§3-4. МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН

1. МАЪНӢ ВА МАВЗӮИ ЭКОЛОГИЯ. Ҳанӯз дар миёнаҳои асри Х1Х дар натиҷаи тараққиёти саноат дар баъзе давлатҳои Аврупо, ба монанди Англия, Олмон, Фаронса, Италия, Австрия, Белгия, Швейсария ва ғайра вазъи экологии барои зиндагии инсон номусоид ба амал омад. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеаи ин мамлакатҳо ва олимон бонги хатар заданд. Зарурат ба миён омад, ки барои гирифтани пеши роҳи фоҷиаи экологӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Дар баъзе мамлакатҳо, ҷузъӣ бошад ҳам, чунин тадбирҳо андешида шуданд. Лекин он вақт на ҳамаи давлатҳои Аврупо ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ медоданд, чунки онҳо зарари вайроншавии мувозинати экологии табиатро ба инсон дуруст дарк намекарданд.

Соли 1966 олими немис Э. Геккел барои ифодаи самти фаъолияти илмӣ ва ҳифзи муҳити зист аз истилоҳи юнонии “экос” (“хона”) истифода бурда, ибораи илмии “экология”-ро месозад. Аз ҳамон вақт то ин ҷониб мафҳуми “экология” ҳамчун номи илме, ки муҳити биологиро мавзӯи тадқиқ қарор додааст, истифода бурда мешавад.

Ҳанӯз дар миёнаҳои асри ХХ дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ дар натиҷаи таъсири манфии пешрафти саноат ва муносибати бераҳмонаи инсон нисбат ба табиат хатари фалокати экологӣ ба миён омад.

Дар асри ХХ нисбат ба асри Х1Х таъсири инсон ба табиат зиёдтар мегардад. Дар натиҷаи тараққиёти пуравҷи саноат, нақлиёт, истеҳсолу истифодаи намудҳои гуногуни сӯзишворӣ, нерӯи барқ ва дар хоҷагии халқ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтани комёбиҳои илми кимиё вазъи экологӣ ба ҷомеа хатари ҷиддӣ ба бор овард. Аз ҳамин сабаб экология ҳамчун танзимгари асосҳои илмии истифодаи оқилонаи табиат, ҳифзи инсон, ҳайвонот ва наботот аҳамияти хоса пайдо мекунад.

Агар дар аввали пайдоиши худ экология бештар ба ҳифзи муҳити зист, яъне ба ҳифзи биосфера машғул шуда бошад, пас дар миёнаҳои асри ХХ фаҳмида шуд, ки аз муҳити зарардидаи биологӣ худи одамон ҳам на камтар аз табиат зарар мебинанд. Аз ин ҷост, ки экология барои ҳифзи худи инсон ҳам хизмат мекунад.

Бо ҳамин сабаб минбаъд экологияи иҷтимоӣ ташаккул ёфт, ки мавзӯи он таъсири мутақобилаи ҷомеа, муҳити зист ва ҳифзи табиат мебошад.

1. Ба таърихи масъала такя карда, мафҳуми “экология”-ро шарҳу эзоҳ диҳед.

2. Масъалаи экологӣ ба ҳуқуқи инсон чӣ муносибат дорад?

2. МАСЪАЛАҲОИ УМУМИҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН. Ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ натанҳо барои пешрафти саноат, нақлиёт, алоқа, илму техника, технологияи иттилоотӣ ва ғайра ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳад, инчунин дар бораи ҳифзи муҳити зист ва ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани муҳити экологии солим ҳам андеша мекунад. Аз рӯи он ки давлат ва шаҳрвандони вай барои ҳифзи муҳити зист чӣ чораҳо меандешанд ва онҳо чӣ натиҷа медиҳанд, ба сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа баҳо додан мумкин аст.

Расми 2

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки яке аз ҳуқуқҳои муҳими инсон ҳуқуқи зиндагӣ дар муҳити барои инсон мусоиди экологӣ мебошад. Барои таъмин гардидани ин ҳуқуқи инсон дар аксар давлатҳои ҷаҳон мақомоти махсуси давлатӣ ва ҳаракату созмонҳои экологӣ, аз он ҷумла ғайриҳукуматӣ фаъолият мекунанд. Як қатор созмонҳои байналхалқӣ низ ҳифзи муҳити зисти инсонро мавзӯи фаъолияти худ қарор додаанд. Дар ин ҷода Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои марбутаи он саҳми калон мегузоранд. Фаъолияти ҳаракатҳои ҷамъиятии “сабзҳо” ва “Гринпис” низ ба ҳифзи муҳити зист равона гардидааст. МАГАТЭ бошад, ба истеҳсолу истифодаи оқилона ва паҳн нагардидани нерӯи ҳастаӣ назорат мебарад.

