1. КАФОЛАТИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ ЗАНОН ВА МАРДОН. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон занон ва мардон аз ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию шахсӣ бархӯрдоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон табъиз нисбати занонро дар ҳамаи шаклҳои он маҳкум карда, ба пиёда намудани сиёсати барҳамзании табъиз нисбати занон муосидат менамояд.
Таъмини рушди ҳаматарафаи занон дар соҳаи сиёсиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Ҳамин тавр, моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон медорад, ки “Ҳама дар назди қонун баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”. Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои занонро баробари ҳуқуқу озодиҳои мардон кафолат медиҳад ва ҳимоя мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, бо боварии комил метавон гуфт, ки дар он меъёре вуҷуд надорад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои занонро бевосита ва ё бавосита маҳдуд кунад, яъне, он меъёрҳое, ки ҳуқуқҳои занонро поймол мекарда бошанд.
Масъалаҳои баробарии занон дар ҷомеаро ҚонунҳоиҶумҳурии
Тоҷикистон, ба монанди Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини шаҳрвандон аз нафақа”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноию мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гражданию мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекс дар бораи қонуншикании маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди дигари қонунгузорӣ кафолат медиҳанд.
Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки Тоҷикистон аз давлатҳои собиқ шӯравӣ аввалин давлатест, ки конвенсияҳои байналмилалии “Дар бораи барҳам задани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон”, “Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон”, “Дар бораи ҳуқуқи кӯдак”-ро тасдиқ намудааст.
2. ИШТИРОКИ ЗАНОН ДАР ҲАЁТИ ҶОМЕА. Дар таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷомеа ва идораи давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 “Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии занон ва мардон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо” аз 1 марти соли 2005 ба аҳамияти калон моликанд.
Мақсади фармони мазкур таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷомеа ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва солимгардонии генофонди миллӣ, фаъол гардондани нақши занон дар таҳкими асосҳои ахлоқӣ, ваҳдат ва ягонагӣ мебошад.
Аз тарафи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардон ва занон ба вазифаҳои интихобӣ, интихоб кардан ва интихоб шудан кафолат дода мешавад. Дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2005 баргузоргардида ба ҳарду маҷлиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 зан интихоб гардид.
Расми 13
Намояндагии занон дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ беш аз ду баробар афзуд. Дар маҷлисҳои вилоятии вакилони халқ занон 11,6 %, дар Маҷлиси вакилони халқи ш. Душанбе бошад, 31,4 %-ро ташкил мекунанд.
Агар то соли 1999 роҳбарони ду вазорат занон бошанд, пас то моҳи июни соли 2007 як нафар зан вазир ва як нафар зан Раиси Кумита мебошад.
Дар байни судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон занҳо 20 %-ро ташкил медиҳанд. Таносуби занон-судяҳо дар Суди Олӣ ба 21 % расидааст, дар Суди Олии Иқтисодӣ бошад, - 36 %. Аз 77 раисони судҳо 6 нафарашонро (8 %) занон ташкил мекунанд.
Мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Дар асоси маълумоти мавҷуда, ки ба рӯйхати хизматчиёни давлатӣ дохил карда шудаанд, шумораи занон 3767 нафарро ташкил медиҳанд, ё худ 24 % аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ (дар муқоиса ба соли 2005 – 3612 нафар). Аз шумораи умумии занон дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ 2152 нафар (57,2 %) кор мекунанд, дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бошад, - 1615 нафар (43, 8 %).
Занон нерӯи устувор ва серҳаракати ҷомеа мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиеро пеш гирифтааст, ки он ҳуқуқ ва имкониятҳои занон ва мардонро таъмин менамояд. Принсипҳои асосии ин сиёсат чунин аст:
Имкониятҳои баробари иштирок дар ҷараёни қабули қарорҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ;
Дастрасии баробари мардон ва занон ба ҳамаи намудҳои фаъолияти ҷамъиятӣ;
Музди меҳнати баробар ва дастрас будани корҳое, ки музди меҳнати баланд доранд;
Баробарӣ дар ҳаёти оилавӣ.
Барои боз ҳам самараноктар татбиқ намудани сиёсати давлатӣ зарур аст, ки чунин усулҳо мавриди истифода қарор дода шаванд: таҳлили гендерӣ ва натиҷаҳои тадқиқоти гендерӣ. Таҳлили гендерӣ сатҳи фарқиятро дар фаъолият, вазифаҳо ва имкониятҳои мардон ва занон дар соҳаҳои муайян ошкор намуда, имкониятҳои гуногуни мардон ва занонро дар истифодаи захираҳо ва даромадҳо меомӯзад.
