доштанро мӯътабар доранд. Зиндагӣ худ мушкилиҳои зиёдро пеш меоварад ва онро аз оғоз душвор кардан зарурат надорад. Бо одамони гуногун хамсӯҳбат шуда, хамзамон оқилона рафтор кардан лозим аст.
Роҳҳои сирояти ВИЧ/СПИД гуногун мебошанд. ВИЧ/СПИД фақат аз одам ба одам мегузарад. Асосан ВИЧ бо се роҳ ба бадани инсон ворид мегардад:
1. Хуни сироятшуда, истифодабарии сӯзандорӯҳои тозанашуда, тамғазанӣ (татуировка), сӯрохкунии гӯшу бинӣ. Якҷоя истифода бурдани сӯзандорӯҳо дар байни нашъамандон, хунгузаронӣ ва истифода бурдани асбобҳои тиббии покнашуда.
ВИЧ/СПИД дар ҳолатҳои зерин намегузарад:
Расми 5
Сирояти ин беморӣ аз рафтору кирдори ҳар як шахс вобастигии калон дорад. Бинобар ин, дар навбати аввал шахсоне, ки рафторашон аз чорчӯбаи ахлоқӣ берун буда, ба нашъамандӣ даст мезананд, аз алоқаи маҳрамонаи пеш аз мӯҳлат ва бетартиб худдорӣ намекунанд, шарикони ҳамхоби худро тез-тез иваз мекунанд, дар оила вафодор нестанд, ба ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда (БСҶ) аз ҷумла вируси норасоии масунияти бадан (ВНМБ, ВИЧ) гирифтор мешаванд. Ва одамони ба ин вабо гирифторшуда бо сабаби беэҳтиётии худ аллакай азоби шадид мекашанд. Бинобар ин бо чунин гурӯҳҳои эхтиёҷманд инсонвор мебояд муносибат кард, чунки онҳо ҳам аз ҳамаи ҳуқуқҳои инсонӣ ва шаҳрвандӣ бархурдор мебошанд.
Аз тарафи давлату ҷомеа нисбати ин гурӯҳ одамон ғамхорӣ зоҳир карда шавад. Баробари дигарон онҳо низ ҳуқуқи хондан, кор кардан, дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ иштирок намуданро доранд. Онҳо набояд аз ҳаёти ҷамъиятӣ ҷудо карда шаванд.
1. Хатари ВИЧ/СПИД аз чӣ иборат аст?
2. Ахлоқ ба ВИЧ\СПИД чӣ алоқа дорад?
3. Дар бораи ҳуқуқҳои ашхоси гирифтори касалии ВИЧ/СПИДчиҳо медонед?
2. ПАҲНШАВИИ ВИЧ/СПИД ДАР ҶАҲОН ВА ТОҶИКИСТОН. Ин вабо чун табларза, сил, саратон ва касалии дил яке аз бемориҳои марговар аст. Мувофиқи хабари маҷаллаи тиббии Британия «Лантист» дар тамоми ҷаҳон беш аз 40 миллион нафар одам гирифтори ВИЧ ҳастанд. 20 млн одам аз СПИД ҳалок шудаанд ва ҳар сол 50 000 кӯдакони сирояти ВИЧ-дошта таваллуд мешаванд. Танҳо соли 2001 5 млн ҳодисаи сироят ва аз СПИД ҳалок шудани беш аз 3 млн одам ба қайд гирифта шудааст. ВИЧ/СПИД бо он фарқ мекунад, ки натанҳо ба ҳолати сиҳатии ҷисмонии одам таъсир мерасонад, балки вазъи иҷтимоӣ ва шароити ӯ низ бетаъсир намемонад. Суръати паҳнгардии ВИЧ/СПИД дар мамлакатҳои Шарқ ва Ҷануби Шарқии Аврупо, инчунин дар мамлакатҳои Назди Балтика ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҷаҳон аз ҳама баландтар мебошад.
