§19. КОНВЕНСИЯИ СММ БА МУҚОБИЛИ ШИКАНҶА ВА НАМУДҲОИ ДИГАРИ МУНОСИБАТ ВА ҶАЗОИ ЗОЛИМОНА, ҒАЙРИИНСОНӢ ВА ШАЪНУ ШАРАФИ ИНСОНРО ПАСТЗАНАНДА

1. ТАЪРИХИ ҚАБУЛИ КОНВЕНСИЯ. Конвенсияи мазкур аз санадҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ - Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Протоколи иловагӣ ба он, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сарчашма мегирад. Дар санадҳои ҳуқуқии номбаршуда (дар моддаи 5-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, дар моддаи 7-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ) муайян шуда буд, ки “ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ё муносибати золимона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қиммати ӯ қарор дода шавад”. Ҳамчунин дар моддаи 55-и Оинномаи СММ ӯҳдадориҳои давлатҳои аъзо оид ба мусоидат намудан дар кори эҳтиром ва риояи ҳуқуқ ва озодии инсон таҳким ёфтааст.

Дар заминаи санадҳои номбаршуда, Иҷлосияи Кулли СММ Эъломияи ҳифзи тамоми шахсон аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои золимона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қимати шахсро таҳти қатъномаи рақами 3452 аз 9 декабри соли 1975 қабул ва манъи чунин амалҳоро эълон кард. Азбаски ин ҳуҷҷат моҳият эъломиявӣ дошта, иҷро намудани он ҳатмӣ набуд, ба ин Иҷлосияи Кулли СММ қонеъ нашуда, 8 декабри соли 1977 бо қатъномаи рақами 36/62 ба Комиссияи ҳуқуқи инсон супориш дод, ки лоиҳои Аҳднома бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои золимона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қимати шахсро дар асоси принципҳои дар Эъломия муайяншуда омода намояд. Вале лоиҳои Аҳднома то соли 1983 ҳанӯз тайёр нашуда буд. 16 декабри соли 1983 бори дигар Ассамблеяи Генералии СММ ба таври қотеона аз Комиссияи ҳуқуқи инсон талаб намуд, ки лоиҳои Аҳднома ба зудӣ тайёр карда шуда, ба иҷлосияи 39 Иҷлосияи Кулли пешниҳод карда шавад. Лоиҳаи Аҳдномаи мазкур аз ҷониби Комиссияи ҳуқуқи инсон тайёр карда шуда, бо қатъномаи худ аз 6 марти соли 1984 ба баррасии Ассамблеяи Генералӣ пешниҳод карда шуд.

Аҳднома бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои золимона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қимати шахс 10 декабри соли 1984 аз ҷониби Иҷлосияи Кулли Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, барои имзо, ратификатсия ва ҳамроҳ шудан кушода эълон карда шуд, ки он ҳуҷҷати бонуфузи байналмилалӣ буда, меёрҳои ҳуқуқиро дар бораи манъ будани шиканҷа ва чораҳои иҷроиши самараноки онро дар бар гирифтааст. Ин Аҳднома аз 33 модда иборат буда, 26 июни соли 1987 эътибор пайдо намудааст.

Дар байни санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ нақши ин Аҳднома баҳри ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсоне, ки таҳти тафтишот қарор доранд, хеле муҳим аст.

Ин санад дар асоси принсипҳои эълоннамудаи Оинномаи СММ, ки ҳуқуқи баробар ва ҷудонопазири ҳар як шахсро ба озодӣ, адолат ва сулҳи умум эътироф менамояд, таҳррезӣ шудааст.

Давлатҳои иштирокчии ин Аҳднома паймон намуданд ва ӯҳдадор шуданд, ки баҳри ҳимояи ҳар шахс аз ҳар гуна азобу шиканҷа, муносибати золимонаву бераҳмона чораҳо биандешанд ва ба муқобили ин гуна рафторҳои номатлуб муборизаи беамон баранд.

