§18. МАФҲУМИ ШИКАНҶА, МУНОСИБАТИ ЗОЛИМОНА ВА ҶАЗО

Дар таърихи башарият одамон ба масъалаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои золимона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қиммати шахс муносибати гуногун доштанд. Дар ҷамъияти ғуломдорӣ ва феодалӣ азобу шиканҷа додани ғуломон, деҳқонон, камбағалон ва корафтодагон чун кори муқаррарӣ қабул карда мешуд. Азобу шиканҷа чун услуби кории шахсони мансабдор ва мақомотҳо аз тарафи давлат иҷозат дода шуда, аз он васеъ истифода карда мешуд. Мисол, барои муайян намудани бегуноҳии шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар карда мешуд, ӯро маҷбур менамуданд, ки азоби лахчаи сӯзон, ҳолати тоқатфарсои зери оби сард, дарди ҷонгудози задани дарра ва аз забонаҳои алангаи баланд гузаштанро тоқат намояд. Агар шахси санҷидашаванда аз азоби лахчаи сӯзон садое намебаровард ё аз зери об зинда берун мешуд ва ё аз миёни забонаҳои алангаи сӯхтор беосеб мегузашт, ӯ бегуноҳ эътироф мешуд. Мисоли равшани инъикоси истифодаи шиканҷа дар филми “Достони Сиёвуш” дар лаҳзаи аз миёни аланга гузаштани Сиёвуш хуб тасвир карда шудааст.

Дар баробари инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ, худи инсон низ ташаккул ёфта, кӯшиш намудааст, ки кори идоракунии умумиро то ҳадди имкон бидуни истифодаи азобу шиканҷа ба сомон расонида, пеши роҳи азобу уқубати одамонро гирад. Озод будан аз азобу шиканҷа орзуи деринаи инсоният буда, аз табиат ва манзалати ӯ сарчашма гирифта, тавассути бисёр санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба расмият шинохта шудааст. Азбаски ҳаёт, қадр, номус, озодӣ, амнияти шахсият ва дигар ҳуқуқҳои инсон дахлнопазиранд, озодӣ аз шиканҷа ва аз дигар муносибатҳои золимона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қиммати шахс масоили муҳим арзёбӣ шуда, чамъияти инсонӣ талоши онро дорад, ки дар ин росто чораҳоеро андешад, ки баҳри таъмин намудани он равона шуда бошад. Дар ҷаҳони муосир ҷомеа ва давлате мавҷуд нест, ки истифодаи шиканҷаро ба таври расмӣ пазироӣ намояд. Имрӯз чунин вазъи озодии одамон аз шиканҷа ва муносибати золимона дар манотиқи кишварҳои зиёди дунё риоя карда мешавад. Мутаассифона, ҳоло ҳам дар баъзе аз муассисаҳо ва мақомоти қудратии давлатҳои дунё азобу шиканҷа ва дигар муносибатҳои золимона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қиммати шахс ба назар мерасад.

1. АРЗИШИ ҚАДРУ ҚИММАТИ ИНСОНӢ. Ҳар як шахс аз қадру қиммати инсонӣ баҳраманд мебошад. Чунки ӯ ба оилаи инсон мутааллиқ аст. Ва ҳар як инсон дар навбати худ вазифадор аст, ки қадру қиммати инсони дигарро ба ҷо орад, вагарна қадру қиммати инсонии худро гум хоҳад кард. Беҳуда дар урфият намегуфтаанд, ки «ҳурмати касеро ба ҷо ор, то ки бе қадру қиммат нагардӣ». Қадру қиммати инсонӣ арзиши бебаҳо буда, инсоният ба он дар тӯли қарнҳо ноил гаштааст. Қадру қиммат шайъ нест, онро намебинӣ, дар тан ҳис наменамоӣ, онро бо ақл мешиносӣ ва дар рафтор риоя хоҳӣ кард.