Махсусан, ҳолати хатарнок дар Федератсияи Россия, Украина ва Эстония зиёд шуда истодааст. Дар ин мамлакатҳо ҳар одами садум гирифтори ВИЧ гаштаанд.
Мутаассифона, Чумҳурии Тоҷикистон ҳам аз ин вабо эмин намондааст. Дар байни одамон ВИЧ-ро як қатор омилҳо махсусан хатарнок мегардонанд. Дар байни онҳо кам будани иттилооту маърифат ва хадамот оид ба ВИЧ, хеле дастрас будани маводи нашъаоврро ном бурдан мумкин аст. Инчунин намудҳои хавфноки фаъолият, ки ҷавонон ба хотири рӯзгузаронӣ ноилоҷ машғул мешаванд, ҳамчунин сафари мамлакатҳои хориҷӣ кардани муҳоҷирони меҳнатӣ, дигар навъҳои хатар аз қабили ҳисси кунҷковӣ ва хоҳиши ҳама чизро санҷида дидан, ки хоси наврасон аст, аз ҷумлаи чунин омилҳо мебошанд.
Аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони сироятёфтаи ВИЧ дар соли 1991 ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи сироятёфтагон сол то сол зиёд гашта истодааст. Агар мақомоти тандурустӣ то моҳи июни соли 2004 расман 317 нафарро ба қайд гирифта бошанд, пас дар соли 2005 ин шумора ба 506 нафар расидааст.
Ғайр аз ин, дигар бемориҳои сирояткунандае ҳастанд, ки одамон ҳар вақт метавонанд дучори онҳо гарданд. Давлат ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони беморро кафолат медиҳат. Ҳуқуқи дастрасии маълумот ниҳоят моҳияти муҳим дорад. Инчунин рафтори дурусти ҳар як фард низ баҳри ҳифзи саломатӣ ба аҳамияти бузург молик аст.
Барои дучори СПИД ва беморихои сирояткунанда нагаштан кас бояд амалҳои зеринро иҷро намояд.
Рафтори дуруст ва тарзи солими зиндагӣ метавонад ҳар як шахсро аз бемории СПИД ва дигар касалиҳои сирояткунанда эмин нигоҳ дорад. Тарзи солими ҳаётро интихоб намуда, ба саломатии худ ҷавобгӯ будан кафолати ҳаёти арзанда ва амалӣ гаштани ҳуқуқҳо мебошад.
1. Дар бораи суръати паҳншавии касали ВИЧ/СПИД кадом нишондиҳандаҳои ҷуғрофию омориро мисол оварда метавонед?
2. Барои аз гирифторшавии бемории ВИЧ/СПИД эмин мондан кадом тадбирҳо заруранд?
3. ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИГАҲДОРИИ ТАНСИҲАТИИ МАРДУМ.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ аз нишондодҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм тадбирҳо меандешад …” (моддаи 38).
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешниҳодоти Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон комилан ҷонибдор мебошад. Дар он гуфта мешавад: Давлатҳо бояд қонунҳои зиддитабъизии ҳимоякунандаро амалию пурзӯр намоянд, то ки ба воситаи онҳо гурӯҳҳои нисбатан суст аз ашхоси гирифтори ВИЧ/СПИД ва маъюбонро дар секторҳои давлатию хусусӣ ҳимоя кунанд, асрори ҳаёти шахсӣ, махфӣ будани он ва риояи одобро дар тадқиқи мавзӯъҳои марбути инсон таъмин намоянд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» яке аз асосҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар соҳаи ҳифзи саломатӣ мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шудааст.
