1. ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТ (ТБМ). Ташкилоти байналмилалии меҳнат таърихи беш аз 85 - сола дорад. Он дар баробари таъсиси Лигаи Миллатҳо соли 1919 дар асоси қарордоди сулҳи Версал таъсис дода шудааст. Сабаби таъсиси ТБМ он аст, ки баъди анҷоми Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар як қатор мамолики ҷаҳон ислоҳоти иҷтимоӣ оғоз карда шуд ва ташвиши иштирокчиёни Конфронси байналмилалии Париж зимни ислоҳоти мазкур ин буд, ки он дар бисёр давлатҳо бар зарари аҳли меҳнат сурат нагирад. Таъкид карда шуд, ки ҳаргуна ислоҳоти иҷтимоӣ бояд дар сатҳи талаботи байналмилалӣ ба амал бароварда шавад. Баъд аз барҳам хӯрдани Лигаи Миллатҳо ва афзудани хатари ҷанги нави ҷаҳонӣ фаъолияти ТБМ рӯ ба таназзул ниҳод. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бошад, фаъолияти ин ташкилоти байналмилалӣ қатъ гардид. Пас аз ба анҷом расидани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фаъолияти ТБМ аз нав ҷоннок шуда, дар солҳои минбаъда дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид ба яке созмонҳои бонуфузтарини ҷаҳон баҳри ҳифзи меҳнат мубаддал гардид.
Конфронси якуми Ташкилоти байналмилалии меҳнат моҳҳои октябр – ноябри соли 1919 дар шаҳри Вашингтон баргузор гардидааст. Дар ин конфронс шаш конвенсия ва шаш тавсия қабул карда шуд, аз он ҷумла Конвенсия дар бораи дарозии рӯзи корӣ.
Баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Эъломияи Филаделфия (ИМА) мақсадҳо ва принсипҳои ТБМ тасдиқ ва васеъ карда шуданд. Дар ин эъломия дар назар дошта мешуд, ки баъд аз ҷанг ба даст овардани истиқлоияти миллӣ дар ҷаҳон суръат касб мекунад ва бо мамолики рӯ ба тараққӣ ҳамкории техникии васеъ тавлид хоҳад ёфт. Дар чунин шароит зарурати ҳимояи ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳамаи он чи ки ба меҳнат алоқаманд аст, амри воқеӣ мегардад. Фаъолияти пурсамари ТБМ ба тавлид ва фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид зич алоқаманд аст. Соли 1946 ТБМ дар низоми СММ навтаъсис муассисаи аввалини махсусгардонидашуда гардид. Ва аз он вақт сар карда то имрӯз ин ташкилот муттасил вазифаҳои худро дар сатҳи зарурии байналмилалӣ иҷро карда меояд. Ин аст, ки ТБМ соли 1969 ба муносибати 50-солагии ҷашни худ ба ҷоизаи Нобелӣ барои сулҳ мушарраф гардонида шуд. Ташкилоти байналмилалии меҳнат 175 давлати аъзо дорад.
1. Аз рӯи кадом зарурат Ташкилоти байналмилалии меҳнат таъсис дода шуд?
2. Эъломияи Филаделфия барои фаъолияти ТБМ чӣ аҳамиятдорад?
2. УСУЛИ ФАЪОЛИЯТИ ТБМ. ТБМ дар СММ сохтори беҳамтои сетарафа дорад, ки дар ҳайати он намояндагони корфармо ва меҳнаткашон –-“ҳамкорони иҷтимоӣ” дар коркарди тадбирҳо ва барномаҳои иқтисод бо намояндагони ҳукуматҳо овози баробар доранд. Ғайр аз ин ТБМ дар байни давлатҳои аъзо сохтори сетарафаро бо роҳи мусоидат ба “муколамаи иҷтимоӣ” дар байни иттифоқҳои касаба ва корфармоён баҳри коркарди сиёсати миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳавасманд мегардонад.
Меъёрҳои байналмилалии ақаллии меҳнат ва доираи васеъи тадбирҳои ТБМ дар конференсияҳои байналмилалии меҳнат қабул карда мешаванд, ки ҳар сол доир мегарданд. Дар ҳар ду сол Конференсия барномаи дусолаи фаъолият ва буҷаи ТБМ-ро қабул менамояд, ки он аз ҷониби давлатҳои аъзо маблағгузорӣ карда мешавад.