Масъалаҳои экологии ҷаҳон хеле зиёданд, аз он ҷумла ифлосшавии муҳити зист аз партовҳои истеҳсолӣ (ба он партовҳои ҳастаӣ низ дохил аст), хатари истифодаи нерӯи ҳастаӣ дар истеҳсоли нерӯи барқ ва паҳншавии истеҳсоли аслиҳаи ҳастаӣ, проблемаи оби тоза, гармшавии иқлими Кураи Замин, рӯй ба нестшавӣ ва ё камшавӣ овардани баъзе намудҳои набототу ҳайвонот, ифлосшавии ҳаво дар шаҳрҳо, афзудани техника ва технологияи аз ҷиҳати экологӣ зарарнок ва ғайра.

Хатари ифлосшавии муҳити зистро пеш аз ҳама мардуми қитъаи Аврупо ҳис карданд, чунки дар чанд асри охир маҳз дар ҳамин минтақа саноат босуръат тараққӣ кард ва партовҳои он муҳити зистро хатарнок гардонданд. Ин аст, ки мардум ба ҳаракати экологӣ, ки “сабзҳо” ном дорад, рӯй оварданд. “Сабзҳо” дар як қатор давлатҳои Аврупо ба нерӯи пурзури ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд. Онҳо ҳатто ҳизбҳои сиёсӣ ташкил намудаанд. Чунин ҳизбҳо дар Олмони Федеролӣ, Австрия, Недерландия, Белгия, Дания ва баъзе давлатҳои дигар фаъолият доранд. Ин ҳизбҳо дар байни интихобкунандагон ҷонибдорони зиёд доранд. Дар баъзе давлатҳо дар парлумон фраксияи худро дошта, дар сатҳи мақомоти қонунгузор барои тозагии муҳити зисти инсон мубориза мебаранд ва ба муваффақиятҳо низ ноил мегарданд.

Таи чанд даҳсола аст, ки ҳаракати пурзӯри экологии умумиҷаҳонии “Гринпис” фаъолият мекунад. Он дар ихтиёри худ киштӣ ва таҷҳизоти зарурии санҷиши ҳолати экологӣ дорад. Ин ҳаракат акваторияи баҳру уқёнусҳо ва қисмати континенталии Заминро зери назорати худ гирифтааст. Чанд сол қабл аз ин Русия дар уқёнуси Ором партовҳои ҳастаии худро партофт. Фаронса бошад, дар галаҷазираҳои уқёнуси Ором гулулаҳои ҳастаиро санҷид. Бо шарофати фаъолияти “Гринпис” оламиён аз ин ҳодисаи нохуши экологӣ хабардор шуданд. Ба “Гринпис” муяссар шуд, ки пеши роҳи заҳролудшавии минбаъдаи акваторияи уқёнуси Ором ва давом додани санҷиши гулулаҳои ҳастаиро дар ин минтақаи обии ҷаҳон бигирад. Ҳаракати “Гринпис” дар ҷаҳон тарафдорон ва хайрхоҳони зиёд дорад. Онҳо созмони мазкурро ҳарҷониба дастгирӣ менамоянд.

Муҳити зист ва табиатро намудҳои гуногуни истеҳсолот ифлос мекунанд. Нерӯи ҳастаӣ ва аслиҳаи ҳастаӣ аз ҷумлаи онҳост. Дар даҳсолаҳои охири қарни ХХ ва оғози қарни ХХ1 нерӯи ҳастаӣ ба яке аз соҳаҳои барои инсон хавфноктарин табдил ёфтааст. Фоҷиаи Чернобил, оқибатҳои санҷиши аслиҳаи ҳастаӣ дар санҷишгоҳҳои Семипалатинск, Замини Нав, Невада, ҷазираҳои уқёнуси Ором ва ғайра далелҳои қотеи чунин хулосаанд.