Дар моддаи 27 қонуни мазкур гуфта шудааст, ки шаҳрвандон оид ба пешгирӣ, ташхису табобати беморӣ ва оид ба омилҳое, ки ба саломатии онҳо таъсир мерасонанд, аз ҷумла оид ба вазъи муҳити зист, шароити кору маишат ва истироҳат, гирифтани маълумот аз мақомоту муассисаҳои нигоҳдории тандурустӣ ва шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият ҳақ доранд. Мутобиқи ин қонун ҳуқуқи шаҳрвандони гирифтори бемории аломати норасоии масунияти бадан, нашъамандӣ ва майзадагӣ аз тариқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
Мавҷуд будани проблемаи ВИЧ/СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ эътироф гардидааст. Бо мақсади мукаммалгардонӣ ва ба талаби рӯз ҷавобгӯ будани қонунгузории амалкунанда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон қабул гардид. Пеш аз ҳама, дар қонун меъёрҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди ин беморӣ таҷдиди назар ёфта, асоси онҳоро муқовимати дастаҷамъона ва ҳамкории байнисоҳавӣ ташкил медиҳад. Меъёрҳои қонун ба принсипҳои зерин асос ёфтаанд:
30-декабри соли 2000 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи нави барномаи Миллии пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масунияти бадан ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2007 тасдиқ карда шуд.
Дар солҳои охир ҳуҷҷатҳои муҳимми миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ қабул карда шуданд, ки онҳо марҳалаи нави муқовимати зидди ин таҳдидро муайян мекунанд. Аз ҷумла, соли
2000 барномаи миллӣ ва нақшаи стратегии пешгирии таҳдиди паҳншавии бемориро дар Тоҷикистон қабул карда, барои иҷрои қарордоди Конференсияи Иттиҳоди Байнипарлумонӣ (1991), Декларатсияи СММ оид ба ӯҳдадориҳои мубориза бар зидди ин беморӣ, Декларатсияи давлатҳои Осиёи Марказӣ (2001) ва қарори сарони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил (2000) чораҳо андешида шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои ҳимояи саломатии аҳолии мамлакат бо созмонҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ менамояд. Барномаҳои якҷоя оид ба таъмини шаҳрвандон бо иттилоот, пешгирӣ ва бартараф намудани паҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва нашъадор таҳия ва амалӣ карда мешаванд. Оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҷавонон ва ҳимояи тандурусти онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.
1. Тоҷикистон дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди нашъамандӣ чӣ гуна саҳм мегузорад?
4. МАСЪАЛАИ НАШЪАМАНДӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН.
Боз яке аз масъалаҳои мушкил дар соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистони имрӯза масъалаи нашъамандӣ мебошад. Нашъамандӣ махсус дар байни ҷавонон паҳн гашта, бевосита ба амалӣ шудани ҳуқуқи инсон алоқамандӣ дорад.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот, содирот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо фақат бо мақсадҳои тиббӣ, байторӣ ва илмӣ иҷозат дода мешавад.
(Моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»)
Қонунгузории ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чавобгарии одамон барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан ва истифода бурдани маводи мухаддир диққати калон медиҳад. Чунки чунин амалҳо ҳуқуқ
ва озодиҳои дигаронро вайрон мекунанд. Шахсони истеъмолкунандаи ин маводи номбурда, дигаронро ба он ҷалбкунанда одамони фаъоли ҷомеаи иҷимоӣ шуда наметавонанд. Ҳатто ба роҳи дуздӣ ва одамкушӣ рафтанашон имкон дорад.
Ҳар як фард бояд ба саломатӣ ва рафтору кирдори худ ҷавобгӯ бошад, неку бадро фарқ карда тавонад. Аз рӯи тақлид, кунҷковӣ ё ҳавас ҳеҷ гоҳ маводи нашъадорро истифода набарад, аз таъсири манфӣ ва оқибатҳои бади онҳо ба бадани одам ва оқибатҳои он бояд ҳар як талаба огоҳӣ дошта бошад.
Чунин маводхои мухаддир ба монанди марихуана, амфетаминхо, кокаин, экстазҳо ва героин хотираро бад мекунанд, касро ғуломи чунин «роҳат» мегардонанд, дарди сар меоваранд ва ба касалиҳои сирояткунанда гирифтор мекунанд.
Шахсони гирифтори нашъамандию майзадагӣ вазифадоранд, дар муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳои нигоҳдории тандурустӣ табобат шаванд.