Зери истилоҳи “қадру қиммати шахс” арзише фаҳмида мешавад, ки ба шахс мутааллиқ мебошад. Ва ин арзиш аз нигоҳи худи инсон баҳо дода мешавад. Пеш аз ҳама шахс худро аз лиҳози он ки ӯ ба оилаи инсон мутааллиқ асту аз каромот ва обрӯи инсонӣ баҳраманд мебошад, баҳо медиҳад. Баъд ӯ худро дар миёни одамон аз рӯи сифатҳои гуногуни худ фарқ намуда, баҳогузорӣ менамояд, ки мазмуни қадру қиммати шахсро низ ифода менамояд. Дар мавзӯи мазкур қадру қиммати шахсро аз рӯи мазмуни якум баррасӣ менамоем. Қадру қиммат, обрӯи инсон худ арзишест ва ҳурмате дорад ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки онро паст занад.

2. САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОРАИ МАНЪИ ДИГАР МУНОСИБАТҲОИ ЗОЛИМОНА, ҒАЙРИИНСОНӢ Ё ТАҲҚИРКУНАНДАИ ҚАДРУ ҚИММАТИ ШАХС. Бо мақсади таъмин намудани озодӣ аз шиканҷа ва аз дигар муносибатҳои золимона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қиммати шахс, ҳимояи зарурии шахсон аз ҳар гуна азобу шиканҷа кулли мардуми ҷаҳон кӯшиш менамояд, ки пеши роҳи ин амали зишт, ки мухолифи ҳуқуқи инсон аст, гирифта шавад. Аз ҳамин сабаб, дар тӯли солҳои зиёд Созмони Милали Муттаҳид чандин ҳуҷҷатҳоеро (ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966), Қоидаҳои ҳадди ақали стандартҳои муносибат бо маҳбусон (1955), Эъломияи ҳифзи тамоми шахсон аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои золимона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қимати шахс (1975), Кодекси рафтори шахсони мансабдори нигаҳдорандаи тартиботи ҳуқуқӣ (1979), Аҳднома бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати золимона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қимати шахс (1984), Маҷмӯи принсипҳои ҳимояи ҳама шахсони боздошташуда ё дар ҳамагуна шакли дигар ҳабсшударо (1988) ) қабул намуд, ки амали азобу шиканҷа доданро маҳкум намуда, давлатҳои дунёро ҳидоят ба он менамояд, ки баҳри пешгирӣ намудани шиканҷа чораҳои лозима андешанд.

Яке аз ин санадҳо Қоидаҳои ҳадди ақали стандартҳои муносибат бо маҳбусон мебошад, ки аз ҷониби Конгресси аввали СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва муомила бо қонуншиканон соли 1955 қабул карда шуд. Ин Қоида пешбинӣ намуд, ки ҷазои ҷисмонӣ, ҷазо дар шакли нигоҳ доштан дар камераи торик ва ҳамаи намудҳои ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қиммати шахс бояд манъ карда шаванд.

Дигар санади ҳуқуқие, ки ба ҳайси заминаи аҳдномаи манъ намудани ҳамагуна шиканҷа ва муносибати золимона баромад менамояд, ин лоиҳаи принсипҳои ҳимоя аз ҳабс ва боздошти худсарона мебошад, ки Кумита дар ҳайати 4 давлати аъзои Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон мутобиқи хоҳиши дар қатъномаи 2 аз 14 марти соли 1961 баёнгардидаи Комиссия таҳия намудааст. Дар он чунин омадааст: “Ягон шахси ҳабсшуда ё таҳти ҳабс қарордодашуда набояд таҳти зӯрии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ, шиканҷа, зӯроварӣ, таҳдид ё ягон хел таъсир, фиребу найранг, воҳимаандозии фиребгарона, пурсиши тӯлонӣ, гипноз, таъсири маводи нашъадор ё ҳама гуна дигар воситаҳое, ки метавонанд озодии амал ё қарорҳои ӯ, хотира ё қобилияти фикрронии ӯро халалдор ё заиф созанд, қарор дода шавад. Ҳама гуна изҳороти ӯ бинобар истифодаи ягон усули манъшудаи дар боло зикргардида, инчунин ҳама гуна далелҳои бо чунин усулҳо бадастовардашуда набояд дар ҳама гуна зинаҳои тафтиши парванда ҳамчун далел ба муқобили ӯ истифода гарданд ...”. Дар асоси ин муқаррарот 9 декабри соли 1988 аз ҷониби Иҷлосияи Кулли СММ Маҷмӯи принсипҳои ҳимояи ҳама шахсони боздошташуда ё дар ҳамагуна шакли дигар ҳабсшуда қабул карда шуд, ки дар моддаи 1 он ҳаққи шахсони боздошташуда ва ҳабсшудагон чунин таъкид ёфта буд: “ҳама шахсони боздошташуда ё дар ҳамагуна шакли дигар ҳабсшуда, ба муносибати инсонӣ ва шаъну шарафи хоси шахсияти инсон ҳақ доранд”.