3. МУВОЗИНАТИ ГЕНДЕРӢ. Таҳлили гендерӣ сатҳи баробарии (баланси) гендериро муайян месозад. Мувозинати гендерӣ гуфта, бояд ҳолати корҳоеро фаҳмид, ки дар он вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии занон ва мардон баробар мешавад. Баробарии гендерӣ ба чунин нишондиҳандаҳои асосӣ такя мекунад:
Масъалаи гендерӣ аз ҷузъиёти зерин иборат аст: баробарҳуқуқӣ; баробарии имкониятҳо, баробарии масъулият, баробарии муносибатҳои рафиқона дар байни мардон ва занон.
Асоси таҳлили гендерӣ оморӣ гендерӣ мебошад, ки он имконият медиҳад сиёсати гендерӣ ташаккул дода шавад. Нишондиҳандаҳои омори гендерӣ ҳолати занонро нисбат ба мардон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа инъикос мекунад.
Феълан қолабҳои зиёди барои тасаввуроти мо муқаррарӣ бо мушкилоти зиёд аз нав баррасӣ мешаванд, инчунин ҷараёни даст кашидан аз меъёрҳо ва анъанаҳое, ки дар муддати тулонӣ арзи вуҷуд доштанд, низ суст сурат мегиранд, ки ин ҷараёнёбии баробарҳуқуқии мардон ва занонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бозмедорад. Муваффақшавии баробарҳуқуқии воқеии мардон ва занон ҷараёнест дуру дароз ва хеле мушкил. Дар ин роҳ зарур аст меъёрҳои ҷамъиятие тағйир дода шаванд, ки вазифа ва мақоми занон ва мардонро дар ҷомеа муайян менамоянд. Барои ба даст овардани натиҷаи боз ҳам самараноктар одамонро аз ҳамаи табақаҳо ва муассисаҳои дигар ҷалб намудан лозим аст. Дар ин маврид дар баробари муассисаҳои давлатӣ ва нерӯи гражданӣ имкониятҳои созмонҳои ғайриҳукуматӣ мақоми хоса доранд.
Ҷалб намудани илм ба таҳияи сиёсати гендерӣ имконият фароҳам меоварад, ки пажӯҳиши гендерӣ дастгирӣ карда шавад, инчунин барои ташхиси гендерӣ асоси методологӣ таҳия карда шавад. Принсипи асосии методологияи гендерӣ бояд таъмини баробарҳуқуқӣ ва имконияти баробар барои шаҳрвандони ҳарду ҷинс бошад.
4. ИНЪИКОСИ БАРОБАРИИ ҲАМСАРОН ДАР АСНОДИ ҲУҚУҚӢ. Дар моддаи 32 Кодекси оила принсипи баробарии ҳамсарон дар оила таҳким ёфтааст, ки он дар навбати худ ба моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарии ҳуқуқ ва озодиҳои занон ва мардон такя мекунад. Ин баробарӣ муносибатҳои оилавиро низ дар бар мегирад, ки мард ва зан дар оила ҳуқуқҳои баробар доранд. Баробарии ҳамсарон дар оила дар назар дорад:
Мазмуни моддаи 32-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳияти принсипи баробарии ҳамсаронро дар оила мекушояд, пурра ҷавобгӯи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 16-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаҳои 12, 13, 15, 16-и Конвенсия дар бораи барҳам задани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон аз 18 декабри соли 1979, инчунин Эъломияи Пекин ва Платформаи амали Конференсияи умумиҷаҳонӣ доир ба мақоми занон (соли 1995) мебошад, тамоили умумиро оиди ба низом даровардани қонунгузории оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи асноди байналмилалии ҳуқуқӣ тасдиқ менамояд.
Ҳуқуқи ҳамсарон ба тасмими якҷоя оид ба масъалаҳои ҳаёти оила аз рӯи мазмуни худ ниҳоят васеъ аст ва он дар амал ҳамаи тарафҳои ҳаёти оиларо дар бар мегирад: масъалаҳои модарӣ, падарӣ, тарбия, таълими кӯдакон, аз он ҷумла ғамхорӣ дар ҳақи онҳо, муайян намудани ҷойи таҳсил ва истиқомат, тақсимоти буҷети оила, харидорӣ, муайян намудани вақт ва ҷои фароғат ва ғайра ҳуқуқ ва вазифаҳои баробари волидон мебошанд.
Мутобиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсар вазифадор аст, ки дар татбиқи ҳуқуқҳои молумулкии шахсӣ ба ҳамсари худ монеа эҷод накунад. Ғайр аз ин, ба вазифаҳои ҳамсарон, дар асоси эҳтиром ва ҳусни тафоҳуми якдигар ба роҳ мондани муносибатҳо дар оила, мусоидат ба некӯаҳволӣ ва таҳкими оила, ғамхорӣ дар бораи таъминот ва рушди аъзои оила низ дохил мебошанд. Қоидаи мазкур моҳияти эъломиявӣ дорад; дар он вазифаҳои ахлоқии марду зан дар назди ҳамдигар ва дар оила номбар шудаанд.