Бо мақсади ҳифзи инсон ва муҳити экологӣ аз нерӯи ҳастаӣ ва аслиҳаи ҳастаӣ мақомоти махсуси байналхалқӣ созмон дода шудааст ки он МАГАТЭ ном дошта, ба истеҳсол ва истифодаи бехатари нерӯи ҳастаӣ ва паҳн нагардидани аслиҳаи ҳастаӣ назорат мебарад. МАГАТЭ ин корро дар асоси қонуну қарордодҳои байналмилалӣ амалӣ мегардонад.

Таъмини инсон бо оби тоза яке аз проблемаҳои имрӯзаи ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи Генералии СММ пешниҳод намуд, ки солҳои 2003 - 2015 солҳои “Оби тоза” эълон карда шавад, ки онро аъзои ин созмони бонуфузтарини байналмилалӣ бо хушнудӣ пазируфтанд, Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон СММ солҳои 2005 – 2015 – ро “Амалиёти оби тоза” эълон кардааст.

Маълум аст ки феълан дар ҷаҳон зиёда аз 2 млрд нафар одамон аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Дар як қисми давлатҳои ҷаҳон мардум маҷбуранд оби аз ҷиҳати экологӣ ифлосро истеъмол кунанд. Ҳукуматҳои онҳо мардумро аз оби тоза таъмин карда наметавонанд.

Дар натиҷаи аз тарафи инсон вайрон карда шудани муҳити экологӣ баъзе намудҳои наботот ва ҳайвонот нест мешаванд ё шумораи онҳо торафт кам мегардад. Барои ҳамин муҳаққиқон ҳолати табиатро хуб омӯхта, хулосаю тавсияҳои худро ба ҳукуматҳои кишварҳои худ пешниҳод менамоянд. Дар баъзе давлатҳо барои аз нав барқарор кардани муҳити биологӣ чораҳои самаранок андешида мешаванд. Масалан, мамнуъгоҳҳои миллӣ ташкил менамоянд. Дар он ҷо дарахту растанӣ ва ҳайвоноти нодирро зиёд мекунанд. Чунин боғҳои миллӣ аз тарафи давлат муҳофизат карда мешаванд.

Барои зиёд кардани ҳайвоноти рӯ ба нестиоварда онҳоро ба рӯйхат мегиранд, ки онро “Китоби Сурх” меноманд. Аз ин китоб дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ фаҳмидан мумкин аст, ки ба кадом намуди ҳайвонот хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Чунин ҳайвонот дар шароити мамнӯъ дар боғҳои миллӣ парвариш ёфта, саршумори онҳо зиёд карда мешавад. Баъд як қисми онҳо ба муҳити табиӣ сар дода мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин “Китоби Сурх” мавҷуд аст.

Оё барои гирифтани пеши роҳи нестшавии наботот ҳам ягон чораҷӯӣ карда мешавад? Охир, натанҳо ҳайвонотро аз нестшавӣ наҷот додан лозим аст. Барои дар мамнӯъгоҳу боғҳои миллӣ парвариш кардани растаниҳои камёфту шифобахш низ баъзе тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Масалан, дар баъзе давлатҳо бонкҳои тухмии растаниҳо ташкил карда шудааст. Дар сурати камшавӣ ва ё нестшавии ин ё он растанӣ аз тухмии дар чунин бонк мавҷуда истифода бурда мешавад. Бо ҳамин роҳ дар табиат мувозинати наботот аз нав барқарор карда мешавад.

Яке аз мушкилоти умумиҷаҳонии экологӣ ин гармшавии иқлими Замин мебошад, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд ихроҷ гардидани гармӣ дар корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт ва ғайра ба вуҷуд меояд. Олимон ба хулоса омадаанд, ки ҳарорати кураи Замин 2 дараҷа афзудааст. Дар натиҷаи ин пиряхҳои садҳо сол боз мавҷудбуда об мешаванд. Дар Антарктида низ обшавии пиряхҳои чандинҳазорсола ба назар мерасад. Гармшавии Замин ба қабати атмосфераи он низ таъсири манфӣ расонидааст. Дар якчанд ҷои қабати атмосфераи ин қитъаи яхин қабати озон сӯрох шудааст, ки ин ба мавҷудияти Замин хатарнок аст.