Конференсия инчунин форуми байналмилалие мебошад, ки дар он масъалаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳар як давлати аъзои ТБМ ҳуқуқ дорад ба Конференсия чаҳор вакил фиристонад - дунафарӣ аз ҳукумат ва якнафарӣ аз корфармо ва меҳнаткашон. Ин вакилон ҳақ доранд новобаста аз ҳамдигар фикр баён намоянд ва овоз диҳанд. Дар давраи байни иҷлосияҳои ҳарсолаи Конференсия ба фаъолияти ТБМ дар ҳайати 28 намоянда аз ҳукуматҳо, 14 намояндаи меҳнаткашон ва 14 намояндаи корфармоён Шӯрои маъмурӣ роҳбарӣ мекунад.
Котиботи ТБМ, қароргоҳ, маркази пажӯҳишӣ ва нашриёт дар Дафтари байналмилалии меҳнат - дар шаҳри Женева воқеъ гардидааст. Маъмурият ва роҳбарӣ аз тариқи дафтарҳои минтақавӣ, вилоятӣ ва соҳавӣ, ки дар зиёда аз 40 мамлакат мавҷуданд, иҷро мегардад.
Ба фаъолияти Шӯрои маъмурӣ ва Дафтар кумитаҳои сетарафа, ки соҳаҳои асосии саноатро дар бар мегиранд, роҳбарӣ менамоянд. Дар баробари ин онҳо аз тариқи кумитаҳои мушовирон, ба монанди тайёрии касбӣ, рушди идора, техникаи бехатарӣ ва ҳимояи меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ, таълими меҳнаткашон ва масъалаҳои махсусе, ки ба занон ва меҳнаткашони ҷавон дахл доранд, ба амал бароварда мешаванд.
Давлатҳои аъзои ТБМ барои омӯхтани масъалаҳое, ки сазовори таваҷҷӯҳи махсус мебошанд, ҳар сари чанд вақт дар минтақаҳои марбута маҷлисҳои машваратӣ доир магардонанд.
1. Таркиби идораи Ташкилоти байналмилалии меҳнатро баён созед.
2. Қароргоҳи ТБМ дар кадом шаҳр воқеъ гардидааст?
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ТБМ. Ташкилоти байналмилалии меҳнат чаҳор мақсади асосии стратегӣ дорад:
Ин мақсадҳо бо роҳҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:
Дар марҳалаҳои аввали фаъолияташ вазифаи асосии ТБМ аз “бунёди пули байни бойҳо ва камбағалон дар давлатҳои алоҳида” иборат буд. Дар Оинномаи он принсипи “трипартизм” баён гардида буд, ки он ба ташкили муколама бо мақсади дар байни ҳукуматҳо, корфармоён ва кормандон бартараф кардани низоъҳо ва беҳбудӣ бахшидан ба шароити меҳнат мусоидат менамуд. Дар зери пуштибонӣ ва роҳбарии ТБМ иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои корфармоён мавқеъҳои бомаром ва самаранок рӯи кор бароварда шуданд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ вазифаҳои ин ташкилот аз ҳудудҳои миллӣ берун баромада, ба бунёди робита ва муносибатҳо дар байни мамлакатҳои бой ва камбағал ворид гардид ва бо ҳамин ба ҳамкории байни онҳо дар соҳаҳое, ки ба тиҷорат ва муносибатҳои меҳнатӣ алоқаманданд, мусоидат намуд.
Бунёди Маркази тайёрии касбию техникӣ яке аз ташаббусҳои ТБМ мебошад, ки дар доираи маҳдуди маҳаллии ҳар як давлат ба амал бароварда мешавад. Ин ташаббус мамлакатҳои рӯ ба тараққиро мустаҳкам мекунад ва ба бунёди сохторҳои муассиса ва идора, ки ба давлатдорӣ ва бунёди сулҳ заруранд, мусоидат менамояд. Он муттасил ба қонунҳо дар соҳаи таъминоти иҷтимоии ҳар як давлати алоҳида таъсир расонида, бо ҳамин ба қонунҳои байналмилалӣ саҳми пурқиммат мегузорад.