Мувофиқи ин Аҳднома ҳеҷ гуна ҳолатҳои мустасно, хоҳ ҳолати ҷанг ё таҳдиди ҷанг, ноустовории дохилии сиёсӣ ё ҳамагуна дигар ҳолати фавқулода наметавонанд далели истифодаи шиканҷа гарданд, яъне ҳеҷ кас ва ягон мақомот ҳақ надорад, ки ин ва ё он сабабро баҳона намуда, шахсро зери шиканҷа қарор диҳанд. Чунки озод будан аз ғуломӣ, манъ будани истифодаи шиканҷа ҳамчун ду ҳаққи мутлақи инсон маълум аст. Вале то ба имрӯз инсоният натавонист пурра пеши роҳи истифодаи шиканҷаро гирад ва аз байн бурдани ин аъмол чун вазифаи тамоми аҳли башар боқӣ мемонад. Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш менамояд, ки дар қаламрави вай содиршавии ин кирдорҳо пешгирӣ карда шавад.

Ҳамин тариқ, Аҳдномаи мазкур на танҳо шиканҷа, балки дигар намудҳои муносибати золимона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қиммати шахсро низ маҳкум менамояд (моддаи 16). Дар натиҷаи шиканҷа шахс агар бештар азобу уқубати ҷисмонӣ бинад, ҳаракатҳое мавҷуданд, ки ба паст намудани қадру қиммати инсон равона карда шудаанд. Яъне дар ҷойҳое, ки одамон зери назорати қатъии шахсони расмӣ буда, ӯҳдадоранд, ки реҷаи муайяншударо риоя намоянд ва ин ба шахсони мутасаддӣ салоҳияти васеъ медиҳад ва ҳолатҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки онҳо аз ҳудуди ваколати худ берун баромада, нисбати зеридастон муносибати золимона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қиммати шахсро раво бинанад. Чунин ҳолатҳо бештар дар ҷойҳои нигаҳдории дастгиршудагон, маҳбасхонаҳо ва муассисаҳои ислоҳию меҳнатӣ ба назар мерасанд. Масалан, шахсони дасгиршударо бо мақсади ба гуноҳашон иқрор намудан лату кӯб менамоянд, азоби ҷисмонию рӯҳӣ мерасонанд, шахсони маҳбусро дар шароити бади санитарӣ нигоҳ дошта, онҳо таҳқир карда шуда, шаъну шарафи инсонии онҳо паст карда мешаванд. Аз ҳамин хотир, Аҳднома чунин намудҳои муносибати золимона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қиммати шахсро низ маҳкум намуда, даъват бар он мекунад, ки пеши роҳи чунин амалҳои зишт мутлақо гирифта шавад.

Давлатҳои иштирокчии ин Аҳднома, аз он ҷумла Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки шиканҷаро чун ҷиноят эътироф намуда, тавассути қонунгузории миллӣ барои содир намудани он ҷазо муқаррар намоянд.

Мутобиқи Аҳднома ҳеҷ як давлати узв набояд шахсро ба давлати дигар бадарға намояд, баргардонад ё супорад, агар далелҳои ҷиддие вуҷуд дошта бошанд, ки дар он ҷо истифодаи шиканҷа ба ӯ таҳдид менамояд (моддаи 3). Ин санад ӯҳдадориҳои давлатҳои иштирокдорро оид ба дастгир намудани нафароне, ки одамонро азобу шиканҷа додаанд, муқаррар менамоянд (моддаи 5).

Давлатҳо ҳамчунин ӯҳдадор шуданд, ки барномаи таълимии шахсонеро, ки минбаъд бо фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ, пурсишу таъқиботи ҷиноятии шахсони дастгиршуда машғул мешаванд, аз ҳисоби маълумотҳо ва маводҳои таълимӣ оид ба манъ будани шиканҷа пурра намоянд. Яъне ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд аз руи ин санади бонуфуз сабақ омӯзанд. Бо ин мақсад ҳар як давлати аъзо чунин манъкуниро ба қоидаҳо ва даструламалҳои вазифавӣ ворид месозад (моддаи 10).

Ҳар як давлати аъзои ин Аҳднома ӯҳдадор аст, ки нисбат ба ҳодисаи шиканҷа дар сурати мавҷуд будани далели кофӣ тафтиши фаврию беғаразона гузаронад (моддаи 12). Давлатҳои узв ҳаққи шикоят ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдидагон таъмин менамояд (моддаҳои 13, 14).

Давлатҳои аъзо аҳду паймон намуданд, ки дар мавриди амалҳои мурофиавии ҷиноятӣ нисбати ҳодисаҳои шиканҷа ба ҳамдигар кӯмаки ҳамаҷониба мерасонанд.