11 декабри соли 1997 дар Конференсияи байналмилалиии дар шаҳри Киотои Ҷопон баргузоршуда “Протоколи Киото оид ба Конвенсияи меъёрии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим” қабул карда шуд, ки он ба баҳру уқёнусҳо партофтани партовҳои заҳролуди ҳастаиро маҳдуд месозад. Ин қарордод дар ҷаҳон ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд. Давлатҳои зиёди ҷаҳон ба ин қарордод пайвастаанд. Вале баъзе давлатҳо аз пайвастан ба он рӯй метобанд, ки дар байни онҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам ҳаст.

Маълум аст, ки ба баҳру уқёнусҳо партофтани чунин партовҳо ба экологияи кураи Замин, инсон ва набототу ҳайвонот зарари калон мерасонад.

Олимон кайҳост, ки рӯйхати моддаҳои кимиёвии дар истифодаи соҳаи кишоварзибудаи ба саломатии инсон зарароварро мураттаб кардаанд, Аз ҷумла, истифодаи чунин моддаҳоро дар мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон хатарнок мешуморанд. Ин андеша дар конвенсияю қарордодҳои марбутаи байналмилалӣ ба нишондодҳои меъёрию ҳуқуқӣ табдил дода шудаанд. Сарфи назар аз ин, дар баъзе давлатҳо хилофи қонунҳои байналмилалӣ амал карда, саломатии инсонро ба зери хатар мегузоранд.

Дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мақомоти нозирии роҳҳо ва санитарию эпидемологӣ ҳолати экологии шаҳрҳою воситаҳои нақлиёт ва корхонаҳои истеҳсолӣ, муссисаю соҳаҳои хӯроквории гуногунро мувофиқи меъёрҳои муқарраркардашудаи санитарию эпидемиологӣ бо асбобҳои дақиқ месанҷанд. Дар бораи натиҷаҳои санҷиш аз тариқи воситаҳои ахбори умум мунтазам маълумот паҳн карда мешавад. Ба вайронкунандагони ифлосшавии муҳити зист ва ҳолати ғайрисанитарии корхонаю муассисаҳо ҷазоҳои маъмурӣ ба кор мебаранд. Дар мавридҳои алоҳида оид ба вайронкунии қонуну қоидаҳои муқарраршуда парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда мешаванд.

Чӣ тавре ки аз таҳлили масъалаҳои умумиҷаҳонии экологӣ ва ҳуқуқи инсон бармеояд, мушкилоти экологӣ ва таъмини ҳуқуқи инсон ба муҳити тозаи экологӣ хеле зиёданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати онҳо бетараф нест. Дар ин кори муҳим ҳар давлат ва ҳар инсон саҳми сазовор гузошта метавонад.

1. Экологияро ҳамчун проблемаи умумиҷаҳонӣ шарҳ диҳед.

2. Моҳияти фаъолияти “Гринпис” ва “Сабзҳо”- ро баён кунед.

3. Кадом сабабу манбаъҳои ифлосшавии муҳити зисти инсонро медонед?

Расми 3

3. ҲОЛАТИ ЭКОЛОГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тоҷикистон давлати кӯҳсор, хушбоду ҳаво буда, шароити хуби экологӣ дорад. Алҳол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари экологӣ таҳдид намекунад. Сарфи назар аз ин, дар ин ҷо низ кам бошад ҳам, мушкилоти экологӣ вуҷуд дорад.

Дар Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ ҳангоми сохтани иншоотҳои бузурги саноатӣ ва объектҳои дигар масъалаи ҳифзи муҳити зист қариб тамоман ба назари эътибор гирифта намешуд. Масалан, дар канори шимолии шаҳри Душанбе корхонаи азими семент сохта шуд, ки аз он ҳар рӯз ба сари мардуми пойтахт ва сокинони атрофи он ба миқдори зиёд чанги семент мерезад. Ин корхона ба муҳити биологӣ ва мардуми минтақа то як дараҷа зарар мерасонад. Лекин мисоли мусбат ҳам ҳаст. Кормандони комбинати маъдани Такоб, воқеъ дар километри 45 шимолтари шаҳри Душанбе оби партови истифодашударо тавассути низоми махсуси обтозакунӣ безарар гардонда, онро баъд ба дарёи Варзоб сар медиҳанд. Бо ин роҳ оби ифлосшуда дар амал ба ҳолати аввалаи табиии он баргардонида мешавад.