ТБМ асосан ба қабули стандартҳои байналмилалии меҳнат, коркарди сиёсат ва барномаҳои байналмилалие машғул аст, ки ба таъмини ҳуқуқҳои асосии инсон, беҳбудӣ бахшидан ба шароити меҳнат ва манзил, баланд бардоштани сатҳи шуғли меҳнат, масъалаҳои бехатарии касбӣ, ҳимояи коргарони муҳоҷир ва муқаррар кардани ҳадди ақалли музди меҳнат равона карда шудаанд. Он инчунин оид ба ёрии техникӣ ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ низ ваколат дорад, ки мақсади ниҳоии он аз таҳия намудани барномаҳои байналмилалии шуғл, бунёди меъёрҳо ва таъмини ҳамкории техникӣ дар асоси барномаҳои тадқиқотии иҷрояшон бошиддат, тайёрӣ, таълим ва табъу нашр иборат мебошад.
ТБМ дар робита бо созмонҳои махсусгардонидашудаи дигари СММ ба монанди созмонҳои хӯрокворӣ ва кишоварзии СММ, Муассисаи СММ оид ба масъалаҳои маориф ва фарҳанг ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ фаъолият карда ва кӯмаки молиявии СММ дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ лоиҳаҳои тадқиқотиро дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат бо мақсади ҳалли масъалаҳои комилан мушкили бекорӣ ва шуғли нопурра ба меҳнат дар амал татбиқ менамояд, ва бо ҳамин ба татбиқи ислоҳоти кишоварзӣ, лоиҳаҳои кишоварзӣ дар соҳаи индустрикунонии корҳои ҷамъиятӣ, дар коркарди барномаҳои тайёркунӣ ва роҳбарӣ ба таълими касбӣ, интихоби имкониятҳо барои маблағгузорӣ, рушди тиҷорат ва ғайра мусоидат менамояд.
Агар дар аввал мақсади ТБМ таҳияи қонунгузории байналмилалӣ барои ҳимояи коргарон аз истисмор ва шароити беадолатонаи корӣ бошад, пас имрӯз ин ташкилот олоти мусоидат барои қабули тадбирҳои самараноке мебошад, ки риояи ҳуқуқҳои асосии инсон, ба монанди озодии маҷлисҳо, озодӣ аз меҳнати маҷбурӣ ва табъиз ва таъмини рушди иқтисодиро кафолат медиҳад.
1. Дар марҳалаи аввали фаъолияташ дар назди ТБМ кадом вазифаҳо гузошта шуда буданд?
2. Вазифаи асосии ТБМ дар марҳалаи ҳозира аз чӣ иборатаст?
4. ТБМ ВА МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА ХАЛҚҲОИ МУҚИМӢ. ТБМ аввалин созмони байналмилалиест, ки ба баррасии масъалаҳои халқҳои муқимӣ ҳаматарафа машғул шуд. ТБМ татбиқи фаъолияти худро оид ба ҳимоя ва ҳавасманд намудани ҳуқуқҳои халқҳои муқимӣ ва халқҳое, ки тарзи зиндагии қабилавӣ доранд, ҳанӯз аз аввали солҳои 20-ум оғоз карда буд. Фаъолияти ТБМ оид ба халқҳои муқимӣ ва халқҳое, ки тарзи зиндагии қабилавӣ доранд, ду самти асосиро дар бар мегирад: таблиғот ва назорат ба татбиқи ду конвенсия оид ба халқҳои муқимӣ ва халқҳое, ки тарзи зиндагии қабилавӣ доранд ва барномаҳои ёрии техникӣ бо мақсади беҳбудии шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии зиндагии халқҳои муқимӣ ва халқҳое, ки тарзи зиндагии қабилавӣ доранд.
Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ) яке аз муассисаҳои нисбатан фаъолона амалкунандаи Созмони Милали Муттаҳид дар ҳавасманд намудани халқҳои муқимӣ, махсусан ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо мебошад. ТБМ мақоми асосиро дар муқаррар намудани стандартҳои байналмилалии фарогири ҳаматарафа баҳри ҳимояи манфиатҳои халқҳои муқимӣ бо роҳи қабули як қатор санадҳо, аз он ҷумла Конвенсия дар бораи халқҳои муқимӣ, ки тарзи ҳаёти қабилавӣ доранд, ба зиммаи худ гирифтааст.
ТБМ ба татбиқи ду асноди байналмилалие масъул аст, ки танҳо ба халқҳои муқимӣ ва халқҳое дахл доранд, ки тарзи зиндагии қабилавӣ доранд : Конвенсия дар бораи халқҳои муқимӣ ва халқҳое, ки тарзи зиндагии қабилавӣ доранд (1957, № 107 ) ва Конвенсия дар бораи халқҳои муқимӣ ва халқҳое, ки тарзи зиндагии қабилавӣ доранд (1989, № 169). Ин санадҳо бештар ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои халқҳои муқимии Америкаи Лотинӣ (Венесуэла, Перу, Боливия, Эквадор, Гватемала, Белиз, Гондурас, Коста-Рика, Никарагуа, Панама, Салвадор) ва баъзе минтақаҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Австралия ва Океания нигаронида шудаанд.