2. КУМИТАИ ЗИДДИ ШИКАНҶА. Назорати риояи Аҳдномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи зидди шиканҷа, ки аз даҳ коршиноси дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ ва салоҳияти эътирофшуда дар соҳаи ҳуқуқи инсон иборат мебошад, ба амал бароварда мешавад.

Кумитаи зидди шиканҷа иҷлосияи аввалини худро дар Женева моҳи апрели соли 1988 барпо намуд ва дар он масъалаҳои ташкилии фаъолияташро баррасӣ намуд.

Аъзои Кумита бо тариқи овоздиҳии пӯшида аз ҳисоби намояндагони давлатҳои аъзо, ки ба рӯйхат дароварда шудаанд, интихоб карда мешаванд. Як шахс метавонад дар як вақт ҳам аъзои Кумита оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳам Кумитаи зидди шиканҷа фаъолият кунад.

Аъзои Кумита асосан ба мӯҳлати чор сол интихоб мегарданд, вале нисфи ҳайати Кумита баъди ду сол нав мешавад. Онҳо ҳақ доранд дар сурати такроран пешниҳод гардидан аз нав интихоб карда шаванд. Аъзои Кумита ҳамчун намояндагони давлат баромад накарда, чун шахсони алоҳидаи соҳибфазилат ва беғараз баромад менамоянд. Давлатҳои иштирокчии Аҳднома хароҷоти фаъолияти аъзои Кумитаро дар давоми мӯхлати ваколаташ ба ӯҳда доранд.

Соли 1985 Комиссияи СММ доир ба ҳуқуқи инсон қарор қабул карда буд, ки гузоришдиҳандаи махсус оид ба омӯзиши масъалаҳои вобаста ба шиканҷа низ таъин карда шавад. Гузоришдиҳандаи махсус иттилооти дақиқу боъэтимодро дархост намуда, дар асоси он тадбирҳо меандешад. Вай ба Коммиссияи ҳуқуқи инсони СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа дар қаламрави давлатҳои аъзои СММ гузориш пешниҳод менамояд.

Гузоришдиҳандаи махсус бо давлатҳои аъзои СММ робита намуда, аз онҳо доир ба чорабиниҳои қонунгузорӣ ва маъмурие, ки барои пешгирии амалҳои шиканҷа ва рафъи оқибатҳои онҳо андешида мешаванд, агар ин амалҳо анҷом дода шуда бошанд, иттилоот дархост мекунад.

Мутобиқи моддаи 19-и Аҳднома давлатҳои аъзо ба воситаи Муншии Кулли Созмони Милали Муттаҳид маърӯзаҳоро оид ба тадбирҳои андешидаашон дар бобати иҷрои ӯҳдадориҳои худ мутобиқи Аҳднома ба Кумита пешниҳод мекунанд. Ҳар як маърӯзаро Кумита баррасӣ менамояд, он метавонад нисбати маърӯза фикру мулоҳизаҳои умумиро баён намуда, онҳоро ба маърӯзаи солонаи худ барои давлатҳои аъзо ва Иҷлосияи Кулли Созмони Милали Муттаҳид дохил кунад.

Мутобиқи моддаи 20-и Аҳднома, агар Кумита иттилооти дақиқе гирад, ки тибқи ақидаи он дорои маълумоти комилан асоснок оид ба истифодаи мунтазами шиканҷа дар қаламрави ягон давлати аъзо мебошад. Он гоҳ Кумита ба ин давлати аъзо пешниҳод менамояд, ки дар баррасии ин иттилоот ҳамкорӣ намояд ва бо ин мақсад мулоҳизоти худро нисбати ин иттилоот пешниҳод кунад. Кумита дар сурати зарур донистан метавонад як ё якчанд аъзои худро барои доир намудани тафтиши махфӣ ва фавран ба Кумита пешниҳод намудани маърӯзаи дахлдор таъин кунад. Бо розигии ин давлати узв чунин тафтишот метавонад боздиди қаламрави онро дар бар гирад. Пас аз баррасии натиҷаҳои чунин тафтишот Кумита хулосаҳои худро якҷоя бо мулоҳизот ё пешниҳодоте, ки дар ин ҳолат заруранд, ба давлати аъзо ирсол менамояд. Тамоми кори Кумита моҳияти махфӣ дорад ва дар тамоми марҳилаҳои ин кор бояд ба ҳамкорӣ бо давлатҳо аъзо кӯшиш намояд. Пас аз анҷоми чунин кор Кумита метавонад баъди машварат бо давлати дахлдори узв дар бобати ворид намудани ҳисоботи мухтасар оид ба натиҷаҳои ин кор ба маърӯзаи ҳарсолаи худ, ки ба дигар давлатҳои аъзо ва Иҷлосияи Кулли Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мегардад, қарор қабул намояд.