Дар қисмати наздисарҳадии водии Вахш “Бешаи Палангон” ном мавзее ҳаст, ки он як вақтҳо мамнӯъгоҳи миллии ҶШС Тоҷикистон эълон карда шуда буд. Дар вақташ дар он ҷо ҳайвоноти гуногун, аз ҷумла палангҳо, мурғҳои даштӣ ва ғайра дар шароити табиӣ сукунат доштанд. Вале дар зарфи 30-40 соли охир биосфераи ин беша чунон вайрон карда шуд, ки аз “Бешаи Палангон” танҳо номаш боқӣ мондаасту халос, палангону мурғҳои даштӣ ва ҳайвоноти дигар пурра нест шуданд, зеро муҳити мусоиди зиндагии онҳо аз байн рафт.

Ҳукумат ва аҳли ҷомеаи кишвар барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист тадбирҳои самаранокро амалӣ менамоянд. Ҳар сол дар шаҳру деҳот садҳо ҳазор ниҳолу қаламчаи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ мешинонанд. Дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру шаҳракҳо ва нуқтаҳои дигари аҳолинишин инчунин бисёриҳо дар ҳавлиҳои худ гулгаштҳо бунёд мекунанд. Кормандони корхонаю муассисаҳо ба ҳашари умумихалқӣ баромада, атрофи корхона ва ҷойҳои кории худро аз хасу хошок ва ифлосиву партовҳо тоза мекунанд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист шароит муҳайё месозанд.

Дар шаҳри Душанбе қисми нақлиёти мусофиркашонӣ ба истифодаи газ гузаштааст, ки ин дуди ғализро кам кардааст. Вале ронандагони зиёд, ки аз сӯзишвории моеъи нафтӣ истифода мебаранд ва сифати онҳо на онқадар баланд аст, ҳавои шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои дигари кишварро ифлос мегардонанд. Аз сабаби носоз будани қисме аз воситаҳои нақлиёт аз он дуди зиёд ихроҷ гардида, ҳаво ва муҳити зистро ифлос мегардонад. Барои исботи ин гуфтаҳо агар ба теппаҳои шарқии шаҳр ва ё ба кӯҳҳои атрофи водии Ҳисор бароед, қабати ғафси дуди ғализи болои шаҳри Душанберо бараъло мушоҳида карда метавонед.

Вазифаи мо – шаҳрвандон ва ҳар як сокини Тоҷикистон аз он иборат аст, ки маҳали зисти худ ва тамоми кишварро дар ҳолати тозаи экологӣ нигоҳ дорем. Ба ҳамин восита ҳуқуқи худ ва ҳуқуқи дигаронро ба муҳити тозаи экологӣ таъмин карда метавонем.

Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат аз тариқи мақомоти ваколатдори ҳифзи табиат, назорати санитарӣ, назорат аз болои корҳо дар саноат ва кӯҳ ба амал бароварда мешавад, ки он дар замони шӯравӣ бо забони рӯсӣ “Госгортехнадзор” ном дошт. Барои назорати тахассусии санитарию табиии тамоми объектҳо, корхонаю муассисаҳо дар сохтори Вазорати тансиҳатии Тоҷикистон Стансияи ҷумҳуриявии санитарию эпидемиологӣ мавҷуд аст, ки он дар маҳалҳо мақомоти худро дошта, дар ҳифзи ҳуқуқи экологии шаҳвандон нақши муассир дорад. Дар сохтори Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти ҳаёт, ки он барои ҳифзи табиати Тоҷикистон махсус гардонда шудааст. Дар ҳифзи ҳолати экологии Тоҷикистон Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми калон мегузорад.

1. Тавассути далелҳои нав ҳолати экологии Тоҷикистонро муайян созед.

2. Дар бораи ҳолати экологии маҳали зисти худ маълумотдиҳед

3. Оё шумо шахсан барои муҳити экологии тоза саҳмгузорҳастед?

4. ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҲУҚУҚИ ЭКОЛОГӢ. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи экология ва ҳифзи муҳити зист мавқеи калонро ишғол менамояд. Он дар моддаи 44 Қонуни асосӣ бо ҳамроҳии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва моддаи 38 дар доираи ҳуқуқи шахс ба ҳифзи саломатӣ инъикос гардидааст.

Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад... Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии тарбияи ҷисмонӣ ва туризм тадбирҳо меандешад...

(Моддаи 38. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Тӯли солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист силсилаи асноди меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда ва ё дар асноди қонунгузории гуногун оид ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар баробари дигар меъёрҳо меъёрҳои экологию санитарӣ инъикос гардонда шудаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо”(соли 2003), “Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот” (соли 2004), “Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” (соли 2002), “Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ”(соли 2002), “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” (соли 1997), “Дар бораи экспертизаи экологӣ” (соли 2003), “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” (соли 1999 ва дохил намудани тағйирорту иловаҳо ба он дар соли 2003), “Дар бораи назорати санитарии давлатӣ” (соли 1994 ва дохил намудани тағйироту иловаҳо ба он дар соли 2002), “Дар бораи бехатарии радиатсионӣ” (соли 2003), “Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ” (соли 2003), “Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ” (соли 2002) аз ҳамин ҷумлаанд.

Вале Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат”, ки онро Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 декабри соли 1993 қабул кардааст ва онро дар маҷмӯъ нишондодҳои экологӣ аз қонунҳои дигар таҳким бахшидаанд, пурра ба масъалаи ҳуқуқи экологӣ бахшида шудааст. Он аз 15 боб иборат буда, масъалаҳои ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити мусоидy солими табиӣ механизми иқтисодии ҳифзи муҳити абиии атроф, меъёрӣ гардонии сифати муҳити атрофи табиӣ, талаботи экологӣ дар мавриди ба ҷойгиркунонӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, такмили таҷҳизот, ба истифода додани корхонаҳо, иншоотҳо ва объектҳои дигар, талаботи экологӣ дар мавриди истифодаи корхонаҳо, иншоотҳо, объектҳои дигар ва иҷрои фаъолияти мухталиф, ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ, экологияи минтақаҳои табиӣ ва объектҳои махсусан ҳимояшаванда, назорат аз болои ҳимояи муҳити табиии атроф, иштироки аҳолӣ дар ҳимояи муҳити табиии атроф, тарбия, таҳсилот ва тадқиқот оид ба экология, ҷавобгарӣ барои қонуншикании экологӣ, ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи қонуншиканӣ оид ба ҳифзи табиат ба миён омадааст ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити табиии атрофро дар бар гирифтааст.

Дар дебочаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат” қайд карда шудааст: “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифода ва афзунгардонии оқилонаи захираҳои он, солимгардонии муҳити табиии атроф вазифаи умумидавлатӣ, кори тамоми халқ, қарзи маънавии ҳар як шаҳрванд мебошад”. Барои ҳамин тамоми фаъолияти давлат, мақомоти иҷроия, қонунгузорӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба иҷрои самарабахши қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи табиат равона карда шудааст.

Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз танзими муносибатҳо бо мақсади нигоҳ доштани боигарӣ ва муҳити табиии зисти инсон дар соҳаи ҳамоҳанг сохтани ҷомеа ва табиат, истифода ва афзунгардонии оқилонаи захираҳои табиат, пешгирӣ кардани таъсири хоҷагӣ ва фаъолияти дигари аз ҷиҳати экологӣ зарарнок, солимгардонӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба сифати муҳити табиии атроф, таҳкими қонуният ва тартиботи қонунӣ дар соҳаи номбурдаи муносибатҳо ба манфиати наслҳои имрӯза ва ояндаи инсон иборат аст.

(Моддаи 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат”).

Объектҳои ҳифзи муҳити табиии зист инҳоанд;

  • биосфера, низоми табиии экологӣ ва ҷузъҳои таркибии онҳо;
  • иқлим, қабати озонии Замин;
  • Замин, сарватҳои он, обҳои зери Замин ва болои он, ҳавои атмосфера, олами ҳайвонот;
  • ҷангалу чарогоҳҳо ва ҳама гуна наботот, сатҳи замину кӯҳсор, ки хосатан кам вомехӯранд (моддаи 5).