3. МАФҲУМИ “ШИКАНҶА” ВА ДИГАР НАМУДҲОИ МУНОСИБАТҲОИ ЗОЛИМОНА. Дар аҳднома бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои золимона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи қадру қимати шахс (1984) мафҳуми “шиканҷа” чунин таъриф дода шудааст: “Ҳама гуна амале, ки ба воситаи он ба ягон шахсе қасдан ё бо дигар сабаби табъизи дорои хислатҳои гуногун дарду азоби сахт ё азоби ҷисмонӣ ё маънавӣ расонида мешавад, то ки аз ӯ ё аз шахси сеюм маълумот (баёнот) гиранд ё ӯро ба иқрор шудан маҷбур созанд, ӯро барои гумонбар шуданаш ва ё содир намудани амал ҷазои золимона диҳанд, инчунин ӯ ё шахси сеюмро тарсонанд ё маҷбур созанд, дар сурате ки чунин дард ё азоб аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ, ё бо шӯрангезии онҳо ё бо огоҳии онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо расонида шуда бошад” (моддаи 1-и Аҳднома).

Аз мафҳуми додашуда бармеояд, ки шиканҷа, пеш аз ҳама амале мебошад, ки аз ҷониби шахси мансабдор ё шахси дигари расмӣ бо мақсади дарёфти маълумот, бо мақсади иҷборан эътироф намудани гуноҳ, ҷазо додан, тарсонидан бо расонидани азобу уқубат ба амал бароварда мешавад. Дар натиҷаи шиканҷа шахс азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ дида, иродаи озоди ӯ мағлуб карда шуда, тайёр мешавад, ки ҳар гуна гуноҳеро, ки ӯ содир накардааст, ба гардан гирад ё шаҳодати бардурӯғ диҳад.

Шиканҷа ҳама гуна рафтори барқасдонаи шахсони мансабдор мебошад, ки нисбати тарафи таъқибшаванда татбиқ шуда, ба онҳо азобу шиканҷаи ҷисмонию руҳӣ мерасонад.

Ҳамин тариқ, Аҳдномаи мазкур муайян менамояд, ки новобаста аз ҳадафи истифода шиканҷа чун кирдори мамнӯъ эълоншуда, содиркунандагони он худ гунаҳкор буда, бояд онҳо ба ҷазои одилона кашида шаванд. Бояд қайд намуд, ки на ҳама гуна азобу уқубат кашидан мазмуни шиканҷаро ташкил менамояд. Азобу уқубате, ки дар натиҷаи ҷазои қонунӣ ва ё тасодуфан ва ё аз беэҳтиётӣ расонида шудааст, мазмуни шиканҷаро ташкил намекунад.

4. МАНЪ БУДАНИ ИСТИФОДАИ ШИКАНҶА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 1994 ба ин Аҳднома ҳамроҳ шудааст ва ин аснод барои Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 1995 эътибор пайдо намудааст.

Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳои узви ин Аҳднома кӯшиш менамояд, ки қадру қиммати инсонро ба таври дахлдор ҳифз намояд ва намегузорад, ки дар қаламрави он ба истифодаи шиканҷа, муносибати золимона роҳ дода шавад. Тоҷикистон ҳам таввасути қонунгузорӣ амалияи истифодаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои ғайриинсониро манъ намудааст.

Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст: “Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст” (моддаи18). Аз муқаррароти Конститутсия бармеояд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ қатъиян манъ аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ содир намудани чунин амалҳо мумкин набуда, содир кардани он тибқи Кодекси ҷиноятӣ чун ҷиноят эътироф карда шудааст.

Масалан, дар моддаи 117 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон азобу уқубат чун ҷиноят нишон дода шуда, субъекти ҷавобгарии он ҳама шахсони мукаллафи ба синни 16-сола расида ҳисоб мешаванд. Яъне касе ҳақ надорад ба каси дигар азобу уқубат, шиканҷа расонад. Дар қисми дуюми ҳамин модда расонидани азобу уқубат бо роҳи шиканҷа чун аломати банду басти муқаррар карда шудааст. Барои чунин кирдор ҷазои маҳрум аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол муайян карда шудааст.

5. ҶАВОБГАРИИ ШАХСИ МАНСАБДОР БАРОИ ИСТИФОДАИ ШИКАНҶА, МУНОСИБАТИ ЗОЛИМОНА ВА ҒАЙРИИНСОНӢ. Шиканҷаро чун амали номатлуб Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ манъ намудааст. Мувофиқи моддаи 15 ин Кодекс гирифтани нишондоди айбдоршаванда ва дигар шахсони иштирокчӣ бо роҳи зӯроварӣ, таҳдид ва дигар роҳҳои ғайриқонунӣ манъ аст. Дар асоси муқаррароти ин Кодекс (моддаи 62) ва Аҳдномаи фавқуззикр (моддаи 15) ҳамагуна баёноте, ки таҳти шиканҷа дода шудааст, дар ҷараёни тафтишоти судӣ ҳамчун далели айбдоркунанда истифода карда намешавад.

Моддаи 354 Кодекси ҷиноятӣ кирдори таҳқиркунанда, муфаттиш ва судро доир ба маҷбур сохтани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ва шоҳид додани нишондодро, ки дар натиҷаи истифодаи шиканҷа сурат мегирад, чун ҷиноят эътироф намудааст. Гарчанде нишондоди гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ва шоҳид барои кушодани ҷиноят аҳамияти калон дорад, вале қонун талаб менамояд, ки ҳангоми гирифтани он нисбат ба шахсони нишондодиҳанда шиканҷа истифода карда нашавад. Агар мабодо пурсиши шахсони номбаршуда бо истифода аз таҳқир, шиканҷаю зӯроварӣ ва дигар муносибати золимонаю ғайриинсонӣ сурат гирад, ин амал чун ҷиноят эътироф шуда, шахсони масъул бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 10-и Кодекси ҷиноятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбати маҳкумон истифодаи шиканҷа ё муносибатҳои ғайриинсонӣ, пасткунандаи қадру қиммати шахс, мавриди озмоиши тиббӣ ва илмӣ қарор додани онҳоро, ҳатто бо розигии ӯ, агар ба ҳаёт ва саломатии ӯ таҳдид кунад, қатъиян манъ менамояд.

Дар сурати аз тарафи шахсони масъули ин муссисаҳо содир намудани чунин ҳаракатҳо ин шахсон тибқи моддаи 316 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ба онҳо ҷазои ҷарима ва ё маҳрум аз озодӣ ба мӯҳлати то 10 сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таъин карда мешавад.

Мафҳумҳоро дар ёд доред: арзиши қадру қиммати инсонӣ, шиканҷа, дигар намуди муносибати золимона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қиммати шахс, Кумитаи зидди шиканҷа, шикояти инфиродӣ ба ин Кумита.

Савол ва супоришҳо:

1. Дар ҷаҳони муосир назари мардум, давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ нисбати шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати золимона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қиммати шахс чи гуна аст?

2. Қадру қиммати инсонӣ гуфта чиро мефаҳмед ва он чи арзише дорад?

3. Чанде аз санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро доир ба манъи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати золимона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи қадру қиммати шахс номбар намоед.

4. Кадом қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро медонед, ки шиканҷаро манъ намудаанд?

5. Барои содир намудани амали шиканҷа аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чи гуна ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст?

Реклама