1. ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБИИ ЮНИСЕФ ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ОН. Некӯаҳволии бачаҳо ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо аз рӯзи бунёди СММ дар маркази диққати ин созмони бонуфузтарини байналмилалӣ меистад. Яке аз аввалин санадҳои Иҷлосияи Кулли СММ ба таъсиси Хазинаи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) бахшида шудааст.
Таъсиси Хазинаи Кӯдакони СММ (ХКСММ – ЮНИСЕФ) амри воқеии замон буд. Таърих гувоҳ аст, ки кӯдакон дар ҳама давру замон дар гирдоби зулму истибдод, истисмор ва зери тазъиқу фишори калонсолон қарор гирифта, ба ҳимояи махсуси давлат ва ҷомеа мӯҳтоҷ буданд.
Бо вуҷуди ин Хазинаи Кӯдакон яку якбора таъсис наёфтааст. Ҷараёни таърихии ҳаракатҳои демократӣ ва ислоҳотхоҳӣ дар кишварҳои аз ҷиҳати сохти сиёсӣ ва иқтисодӣ пешқадами чоряки аввали асри XX дар баробари масъалаҳои дигари ҷомеа масъалаи кӯдакони ба ҳимоя эҳтиёҷмандро низ ба миён овард. Як қисми ин давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ба масъалаи кӯдакон ҷиддӣ муносибат намоянд. Баъди ба анҷом расидани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба ин масъала Лигаи Миллатҳо машғул шуд.
Лигаи Миллатҳо соли 1924 дар шаҳри Женева (Швейсария) Эъломияи Женева оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Вале ин ҳуҷҷати Лигаи Миллатҳо на ҳамаи манфиатои кӯдаконро дар бар гирифта буд. Аз ин рӯ, он тағйироту иловаҳои ҷиддиро тақозо мекард. Умри кӯтоҳи Лигаи Миллатҳо он вақт имконият надод, ки ба ин масъала аз нав баргашта шавад. Чунин шароит баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва таъсис ёфтани СММ ба миён омад. Ҷанг нишон дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон диққати ҳамешагӣ диҳад. Ин аст, ки соли 1946 Хазинаи Кӯдакони СММ (ХКСММ - ЮНИСЕФ) созмон дода шуд.
Дар ибтидои таъсис ин созмон ҳимояи кӯдаконро аз табъиз, истисмори иқтисодии соҳибкорон, ғуломӣ, харидуфуруш ва намудҳои дигари истисмори кӯдакон аз ҷумлаи мақсаду вазифаҳои асосии хеш қарор дода, дар ин ҷода саҳми калон мегузорад. Дар тӯли фаъолияти беш аз нимасра бахшҳои Хазинаи кӯдакони СММ дар аксар кишварҳои ҷаҳон таъсис ёфта, ба ин васила дар ҳимояи кӯдакони мамлакатҳои худ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон фаъолона ширкат меварзанд.
2. ФАЪОЛИЯТИ ЮНИСЕФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак пайваст. Ин иқдом зарурати дар Ҷумҳуқрии Тоҷикистон таъсис намудани бахши Хазинаи Кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ-ро ба миён овард.
Барои амалӣ намудани самтҳои номбаршуда фаъолияти ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои Наҷоти кӯдакон, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Комиссариати Олии Муҳоҷирати СММ ва ғайра сурат мегирад. Акнун мазмуни баъзе самтҳои фаъолияти ЮНИСЕФ-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён месозем.
Дар соҳаи маориф Дар ин самт пеш аз ҳама сандуқи дастгирии давлатҳои Нидерландия ва Шветсия мавриди истифода қарор гирифта, маводи зарурӣ барои таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ харидорӣ карда шуд. Дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола-таълими ибтидоии умумӣ» барномаеро эълон намудааст. ЮНИСЕФ ба ҳифзи духтарон, ки аввалин шуда ба ин барнома ҳамроҳ шудаанд, диққати калон дода, барномаи «Таҳсилот барои ҳама»-ро қабул намудааст. Масъалаҳои тарки таҳсил аз тарафи духтарон, масъалаҳои гендерӣ, оила ва издивоҷи духтарони ба балоғатнорасида дар мадди назари пажӯҳиши созмон қарор гирифтаанд.
Дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдак. Бо кӯмаки сарпарастҳо (донорҳо), ба монанди Нидерландия ва Италия ЮНИСЕФ ба сохторҳои тандурустии кӯдакон дар Тоҷикистон ёрӣ расонид. Ин кӯмак аз дорувории оддӣ ва дигар маводу воситаҳои барои соҳаи тандурустӣ зарур иборат буд. Бо ташаббуси созмон ба Тоҷикистон миқдори зиёди доруворӣ ворид гардид, то ки ба воситаи он кӯдакони то 2 - сола аз таҳдиди бемории гулӯзиндонак (дифтерия) эмин монанд.
Дараҷаи камхунӣ дар байни мардум, аз он ҷумла дар байни кӯдакон ба нишондодҳои баланд расидааст. Барои тағйири ин ҳолати ногувор ба Тоҷикистон доруи ҳаб (таблеткаи)-и оҳандор барои кӯдакони то 3-сола, духтарони ҷавон ва занони ҳомила оварда шуданд.
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барои зиёд кардани йоди намак кӯмак расонида, ба ду корхонаи истеҳсоли намак дар навоҳии Ашт ва Ёвон буда якчанд мошини йодпошӣ ва се таҷҳизоти санҷиши йоди намак фиристод. Дар мавриди офатҳои табиӣ ба шахсони зарардида кулчақандҳои сафедадор (протеиндор) тақсим намуд, то ки онҳо ба ҳамин васила ғизои зарурӣ гиранд.
Дар соҳаи ҳифзи муҳити зист. Барномаи «Об- низоми беҳдошту гигиенӣ» дар ин самт татбиқ карда шуд, ки он ба хонандагону омӯзгорон нигаронида шуда, бештар хусусияти маърифатӣ дошт. Барнома дар Тоҷикистони Ҷанубӣ пурра анҷом ёфта, натиҷаҳои зиёди хуб ба бор овард.
Мафҳумҳоро дар ёд доред: Хазинаи Кӯдакони СММ, Эъломияи Женева оид ба ҳуқуқи кӯдак, Лигаи Миллатҳо, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони наҷоти кӯдакон, Барномаи ҳадафҳои рушди ҳазорсола
Савол ва супоришҳо:
1. Таърихи таъсиси ЮНИСЕФ-ро баён созед.
2. Аҳамияти таъсиси Хазинаи Кӯдаконро дар чӣ мебинед?
3. Кадом самтҳои фаъолияти ЮНИСЕФ-ро дар Тоҷикистон медонед?
4. Дар бораи кадом натиҷаҳои ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон далел оварда метавонед?
5. Дар бораи ҳаёти як кӯдаки касалманд, ки ба ёрӣ эҳтиёҷманд аст, нақл кунед.
Реклама