1. Ба андешаи шумо чаро Ташкилоти байналмилалии меҳнат масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои халқҳои муқимӣ ва халқҳои тарзи зиндагиашон қабилавиро аз ҷумлаи вазифаҳои асосии худ донистааст?
5. СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ (СБМ).
Созмони байналмилалии муҳоҷират 5 моҳи декабри соли 1951 дар шаҳри Брюссел бо ташаббуси ҳукуматҳои давлатҳои Аврупо бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати аҳолӣ дар мамолики Аврупо баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таъсис дода шуда буд. Ин созмон дар аввал Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати аврупоӣ (КБММА) номида мешуд. Ҳамагоникунонии масъалаи муҳоҷират ҳудудҳои фаъолияти КБММА-ро васеъ кард, ки бо ҳамин сабаб соли 1957 Шӯрои КБММА дар бораи тағйири ин ном ба номи Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) қарор қабул кард.
Имрӯз ба ҳайати СБМ 116 давлати аъзо дохил буда ва 21 давлати дигар дар он ба сифати мушоҳидагар фаъолият мекунад. Қароргоҳи созмон дар шаҳри Женеваи Швейсария ҷойгир аст. Маркази бузурги идораи СБМ дар шаҳри Манилаи Филиппин воқеъ аст. Ғайр аз ин СБМ дар давлатҳои аъзо ва давлатҳои дигар зиёда аз 200 дафтари намояндагӣ дорад, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар сохторҳои СБМ қариб 5400 нафар мутахассисон кор мекунанд.
СБМ бо ҳукуматҳо, созмонҳои дигари ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати муҳоҷиратӣ ва такмили низоми байналмилалии идораи ҷараёни муҳоҷират ҳамкорӣ менамояд. СБМ дар марҳалаи ҳозира наздики 1400 лоиҳаро дар самтҳои зерин дар амал татбиқ менамояд:
1. Созмони байналмилалии муҳоҷират кай ва бо кадом мақсад таъсис дода шудааст?
2. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ робитадорад?
6. МАҚОМОТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ СБМ. Созмони байналмилалии муҳоҷират мақомоти зерини роҳбарикунанда дорад:
А. Шӯро дар ҳайати намояндагони давлатҳои аъзои Созмон, ки мақоми олиии роҳбарикунанда мебошад. Шӯро соле як маротиба (одатан дар моҳҳои ноябр – декабр) дар шаҳри Женеваи Швейсария дар иҷлосияи навбатии худ ҷамъ меояд. Дар он барнома ва буҷаи созмон барои соли оянда тасдиқ карда мешавад. Агар зарур шавад, иҷлосияи фавқулодда даъват карда мешавад (масалан, барои интихоби Директори генералӣ ва қабули аъзои нав ва ғайра).
Б. Кумитаи иҷроия, ки аз 10 намояндаи давлатҳои аъзои Созмон иборат буда, онҳоро Шӯрои СБМ интихоб намудааст. Маҷлисҳои Кумитаи иҷроия соле камаш як маротиба барои тайёр кардани иҷлосияи навбатии Шӯро ва таҳияи тавсияҳо ба Шӯро доир мегарданд.
В. Директори генералии СБМ роҳбарии ҳамарӯзаи созмонро дар давраи байни маҷлисҳои Шӯро ва Кумитаи иҷроияро ба амал мебарорад. Аз 1 октябри соли 1998 ин вазифа ба зиммаи шаҳрванди ИМА Брансон Мак-Кинли гузошта шудааст.
Буҷаи СБМ аз ҳисоби аъзоҳақии ҳатмии давлатҳои аъзо ва хайрияҳои давлатҳои мададгор, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ашхоси алоҳида ҷамъ меояд. Соли 2005 буҷаи СБМ 952 млн доллари амрикоиро ташкил намуд (95 % - барои лоиҳаҳо ва барномаҳо, 3 % -барои таъмини дастгоҳ ва 2 % барои хароҷоти гуногун).
1. Сохтори СБМ-ро мувофиқи мазмуни кораш шарҳу эзоҳ диҳед.