Тибқи моддаи 66 қонун “Дар бораи ҳифзи табиат” ашхоси амалдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити атроф аз рӯи ваколатҳояшон мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқ доранд ки:

  • аз корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти онҳо, дидан карда ва бо ҳуҷҷатҳо, таҳлилу хулосаҳо, бо маводи дигаре низ шинос шаванд, ки ба ваколатҳои бевоситаи хизматии ин ашхос дахл доранд;
  • кори иншоотҳои тозакунӣ, дастгоҳу васоити безараргардонии дигар, тадбирҳои назорати онҳо, риояи меъёрҳои сифатии муҳити табиии атроф, қонунгузорӣ оид ба ҳифзи табиат, иҷрои нақшаю чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиатро бисанҷанд;
  • бартараф кардани камбудиҳои ошкоркардашударо талаб намоянд, дар доираи ҳуқуқҳои ба онҳо додашуда оид ба ҷобаҷокунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, ба кордарорӣ, навкунӣ ва истифодаи объектҳо хулосаю таклифҳои ҳатмӣ пешниҳод кунанд;
  • ашхоси гунаҳгорро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, маводи ҷамъовардаро барои даъво баҳри ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ фиристонанд ё ки ба суд ва ё суди иқтисодӣ дар бораи ҷуброни зарар ба муҳити табиӣ ва саломатии инсон дар натиҷаи шикастани қонунгузории ҳифзи табиат пешниҳод намоянд;

Тибқи моддаи 71 қонуни мазкур оид ба иштироки шахс дар ҳифзи табиат, бо меҳнати худ ҳимоя ва афзун гардондани боигариҳои табиат, ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон чунин муқаррар карда шудаанд:

  • таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баҳри ҳифзи табиат, хазинаҳо ва иттиҳодияҳои дигари ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити табиии атроф, аъзои чунин ташкилоту хазинаҳо будан;
  • иштирок дар баррасии лоиҳаҳои асноди қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар, ки ба райъпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд, оид ба масъалаҳои муҳити табиии атроф бо нома, шикоят ва ариза муроҷиат намудан;
  • аз мақомоти марбута талаб кардани пешниҳоди ахбори саривақтӣ, пурра ва боварибахш дар бораи ҳолати муҳити табиии атроф ва тадбирҳо оид ба ҳифзи он;
  • дар бораи бекор кардани қарор оид ба додани ҷой, лоиҳакашӣ, сохтмон, навсозӣ ва ба корбарии объектҳои аз ҷиҳати экологӣ зарарнок, маҳдудкунӣ, боздорӣ, қатъкунии фаъолияти корхона ва объектҳои дигар, сарфи назар аз шакл ва тобеияти онҳо, ки ба муҳити табиии атроф ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд, таклифҳо пешниҳод намудан;
  • аз болои корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон пешниҳод кардани даъво дар бораи ҷуброни зараре, ки ба саломатӣ ва амволи онҳо дар натиҷаи таъсири манфӣ ба муҳити табиии атроф расонида шудааст;

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки табиатро солим нигоҳ доранд, боигарии онро муҳофизат кунанд ва талаботи қонунгузориро дар бораи ҳифзи табиат риоя намоянд.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: экология, эко, низоми табиии экологӣ, экспертизаи экологӣ, ҳолати экологӣ, бехатарии экологӣ, бехатарии истеъмолӣ, меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, биосфера, атмосфера, “Гринпис”, “Сабзҳо”, пеститсидҳо, агрокимиёҳо, Госгортехнадзори Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабати озонии Замин, захираҳои об, наботот, ҳайвонот, Протоколи Киото

Савол ва супоришҳо:

1. Дар бораи таърихи пайдоиши илми экология чиҳо медонед?

2. Ба андешаи шумо чаро имрӯз ба масъалаи экология диққатикалон дода мешавад?

3. Мақсадҳои асосии ҳаракати “Гринпис” ва “Сабз”- ҳоро аз тариқиамалиёти онҳо баён кунед.

4. Кадом омилҳои ифлосшавии муҳити зистро медонед? Дар маҳализисти шумо чӣ?

5. Амалиёти “Оби тоза” аз ҷониби кадом давлати ҷаҳон пешниҳодгардидааст ва аҳамияти он аз чӣ иборат аст?

6. Кадом санадҳои қонунгузории Тоҷикистон оид ба масъалаиэкологияро номбар карда метавонед?

7. Аз тариқи баҳс бо ҳамдарсон роҳҳои бехатарии экологии муҳитизистатонро ҷустуҷӯ ва пешниҳод кунед.

Реклама