3. ШИКОЯТҲОИ ИНФИРОДӢ БА КУМИТАИ ЗИДДИ ШИКАНҶА. Ҳар як шахсе, ки дар қаламрави аъзои ин Аҳднома қарор дорад ва агар нисбати вай шиканҷа татбиқ шуда бошад, ҳақ дорад, ки ба Кумитаи зидди шиканҷа шикоят намояд. Кумита он шикоятҳоро қабул менамояд, ки агар давлате, ки нисбати вай шикоят ворид шуда бошад, салоҳияти Кумитаи зидди шиканҷаро тасдиқ намуда бошад. Кумита ҳеҷ гуна хабарро аз ҳар кадом шахс тибқи ин модда баррасӣ намекунад, агар боварӣ надошта бошад, ки:

а) ин масъала аз рӯи ягон дигар расмиёти тафтишот ё танзими байналмиллалӣ баррасӣ нашудааст ва баррасӣ нашуда истодааст;

б) ин шахс тамоми тадбирҳои мавҷудаи дохилии ҳимояи ҳуқуқро истифода кардааст; ин қоида дар ҳолатҳое амал намекунад, ки татбиқи ин чораҳо беасос тӯл кашида ё гумон аст, ки ба шахси ҷабрдида аз вайрон кардани ин Аҳднома кӯмаки самарабахш расад.

Аз рӯи хабарҳо Кумита маҷлиси пӯшида гузаронида, аз натиҷаи он ба давлат ва шахси дахлдор хабар дода мешавад.

4. ХАЗИНАИ ИХТИЁРИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД БАРОИ ҶАБРДИДАГОНИ ШИКАНҶА. Иҷлосияи Кулли бо Резолютсияи 36\151 худ аз 16 декабри соли 1981 Хазинаи ихтиёрии Созмони Милали Муттаҳидро барои ҷабрдидагони шиканҷа таъсис дод, то ки ҷабрдидагони шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо кӯмаки башардӯстона, ҳуқуқӣ ва молиявӣ гирифта тавонанд.

Фаъолияти Хазина аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрии ҳукуматҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои хусусӣ ва шахсони алоҳида маблағузорӣ карда мешавад. Хазина аз буҷети доимии Созмони Милали Муттаҳид маблағ намегирад. Хазина таҳти идораи Муншии Кулли Созмони Милали Муттаҳид, бо кӯмаки Шӯрои парасторон фаъолият менамояд.

Аз соли 1983 то охири соли 1988 мутобиқи тавсияҳои Шӯрои парасторон Хазинаи мазкур 131 кӯмаки молиявӣ барои татбиқи 67 лоиҳа дар 32 кишвари ҷаҳон пешниҳод намудааст.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ истифодаи шиканҷаи одамро мамнӯъ эълон намуда, дар ин кори бениҳоят зарур нақши СММ хеле калон мебошад.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: Кумитаи зидди шиканҷа, шикояти инфиродӣ ба ин Кумита, Хазинаи ихтиёрии Созмони Милали Муттаҳид барои ҷабрдидагони шиканҷа.

Савол ва супоришҳо:

1. Таърихи қабули Аҳднома бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои золимона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қиммати инсонро баён намоед.

2. Қоидаҳои умумии ин Аҳдномаро шарҳ диҳед.

3. Ӯҳдадориҳои иштирокчиёни ин Аҳдномаи зидди шиканҷа, аз он ҷумлаӯҳдадориҳои Тоҷикистонро номбар кунед.

4. Вазифаи Кумитаи зидди шиканҷа аз чӣ иборат аст?

5. Тартиби баррасӣ намудани шикоятҳои инфиродӣ аз тарафиКумитаи зидди шиканҷаро шарҳ диҳед.

6. Хазинаи ихтиёрии Созмони Милали Муттаҳид барои ҷабрдидагонишиканҷа кай таъсис дода шуд ва он ба чӣ кор машғул аст?

Реклама