Қонун баробарии ҳуқуқ ва вазифаҳои марду занро дар оила дар назар дошта, афзалияти ягон нафари онҳоро дар ҳалли ҳаргуна масъала муқаррар намекунад. Аз ҷониби ҳамсарон оқилона истифода бурдани ҳуқуқҳои шахсии аз тарафи қонун додашуда бо иҷрои ҳамзамони вазифаҳо ба таҳкими оила ва ҳусни тафоҳуми аъзои он
мусоидат мекунад. Масъулият барои аз ҷониби ҳамсарон иҷро накардани вазифаҳои дорои моҳияти ғайримоликиятиро қонунгузорӣ дар назар надоштааст.
Принсипи баробарии мардон ва занон дар оила, ки ба онҳо ҳуқуқ ва вазифаҳо додааст, на танҳо барои мамлакати мо хос аст. Асноди асосии ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон шарҳ медиҳанд, ки давлат бояд барои таъмини ҳуқуқу вазифаҳои ҳамсарон нисбати даромадан ба ақди никоҳ, дар мавриди дар ақди никоҳ будан ва онро шикастан тадбирҳо андешад. Аз ин рӯ, баробарии ҳуқуқи ҳамсарон на танҳо дар қонунгузории миллӣ, балки дар қонунгузории аксарияти давлатҳои хориҷӣ низ, аз он ҷумла дар конститутсияҳои онҳо таҳким ёфтааст. Агар дар конститутсияҳои чунин давлатҳо ба монанди Маҷористон, Шветсия, Туркманистон ва давлатҳои дигар танҳо баробарии принсипиалии мард ва зан дар маҷмӯъ муқаррар карда шуда бошад, пас дар конститутсияҳои давлатҳои дигар, ба монанди Италия, Ҷопон, Португалия ва ғайра меъёрҳои асноди байналмилалии ҳуқуқ дар бораи баробарӣ ва вазифаҳои ҳамсарон дар оила дақиқ амалӣ карда мешавад. Масалан, дар конститутсияи Италия ҳуқуқ ва вазифаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии ҳамсарон дар доирае, ки қонун барои таъмини ягонагии оила зарур аст, муқаррар кардааст. Дар Конститутсияи Ҷопон муқаррар карда шудааст, ки никоҳ дар сурати ҳамкории байниҳамдигарӣ арзи вуҷуд дорад, ки асоси онро баробарҳуқуқии мард ва зан ташкил медиҳад. Тибқи Конститутсияи Португалия баробарҳуқуқӣ ва вазифаҳои ҳамсарон дар никоҳ аз назари шаҳрвандӣ ва сиёсӣ қобили амал будан, мазмуни таълим ва тарбияи фарзандонро дар бар мегирад.
Ҳамин тариқ, сиёсати давлатӣ доир ба таъмини баробарҳуқуқӣ ва имконияти баробар доштани мардон ва занон бояд ба ин самтҳо равона карда шуда бошад:
Дар сурати татбиқи самараноки ин сиёсат, бартараф кардани монеаҳои зиёд, ки мақоми занонро инъикос менамоянд, пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо имконпазир аст. Нерӯи занон, ки ҷомеа дар ихтиёр дорад, барои наслҳои оянда ниҳоят муфид хоҳад буд.
Сиёсати гендерӣ ё сиёсати баробарҳуқуқӣ ва имконияти баробар танҳо масъалаи занон нест, он масъалаи тамоми ҷомеа, шарти рушди бебозгашти он мебошад. Барои амалӣ намудани сиёсати гендерӣ ба ин кор ҷалб намудани мардон, иштироки ҳатмии онҳо дар ҳамаи он барномаҳое зарур аст, ки ба ҳуқуқи занон алоқаманд мебошанд.
Баробарии мардон ва занон ва эҳтироми байниҳамдигарии онҳо дар оила ва ҷомеа кафили оилаи хушбахт ва ҷомеаи рӯ ба рушду таҳаввулот мебошад.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: баробарҳуқуқии занон ва мардон, кафолати баробарҳуқуқии занон ва мардон, имкониятҳои баробари зан ва мард, генофонди миллӣ, масъалаи гендерӣ, баробарҳуқуқии зану шавҳар, сиёсати давлатӣ нисбати занон.
Савол ва супоришҳо:
1. Дар бораи кафолати давлатии баробарҳуқуқии занон бо мардон далелҳо биёред.
2. Дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораиҳуқуқи занон чиҳо гуфта шудааст?
3. Бо далелҳо нақши занро дар ҷомеаи Тоҷикистон муайян созед.
4. Мувозинати гендерӣ чиро дар назар дорад?
5. Асноди ҳуқуқии Тоҷикистонро мисол биёред, ки масъалаи ҳуқуқ ваимкониятҳои занонро инъикос мекунанд.
6. Принсипи баробарии марду зан дар оила дар кадом далелҳо ифодамеёбад?
Реклама