2. Буҷаи СБМ чӣ тавр ҷамъ меояд ва он барои кадом корҳомасраф мегардад?
7. СБМ ВА МАСЪАЛАИ МУҲОҶИРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН.
Чанд сол қабл аз ин СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон баҳри ба ватан баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ва расонидани кӯмак ба онҳо фаъолияти пурсамар кард. Ҳадафи асосии ин созмон дар Тоҷикистон ба низом даровардани муҳоҷират ва муқаррар кардани сулҳи устувор мебошад. Аз ин рӯ, СБМ иҷрои ин мақсадро тавассути якчанд барнома, ки онҳо ба расонидани ёрӣ барои ба хонаҳои худ баргаштани муҳоҷирон равона карда шуда буданд, таъмин менамуд.
СБМ баҳри мусоидат барои фаҳмидани масъалаҳои муҳоҷират семинар ва конференсияҳои минтақавӣ доир мегардонад. Ин тадбирҳо мардумеро гирд меоваранд, ки ба ҷустуҷӯи ҳалли масъалаи муҳоҷират машғул мебошанд. Воситаи дигаре, ки СБМ барои иҷрои вазифаҳои худ истифода мебарад, корҳои тадқиқотӣ мебошанд.
Тадқиқоте, ки дар соҳаи муҳоҷират ба амал бароварда мешавад, натанҳо ба сабаб ва оқибатҳои ҷараёни муҳоҷират дахл доранд, он инчунин вазъи махсус ва эҳтиёҷоти муҳоҷирони алоҳидаро низ дар бар мегирад. Беш аз ин, дар заминаи пешгирӣ, СБМ инчунин тадбирҳои ахборотиро таҳия ва татбиқ мекунад, ки онҳо ба муҳоҷирони эҳтимолӣ вазъи аниқи воқеии муҳоҷиратро нишон медиҳанд, аз он ҷумла дар бораи муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ.
Аз соли 1996 сар карда дар мамолики ИДМ оид ба масъалаҳои муҳоҷират, ашхоси ҷои зистро ивазнамуда ва доир ба масъалаҳои додани гурезгоҳ як қатор конференсияҳо гузаронда шуд, ки дар натиҷаи ин СБМ барои расонидани ёрӣ дар мустаҳкам намудани иқтидори идораи ҷараёни муҳоҷират ваколат гирифт. Дар ин ҷода сарфи назар аз мушкилот СБМ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон корҳои муайянро ба иҷро расонид.
Дар марҳалаи ҳозира муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия ва давлатҳои дигари ИДМ аз ҷумлаи масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Созмони байналмилалии муҳоҷират дар робита ва ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳи мутамаддин даровардани ин раванд ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо саҳми сазовор мегузорад.
1. Созмони байналмилалии муҳоҷират дар фаъолияти худ аз кадом роҳу воситаҳо самаранок истифода мебарад?
Мафҳумҳоро дар ёд доред: Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират,
Лигаи Миллатҳо, Ҷоизаи Нобелӣ, Форуми байналмилалӣ, Эъломияи Филаделфия, Шӯрои маъмурии ТБМ, муколамаи иҷтимоӣ, иттифоқҳои касаба, муносибатҳои меҳнатӣ, ташкилоти корфармоён, стандартҳои байналмилалии меҳнат, халқҳои муқимӣ, тарзи зиндагии қабилавӣ, Созмони байналмилалии муҳоҷират, муҳоҷирати меҳнатӣ.
Савол ва супоришҳо:
1. Дар бораи таърихи таъсис ва усули фаъолияти ташкилотибайналмилалии меҳнат маълумот диҳед.
2. Ба ҳайати “ҳамкорони иҷтимоӣ” кадом гурӯҳҳои иҷтимоӣдохиланд?
3. ТБМ кадом мақсаду вазифаҳоро иҷро менамояд? Бо ин мақсад он азкадом роҳу воситаҳо истифода мебарад?
4. ТБМ дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои халқҳои муқимӣ вахалқҳои тарзи зиндагиашон қабилавӣ кадом корҳоро иҷро менамояд?
5. Дар бораи сохтори Созмони байналмилалии муҳоҷират маълумотдиҳед.
6. Лоиҳаҳои СБМ ба ҳалли кадом масъалаҳои муҳоҷират равона кардашудаанд?
7. Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бадавлатҳои дигар фикру андешаҳои худро баён кунед.
Реклама