(Моддаи 71 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»)
Дар ҷои кор ё таҳсил дар назари шахси бемори маводи нашъамандӣ чунин менамояд, ки чизе намерасад, як холигӣ, асабоният, мушавашии бесабаб, рӯҳафтодагӣ ҳис мекунад. Баъди истеъмоли героин ҳамаи ин эҳсосоти ногувор аз байн мераванд. Кас худашро таскин медиҳад, ки нашъаманд нест, ин як вақтхушӣ асту бас, агар хоҳад героинро ҳар лаҳза партофта метавонад. Чӣ иштибоҳе аст чунин андеша! То вақте ки пул ҳаст, ҳама кор хуб аст. Вале вақте, ки ҳама чизро барои героини қимматбаҳо сарф мекунанд, ҳама дӯстони пешина аз одам рӯй мегардонанд, аз кор маҳрум мешаванд, аз ҳама ҳамкорон қарздор шуда, вале имкони баргардонидани қарзро надоранд. Фақат майл ба героин мекунанд.
Кӯшиш мекунанд, то ки онро партоянд, ду се рӯз тоқат мекунанд, вале «дарду сӯзиш»-ҳо зӯрӣ менамоянд. Вақте ки модарон мефаҳманд, чӣ қадар гиря мекунанд. Героин ҳама чизро кашида мегирад: оила, муҳаббат, ёру дӯст, эҳтиром, молу чиз ва ғайраҳоро. Ҳамагон маҳкуму сарзаниш мекунанд, на ирода мемонаду на умеде ба оянда.
Нашъамандӣ ин беморӣ аст, вале аз болои он назорат бурдан ва пеши роҳи бадтар шудани онро гирифтан мумкин аст. Барои муолиҷаи нашъамандон махсус кор кардан лозим меояд. Дар ин бора аз марказҳои наркологӣ, ки он ҷо нашъамандон аз рӯи барномаҳои махсус муолиҷа меёбанд ва падару модарон, бародарону хоҳарон ва дигар наздикони нашъаманд низ омӯзонда мешаванд, иттилооти пурра гирифтан мумкин аст.
Хулоса, барои ҳал намудани мушкилот нигоҳдории тандурустӣ ҳар як инсон ва шаҳрванд бояд саломатии худро нигоҳ дорад, аз ҳуқуқҳои худ дар кори пешгирии бемориҳои сирояткунанда истифода бурда, дар хусуси даст назадан аз одатҳои бад ва дастгирӣ намудани одамони мӯҳтоҷу заиф вазифаҳои худро иҷро намуда, соҳиби ахлоқи шоиста дар ҷомеа бошад.
1. Барои пешгирӣ кардан ва мубориза бурдан бар зидди касалии ВИЧ/СПИД кадом санадҳои қонунгузории миллӣ ва байнанмилалиро ном бурда метавонед?
Мафҳумҳоро дар хотир нигоҳ доред: ВИЧ, СПИД, бемориҳои сирояткунанда, масуният, нашъамандӣ, покнашуда, вируси норасоии масунияти бадан, бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ сирояткунанда, маводи нашъаовар
Савол ва супоришҳо
1. ВИЧ/СПИД чӣ маъно доранд?
2. ВИЧ/СПИД дар кадом ҳолатҳо мегузарад ва дар кадомҳолатҳо не?
3. Оё одамони гирифтори бемории ВИЧ/СПИД аз ҳуқуқҳои инсонӣва шаҳрвандии худ пурра истифода карда метавонанд?
4. Меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовиматбо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният» кадом принсипҳо асос ёфтааст?
5. Кадом ҳуқуқҳои инсон дар натиҷаи истеъмоли маводи мухаддирметавонанд вайрон карда шаванд?
6. Саҳначае ташкил намоед, ки дар он одамони солим ва гирифтороникасалии ВИЧ/СПИД якҷоя бе ягон табъиз фаъолият менамоянд.
Реклама